Аҷоиб мардуманд гулободиҳо. Агар дар як сол чор мавсим бошад, эшон боз мавсимҳои хешро доранд, ки  бунёдгузори ин мавсимхо боз бобои Гулбиддину кампири Гулбибиянд. Дар ҳақиқат ин ду ҷуфти нодири Гулобод ба худ ҳамтое надоранд. Аз ин рӯ, болои бозорҳои Гулобод, ки бо номҳои «Ҷумъабозор»-у «Ҷомабозор», «Тоқибозор»-у «Қоқбозор», «Молбозор»-у дигару дигар бозори наверо низ созмон доданд, ки бо номи «Хандабозор» имрӯзҳо дар Гулобод машҳур аст. Асосан, агар дурусттар андеша намоем, созмондиҳандагони ин «Хандабозор» ҳуккоми Гулободанд.  Ин бозорро ба бобои Гулбиддину кампири Гулбибӣ нисбат додан нодуруст мебуду ба иззати нафси эшон расиданро дошт, зеро эшон ягон бор дар қиёс бо баъзе аз вузарои Гулобод аз «плагиат» истифода накардаанд.

Имрӯзҳо дар Гулобод ин мавсими  «Хандабозор» дар ҷӯшу хурӯш асту боз ҳам мардум дар ҳавлии бобои Гулбиддин таҳлили ҳусну қубҳи ин мавсимро доранду якҷоя механданду механданд. Дар урфият мегӯянд, ки ханда умри одамро дароз мекунад, лекин зимни хандаҳои бобои Гулбиддину кампири Гулбибӣ аз қалбу мағзи эшон дуди ғаму ҳасрат ба ҳаво мепечад, ки аз сӯхтани қалбу мағзи эшон ба мардуму ҷомеаи Гулобод дарак медиҳад. Эшон ҳам механданду ҳам ангушти ҳайрат мегазанд, ки наход дар Гулобод, ки ин қадар бузургони фарҳангу сиёсатмадоронро ба олам бахшидааст, имрӯзҳо масъуле ёфт нашавад, ки ин ё он вазорати Гулободро сарварӣ намояду пеш барад ва ҳангоми суолу ҷавоб тавони додани посухи муътамадеро дошта бошад. Маҳз ҳамин бемасъулиятии соҳибкурсиҳои Гулобод аст, ки ин рӯзҳои ба қавле «саг соҳибашро намеёбад», боиси пайдо шудани бозори нав гардидааст. Аҷоибии ин амал дар он аст, ки мутобиқи сухани халқи Гулобод, ки «дарди бадро давои бад» мегӯянд, ин бозор  шояд бо ҷӯши худ бо фасли гармо дар рақобат шуданист. Дар ин самт созмондиҳандагони «Хандабозор» бар гармӣ пирӯз шуданд. Мардуми Гулобод, ки аз гармӣ наметавонист худро ҷойи серуне гирад, ҳавлии бобои Гулбиддин бо тафси ханда беҳтарин ҷой алайҳи гармӣ гардид, зеро ҳамагӣ нишастҳои матбуотиеро, ки имрӯз вузарову ҳуккоми Гулобод «иҷборӣ», шояд аз гармии Гулобод бошад, ки зери обу арақ монда, пешкаш менамоянд, тамошо карда, аз суоли дандоншикани мухбироне, ки аксар  аз шогирдони бобои Гулбиддин мебошанд ва ҷавобҳои нестандарҷаҳони вузаро аз ханда рӯдакан мешаванду парвои гармӣ надоранд.  Танҳо бобои Гулбиддин намехандиду ҷиддӣ менишаст ва хандаҳои ҳозиринро медиду рагҳои чаккаҳояш ба ҷунбидан медаромаданд. Кампири Гулбибӣ, ки хизмати меҳмононро ба ҷо меовард, ҳангоми овардани чой ин ҳолати боборо дида, тарсид, ки ба ёри ҷониаш кадом хатаре таҳдид мекунад. Чойники чойро гузошта, оҳиста ба гӯши бобо пичиррос зада чизе гуфт, ки бобо якбора монанди лахчае, ки интизори шамол бошад аланга заду даргирифт.

«Кампир, хайрият, ки ту ҳастӣ ва маро мефаҳмиву дастгирӣ мекунӣ. Набошад, бе ту ман кайҳо ба сафари бебозгашт мерафтаму ин ҳамаро намедидаму намешунидам ва намесӯхтам. Аҷоиб вазироне дорад Гулобод. Лекин ба қадри Гулобод намерасанд, ки намерасанд. Вазири маориф Гулободро бо Африқо муқоиса дорад. Айб аст, Гулобод куҷову Африқо куҷо. Бояд ақаллан, бо Ҷопон ё Сингапур муқоиса мекард. Шояд Гулобод аз ин кишварҳо ба дараҷаҳо баланд бошаду ба фарсахҳо пеш, зеро маорифчиёни Гулобод сар аз вазираш то ба муҳассилини макотибашу тарбиятгирандагони кӯдакистонҳояш ҳама кулли китобҳои хусусияти бизнесдоштаро азёд кардаанд, ки ба гуфтан имкон надорад тасвираш. Эшон мақоли «як тиру ду нишон»-ро ислоҳ карда, ба «як тиру чандин нишон» табдил додаанд, ки ин гувоҳи доноӣ ва ҷаҳонбинии васеъ доштани онҳост. Бин кампир, либоси ягона, рӯзнома, китоб ана, боз пойафзол чӣ қадар нишонҳоро ин қадарандозҳои вазорати маорифи Гулобод  метавонанд бо як тир зананд. Кампири ҷон, бе тарсу ҳарос аз Амрикову НАТО зистан гир. Чунки НАТО-ву Амрикову Трамп бо доштани ин қадар артишу техникаи ҳарбӣ дар назди қадарандозони Гулобод монанди «пашшае ба муқобили фил» мебошанд, зеро вазири маориф доранд, ки ҷаҳонбини васеи сиёсиву иқтисодӣ дорад. Ҳатто ин вазир аз вазорат набаромада метавонад, ки кулли макотиби Гулободро таҳлил намояд.  Дар ҳақиқат, дар вазорати маориф кондитсионер ҳаст, пас дар тамоми макотибу синфхонаҳои Гулобод бояд бошад, зеро вазиру ҳамкаллаҳояш «камро ба чашми зиёд дида», аз тақвову парҳез ва қаноат ибрат нишон медиҳанд. Кампири ҷон, дар кадом мактаби дар ҷангал мавҷудбудаи Африқо кондитсионер ҳаст? Нест! Лекин айб аст, ба вазир ба Гулободро бо ин кишвари «қафомондаи» бекондитсионер муқоиса кардан.

Бар замми ин вазири корчаллон «мурдаро монда, тутхӯриро» пеша карданист. Ӯ ҷойи соҳаи маорифро бо мутахассис таъмин намудан талаби  сохтани корхонаи саноатии пойафзолдӯзӣ кардааст. Даъво низ менамояд, ки пойафзолҳои истеҳсолнамудааш бо унвони «Made in Gulobod» ба сатҳи стандартҳои ҷаҳонӣ баробар мешаванд. Кампири Гулбибӣ пиққӣ хандида монд ва бобои Гулбиддин сабаби хандаро пурсон шуд, ки чунин ҷавоб дод: «Ин вазир солҳои қабл даъво дошт, ки мутахассисони хатмкардаи соҳаи омӯзгории Гулобод ба сатҳи ҷаҳонӣ баробаранд, вале дар макотиби Гулобод омӯзгори дуруст нест. Гӯё  ҳама ба сатҳи ҷаҳонӣ баробар гашта, чун турнаҳо парвоз намуда ба ҷаҳон парешон шуда бошанд. Бар замми ин ҳама ин вазир ё девона аст ё сода, ки дар як сол барои ҳар мавсим пойафзоли мавсимӣ 4 пойафзол ҳисоб менамояд. Пас пойафзолҳои истеҳсолнамудаи ин вазир, ки ба талаботи стандартҳои ҷаҳонӣ баробаранд, ё коғазӣ ё хасин, ки танҳо дар як мавсим истифода мешаванду халос.»

Ин суҳбати аҷоиби пиру кампирро назорат намуда, ба ҷаҳонбинии васеъ ва дониши ҳаматарафаи кампире, ки дар давраи маҳви бесаводии шӯроҳо ҳамагӣ 4 сол хонда буд, қоил шуданд. Бобои Гулбиддин бошад, бо фахр китфашро ҷунбонда монд.

Дар ҳамин лаҳза яке аз ҳозирин луқмае партофт, ки бобои Гулбиддин ва кампири Гулбибӣ каме нороҳат шуданду лекин дар чеҳраи бобои Гулбиддин фавран хурсандие ҳувайдо гардид.

Аз масъалагузории он нафар маълум гардид, ки тамоми нишастҳоро ба пуррагӣ тамошо намуда, дар баробари он таҳлил низ мекардааст ва чунин ақидаеро барои муҳокима пешниҳод намуд. «Сабаби дароз кардани соли хонишро вазир дар ҷуброн намудани вақти хонанда хулосабарорӣ намудааст. Пас, дар ҳавои ҳам сарду ҳам гарм хонанда ҳар лаҳза бо таъсири кондитсионер ба «дасти чап» мебарояд, ки агар дар як рӯзи таҳсил 3-4 маротиба барояд,  дар 204 рӯзи таҳсил ба ҳисоби миёна 700 маротиба мешавад. Агар барои ҳар баромаданаш ба ҳисоби миёна 5 дақиқа вақт сарф гардад, ба 3500 дақиқа баробар мешавад, ки 58 соати дарсиро ташкил менамояд. Пас бояд хонандагон ё то оғози соли хониши нав дарс хонанд, ё бояд ба памперси ягона гузашта, барои вақти хонандагонро беҳуда нагузаронидан онҳоро бо памперс ё уребча таъмин намуд, ки боз «дарди сари вазир» зиёд шуда, маҷбур аст барои некӯаҳволии муҳассилини Гулобод корхонаи памперсбарорӣ бо тамғаи «Made in Gulobod» созмон диҳад ва вақти қимати хонандагони Гулободро ҷуброн созад.» Ҳамчунин чорабинии Занги аввал ва Занги охир, ки имрӯзҳо вазири Гулободро хеле ба ташвиш гузоштааст, ҳалли худро меёбад. Баъди шунидани ин суханҳо ҳозирин ба бобои Гулбиддин бо умеди маслиҳат шунидан андешамандона нигаристанд. Бобои Гулбиддин аввал бо меҳру ихлоси зиёд ба китфи он нафар тап-тап зада, қаноатмандӣ изҳор намуд, ки тарбияи мактабаш бенатиҷа намондааст. Будаанд нафароне, ки баъди сари мо ғами мардуми Гулободро хуранду дар ғаму шодӣ шарикашон бошанд. Баду некро таҳлил карда тавонанд.Ин қаноатмандии бобо нишони пазируфта шудани пешниҳоди ҷавон буд. Шояд вазири маорифи Гулобод низ писандад ва фикри ҷавонро дастгирӣ намояд. Ҳам лаъл ба даст ояду ҳам ёр наранҷад гуфтаанд, ҳам ҷойи кор барои мардуми Гулобод мешаваду ҳам корди вазир болои равған ва ҳам беҳдошти вазъи гигиении  хонанда. Боз ҳамон мақоли маъруфи офаридаи халқи Гулобод…

Ин таҳлили танҳо як нишасти матбуотӣ ва посухи як вазорати Гулобод буд, ки мардуми Гулобод бо ҷӯшу хурӯш тамошову баррасӣ намуданд.  Мавсим давом дорад ва нишастҳои дигар дар авҷи таҳлили мардуми нуктафаҳму нуктасанҷи Гулобод қарор доранд.

Бахтиёр Облоқулзодаи Гулободӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here