Наврӯз яке аз ҷашнҳои бузургтарини мардуми ориёитабор мебошад. Ҷашни зебоиҳо, ҷашни гулҳо, ҷашни деҳқони меҳнаткаш, ҷашни гулдухтарони атласу адраспӯш, ҷашни кӯдакони гулгардон, ҷашни миллиардҳо сокинони сайёра аст. Ҷашни самимият, ишқу муҳаббат, дӯстиву рафоқат, якдиливу баробарӣ, эътиқоду боварӣ, ҳамбастагиву фараҳболӣ ва пурфайзтарин, нозанинтарин, хушоҳангтарин иди ҷаҳониён ба шумор меравад.

Мо хушбахту хушиқболем, ки ҷашни тоҷикон мақоми байналмилалӣ касб намуд. 19‑уми феврали соли 2010 дар таърихи навини халқи тоҷик санаи баёдмонданӣ ва фаромӯшнашаванда маҳсуб меёбад, чун дар ин рӯзи мубораку хуҷаста Созмони Милали Муттаҳид иди Наврӯзро ҷашни умумиҷаҳонӣ эълон кард. Пас аз ба имзо расидани эъломияи мазкур иди Наврӯз дар сатҳи байналмилалӣ ҷашн гирифта мешавад.

Наврӯз бо худ падидаҳои некӯ ва навро ҳадя меоварад, чуноне аз номи он бармеояд, мафҳуми “рӯзи нав”‑ро ифодагар аст. Тамоми инсонҳо дар ин рӯзи мубораку фархунда мехоҳанд либоси нав ба бар кунанд ва бо дӯстону наздикон ба сайругашт дар табиати накҳатбори меҳани азиз бароянд. Наврӯз ҷашни гулҳост. Ҳар вақт ба гулдухтарони атласу адраспӯш назар меафканӣ, нохудогоҳ шефтаи нақшҳои рангину зариф ва зебогии ба худ хоси ин навъи ҳунари атласу адрасбофон мегардӣ.

Дар таърихи мардуми фарҳангсолори тоҷик ҷашни Навврӯз ҷойгоҳи хосе дорад. Маросимҳои ин ид аз гулгардонии наврасони хушиқболи миллат оғоз меёбад, ки гувоҳидиҳанда аз омад-омади фасли баҳор мебошад. Пухтани хӯроки наврӯзӣ — суманак, яке аз маросимҳои асосии наврӯзӣ ба ҳисоб меравад. Суманакро на кам аз як шабонарӯз мепазанд ва пас аз омода кардан онро ба ҳақу ҳамсояҳо ва хешовандон тақсим мекунанд. Ғайр аз ин, дар маросими ҷашнӣ оро додани хони наврӯзӣ роиҷ аст, ки ин марҳиларо дастархони “ҳафтсин”ва “ҳафтшин” унвон кардаанд. Маросими дигареро, ки дар иди Наврӯз анҷом дода мешавад, “хонатаконӣ” меноманд. Он баёнгари озодапарастии Наврӯз мебошад. Ин одат ҳамин гуна аст, ки дар арафаи таҷлили иди Наврӯз тамоми ҷиҳози хонаро озодаву покиза карда, ашёҳои куҳнаву фарсуда ва шикастаро аз байн мебаранд ва ба ҷойи онҳо лавозимоти ҷадид меоваранд.

Медонед чаро ин ҷашнро бештар аз дигар иду маросимҳои халқам дӯст дорам? Чун танҳо дар ин ҷашн ба хушҳолии комил мерасам, танҳо дар ин рӯз беҳтарин орзуи худро дар рафти кофтани хӯроки болаззати халқам ва яке аз рамзҳои асосии иди Наврӯз — суманак ба дасти иҷроиш месупорам. Танҳо дар ин рӯз аз дӯстону пайвандонам мехоҳам, то рафторҳои нохуби маро бубахшанд. Танҳо дар ин рӯз бо дӯстону наздикон ба тамошои табиати дилфиребу мафтункунандаи зодгоҳам мебароям. Фақат ин рӯз боис мегардад, то тамоми рехтупоши зиндагии индунёиро фаромӯш бикунам ва танҳо бо хушҳоливу лаззат бурдан дар ин рӯзу соат зиндагӣ намоям…

Биёед, азизони дилу дида, акнун соли куҳанро ба умқи хотироти қадимаи ҳаёти хеш биспорем ва дафтари хотироти ҷадиди зиндагии хешро бо ҳадафу орзуҳои ҷадид дар соли нав варақгардон бикунем!

Шаҳноз АЛИЗОДА

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here