Маркази тадқиқоти жуналистии Тоҷикистон моҳи сеюм аст, ки аз бахшҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои гуногуни кишвар дидан намуда, роҷеъ ба дастовардҳо ва саҳми соҳаи маориф дар рушду нумӯи Тоҷикистони соҳибистиқлол маводҳо омодаву дар нашрияҳои «Фараж» ва «Самак» чоп карда, манзури хонандагон мегардонад. Боздиди мо аз шуъбаи маорифи ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе замоне оғоз ёфт, ки устодону хонандагон аз таътили Наврӯзӣ баргашта, бо нерӯи тоза ба кору таълим фаро гирифта шуда буданд. Дар суҳбат бо мудири маорифи ноҳияи Шомансур Каримзода Матлуба Латиф маълум шуд, ки кормандони шуъбаи мазкур баҳри дар амал тадбиқ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти кишвар, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қарору фармоишҳои Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадюсуф Имомзода, дастуру ҳидоятҳои Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ, Раиси ноҳияи Шоҳмансур Билол Иброҳим ва Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе тамоми дониш ва малакаи худро истифода бурда, бо мақсади баланд бардоштани сатҳу сифати дониши хонандагон ва бо муваффақият ба анҷом расонидани соли таҳсили 2019-2020 кӯшиш намуда истодаанд.

 Маълумоти мухтасар

Шуъбаи маорифи ноҳияи Шоҳмансур моҳи августи соли 1933 таъсис ёфта, феълан 29 муассисаи таълимиро фаро гирифтааст, ки дар онҳо 1643 нафар омӯзгорон кору фаъолият намуда истода, аз ин шумора 1366 нафарро занон ташкил медиҳанд. Аз шумораи умумии устодон 1286 нафар бо маълумоти олӣ, 182 нафар бо маълумоти олии нопурра, 27 нафар бо маълумоти миёнаи махсуси педагогӣ дар мактабҳои гуногун ба шогирдон дарс мегӯянд. Аз 29 муассисаи таълимӣ 19-тои онро муассисаҳои буҷавӣ ва 10-адад муасисаҳои ғайрибуҷавӣ ташкил медиҳанд, ки ин аз ҳамкории хуби давлат бо бахши хусусӣ шаҳодат медиҳад. Дар 29 муассисаи таҳсилоти умумии дар қаламрави ноҳия фаъолияткунанда дар 1246 синф 39596 нафар хонандагон, аз ҷумла 18229 нафар духтарон ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд. Дар ноҳия якчанд гимназияҳо, аз ҷумла Гимназияи №2 барои кӯдакони болаёқат, гимназияи хусусии «Тоҷикистон», гимназияи хусусии «Андешаи пок», литсейи ДМТ, литсейи ДТТ, ЛҲ-и назди Вазорати дифои Тоҷикистон низ амал мекунанд, ки дар рушду равнақи маорифи ҷумҳурӣ саҳми арзанда доранд.

Муассисаҳои томактабӣ

Дар тобеияти шуъбаи маорифи ноҳияи Шоҳмансур 10 муассисаи томактабии буҷавӣ ва 14 муассисаи томактабии ғайрибуҷавӣ амал мекунанд. Омӯзиши мо нишон дод, ки дар муассисаҳои томактабии буҷавӣ 82 гуруҳ бо шумораи 2501 нафар кӯдакон ба тарбия фаро гирифта шудаанд. Шумораи умумии кормандони кӯдакистонҳо дар маҷмуъ 323 нафар, шумораи кормандони омӯзгорӣ 122 нафарро ташкил медиҳад.

Дар муассисаҳои томактабии ғайрибуҷавӣ бошад, шумораи гуруҳҳо 78, шумораи кӯдакон дар муассисаҳои томактабӣ 1372 нафар, шумораи умумии кормандони кӯдакистонҳо 239 нафар, шумораи кормандони омӯзгорӣ 109 нафарро ташкил медиҳад.

Дар давоми соли таҳсили 2019-2020-ум 7 маротиба Шӯрои шуъба ва 20 маротиба маҷлисҳои назоратӣ-машваратии назди мудири шуъбаи маорифи ноҳия гузаронида шудаанд.

Пешрафти хонандагон

Дар шуъбаи маорифи ноҳияи Шоҳмансур бо ҷорӣ намудани усулҳои нав ба нави таълим ба пешрафти хонандагон таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда мешавад. Албатта, ин бесабаб нест. Зеро ба қавли мудири шуъба Каримзода М. Л., «дар шароити пешрафти босуръати илму техника ва технологияҳо баланд бардоштани сатҳу сифати дониши хонандагон ва ҷорӣ кардани усулҳои муосири таълиму тарбия аз ҷумлаи масъалаҳои муҳимтарини рӯз ба ҳисоб мераванд».

Омӯзиши мо нишон дод, ки дар соли 2019 дар 28 муассисаи таҳсилоти умумии ноҳия 37708 нафар, аз ҷумла 17219 нафар духтарон аз синф ба синф пешрафт намудаанд. Коллективҳои омӯзгории муассисаҳои таълимии ноҳияи Шоҳмансур дар соли 2019 софдилона меҳнат намуда, соли таҳсили 2018-2019 мактабро 3950 нафар ё 11,9 % хонандагон бо баҳои аъло ва 10275 нафар ё 31 % бо баҳои хуб сарбаландона ҷамъбаст намудаанд. Соли 2019 синфи якумро 4404 нафар, аз ҷумла 1949 нафар духтарон (12,1 %) хатм намуда, дар соли таҳсили 2019-2020-ум 4369 нафар хонандагон ба синфи 1 ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.

Бояд қайд намуд, ки дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи асосӣ синфи 9-ро 2881 нафар, аз ҷумла 1311 нафар духтарон хатм кардаанд, ки аз ин шумора 2854 нафар соҳиби аттестати оддӣ ва 14 нафар хатмкардагон соҳиби аттестати «аъло» гардидаанд. Аз шумораи умумии 2240 нафар хатмкунандагони синфи 11, ки 2238 нафарро ташкил медиҳад, 85 фоизи онҳо ба мактабҳои олии дохилӣ ба воситаи Маркази миллии тестӣ ва ба  хориҷи кишвар 270 нафар дохил шудаанд, ки ин нишондод нисбат ба шуъбаҳои дигар хеле баланд аст.

Ғолибият дар озмунҳо

Лозим ба ёдоварист, ки хатмкунанагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия Ҳамроева Бибиомина Маҳмудҷоновна — хатмкунандаи синфи 11-и муассисаи таҳсилоти умумии №16, Самандарова Гулноз Фахриддиновна — хатмкунандаи  синфи 11-и муассисаи таҳсилоти умумии №21, Раҳимова Рисола Шарифхоҷаевна ва Саидзода Фаттона Зикрулло — хатмкунандагони синфи 11-и гимназияи №2 барои кӯдакони болаёқат дар озмуни ҷумҳуриявии довталабони медали тилло муваффақият ба даст оварда, бо медали тиллои равияҳои гуманитарӣ ва таббии риёзӣ мукофотонида шудаанд.

Аз 3 то 6-уми январи соли 2019 ғолибони даври ноҳиявии олимпиадаи фаннии мактаббачагон 634 нафар (хонандагони синфҳои 5-11), дар даври навбатии шаҳрии олимпиадаи мактаббачагон, ки дар муассисаи таълимии №31 баргузор гардид, фаъолона иштирок намуданд ва ба

ба натиҷаҳои зерин ноил шуданд:

— сазовори ҷойи аввал -33 нафар;

— сазовори ҷойи дуюм — 29 нафар;

— сазовори ҷойи сеюм — 44 нафар;

ҷамъ — 106 нафар.

Дар олимпиадаи байналмилалӣ, ки дар маҷмааи варзишии «Ҳаят Реҷенсӣ» аз 1 то 5-уми апрели соли 2019 баргузор шуд, дар байни намояндагони 146 мамлакати дунё хонандаи синфи 1-и муассисаи таълимии рақами 21 Хедаяулла Марям аз арифметики зеҳнӣ сазовори ҷойи аввал ва медали тилло гардидааст.

Дар олимпиадаи ҷумҳуриявӣ, ки дар «Империя знания» дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, аз фанни арифметикаи зеҳнӣ хонандаи синфи 3 «в»-и муассисаи таълимии рақами 21 Бердиев Ҷасур сазовори ҷойи дуюм ва медали нуқра ва хонандаи  синфи 4 «в»-и ҳамин муассисаи таълимӣ Қаюмов Усмон сазовори ҷойи сеюм ва медали биринҷӣ гардиданд.

Гритскив Иляд — хонандаи синфи 10-и муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №21 дар олимпиадаи байналмилалӣ аз фанни забони англисӣ дар шаҳри Москва сазовори ҷойи аввал ва медали тилло гардид.

Хонандаи синфи 10-и муассисаи таҳсилоти умумии рақами 20 Юнусов Ҷасур дар олимпиадаи байналмилалӣ дар Ҷумҳурии Қазоқистон аз фанни забони англисӣ сазовори ҷойи дуюм ва медали нуқра гардид.

Инчунин, хонандагони зиёдеро номбар кардан мумкин аст, ки дар озмуни даври шаҳрии «Китобхони беҳтарин», озмуни даври шаҳрии «Бозёфт» ва «Ровии беҳтарин» сазовори ҷойи аввал ва мукофотҳои пулию молӣ гардидаанд. Дар даври ҷумҳуриявии олимпиадаҳои фаннии мактаббачагон 13 нафар хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия соҳиби ҷойҳои аввал ва медалҳои тилло ва нуқра гардидаанд.

Такмили ихтисос

Яке аз масъалаҳои муҳим ва асосии соҳаи маориф — ин баланд бардоштани дониши назариявӣ ва такмили маҳорати касбии омӯзгорон мебошад. Дар соли таҳсили сипаришудаи 2018-2019 барои такмили ихтисос ва баланд бардоштани сатҳи маҳорати касбии худ тибқи нақшаи кории шуъбаи маорифи ноҳия, Маркази такмили ихтисоси назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе 288 нафар омӯзгорону мураббиён аз курсҳои такмили ихтисос ва 152 нафар аз курсҳои салоҳиятнокии фанҳои таълимӣ гузаштаанд.

Дар моҳи декабри соли 2018 бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе 8 нафар (4 нафар омӯзгорони фанни забони русӣ ва 4 нафар омӯзгорони фанни забони англисӣ) дар шаҳри Москва аз курси такмили ихтисос гузаштаанд. Дар давоми соли таҳсили 2018-2019 аз 86 нафар 28 нафар омӯзгорони фанни забони русӣ ва 24 нафар омӯзгорони фанни забони англисӣ дар филиали ДҶТИКСМ аз курсҳои такмили ихтисос гузаштаанд.

Аз шумораи 1643 нафар омӯзгорон дар 8 моҳи соли таҳсили 2019-2020 дар филали ДҶТИКСМ дар шаҳри Душанбе 276 нафар тибқи нақшаи кории шуъба аз курсҳои такмили ихтисос гузаронида шудаанд.

Тибқи нақшаи кории солонаи шуъбаи маорифи ноҳия муассисаҳои таҳсилоти умумии рақамҳои 2, 20, 31, 41, 63, 65, 79 (ҳафт муассисаи таълимӣ) дар ёздаҳ моҳи соли 2019 аз аттестатсияи навбатӣ гузаронида шуда, ба онҳо барои фаъолият намудан ба муҳлати панҷ сол иҷозатнома ва акредитатсия дода шудааст.

Гирандагони стипендияҳои махсус

Дар соли таҳсили 2019-2020 хонадагони зиёди аълохон, аз ҷумла 5 нафар гирандаи стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шуданд: Раҷабов Раҷабалӣ, Назарова Нигора, Ҳусейнова Сабрина — хонандагони синфи 10 «а» ва Сироҷиддинова Дилноза, Ҳафизова Насиба — хонандагони синфи 11 «а»-и муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №55.

33 нафар хонандагон дар озмуни даври шаҳрии «Гирандагони стипендияи Раиси шаҳри Душанбе» аз муассисаҳои таҳсилоти умумии ноҳия иштирок намуда, аз онҳо 14 нафар ба гирифтани стипендияи Раиси шаҳри Душанбе мушарраф гардидаанд.

Дар соли таҳсили 2019-2020-ум 23 нафар хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии ноҳия стипендияи Раиси ноҳияи Шоҳмансурро гирифта истодаанд.

Фурӯғи субҳи доноӣ

Дар соли таҳсили 2019-2020 дар озмуни даври шаҳрии «Фурӯғи субҳи доноӣ» 15 нафар довталабон аз муассисаҳои таълимӣ иштирок намуда, аз ин шумора 10 нафар соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ ва як нафар соҳиби «Шоҳҷоиза» гардидаанд.

Дар озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ» бошад, дастовардҳои сокинони ноҳияи Шоҳмансур хале баланд аст. Аз ҷумла, дар номинатсияи аз ёд ва мутолиаи осори ниёгон хонандаи синфи 10-и литсейи «Раҳнамо» Бунёди Абдулло соҳиби Шоҳҷоиза, хонандаи синфи 3-и литсейи «Раҳнамо» Муҳаммад Абдулло дар номинатсияи аз ёд кардани мутолиаи асарҳои бачагона, сокини ноҳияи Шоҳмансур, донишҷӯи курси дуюми факултаи муносибатҳои байналмилалии ДМТ дар номинатсияи адабиёти ҷаҳон сазовори ҷои якум гардидаанд.

Хонандаи синфи 11-и муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №55 Ҳафизова Насиба дар номинатсияи мутолиаи адабиёти ҷаҳон ҷои дуюмро соҳиб гардидааст.

Чорабиниҳои варзишӣ

Бо мақсади ҷалб намудани хонандагон ба чорабиниҳои варзишӣ дар рӯзҳои таътилҳои зимистона, баҳорӣ ва тобистона дар ҳамаи муассисаҳои таълимии ноҳия дар байни хонандагон мусобиқаҳои варзишӣ, аз ҷумла волейбол, тенниси рӯи миз, шашка, шоҳмот, давидан ба масофаи 100 метр, 300 метр, 500 метр, турниккашӣ, бо банд ба баландӣ баромадан ва мусобиқаи гӯштини миллӣ ташкил карда шудаанд.

Дар мусобиқаҳои варзишии ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии ноҳия фаъолона иштирок намуда, борҳо сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардидаанд.

Дастаи Шоҳмотбозони муассисаи таҳсилоти умумии №20 дар мусобиқаи шаҳрӣ дар моҳи ноябри соли 2019 сазовори ҷои дуюм ва «Дипломи дараҷаи 2» гардидааст.

Лозим ба ёдоварист, ки хонандаи синфи 6 «б» МТМУ №55 Абророва Сабрина дар озмуни байналмилалии «Шоҳмотбозӣ» дар вилояти Ханти Мантини ҶФР аз 15 то 30-юми майи соли 2019 дар байни иштирокчиёни 80 кишвари ҷаҳон сазовори ҷойи якум, чемпиони ҷаҳон ва медали тилло гардидааст.

Ҳамасола бо ташаббуси Ташкилоти мададгори мудофиаи шаҳри Душанбе бо мақсади баланд бардошгтани сатҳи омодабошии хонандагон мусобиқаҳои тирпарронӣ дар байни хонандагони синфҳои 9-11-и муассисаҳои таълимии ноҳияҳои пойтахт ва ноҳияи Варзоб ташкил карда, гузаронида мешавад, ки дар ин мусобиқа дастаи толибилмони ноҳия, хонандагони муассисаҳои таълимии №№20, 21, 35, 55 сазовори ҷои якум дар шаҳри Душанбе дониста шудааст.

Ҳамкорӣ бо волидайн

Аз суҳбат бо масъулини шуъбаи маорифи ноҳия маълум шуд, ки дар тамоми мактабҳои ноҳияи Шоҳмансур ҳамкории муассисаҳои таълимӣ бо волидайн хеле хуб ба роҳ монда шудааст. Дар семинар-машварате, ки 20-уми январи соли 2019 дар муассисаи таълимии №100, 21-уми октябр дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №31 ва 26-уми ноябр дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №48 шуда гузаштанд, масъалаи ҳамкории байни муассисаи таълимӣ ва оила ва рафти амалӣ намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» мавриди баррасӣ қарор дода шудааст.

Дар асоси нақшаи тасдиқнамудаи Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе дар таърихи 12-уми феврал дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 65, дар таърихи 14-уми феврал дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 31, 12-уми март дар муассисаи таҳсилоти умумии №16, 23-юми май дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №29, 6-уми июн дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №48, 16-уми сентябр дар муассисаи таҳсилоти умумии №71, 28-уми сентябр дар муассисаи таҳсилоти умумии №21, 13-уми октябр дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №20 ва 11-уми ноябр дар муассисаи таҳсилоти умумии №63 бо хонандагони синфҳои болоӣ (синфҳои 9-11), падару модарон бо иштироки намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, мутахассисони шуъбаи маориф ва маъмурияти муассисаҳои таълимӣ вохӯриҳо гузаронида шудаанд.

Компютерикунонӣ ва пояи моддӣ-техникӣ

Бо дастгирии Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе дар моҳи апрели соли равон барои муассисаҳои таҳсилоти умумии ноҳия 104 адад компютерҳо дастрас карда шуда, теъдоди компютерҳо дар муассисаҳои таълимии ноҳия ба 1547 адад расонида шудааст. Айни замон дар муассисаҳои таълимӣ 169 принтер, 182 тахтаи электронӣ, 111 нотбук, 929 камераҳои мушоҳидавӣ, 18 хати озоди барқ мавҷуд мебошад.

Омӯзиш нишон дод, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва шуъбаи маориф баҳри мустаҳкам кардани пояи моддӣ-техникии муассисаҳои таълимӣ пайваста чораҳо меандешанд. Дар марҳилаи аввали «Барномаи давлатии таъмини муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ бо кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ барои солҳои 2011-2015», дар зарфи панҷ сол муассисаҳои таълимии ноҳия 67 адад кабинети муосири таҷҳҳиҷозонидашудаи таълимиро харидорӣ намудаанд.

Дар ҳар як муассисаи таҳсилоти умумии ноҳия аз 5 то 8 адад кабинетҳои хуб муҷаҳҳазонидашудаи таълимӣ мавҷуд мебошад, ки дар маҷмуъ шумораи онҳо 129 ададро ташкил медиҳад.

Дарёфт ва рушди истеъдодҳо

Дар соли таҳсили равон дар Маркази рушди истеъдодҳои ноҳия дар 32 маҳфил 460 нафар хонанда (аз моҳи январи соли 2019 бо қарори Раиси ноҳия таҳти №173 аз 16-уми ноябри соли 2018 Марказ таъсис дода шудааст) ва дар Маркази таҳсилоти иловагии ноҳия дар 36 маҳфил 1200 нафар хонандагон ба гирифтани дарсҳои иловагии ройгон, аз ҷумла, ба омӯзиши забонҳои русиву англисӣ ва фанҳои дақиқ машғул мебошанд.

Тибқи «Барномаи давлатии дарёфт ва рушди истеъдодҳо барои солҳои 2015-2020» бо мақсади дарёфти хонандагони болаёқат ва ташаккули тафаккури техникии онҳо дар муассисаи таълимӣ мунтазам машғулиятҳои иловагӣ, маҳфилҳои фаннӣ ва фарҳангӣ баргузор карда мешавад. Маҳз амалишавии барномаи мазкур ба афзудани теъдоди иштирокчиён ва ғолибони олимпиадаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ мусоидат намудааст.

Таълим ва истироҳат

Дар асоси Қарори Раиси шаҳри Душанбе №260 аз 2-юми майи соли 2019, фароғатгоҳи «Зимчуруд» ва майдончаҳои солимгардонии наздимактабӣ аз 25-уми июни соли 2019 фаъолияти худро оғоз намудаанд. Тибқи қарори мазкур фароғатгоҳи тобистонаи «Зимчуруд» ва майдончаҳои солимгардонии наздимактабӣ дар назди муассисаҳои таҳсилоти умумии рақамҳои 2, 23, 29, 31, 35, 36, 41, 48, 55 дар чор баст фаъолият намудаанд.

Дар ҳар як баст дар фароғатгоҳи беруназшаҳрии тобистонаи «Зимчуруд» 250 нафар кӯдакону наврасон, аз ҷумла 25 нафар кӯдакони ятим, 90 нафар кӯдакони нимятим, 70 нафар кӯдакон аз оилаҳои камбизоат, 30 нафар хонандагони болаёқат, 15 нафар кӯдакони душвортарбия ва 20 нафар аз мактаб — парваришгоҳи №4 ба истироҳати тобистона дар фароғатгоҳ фаро гирифта шудаанд.

Дар маҷмуъ, дар чор баст 1000 нафар кӯдакону наврасон ба истироҳати тобистона дар фароғатгоҳи «Зимчуруд» ҷалб карда шудаанд.

Дар назди муассисаҳои таҳсилоти умумии рақамҳои 2, 15, 23, 29, 35, 36, 41, 48, 55 низ майдончаҳои солимгардонӣ дар чор баст ташкил карда шудаанд, ки дар ҳар як баст 360 нафар кӯдакону наврасон, дар маҷмуъ 1440 нафар кӯдакон ба истироҳати тобистона фаро гирифта шудаанд.

Сохтмону барқарорсозӣ

Бояд қайд кард, ки 15-уми январи соли 2020 бо иштироки бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти кишвар, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 65 дар ноҳияи Шоҳмансур бо тарҳи наву замонавӣ ба истифода дода шуд. Мактаби навбунёди мазкур, ки дар он барои 2000 нафар хонанда дар ду баст имкониятҳои беҳтарини таълим муҳайё гардидаанд, аз ҳисоби соҳибкори ватанӣ Абдуҳалим Қодирзода — роҳбари Ширкати «Ёқут-2000» ба маблағи беш аз 30 миллион сомонӣ сохта шудааст.

Пеш аз ин, 31-уми августи соли 2019 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №79 (собиқ филиали муассисаи таҳсилоти миёнаи умуии №63) бо иштироки муовини аввали Раиси шаҳри Душанбе Зувайдзода М. М., ки тарафи ҶДММ «Шаҳриёр» барои 320 ҷойи нишаст сохта шуд, ба истифода дода шуда буд. Ин муассисаи навбунёд тибқи қарори Раиси ноҳия №290 аз 23-юми августи соли 2019 ба муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ табдил дода шудааст, ки дар он ҳоло 709 нафар кӯдакону наврасон ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд.

Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №65, ки аз тарафи ҶДММ «Ёқут-2000» барои 840 ҷойи нишаст сохта ба истифода дода шуд, айни замон дар он 550 нафар хонандагон дар ду баст ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд.

Соли таҳсили 2019-2020 дар ҳамаи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва томактабии ноҳия машғулиятҳоро бо мактабҳои комилан таъмирёфта оғоз намудаанд, ки бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва ноҳияи Шоҳмансур дар маҷмуъ ба маблағи 2 млн 360 сомонӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷети маҳаллии ноҳия аз таъмири ороишӣ бароварда шудаанд.

Ба ҷои хулоса

Дар хулоса бояд иброз дошт, ки кормандони соҳаи маорифи ноҳияи Шоҳмансур баҳри пайваста амалӣ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти кишвар, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистона аз 26-уми декабри соли 2019 бармеоянд, дастуру супоришҳои Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамзамон дастуру супоришҳои Раиси шаҳри Душанбе баҳри баланд бардоштани сатҳи сифати дониши хонандагон пайваста кӯшиш менамоянд.

Холиқи МУҲАММАДНАЗАР,

МТЖТ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here