Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳуриии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба парлумон ва мардуми шарифи Тоҷикистон иброз доштанд, ки «Роҳбарону кормандони соҳаи маорифро зарур аст, ки дар баробари дастгириҳои давлат ва афроди ватандӯст сатҳу сифати таълимро дар ҳар як муассисаи таълимӣ, сарфи назар аз шакли моликияти онҳо ва дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот баланд бардоранд». Маъмурият ва кормандони шуъбаи маорифи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе бо такя ба дастури мазкур тамоми кӯшиши худро ба он равона карда истодаанд, ки назорати аз худкунии донишҳои замонавиро пурзӯр намуда, қобилияти эҷодии хонандагонро тақвият бахшанд ва онҳоро дар рӯҳияи ватандӯстиву худшиносӣ тарбия намоянд, то ин ки шогирдони онҳо дар оянда чун кадрҳои болаёқат ба воя расида, дар оянда дар рушду равнақи кишвари азизамон саҳми арзанда гузоранд.

Шуъбаи маориф ва ҳайати кормандони соҳаи маорифи ноҳияи Сино дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои миллат, асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дастуру фармоишҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Раиси шаҳри Душанбе,  раиси ноҳияи Сино, Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе ва шуъбаи маорифи ноҳияи Сино самтҳои асосии кори худро муайян намуда, кори таълиму тарбияро мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи маориф», «Консепсияи миллии таҳсилот», «Консепсияи миллии тарбия» ба роҳ мондаанд.

Рушду такомули ҷумҳурӣ пайваста ба саъю кӯшиши насли созандаву эҷодкор вобастагӣ дорад. Вобаста ба ин вазифаи ҳар як омӯзгор аз он иборат аст, ки ба тарбияи ворисони соҳибмаърифату донишманд ва содиқи миллату ватани хеш бо масъулият будан, ифтихори миллии хонандагони худро тарбия намудан пайвастагӣ дорад.

Шуъбаи  маориф ва омӯзгорони  муассисаҳои  таҳсилоти  миёнаи умумии ноҳияи Синои   шаҳри  Душанбе  Паёми  Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмонро ба Маҷлиси олии  Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26.12.2018  сармашқи фаъолияти кори худ қарор дода, баҳри амалӣ намудани амру супоришҳои таъкидгардида,  нисбати соҳаи маорифи кишвар саъю кӯшиш менамоянд.

Муассисаҳои томактабӣ.

Мусаллам аст, ки таҳкурсии асосии тарбия намудани инсони комил дар давраи то ба мактаб раҳсипор гаштани ӯ ба амал  меояд. Тарбия ва таълими тарбиятгирандагон тибқи нишондодҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», «Дар бораи Стандарти давлатии таҳсилоти томактабӣ», «Дар бораи таълиму тарбияи томактабӣ», Низомномаи намунавии таҳсилоти томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Оиннома, «Стандарти барвақтии инкишоф ва омӯзишӣ кӯдак» ва Барномаи давлатии «Рангинкамон»  амалӣ мегардад.

Дар давраи ҳисоботӣ дар ноҳияи Сино 55 муассисаи таҳсилоти томактабӣ, аз ҷумла 40 муассисаи томактабии давлатӣ, 3 муассисаи томактабии тобеи корхонаҳо, 1 муассисаи томактабии тобеи Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе ва 11 муассисаи таҳсилоти томактабии хусусӣ бо фарогирии умумии 511 гуруҳ, 13780  кӯдак (6219 духтар) фаъолият мекунанд.

Дар муассисаҳои таҳсилоти томактабии буҷавӣ 598 мураббӣ, аз инҳо 425 нафар бо таҳсилоти олии касбӣ, 152 нафар бо таҳсилоти олии нопурра, 21 нафар бо таҳсилоти миёнаи касбӣ ба таълиму тарбияи кӯдакон машғул мебошанд.

Дар 3 моҳи соли ҷорӣ 5 сармураббии муассисаҳои томактабӣ ва 80 нафар мураббия аз курси такмили  ихтисос  гузашт. Дар давраи ҳисоботӣ дар 40 муассисаҳои томактабии буҷавӣ, ки тибқи Стандарти давлатии таҳсилоти томактабӣ ва Низомномаи намунавии муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иқтидори ғунҷоиш барои 10892  нафар тарбиятгирандагон пешбинӣ шудааст. Дар муассисаҳои томактабии буҷавӣ дар  432 гуруҳҳо 12210 нафар кӯдак ба таълиму тарбияи томактабӣ фаро гирифта шудаанд. Бинобар сабаби афзудани аҳолӣ, кӯчи аҳолӣ аз дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ ба шаҳри Душанбе, ба истифода додани биноҳои нави баландошёна ва зиёд гардидани талаботи шаҳрвандон ҷиҳати ба таълиму тарбия фаро гирифтани фарзандонашон, дар муассисаҳои томактабии №80,89,93,98,112,136,141,157 бо навбат ба қайд гирифта шудаанд.  Дар муассисаҳои томактабии идоравӣ ва хусусӣ шумораи умумии кӯдакон 1570 нафар, шумораи кормандони педагогӣ бошад 102 нафарро ташкил медиҳад.

Дар давраи ҳисоботӣ дар соҳаи таҳсилоти томактабӣ  корҳои назаррасе ба анҷом расонида шуд, ки баҳри баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия нақши назаррас гузоштааст. Мувофиқи нақшаи фаъолияти солонаи шуъбаи маорифи ноҳия фаъолияти мураббиён ва дигар кормандонро   мавриди омӯзишу санҷиш  қарор дода шуда, зери назорати ҷиддӣ қарор доштанд. Таҳлилҳо собит намуданд, ки дар кӯдакистонҳо маводи таълимии муосир, дастурҳои методӣ, адабиёти бачагона, технологияи замонавӣ мавҷуд буда, мавриди истифодабарӣ қарор дорад.

Сатҳу сифати таълим дар муассисаҳои томактабӣ

Дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маориф” ва нақшаи кории шуъбаи маориф,чорабиниҳои гуногун гузаронида шуд. Ташаккули низоми мурофиқати тиббию равонӣ ва педагогии кӯдакони дорои имкониятҳои маҳдуд ва фарогирии онҳо ба муассисаҳои таълимии ноҳия зери назорати доимӣ гирифта мешаванд.

Дар муассисаҳои томактабии №80,90,98,136,141,148,157 омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ хуб ба роҳ монда шудааст.

Шуъбаи маорифи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе вобаста ба иҷрои  қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 8-уми октябри соли 2019, зери фармони №618  роҷеъ ба амалӣ намудани “Барномаи давлатии рушди таҳсилоти томактабӣ дар шаҳри Душанбе барои солҳои 2020-2025”-ро амалӣ намуда истодааст.

Бояд тазаккур дод, ки дар асоси фармоиши сардори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе аз 17.10.2019, №171/2-3 “Дар бораи Барномаи давлатии рушди таҳсилоти томактабӣ дар шаҳри Душанбе барои солҳои 2020-2025” фармоиши мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе аз 22.10.2019, №146/10-А ба тасвиб расид. Дар асоси фармоиши мазкур Нақшаи чорабиниҳои шуъбаи маорифи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе таҳия ва тасдиқ гардида, дастраси роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ гардонида шуд.

Мавриди зикр аст, ки дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №96 дар семоҳаи аввали соли 2020 маркази инкишофи кӯдак бо фарогирии 28 нафар кӯдакони шашсола таъсис дода шуд. Маркази инкишофи кӯдаки муассисаи мазкур тибқи Барномаи таълимии “Омодагии пешазмактабии кӯдакони 5-7(6)”ҷараёни таълимро роҳандозӣ намудааст. Дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №50,94,99 барои таъсис додани маркази инкишофи кӯдак тамоми заминаҳо омода шудааст. Баъди ҷудо гардидани маблағ барои воҳидҳои корӣ марказҳои мазкур ба фаъолият  шурӯъ менамоянд.

Таъмиру азнавсозӣ, баргардонидан ва барқарор намудани биноҳои кӯдакистонҳо дар ҳудуди ноҳия мувофиқи нақша давра ба давра  амалӣ мегардад. Бояд тазаккур дод,ки дар як қатор муассисаҳои таълимии томактабии ноҳия бо дастгирии Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе айвончаҳои бозии кӯдакона ҷиҳати таъмир ва азнавсозӣ намуда, нақшабандӣ карда шудааст.

Бунёду таъмирсозии мактабҳо

Корҳои сохтмонӣ ҷиҳати азнавсозии айвончаҳои бозии кӯдакона дар муассисаҳои таҳсилоти томактабии №90 8 адад, №95 10 адад шурӯъ гардидааст. Дар семоҳаи аввали соли 2020 дар муассисаи таҳсилоти томактабии №31 аз тарафи соҳибкори ватанӣ Ҳакимов Муҳаммад ба маблағи 35 000  сомонӣ 1 гуруҳ ва ошхона аз таъмири ҷорӣ бароварда шуд. Ҳамзамон, дар муассисаи таҳсилоти томактабии №80 аз тарафи ҶДММ “Нур-К” ба маблағи 26 000 сомонӣ толори мусиқӣ аз таъмири ҷорӣ бароварда шуда, тамоми роҳравҳои саҳни муассиса асфалтпӯш карда шуд. Ҳамзамон, гирду атрофи муассисаро бо панҷараҳои оҳанин маҳкам намуданд. Дар муассисаи таҳсилоти томактабии №137 аз ҳисоби маблағҳои махсус ҷомашӯйхона аз таъмири ҷорӣ бароварда шуд. Инчунин, дар кабинети ҳамшираи тиб ва анборхона тирезаҳои пластикӣ насб карда шуданд. Барои тамоми корҳои анҷомдода 39400 сомонӣ маблағ сарф шудааст. Дар муассисаи таҳсилоти томактабии №98 дар 4 гуруҳ таъмири ҷорӣ ба маблағи 40 000 сомонӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ гузаронида шуд. Дар муассисаи таҳсилоти томактабии №156 бо дастгирии соҳибкори ватанӣ Пустиев Х. бо маблағи 12650 сомонӣ як гурӯҳ ва толори мусиқӣ аз таъмири ҷорӣ бароварда шуд. Айни ҳол дар муассисаи таҳсилоти томактабии №101 барои гузаронидани таъмири асосӣ аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе 323 000 сомонӣ маблағ ҷудо карда шуда, корҳои сохтмонӣ оғоз карда мешаванд. Дар маҳаллаҳои Зарафшон-2, Испечак-1, Меҳробод, Пахтакор сохтмони муассисаҳои таълимии томактабӣ, аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ба нақша гирифта шудааст.

Семинарҳо ва озмунҳои касбӣ-фаннӣ

Дар озмуни даври ноҳиявии  «Доноякон» 160 нафар довталабон аз 48 муассисаҳои таҳсилоти томактабии ноҳия новобаста аз шакли моликияташон иштирок намуданд.

Ҷамъбасти озмун нишон дод, ки тарбиятгирандагони муассисаҳои таҳсилоти томактабии №31,55,56,66,77,80,89,98,112,118,136,137,141,148,150,152,156, муассисаи таҳсилоти томактабии назди Мактаби байналмилалии Президентӣ, “Табассуми офтобак!”,“Сухандон”,“Ахтарак” дар озмуни ноҳиявии “Доноякон” нишондодҳои бештарро ба даст оварда, муваффақиятҳои тарбиятгирандагони муассисаҳои дар боло зикргардида,  назар ба дигар иштирокдорони озмун зиёдтар баҳогузорӣ карда шудааст.

Аз ин сабаб, Кумитаи тадорукоти озмуни ноҳиявии «Доноякон» ба хулосае омад, ки 23 нафар тарбиятгирандагони муассисаҳои таҳсилоти томактабии буҷавӣ ва хусусӣ ғолиби озмуни даври  ноҳиявӣ  ҳисобида шуда, номзадии онҳоро барои иштирок дар даври озмуни  шаҳрии «Доноякон» пешниҳод карда шуданд.

Дар муассисаҳои томактабии ноҳия аз рӯйи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба “Артиши миллӣ” ,“Рӯзи модар” ва  “Иди байналмилалии Наврӯз” хушҳолиҳо  мувофиқи синну соли  кӯдакон,  озмунҳои “Кӣ тезтар, кӣ чаққонтар?”, “Калидчаи заррин” ташкил ва гузаронида шуд.

Даври шаҳрии озмуни “Шоҳмот” дар Муассисаи давлатии “Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе” баргузор гардид. Дар ин давр дастаи ноҳияи Сино сазовори ҷойи сеюм гардид.

Озмуни “Дастёри модар” дар 3 қисмат гузаронида шуд:

Намоиши ҳунарҳои миллӣ, Намоиши ҳунари рӯзғордорӣ: а) ороиши дастархон(сервировка); б) тарзи буридани оши бурида (тупа); в) тарзи тайёр кардани хӯриш; г) омода намудани яке аз хӯрокҳои миллӣ.

  1. Намоиши барномаи фарҳангӣ: а) қироати шеър дар васфи модар, б) суруд(бо овози зинда), в) рақси якка, г) навозиш бояке аз асбобҳои миллӣ, д) намоиши либосҳои миллӣ (то 5-нафар).

Ғолибони бо ифтихорнома ва тӯҳфаҳои таъсиснамудаи шуъбаи маорифи ноҳияи Сино қадрдонӣ карда шуда, ба даври шаҳрии озмун тибқи дархост роҳхат гирифтанд.

Муассисаҳои таҳсилоти умумӣ

Дар ноҳия 62 муассисаи таҳсилоти умумӣ, аз ҷумла 40  муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии давлатӣ ва 21 муассисаи таълимии ғайридавлатӣ, аз ҷумла 35 муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ; 2 муассисаи таҳсилоти  умуми асосӣ, 2 муассисаи таҳсилоти ибтидоӣ, муассисаи таҳсилоти ибтидоии шабонарӯзии махсус (нобино), 2 мактаб-кӯдакистони хусусӣ, 6 литсей, 4 гимназия, Мактаби байналмилалии Президентӣ, 4 интернат, муассисаи таълимии хусусии “Абдураҳмони Ҷомӣ”, 2 муассисаи ғоибонаи колонияи ислоҳотии бачагона (маҳбаси бачагона), бо фарогирии умумии 81948 нафар хонандагон, ки 39489 нафари онҳоро духтарон ташкил медиҳанд. Дар муассисаҳои таҳсилоти умумии буҷетӣ 71875 нафар хонанда буда, ки 34573  нафари онро духтарон ташкил медиҳад. Ба таълими инфиродӣ 52 нафар хонанда ва таълими инклюзивӣ 27 нафар хонанда дар муассисаҳои №54 ва №92 ба таълим фаро гирифта шудаанд.

Натиҷагирии сатҳи таълим

Ҳамзамон, маълум  гашт, ки сатҳу сифати дониши хонандагони муассисаҳои таълимӣ дар ҷамъбасти чоряки дуюми нимсолаи якӯми  соли хониши 2019-2020 чунин мебошад:

Шумораи хонандагон 81185 нафар, иштирок доштанд 71925 нафар, баҳои  “5” — 7221  нафар 10,04 % , баҳои “4” — 25039  нафар   34,81 %, баҳои “3” — 35035 нафар -48,71 % , баҳои “2” —  4365  нафар –-6,07 % , бе  баҳо -265 нафар -0,37%-ро ташкил дод.

Натиҷаи ҷамъбастии чорякии дуюми нимсолаи якум, холи умумӣ 3,4 ва баҳои мусбӣ 93,56 % -ро ташкил медиҳад. Аз давраи ҳисоботӣ дар ҳама намуди муассисаҳои таълимии ноҳияи Сино 3775 нафар омӯзгорон, аз ҷумла, 2979  нафари онҳоро занон ташкил медиҳад, фаъолият доранд. Аз ин шумора 3098 нафар бо маълумоти олии педагогӣ, 145 нафар бо маълумоти олӣ, 219 нафар бо маълумоти олии нопурра ва 158 нафар бо маълумоти  миёнаи  махсуси  педагогӣ, 96 нафар бо маълумоти миёнаи махсус мебошанд.

Дар асоси фармоиши мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Сино бо мақсади амалӣ намудани нақшаи кории шуъбаи маорифи ноҳия, паҳн намудани таҷрибаи пешқадами ғолибони озмунҳои касбӣ, омӯзгорони эҷодкор ва расонидани кӯмаки методӣ ба омӯзгорони ноҳия машварати январии омӯзгорони ноҳия дар муассисаи таълимии №101 рӯзҳои 10-уми январи соли 2020  ташкил ва гузаронида шуд.

Дар 3 моҳи соли ҷорӣ тибқи нақша 160  нафар омӯзгор аз курсҳои такмили ихтисос гузаштанд.

Фаъолияти Маркази кӯдакону наврасон

Таҳсилоти иловагӣ ҷузъитаркибии низоми таҳсилот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, мақсади он инкишофи қобилияти зеҳнию эҷодӣ ва истеъдоди таълимгирандагон, қонеъ гардонидани рағбат, эҳтиёҷоти маънавӣ ва талаботи онҳо ба интихоб ва гирифтани касб ҳангоми фориғ будан аз таълим дар муассиаҳои таълимӣ мебошад.

Муассисаи таҳсилоти иловагӣ фаъолияти худро мутобиқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маориф”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи таҳсилоти иловагӣ”, Низомномаи мазкур, санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, ба роҳ мемонад.

Бо мақсади дар амал татбиқ намудани фармоиши сардори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе оид ба иҷрои нақшаи чорабиниҳои Сарраёсат дар бораи Низомномаи намунавии муассисаҳои таҳсилоти иловагии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №93 аз 1-уми марти соли 2018 тасдиқ гардидааст, МД “Маркази кӯдакон ва наврасони ноҳияи Сино” дар се моҳи  соли 2020 як қатор корҳоро ба анҷом расонид.

Рӯзи 10.01.2020  дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №101-и ноҳия тибқи мактуби ирсолнамудаи МҶМТИ-и назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ташкил ва баргузор намудани мусобиқаи ҷумҳуриявии ҳарбӣ-варзишии “Ватанпарвар”- бахшида ба 27-умин солгарди рӯзи таъсисёбии “Артиши миллӣ” байни хонандагони синфҳои 9-11-и муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия ва аъзои маҳфилҳои МТИ даври ноҳиявии мусобиқа  гузаронида шуд.

Олимпиадаҳо

Аз 2-юм то 3-уми январи соли 2020 даври сеюми Олимпиадаи фаннии (шаҳрӣ) хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе»дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №31-и ноҳияи Шоҳмансур баргузор гардид, ки дар он хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳияи Сино аз рӯи 13 фанни таълимӣ 448 нафар хонанда фаъолона иштирок намуданд.

Аз шумораи умумии 448 нафар хонанда 254 нафарашон бо ишғол намудани ҷойҳои ифтихорӣ ғолибиятро ба даст оварданд, ки аз ҳисоби ишғоли шумораи ҷойҳо дар байниноҳияҳои пойтахт дар мақоми аввал қарор гирифт.

Бояд қайд намуд, ки аз 254 нафар ғолиб 77 ҷойи ифтихориро хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия ва 177 ҷойи дигарашро хонандагон аз ҳисоби литсейю гимназияҳои дар ҳудуди ноҳия буда ташкил медиҳанд.

Хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия дар муқоиса нисбат ба соли гузашта, яъне соли таҳсили 2018-2019 45 ҷой ва дар соли таҳсили 2019-2020 ба 77 ҷойи ифтихорӣ расидаанд, ки ин нишондиҳанда нисбат ба соли қаблӣ беҳтар арзёбӣ карда мешавад.

Аз рӯи натиҷагирӣ маълумгардид, ки дар соли таҳсили 2019-2020 аз ҳисоби хонандагони (МТМУ) 32 медал ва аз ҳисоби литсей ва гимназияҳо бошад 6 медал зиёд гардидааст, ки дар маҷмӯъ муқоиса ба соли гузашта 38 медал ва ҷойи ифтихорӣ бештар мебошад.

Даври сеюми (шаҳрӣ) Олимпиадаи “Spelling Bee” хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе санаи 24-уми январи соли 2020 дар Муассисаи давлатии “Маркази рушди истеъдодҳои назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе” ташкил ва баргузор гардид.

Олимпиадаи мазкур зиёда 13 нафар хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳияи Сино фаъолона иштирок намуда, 5 нафар хонанда ҳамчун ғолиби даври сеюми (шаҳри) Олимпиадаи “Spelling Bee” дар байни хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе дониста шуданд ва ба даври чоруми Олимпиадаи ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифтанд.

Таъмин бо китобҳо ва дастурҳои методӣ

Шуъбаи маорифи  ноҳия дар се моҳи соли 2020 дар шуъбаи маорифи ноҳия 2 маротиба семинар-машварати китобдорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия гузаронида шуд. Дар моҳи январи соли ҷорӣ  аз Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти борхати   №39 аз 23-01-2020 шумораи 23474  адад бо маблағи 356819,87 сомониву 87 дирам китобҳои дарсиву бадеӣ ва адабиётҳои таълимиро ба шуъбаи маориф ворид карда, ба пуррагӣ дастраси муассисаҳои таълимӣ гардида шуд.

Ҳамзамон бояд қайд намуд, ки норасогии китобҳои дарсӣ дар соли таҳсили 2019-2020 -220907 адад  ва дар синфҳои таълимашон бо забони русӣ 31813 ададро ташкил медиҳад.

Дар 3 моҳи соли 2020 аз тарафи муассисаҳои таълимии ноҳия  ба 157 адад маҷҷалаи соҳавии “Маорифи Душанбе”  обуна шудаанд.

Бахшида ба омодагии таҷлили  30- солгии Истиқлолияти давлатии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон нақша чорабинии шуъбаи маориф таҳия карда шуда, дастраси  роҳбарони муассисаҳои таълимӣ гардид. Дар асоси нақша-чорабиниҳои мазкур дар ҳамаи муассисаҳои таълимӣ шиору овезаҳо, рӯзномаи девории мактабӣ бароварда шуда, омӯзгорон дар мавзӯъҳои «Истиқлолият -неъмати  бебаҳост», соатҳои тарбиявӣ ва дар ин самт  озмуни  иншо  ва  расми  беҳтарин гузаронида шуд.

Фурӯғи субҳи доноӣ

Бахшида ба таҷлили ҷашни 30-солаги Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади иҷрои амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 5 феврали соли 2020, №АП-1339 дар бораи озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, ҷиҳати баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти ҳофизаи фарҳангӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, бой гардонидани захираи луғавӣ, тақвияти ҷаҳони маънавӣ ва фаъол гардонии доираи забондонӣ миёни қишрҳои мухталифи ҷомеа, аз ҷумла мурраббиён ва тарбиятгирандагони муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ, омӯзгорону хонандагони ҳамаи зинаҳои таҳсилот дар озмуни болозикр ҷалб карда мешаванд.

Забондонӣ-ҷаҳон донӣ

Дар доираи амалӣ намудани қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3-юми июли соли 2014, №427  «Барномаи давлатии такмил ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2020» дар ноҳия 196 нафар  омӯзгори фанни забони русӣ ва 191  нафар омӯзгори забони англисӣ кор ва фаъолият менамояд.

Баҳри амалӣ   намудани Барномаи давлатии такмил ва омӯзиши фанни  забони русӣ ва англисӣ барои солҳои 2015-2020 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон як зумра корҳоро ба анҷом расонид.

Аз инҳо 192 нафар бо маълумоти олӣ ва 4 нафар бо маълумоти олии нопурра;

бо тахассуси дараҷаи олӣ-88 нафар,тахассуси дараҷаи якум-60 нафар, тахассуси дараҷаи дуюм-23 нафар, тахассуси умумӣ-25 нафарро ташкил медиҳад.

 Кабинетҳои фаннӣ-таълимӣ

Баҳри иҷрои Барномаи давлатии амалӣ намудани технологияҳои иттилоотӣ- коммуникатсионӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29-уми сентябри соли 2017, №443 ба тасвиб расидааст, таъмин намудани муассисаҳои таҳсилоти умумӣ бо технологияҳои иттилоотӣ- коммуникатсионӣ, ки  амалишавии он барои ҳалли вазифаҳои муҳими ислоҳоти соҳаи маорифи Тоҷикистон дар ҷаҳони муосир мусоидат менамояд. Бо назардошти афзалияти масъалаи мазкур бо қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 22-юми феврали соли 2018, №120 “Барномаи давлатии амалӣ намудани технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳри Душанбе барои солҳои 2018-2022” кабул гардид, ки тибқи он дар зарфи панҷ сол муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе бо 3861 маҷмӯъ компютерҳо бо мизҳои корӣ ва 1044 адад тахтаҳои электронӣ дар ноҳияи Сино таъмин карда мешаванд.

Дар синфҳои 5-11-и муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ноҳия, ки  бо компютерҳо таъмин карда шудаанд, ба 13 хонанда як компютер рост меояд. Муассисаҳои таълимии ноҳия бо шабакаи интернет пайваст буда, дорои сомонаҳои худ мебошанд. Дар муассисаҳои таълимии ноҳия аз ду ва зиёда синфхонаҳои компётерӣ мавҷуд буда,  дар муассисаҳои таълимии ноҳия шумораи умумии компютерҳо 4365 адад, 508 адад принтер, 112 синфхонаҳои компютерӣ, тахтаи электронӣ 492  адад,  531 адад проектор,  61 адад ноутбукро ташкил медиҳанд. Муассисаҳои таълимӣ бо омӯзгорони фаннӣ  таъмин буда, 145 нафар омӯзгор тибқи нишондоди хонандагон ба зергуруҳо ҷудо карда шуда, омӯзгорон дарсҳои худро бо воситаҳои технологияи муосир мегузаронанд.

Ҳамкорӣ бо волидайн ва кормандони ҳифзи ҳуқуқ

Ӽамкории шуъбаи маориф бо мақомотӽои ӽифзи ӽуқуқ, аз ҷумла шуъбаи дар ноӽияи Сино будаи Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумӽурии Тоҷикистон, Раёсати Вазорати корӽои дохилӣ дар шаӽри Душанбе, Сарраёсати маорифи шаӽри Душанбе, прокуратура, шуъбаи Вазорати корӽои дохилии ноӽия ӽамарӯза таӽким меёбад. Мутобиқи ҷадвали таӽиягардида дар байни хонандагони синфӽои болоӣ ва хонандагони душвортарбияи муассисаӽои таълимии ноӽия ва волидайни онҳо  оид ба иҷроиши талаботӽои Қонуни Ҷумӽурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва пешгирии қонуншиканӣ, авбошӣ ва ҷинояткорӣ дар байни ноболиғон вохӯриӽо дар ҳамаи муассисаӽои таълимии ноҳия  гузаронида  шуданд.

Баҳри амалӣ намудани Қонуни Ҷумҳурии  Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо» шуъбаи  маорифи ноҳияи    Сино  ҷиҳати  ташкил намудани вохӯриҳо дар муассисаҳои таълимии ноҳия дар мувофиқа  бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Саррёсати  маорифи  шаҳр  ҳамкорӣ  намуда,  дар ҷамъомадҳо  иштироки омӯзгорон,  хонандагони  синфҳои болоӣ ва волидайни онҳоро таъмин намуда истодааст.

Инчунин, ҷиҳати пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ, ҷинояткорӣ ва оворагардӣ дар байни ноболиғон тибқи нақша- чорабиниҳои тасдиқгардида, бо прокуратура, ШВКД Сино-1ва ШВКД Сино-2 дар марказҳои дилхушӣ, интернет-кафеҳо, марказҳои бозиҳои бурднок, тарабхонаҳо ва калян-бар шабона  рейдҳо гузаронида мешаванд.

Ҳамзамон, дастовардҳои соҳаи маорифи ноҳия дар партави сиёсати хирадмандона ва маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон назаррас буда, ҷавобан ба ин ғамхориҳо аҳли маорифчиёни ноҳия кушиш ба харҷ медиҳанд, ки сатҳу сифати таълиму тарбияро боз ҳам баланд бардоранд

МТЖТ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here