Наврӯз аз қадимтарин ва пурарзиштарин ҷашнҳои мардуми эронитабор буда, умри беш аз панҷҳазорсола дорад. Тавре ки аз номи он бармеояд, Наврӯз «рӯзи нав» маънӣ дошта, дар аввали соли нави хуршедӣ, ба истиқболи соли нав барпо мешавад. Наврӯз ҷашни фарорасии баҳори нозанин, зиндашавии табиат, оғози корҳои кишоварзӣ ва боғдорӣ, айёми баробаршавии шабу рӯз дар фасли баҳори нозанин маҳсуб меёбад.
Боиси хурсандист, ки бо пешниҳоди сарони кишварҳои ҳавзаи Наврӯз ва бо қарори Ассамблеяи генералии Созмони Миллали Муттаҳид аз 18-уми феврали соли 2010 Наврӯзи хуҷастапай мақоми ҷаҳониро соҳиб гашт. Ба ҳамагон равшан аст, ки ин ҷашни хуҷастаро дар ҳамаи ноҳияҳои Тоҷикистони маҳбуб ва дигар давлатҳои ҳавзаи Наврӯз бо шукуҳу шаҳомати хосса пешвоз ва ҷашн мегиранд. Ҷашни Наврӯз дар Вахони бостонӣ низ дар сатҳи баланд ва бо суннатҳои қадимӣ ҷашн гирифта мешавад.
Оғози Наврӯз дар водии Вахони бостонӣ чунин сурат мегирад:
Мардуми фарҳангпарвари Вахон ба ҷашни Наврӯзи аҷам як моҳ пеш омодагӣ мебинанд. Нахуст суманакро сабзонида, онро дар дегдон таф дода, муддати як ё ду ҳафта хушк мекунанд, баъдан онро орд карда аз он чанд навъ хӯрок (суманак, суманаки нонӣ) омода менамоянд. Хурду бузург гирду атрофашонро ба таври ҳашар поку тоза намуда, то рӯзи Наврӯз омодагӣ мебинанд. Рӯзи Наврӯз, яъне 21-уми март соҳибхоназан субҳи барвақт аз хоб хеста бо нияти нек болои матоъи сурх орд пошида ба берун мебарорад, ки ин рамзи рӯйсурхию хуррамии он хонадонро ифода менамояд.
Вахониён бо фарорасии Наврӯз курпаву палосҳоро аз хона берун бароварда, хонаву дарро рӯфтаву тамиз мекунанд. Тамоми палосу курпа ва анҷоми манзилашонро офтоб дода метаконанд. Девори хонаҳоро ранг намуда, тозаву озода месозанд. Дегу зарфҳоро шуста тоза мекунанд, зеро хонаву дари тоза рамзи соли наву озодагӣ аст. Вахониён бар он боваранд, ки агар соли навро дар хонаи тозаву озода пешвоз бигиранд, хамон солро бо хушиву хурсандӣ мегузаронанд.
Умуман дар Бадахшон пеш аз тоза кардани хона ва пухтани хӯрокҳои идона зан ё мард субҳи барвакт ба сари чашма барои овардани об меравад, он кас бояд аз хона то сари чашма ва аз он ҷо то хона ба касе сухан нагӯяд. Ӯ ҳангоми обгирӣ ба даруни сатил чандто сангча меандозад, ки ин сангчаҳо рамзи ободӣ ва пурфайзиро ифода мекунанд. Обро ба хона оварда, як қисмашро ба хамир меандозанд ва як қисми дигарашро барои пухтани боч — навъи ғизое, ки аз каллаву почаи гӯсфанд ва рӯдаҳои он бо гандуми нимкӯфта пухта мешавад, истифода мебаранд ва аз бозмондааш ҳамаи аҳли хонавода кам-кам менӯшанд, ки он фоли нек ва тандуруст мондани аҳли хонаводаро ифода менамояд. Инчунин, субҳи Наврӯз, яке аз деҳқонони пуртаҷриба ва солор бо нияти нек ва чеҳраи хандон ҷуфти барзаговро ба сари замин меорад ва ба замин тухм пошида бо ихлоси нек мегӯяд:
Як дона ҳазор, ҳазор донаи он бешумор.
Ду се марди чолоку обрӯманд саҳарии барвақт ба ҷӯйборҳои калони деҳа обро сар дода, тамоми мардуми деҳа ба пешвози об мебароянд, ҳамдигарро табрик мекунанд ва ҳар соҳибхона ба равзанаи хонаашон об мерезанд, ки ин рамзи ободӣ, серобӣ ва ҳосили фаровонро ифода менамояд. Аз ин рӯз сар карда, дар Вахон оғози кишту кор шуруъ мегардад.
Бонуи хона ба шахсе, ки ба равзана об мерезад, ҳадя ва дуои нек медиҳад, чунки вахониён обро дар қатори оташу бод ва хок хамчун як унсури муқаддаси табиат, дорои нерӯи поккунандаи айбу гуноҳҳо, нопокиҳо ва зиштиҳо медонанд. Занҳо ҳамчунин дар ин рӯз ҳар гуна хӯрокҳои наврӯзӣ ва кулчаҳо пухта ба хонаҳои ҳамдигар равон месозанд, ки ин ифодагари муҳаббати мардум ба якдигар мебошад. Ҳамагон дар ин рӯз бо чеҳраи хандон дастархони пурнозу неъмат меороянд ва ба хонаҳои ҳамдигар даромада, бо ин мазмун дуои нек баён мекунанд:
“Лос лос Шогун баҳор муборак бошад!”
Занҳои калонсол ё бонуи хона панҷ сутуни хонаи бадахшониро орд пошида, меҳмонони хонаро низ орд пошида, ба ҳама дуои нек намуда, Наврӯзро муборак мегӯяд. Ин рамзи сафедиву ободии хонадони вахониён маҳсуб меёбад. Падару модар ё фарзандони бузург хонаро тоза намуда, бонуи хона хасу хасрӯбаву ифлосиро аз хона берун бароварда бо тавсияи халифа онро ба ягон самт мепартояд. Ин рӯз шодиву хурсандӣ дар Бадахшон аҳду канор надорад, агар касе қаҳрӣ бошад, дар ин рӯзи муборак бо ҳам ҳатман оштӣ мекунанд, ҳама кӯшиш мекунанд, ки дар ин рӯзи фирӯз кибру ғурурро аз дарун пок сохта, дар рӯзи нав мисли кӯдак бегуноҳ қадам монанд.
Мардҳои бадахшонӣ дар Наврӯз аспдавонӣ, расанкашӣ, лашбозӣ, рустшавӣ, киштбозӣ ва бо дигар бозиҳои наврӯзӣ машғул шуда, ҳаловат мебаранд. Модарону духтарҳо бошанд, баъди пухтани хӯрокҳои миллӣ, либосҳои нав ба бар карда, арғунчакбозӣ мекунанд, ки маънои пок сохтани гуноҳҳо ва берун баровардани буғзу кина аз дилро маънидод менамояд.
Наврӯз хӯрокҳои ба худ хосро доро мебошад. Яке аз хӯрокҳои маъмули наврӯзӣ ин суманак ба ҳисоб меравад ва агар онро нишонаи Наврӯзу баҳор гӯем, ҳам хато намекунем. Суманак асосан аз гандум тайёр карда шуда, заҳмати зиёдеро талаб мекунад. Аз айёми сабзонидан то ба омода шуданаш ҳатто ҳафтаҳо зарур аст. Суманакро қариб дар ҳамаи ноҳияҳои Тоҷикистони азизамон мепазанд ва дар Вахон низ ин навъи ғизо аз тарафи занони солхӯрда ва боиффат пухта мешавад, ки худи сабза рамзи эҳёи табиат ва зебогию ободии мардум ба шумор меравад.
Воқеан, Наврӯз ҷашни муқаддас ва рамзист, чунки бо василаи ин ҷашн, кӯдакони навзод бори нахуст дар Наврӯз ба берун бароварда мешаванд, одамони ғамдор ғамро аз дил дур месозанд. Деҳқонон ба кишту кор машғул ва шахсони қаҳрӣ бо ҳам оштӣ мешаванд, хешу табор ба хонаҳои ҳамдигар ҳадяву ширинӣ равон месозанд, бозиҳои миллӣ бо тамоми нозукиҳояш иҷро мегарданд ва ҳамагон либоси нав ба бар мекунанд. Пас, моро зарур аст, ки ин ҷашни некхисол ва шодиоварро бо шаҳомат ҷашн гирем.
Хуллас, Наврӯз дар Вахон бо суннатҳои қадимӣ ва бо шукуҳу шаҳомати хоса дар сатҳи баланд ҷашн гирифта мешавад. Боиси ифтихору сарбаландии на танҳо мардуми Бадахшон, балки тамоми мардуми Тоҷикистон аст, ки Наврӯзи мо мақоми ҷаҳониро касб намуд.
Неъматова Б., омӯзгори калони кафедраи методикаи таълими фанҳои гуманитарии МДДҶТИБКСМ, Неъматова Ҷ., омӯзгори фанни забон ва адабиёти тоҷики МТМУ № 12-и н.Исмоили Сомонӣ