(ШАРҲИ МУФАССАЛИ ҚАЗИЯ. БЕТАҲРИР)

Рӯзи 18-ноябр дар газетаи «Тоҷикистон» (№ 46) номаи кушоди ман ба унвони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ —Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нашр шуд. Вале он на ҳамаи чизҳоеро дар бар мегирад, ки гуфтанашон зарур буд. Бинобар ин, ба сари масъала баргашта, аз чорчӯбаи воқеаҳо набаромада, домони қазияро васеътар мекунам. Лекин, такроршавии ҷоои он нигорише, ки дар номаи кушод буд, ногузир аст.                   

Воқеае, ки рӯзи панҷшанбеи 24-уми сентябр дар утоқи кории раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Низом Қосим рӯх дод, то 18-уми ноябри соли 2020 паси парда буд. Онро то метавонистанд, аз дару деворҳои ин ташкилоти ҷамъиятӣ берун баромадан намемонданд. Худи ман бошам, аз паи воқеа шуда натавонистам, чунки рӯзи дигар ба бемористон афтода, дуру дароз бистарии сахт шудам ва то кунун зери назорати табибон ҳастам.

Ба қарибӣ Анҷумани XV нависандагони Тоҷикистон аст. Ба самъи вакилони он расонидани ин воқеаи даҳшатнокро қарзи касбӣ ва инсонии худ донистам. То эшон донанду хулоса бароранд.

ИНАК, ШАРҲИ ВОҚЕА

Ҳашт сол боз барои узвият дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон сайъ дорам. Шуъбаи дахлдори ин Иттифоқ ҳуҷҷатҳоямро бори аввал дар замони раисии Меҳмон Бахтӣ омода карда, ба дасти роҳбарият супорид. Аммо масъалаи қариб ҳалшуда бо омадани Н. Қосим ях басту дигар об нашуд. Ҳуҷҷатҳои тайёр бошанд, гӯё «гум» шуданд. Бори дуюм ҳам ҳуҷҷатҳои пурра тайёрам ба утоқи кории Н. Қосим даромада, дигар набаромаданд. Бори сеюм ҳуҷҷатҳоямро бо тавсияи Ато Мирхоҷа (муовини аввали Низом Қосим), устодон Бахтиёр Муртазо, Ато Ҳамдам, Раҷаб Мардон омода карданд.

Аз ҷараёни минбаъдаи гапу корҳо бовар намудам, ки то узвияти Иттифоқи нависандагон пазируфта шуданам ҳамагӣ як қадам мондааст. Зеро ба ман аллакай «Карточка учета» (варақаи бақайдгирии адиб) додаанд. Рӯзӣ 21-уми сентябри соли равон, соати 14:28 ташаббускори асосии пешбарии ман ба узвияти иттифоқ, муовини аввали раис Ато Мирхоҷа бо телефон хабар дод, ки ҳуҷҷатҳоям ба Раёсат пешниҳод шуд ва ба ин муносибат табрик ҳам кард. Илова бар ин, яке аз омодакунандагони ҳуҷҷатҳоям ва шахси тавсиянавишта устод Бахтиёр Муртазо субҳи рӯзи 24.09.20, маро даъват намуда, баъзе ҷузъиёти нозуки суҳбат бо аъзои раёсатро фаҳмонда таъкид карданд, ки аз соати таъйиншуда дер накунам. Ҳамаи ин, маро бас дилпур намуд ва руҳбаландона омодаи иштирок ба маҷлиси Раёсати Иттифоқи нависандагон шудам. Аммо соати 11:05-и ҳамон рӯз устод Ато Мирхоҷа бо телефон хабар дод, ки «Дуои ҳамаи мо ба раиси иттифоқ Низом Қосим кора накард. Ӯ ҳуҷҷатҳои шуморо аз бастаи ҳуҷҷатҳои дигар бозпас гирифт…».

Лол шудам. Вуҷудам карахт гашт. Пеши назарам тайёрии санъаткорони театри ш. Ҳисор ва фарзандону наберагонам, ҳамдеҳагонам, шогирдони мактаби хатмкардаам, мактаби деҳаам ва мактаби Президентии ш. Ҳисор омад. Зеро, ният доштам, ки дар ҳоли аъзо шудан ба Иттифоқи нависандагон, маҳфили адабӣ доир кунам ва дар доираи талаботи қонуни танзим барои бародарону дӯстон, ҳамсабақону ҳамқаламон албатта, бо ширкати намояндагони Иттифоқи нависандаҳо «як пиёла чой» ташкил намоям. Аммо баъди гуфтори телефонии А. Мирхоҷа дарк кардам, ки шодию хурсандии худ ва аҳли нишаст, саҳнаҳои театрӣ, шеъру суруд ва рақсҳои наберагонамро, ки бо завқу шавқ ва дилгармии зиёд асосан аз рӯйи асарҳои худам омода карда буданд, дигар намебинам. Зеро, ки ҳамаи ин имкони нашудан дорад. Фаҳмидам, ки имконоти хандахариш шуданам ҳам ҳасту пичингпаррониҳоро шуниданам ҳам, шармсоршавии зану фарзандонаму наберагонам ҳам. Дарёфтам, ки маҳз ҳамин 24-уми сентябри соли равон имконияти охиринам барои аъзо шудан ба Иттифоқи нависандагон аст. «Ба Иттифоқи нависандагон меравам, бо Низом Қосим суҳбат мекунам:  «Чаро ҳуҷҷатҳои маро ба муҳокимаи аъзои Раёсат набароварда, худсарона аз байни ҳуҷҷатҳои дигарон гирифтааст?» Сарам аз фикри зиёд гӯё метаркид. Намедонам чӣ сон ба роҳ даромадам. Раҳораҳ ким-кадом қувваи номаълуме васвосиам кард: «Бензин бигир! Бензин бигир! Худро бисӯз, одобашро бидеҳ!»…

Бо ақли ҳозираи солим мефаҳмам, ки ин лаҳзаҳои аввалини аз ақл бегонашавиам будааст.

Дар қабулгоҳи Н. Қосим хеле интизор шудам. Бо чанд шинос салому алайк ва гуфтугӯ карда, андаке ба худ омадам. Ин буд, ки то тавонистам худро ором нигоҳ дошта, аз дари Н. Қосим дарун шудам. Мехостам, гуфтугӯямон чун гуфтугӯи роҳбари ташкилот ва як корафтода бошад. Вале аз рӯ турш карда нигаристани ӯ дарк кардам, ки чунин намешавад.

— Устод омадам, ки сабаби бозпасгирии ҳуҷҷатҳои маро аз бастаи ҳуҷҷатҳои дигар довталабони узви иттифоқшавӣ асоснок кунед, — гуфтам бо оромӣ ва нимварақеро, ки мақсадам навишта шуда буд, сӯяш дароз кардам.

Раис ба варақ аҳамият надода,  гуфт:

— То ман ҳастам ту узви иттифоқ намешавӣ.

Аз гап мондам. Чи гуфтанамро надонистам. Суханони чанд сол пештар гуфтаи Низом Қосим ва кору кирдорҳои нисбати ман раводидааш аз пеши назарам гузаштанд. Ин буд, ки вуҷудамро изтиробу ҳаяҷони сахт фаро гирифт. Дубора аз худ бехуд шудам. («Состояние аффекта), аз ақл бегона гаштам ва кушодам сумкаи бо худ овардаамро. Оташдиҳак ва як зарфи 1,5 литраи бензинро баровардам. Боз як зарфи дигари 1,5 литра дар сумка монд. Аз зарфи дар дастам буда, бе сухан ва дар ҳоли бехудии бешуурона (невменяемый) ба сару тани хеш бензин рехтам. Н. Қосим «Бас кун авбоширо, ҳозир ба милиса занг мезанам» гуфту гӯширо бардошт. Аммо ман имконият надодам. Ин лаҳза Низом барои аз дастам кашида гирифтани зарфи бензинаш аз ним камтар кашмокаш кард. Дар натиҷа ҷо-ҷои либосаш бензинолуд шуд. Садои баланд бароварду ба сӯйи дар давид. Онро аз пушт қулф карда, садо намуд: «То омадани милиса ҳамон ҷо бишин!» Аммо ман нанишастам. Қулфакҳои хеле ноустувори дарро аз дарун кушода дидам, ки дар қабулгоҳ 4-5 нафар ҷамъ омадаанд. Зарфи дуюми пурбензин ва оташдиҳак дар даст хоҳиш кардам:

— Илтимос, прокурорро даъват кунед.

Ин замон Низом ба дар наздик шуда, сухани қабеҳе гуфту ба қисмати аз ноф поёнтарам як лагад зад. Ғазабам дучанд шуд. Нимварақи нагирифтаи Низомро ба одамони ҷамъомада дароз карда, хоҳиш намудам:

— Ба Ато Мирхоҷа диҳед.

Ин замон як ҷавон аз подарӣ андаке дарун шуда, кӯшиши аз дастам кашида гирифтани зарфи бензинро кард. Аммо натавониста қафо гашт.

Ато Мирхоҷа пайдо шуд.

— Хондед? — пурсидам ман.

— Хондам — гуфту то тавонист, кӯшиши ором намудани маро кард. Лаҳзае пас Рустам Ваҳҳобзода омад. Аз байни ҷамъшудагон, ки аксаран тамошобин буданд, танҳо ӯ ва Ато Мирхоҷа тавонистанд, мани аз худ бехудро каме ором кунанд. Эшон суханони хуб ва оромкунанда гӯфтанд…

Ба ҷойи прокурор милитсионер пайдо шуд. Вай орому хомӯшона вазъиятро омӯхт. Пас бо оҳанги хеле сабук пурсид:

— Бародар, чаро ин тавр карда истодаӣ? Чӣ мехоҳӣ? Чӣ мақсад дорӣ?

— Ҳама чизро ба прокурор мегӯям.

— Пас моро чаро даъват кардӣ?

— Ман шуморо не, прокурорро даъват кардам.

Ин замон Низом дар байни ҷамъбудагон пайдо шуд ва ба ман нигариста, «То ман ҳастам, ту узви иттифоқ намешавӣ!» — гуфту боз бо ҳамон ҷаҳл аз дар баромад.

Ин лаҳзаҳо ягона хости ман омадани прокурор буд.

Бензини ба чашмонам даромада, қувваи босираамро хеле кам кард. Ҳолати ноумедии сахт, буйи бензини дар тамоми бадан рехтаам, ҳалғови одамон маро аз будаш зиёдтар беҳолу мадор кард. Дар интизории прокурор, ки ахиран наомад, умед аз даст додам, аз хастагӣ тамоми аъзои баданам суст шуд. Задани дилам зиёд гардид. Нирӯи пештараам кам шуд, пойҳоям беқувват гашт, заифшавии худро ҳис кардам. Яъне, лаҳзаи бакордарории оташдиҳак фаро расид. Милитсионер ин ҳолати маро пай бурд, ки хеле чолокона ва ба як ҷаҳиш худро ба ман расонид. Панҷаи оташдиҳак доштаамро сахт зер карда, имконият надод, ки онро ба кор дарорам. Ин замон дигарон ҳам ба ман часпида, ба милитсионер ёрӣ доданд. Дастонамро ба пуштам тоб дода, сахт доштанд. Ман аз дарди сахт садои ҷонкоҳи баланд баровардам: «Прокуро-о-о-р! Биё-о-о!». Милитсионер ба ёрдамчиёнаш гуфт, ки сари маро бардошта суратамро гиранд. Онҳо ҳамин тавр карданд. Ин замон зери манаҳам мушти обдоре омад. Ин мушт, мушти ҳамон ҷавоне буд, ки дар ибтидо кӯшиши аз дастам гирифтани зарфи бензинро кард.

Аз ӯ пурсидам:

— Маро зади-а?

— Боз мезанам!- ҷавоб дод ӯ.

Ӯ кист, ки ин қадар ноҷавонмардона рафтор кард ва «афтодаро зад лагад»? Ман ӯро боре ҳам надидаам ва намедонам. Вале, бовар дорам, ки тафтишот ӯро хоҳад донист. Зеро, аз таъсири мушти ӯ се дандони пиронаи ман шикастааст.

Милисаҳо маро, ки миёнам аз дарди дастони дар пуштам сахт тобдода чангак шуда буд, аз айвони дароз гузаронда мебурданд.

***

«То ман ҳастам, ту узви иттифоқ намешавӣ!» Паси ин гуфтаи такрор ба такрори Н. Қосим чӣ ниҳон бошад? Шояд он ки ман як «маслиҳат», дар асл як шартгузории ӯро хеле уҳдабароёна иҷро кардам? Н. Қосим «маслиҳат» дод, ки дар давоми як сол 4-5 мақолаи таҳлилӣ дар атрофи эҷодиёти адибони муосир навишта, ба нашр расонам. Пас аз ин, масъалаи узвиятамро ҳал кардан осонтар мешавад. Ман дар давоми расо як сол — аз ноябри с. 2017 то октябри с. 2018 дар бораи 5 асари нависандаҳои муосир мақолаҳо навишта, дар матбуот нашр кардам. Аз ҷумла, сетояш дар нашрияи худи Иттифоқи нависандагон «Адабиёт ва санъат» чоп шуд. Аз зумраи 5 нафар адибе, ки асарҳояшон мавриди таҳлили ман гаштанд, се нафарашон узви Иттифоқи нависандагон буданд.

Дақиқ аст, ки то рӯзи ба худсӯзӣ даст заданам Н. Қосим ба онҳо ҳеҷ гуна таваҷҷуҳ накардааст, ҳатто дар ҳоле, ки ман дар бораи чоп шудани мақолаҳо ба ӯ номаи расмӣ навиштам. Ин нома таҳти рақами 122, аз 11-ноябри с. 2019 дар Иттифоқи нависандагон ба қайд гирифта шудааст.

Баъд аз чоп шудани мақолаҳо ва хондани нома, Н. Қосим аз вохӯрӣ ва суҳбат бо ман парҳезид. Ҳамеша ба ҳар баҳона қабулам намекард. Вохӯрии рӯ ба рӯи мо баъд аз «маслиҳати навиштани 4-5 мақола», аввалин бор рӯзи қасди ҷон карданам дар утоқи кориаш ба вуқӯъ омад. Хуллас, ба ҷуз аз ана ҳамин «маслиҳати» Н. Қосимро муваффақона иҷро намудан, ман «камбудии» дигареро дар худ пайдо накардам, ки боиси итоб гардида бошам.

Мегӯянд, ки қабулшавӣ ба узвияти Иттифоқи нависандагон ҳадди синнусолӣ дорад. Аммо ин ҳадро на худи Н. Қосим, на масъулини дигари ИН ҳеҷ гоҳ ба ман аниқ нафаҳмондаанд. Иқтибос карда додан он сӯ, ки ақаллан дар кадом ҳуҷҷат сабт шудани онро ҳеҷ гоҳ нишон надодаанд, гарчи чандин борҳо илтимос кардам. Аз ин рӯ, шубҳа дорам, ки чунин маҳдудият метавонад умуман набошад, танҳо як баҳона, як усули фанду фиреб, бозии пасипардагӣ аст.

Агар ин гуна ҳуҷҷат бошад, пас моҳияти он дар чист? Чунин маҳдудиятгузорӣ мутобиқи кадом қонуни ҳифзи ҳуқуқи башар аст? Охир аъзои ИН будан вазифа нест, ҳеҷ гуна масъулият надорад. Барои чунин аъзогӣ маош намедиҳанд. Он танҳо номи ифтихорӣ буда, шахси аъзоро ба ягон кору амал уҳдадор намекунад. Солмандӣ ҳеҷ гоҳ ва дар ягон ҳолат ба эҷодиёти ӯ халал намерасонад. Чи тавре, ки озодона эҷод мекард, ҳамон тавр эҷод кардан мегирад, ҳатто беҳтар.

Н. Қосим бо вуҷуди раис буданаш ҳуқуқ надошт ва надорад, ки дар масъалаи ба аъзогии ИН қабул кардан ё накардани довталабон яккатоз бошад, ҳуҷҷатҳои на танҳо ман, балки аз ҳар каси дигарро низ аз аъзои Раёсат пинҳон дорад ва дидаю дониста ҳам ҳуқуқи довталабон ва ҳам ҳуқуқи аъзои Раёсатро поймол кунад. Чунки масъалаи қабули довталабон ба аъзогии ИН танҳо ваколати Раёсати Иттифоқи нависандагон аст, ки ҳар довталабро таври коллегиалӣ бо овоздиҳии махфӣ қабул менамояд. Ҳар аъзои Раёсат агар хоҳад бо довталаб суҳбат мекунад, саволҳо дода, тавсияҳо медиҳад ва ғайра. Танҳо баъди ҳамин барои қабул шудан ё нашудани ӯ овози махфӣ медиҳад. Аъзои Раёсат дар маҷмӯъ 16 нафаранд, ки худи Н. Қосим яке аз онҳост ва баробари ҳар яке аз аъзо танҳо як овоз дорад ва бояд ҳамин як овозашро қатори дигарон бидиҳаду халос. Аммо ӯ дар нисбати ман ва аъзои Раёсат амал ва ҳаракатҳои ба талаботи қонун номувофиқро содир кард. Яъне, аз ваколатҳои вазифавӣ берун баромада, аз мансаб суиистифода намуд.

Довталабон ва ҳуҷҷатҳои онҳо бо ташаббуси шуъбаҳои дахлдори худи ин ташкилоти ҷамъиятӣ омода ва пешниҳод мешаванд. Модоме, Н. Қосим довталабонро яккатозона, бе иштироки аъзои Раёсат ба аъзогии иттифоқ қабул намекунад, пас ба коргарони шуъбаҳо ва аъзои Раёсати Иттифоқи роҳбарӣ мекардагиаш бовар надорад. Воқеият нишон медиҳад, ки на танҳо ба онҳо. Масалан, ҳуҷҷатҳои ман аз ҷониби Нависандаи халқии Тоҷикистон Кароматуллоҳи Мирзо, Узви Иттифоқҳои нависандагони Ҷумҳуриҳои Тоҷикистон ва Белорус, Корманди шоистаи Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи олии адабии Покистон Ато Ҳамдам ва узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, нависандаи шинохта Маҷид Салим омода шуда буд. Матни тавсияномаи ин устодон ва боз чанд нафари дигар дар мактуби кушод ба номи Ҷаноби Олӣ омадааст. Акнун иқтибос аз  Суратмаҷлиси шуъбаи қӯрғонтеппагии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аз 23.11.2015, пешкаши хонандаи арҷманд мегардад:

«Шунида шуд: Гузориши раиси шуъбаи қӯрғонтеппагии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Салимов Миралӣ (Озар) оид ба ҳаёт ва эҷодиёти нависанда Ҳасан Юсуфи Файзбахш ва пешбарии ӯ ба узвияти Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон.

Қайд карда шуд, ки мавсуф солҳои зиёд дар шаҳри Қӯрғонтеппа кор ва фаъолият намуда, дар ҳаёти адабию фарҳангии ин ҳавза нақш гузоштааст. Намоишномаҳои ӯ бо номҳои «Ош дар киса», «Хушунат» ва «Фоҷиа» дар саҳнаҳои театрҳои маҳаллӣ ба намоиш гузошта шудаанд… Маҷмӯаҳояш бо номҳои «Қӯрғонтеппа — сентябри хунин», «Валлай, шудӣ ормонӣ», «Як эркагии зан», «Билети хунолуд», «Номусу нанги миллат», «Карим Девона, ман ва ҳамдеҳагон», «Санги диёр гавҳар аст», “Роҳи пурпечи оила”, “Фалокат” ва «Даҳ оина» дар солҳои гуногун чоп гардидаанд. Нависандагони шинохта Кароматуллои Мирзо, Ато Ҳамдам ва Султонмуроди Одина барояш тавсиянома навиштаанд, ки ин худ далели эътирофи истеъдоди адиб аз ҷониби устодони соҳа мебошад. Аз ҳозирин хоҳиш карда мешавад, ки фикру мулоҳизаи худро дар ин хусус иброз намоянд.

Саидҷаъфари Баёзӣ — Пешниҳоди адиб Ҳасан Юсуф барои пазириш ба узвияти Иттифоқи нависандагонро дастгирӣ менамоям. Қиссаҳо ва очеркҳои ин нависанда бароям писанданд. Қиссаҳои ӯ аксар воқеианд ва аз ин лиҳоз хонанда ба самимияти онҳо зуд бовар мекунад. Ӯ аксар маврид мавзуеро интихоб мекунад, ки дар назари аввал камаҳамият намояд ҳам, баъдтар зери таъсири қалами адиб ба худ вижагии хос касб менамояд. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки Ҳасан Юсуф  аз тахайюли бой баҳраманд мебошад. Таъсири суханаш ба хонанда зиёд аст. Ҷонибдори пазириши мавсуф ба узвияти Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ҳастам.

Рустами Хомарахш — Бо Ҳасан Юсуф аз солҳои қабл шиносоӣ дорам. Ба ман махсусан асари «Роҳи пурпечи оила» сахт писанд омад. Китоби мазкур ба масъалаҳои бисёр муҳими оилавӣ ба монанди хушунат, зӯроварӣ, эҳтироми тарафайн, меҳру муҳаббат, тарзи никоҳи урфӣ, никоҳи хешу табори наздик бахшида шудааст, ки мавзӯи доғи рӯз ба ҳисоб мераванд. Бо муҳтавои асарҳои дигараш низ шиносам ва онҳоро барои хонандаи муосир аҳамиятнок эътироф мекунам. Ӯ аллакай нависандаи касбист ва меарзад, ки вайро ба узвияти Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон қабул кунанд.

Бо назардошти муҳокимаҳои дар боло зикргашта маҷлис қарор мекунад.

Қарори маҷлис:

Нависанда Ҳасан Юсуфи Файзбахш ба узвияти Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон пешбарӣ карда шавад.

Аз Раёсати ИН Тоҷикистон хоҳиш карда шавад, ки қарори мазкурро дастгирӣ кунад».

Аммо дастгирӣ куҷо? Баръакс, чуноне дар боло гуфтам, ҳамаи ҳуҷҷатҳо ба утоқи кории Н. Қосим даромада, дигар набаромаданд.

Бисёр хуб медонам, ки дар суннати мо худкушӣ ҳаром аст, мувофиқи қонун бошад ҷиноят. Ҳамчунин медонам, ки ҷасади шахси худкушро ҷаноза намекунанд ва охираташ бар бод аст. Медонам, ки садҳо қаламкашон аъзои Иттифоқи нависандагон нестанд, аммо хуб менависанду обрӯ ва хонандаи худро доранд. Пас бо он иродаи қавие, ки дорам, бо он фаҳме, ки Худованд насибам гардонидааст, чаро сарфаҳм нарафтаам, ки худсӯзиам амали ғалат аст, ба назди прокурор ё суд рафтанам дуруст аст? Чаро ин чиз ба майнаам наомадааст ва маҳз қасди худкушӣ кардаам? Дар ҳамин бораҳо хеле орому хунсард, вале ҳамаҷиҳата андеша намуда, дақиқан ба хулоса омадам:

— Ман танҳо ва танҳо дар ҳоли бехудӣ (состояние аффекта) ва бешуурӣ (невменяемый), ин корро карда тавонистаам. Ҳаргиз аз рӯйи узви Иттифоқи нависандагон нагаштанам не, аз рӯйи дарду алам, нанг ва номус, ки аз ноҳаққию ноадолатиҳои Н. Қосим сар задааст, ин корро кардаам. Сабаби аслии ба ин амали ҳадди охир даст заданам фақат ҳамин аст, фақат ҳамин.

Ду маротиба «гум»-кунии ҳуҷҷатҳои тайёр, ҷавоб нагардондан ба номаҳо, нописандиҳо, дурӯғбофиҳо, қадршиканиҳо, суханбозиҳо, ба шахсият ва иззати нафс расиданҳо, «имрӯз биё, пагоҳ биё» гуфтанҳои Н. Қосим бе ин ҳам тоқати маро тоқ карда буданд. Ба болои ҳамаи ин, хабаре, ки маҳз ӯ ҳуҷҷатҳоро гирифта, ба Раёсат пешниҳод накардааст, ҳамон як қатраи охирине гаштааст, дар косаи лабрез. Зеро фаҳмидаам, ки умедҳои бисёрсолаамро беасос барбод додааст ва дарк кардаам, ки маҳз Н. Қосим, на Раёсат, сабаби ин кор шудааст. Дар натиҷа ба яъсу ноумедӣ ва изтиробу ҳаяҷони сахт афтода, ба ҳолати бехудӣ расидаам. Ягона чизе, ки он лаҳзаҳо мағзамро фарогир шудааст, ин ба ноадолатиҳои Н. Қосим ҷалбкунии диққати аҳли ҷомеа, органҳои ҳифзи ҳуқуқ ва роҳбарияти ҷумҳурӣ бо тариқи худсӯзӣ будааст. Бинобар ин, ба амали эътирозии ҳадди охир — суйиқасд ба ҷони худ даст задаам. Ин чизро ҳуҷҷатҳои расмии тиббӣ-равонӣ исбот мекунанд. Пас меарзад, ки аъмоли  Н. Қосим диққати роҳбарияти ҷумҳурӣ, намояндагони ҳифзи ҳуқуқ — масалан прокуратура, матбуот ва умуман ҷомеаро ба худ ҷалб кунад ва арзёбӣ шавад. Зеро маводи ҷаридаҳо ва интернет гувоҳӣ медиҳад, ки воқеаи бо ман рухдода, дар шаклҳои дигар ҳам, ки бошад, ягона нест. Каминаро баъди воқеа барои ташхис ба беморхонаи касалиҳои руҳии Кӯктош бурда, якҷо бо девонаҳои ҳақиқӣ хобонданд. Ин чиз бароям бисёр вазнин буд ва ба ҳолати руҳию равониам бисёр таъсири бад расонид. Хайрият, баъди 4 рӯз чун касалии руҳӣ надоштанам исбот шуд, рухсатам доданд, вагарна ман ҳам бо девонаҳо девона мешудам. Аммо дар ин ҷо якбора бо касалии шадиди илтиҳоби шуш, дарди дил ва сар гирифтор шудам. Шукур, ки табибони ҳозиқ тавассути заҳматҳои хеш илтиҳоби шушамро табобат карда, аз сарзании инфакту инсулт наҷотам доданд.

Саволҳои матраҳ:

  1. Аз ноҳақиҳои Н. Қосим боз чӣ қадар қаламкаши ба нангу номус ба изтиробу ҳаяҷон ва ноумедиҳо гирифтор шуда, бемор гаштаю фавтида бошанд?
  2. Мақсади ниҳоӣ аз аъзогии ИН хориҷ карда шудани чандин адиб чӣ буд? Чиро пайгирӣ мекарданд, чӣ фоидаҳоро ба даст оварданд? Зарару фоидаи ин амали Н. Қосим ягон бор ҳисоб ва таҳлил шуда бошад?
  3. Ба ҷуз он ки ин «чорабинӣ» байни худи адибон норозигиҳоро ба вуҷуд овард, обрӯйи худи адибон ва «иттифоқашон» то андозае коҳиш ёфт, интернет ва ҷаридаҳо таънасорашон карданд, боз ягон муроди дигар ҳосил шуда бошад?

PS: Албатта, тафтишот назари худро мегӯяд, лек аз пиндори ман сиёҳтарин ва гӯшношунидтарин воқеаҳо дар таърихи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон маҳз дар давраи раисии Низом Қосим гузаштаанд. Махсусан, ҳодисаи маро ба худсӯзӣ расонданаш ва чандин адибонро бе асос аз узвияти иттифоқ ронданаш, дар таърихи ин иттифоқ назир надорад. Маълумотеро намедонам, ки дар таърихи иттифоқҳои нависандагони давлатҳои пасошӯравӣ ва сохторҳои адабии ҷаҳон, ки бо номҳои гуногун фаъолият мекунанд, ҳамин гуна воқеаҳо рух дода бошанд.

Ҳасан Юсуфи Файзбахш, адиб

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here