Аз 24 то 29-уми ноябри соли 2018 дар Хонаи синамои шаҳрамон — Душанбе рӯзҳои синамо-кинои Русия дар Тоҷикистон шуда буд. То имрӯз таассуротамро дар дил нигоҳ медоштам, ба ҷуз баъзе маҳфилу нишастҳои хурд бо дӯстону ҳамкасбон. Имрӯз тасмим гирифтам, ки андешаҳоямро рӯи қоғаз орам. Чаро не…? Аз оне, ки бо се — чор нафар менолию дарди дил мекунӣ, чӣ фоида…? Ҳарчанд, ба қавли баъзе дӯстон, аз навиштан ҳам ҳеҷ фоида нест, бо вуҷуд менависам. Агар имрӯз фоида наовард, фардо Худо хоҳад меорад. Банда бо умед аст. Ин дақиқ аст, ки фарзандони мо мисли мо нахоҳанд шуд…!

Аз панҷ филми барнома сетояшро муяссарам гашт бубинам. Чун ҳамеша дар ин маҳфили фарҳангӣ ҳам агар 20 дар сади аҳли фарҳангу адаб ва зиёиёни фақат Душанбешаҳр мебуданд, толор ҳеҷ гоҳ холӣ намемонд. Ҳамин ҳол қариб дар ҳама дигар маҳфилҳо — рӯзҳои синамои Афғонистон, Қирғизистон, Лаҳистон, Русия (дафъаи гузашта), Эрон, дар Тоҷикистон, ҷашнвораи байналмилалии синамо “Дидор” дида мешуд. Мутасаддиёни Хонаи синамо барои аз шармандагӣ раҳо ёфтан толорро бо мактаббачагону донишҷӯён пур мекарданд. Одоби баъзе наврасу ҷавонони мо ба ҳама маълум…! Бахусус чанд рӯз пеш дар вақти намоиши филми хориҷии “Гандӣ” коргардони англис Richard Attenborough бо иштироки сафири Ҳиндустон рафтору гуфтори баъзе донишҷӯён хеле боиси шармандагӣ буд! Масъулони Хонаи синамо дигар чӣ кор ҳам кунанд…? Дар тамошои баъзе филмҳо ҳатто аз 10-15 нафар зиёд бинанда набуд. Баъзеи ин филмҳо, ки бори нахуст дар мо намоиш дода мешаванд (бахусус дар ҷашнвораи “Дидор”), дорои чандин ҷоизаҳои ҷашнвораҳои байналмилалӣ мебошанд. Ҳама вақт тамошои ин филмҳо ройгон буд. Баъзан ташрифи баъзе аз аҳли адабу фарҳанг, ҳунармандон ва зиёиён, бахусус замони ҷашнвораи “Дидор” дида мешуд. Баъдан маълум мешуд, ки аксари онҳо чи олудагие дар ин кор доштаанд ва хайр…!

Ман хеле шигифтзадаам аз масъалагузории баъзе ҳамватанон дар матбуот ва васоити ахбору интернет. Мисли он ки: — Театри имрӯзи тоҷик ниёз ба тамошо ва ё арзи ҳастӣ дорад ё не…, ё масъалагузории сатҳи синамо, телевизион, адабиёт… ва монанд ба инҳо. Вақте хуши тамошои беҳтарин филмҳои ҷаҳониро надоред, ки диданаш ройгон аст, пас ин масъалагузориҳо баҳри чист? Оё медонед, ки баъзе намоишҳои имрӯзи театри тоҷик, ки ҳоло хушбахтона рӯи саҳнаанд, дорои адади аз 1 то қариб 10 номгӯй беҳтарин диплому тандис ва ҷоизаҳои байналмилалӣ мебошанд?

Оё шумо медонед, ки баъзе намоишҳои театри тоҷикро намоиш гуфтан гуноҳ аст, ки бадбахтона кам нестанд?

Бадбахтӣ дар он ки ин намоишномаҳо бо намоишҳои дар боло зикршуда худро дар як қатор мебинанд ва шояд беҳтар ҳам донанд, чаро, ки онҳо имрӯз бештар рӯи саҳнаанд? Оё касе ва ё мутахассисе ҳаст, ки холисона фарқияти қиммати бадеӣ ва ҳунарии ин намоишҳоро дарку фаҳм кунад ва ё гуфта тавонад? Магар бадбахтии  асосӣ бетафовутии мову шумо нест…?! Сатҳу дараҷаи рушди адабиёт ва ҳунари театру синамо нахуст аз хонандаву бинандаи он сахт вобаста аст (ин сухани бузургон аст…). Агар наоеду таваҷҷуҳ надошта бошед, пас нолидан чист? Шояд ин амали шумо боис гашт, ки имрӯз дар театр обрӯю манзалати ҳунару ҳунарманди асил қариб намондааст. Касе фарқи “зарби оҳангару сӯзангар” намедонад ва ё донистан намехоҳад. Чаро ки таваҷҷуҳ ва вокуниш нест, ҳисси масъулият, талабот ва қиммати ҳунари асил, ҷавобгарӣ ва рисолат аз байн рафтааст. Ҳама паи унвону шуҳрат ва ё пур кардани ҷайби худанд, фарқ нест бо чи роҳ. Муҳим “Гӯр сӯзаду дег ҷӯшад…”!

Бо чанд нафари хеле ками аҳли фаҳму дард магар метавон коре кард…?

Акнун меоям сари масъалае, ки боиси хома гирифтани банда шуд. Се филме, ки дидам: “Спитак” дар коргардонии Александ Котт, “Ситораҳо” дар коргардонии Александ Новиков — Янгинов ва “Чи гуна Витка Чеснок, Леха Штирро ба хонаи маъюбон бурд” дар коргардонии Александр Хант буд. Ташаккур ба масъулини ин маҳфил барои интихоби чунин филмҳо. Ҳамаи ин филмҳо ва коргардонҳо аз кишвари Русия ва русанд. Филми “Спитак” бо ҳамкории Фонди рушди синамои Арманистон рӯи навор омадааст. Филм аслан фоҷиа — заминларзаи ваҳшатноки соли 1988-ро қисса мекунад, ки шаҳри Спитакро бо 15000 ҳазор қурбонӣ қариб пурра аз байн бурда буд. 80% забони филм арманӣ бо зернависи русӣ аст. Асабӣ нашавед ҳамватанони азиз, арманиҳо метавонанд дар филме, ки коргардон ва дигар имкониятҳо бештар аз ҷониби Русия буд, ба забони модариашон ҳарф зананд. Вақте воқеоти филм замони шӯравӣ гузаштааст, мумкин нест, ки арманиҳо забони русиро надонанд. Ман бовар дорам, ки имрӯз ҳам онҳо аз мову шумо хубтару беҳтар забони русиро баладанд, бе афзудани мактабу боғчаҳои русӣ, балки баръакс…!!!

Филми дигар “Ситораҳо” дар коргардонии Александ Новиков — Янгинов буд. Ин филм пурра аз Русия буд. Муҳтавои филм, муаллими забони русӣ, ки миллаташ руси шаҳрванди кишвари Ӯзбекистон аст, барои ёфтани маблағи муолиҷаи духтари бемораш ба пойтахти Русия ба муҳоҷирати меҳнатӣ меравад. Сюжаи асосии филм мушкилоти муҳоҷират аст. Аҷибаш дар он ки дар ин филми русӣ ҳам забони ӯзбекӣ хеле фаровон истифода шудааст. Қаҳрамони асосии филм, ки ҳунарпешаи машҳури синамои Русия Юрий Сухоруков иҷро мекунад ва инчунин Игор Гаспарян чунон бо забони ӯзбекӣ ҳарф мезананд, ки фикр мекуни ӯзбеки тозаанд. Қаҳрамони Сухоруков, ки миллаташ рус аст, ҳатто дар Маскав ҳам бо ӯзбекҳои муҳоҷир ӯзбекӣ ҳарф мезанад. Ӯ ба миллату забони давлате, ки шаҳрванди он аст, арҷ мегузорад. Ман аминам, ки агар руҳияи миллатпарварию арҷгузорӣ ба забони давлатию модарии фарҳангиёну ҳунармандони ӯзбекистонӣ намебуд, ин амал ҳеҷ гоҳ рух намедод.

Акнун ҳамин масъаларо дар муқоиса бо филмҳои замони истиқлолият таҳияшудаи мо бубинед. Дар филмҳои мо тамоми деҳаи тоҷик ба як русу забони ӯ мутобиқ мешаванд. Ва ё арӯси замонавиамон забони модарӣ-тоҷикиро намедонад. Модарони мо аз ҳиссу нанги миллӣ ва забонӣ дуранд, фақат гапҳои соддаю хандадор мезананд…! Яъне, замонавӣ ки шудӣ, бояд забони модарӣ-тоҷикиатро надонӣ…! Аҷибаш дар он ки чунин филмҳо ба мардуми тоҷик дар умум бештар писанд аст. Шигифтзада аз сиёсати шӯравиам, чи гуна тавонист тӯли 70-80 сол моро ин гуна иваз кунад. Чанд рӯз пеш дар нақлиёти хатгарди №13 марде, ки дар сурат бисёр ба миллати рус шабоҳат дошт, аз курсии нишасташ рост шуд. Ҷавони пулчини нақлиёт бо русӣ — Шумо мефароед (Вы выходите)?- гуфт. Мард бо забони буррои тоҷикӣ гуфт, ки дар истгоҳи оянда мефарояд, маълум буд, ки тоҷик аст. Аммо як лаҳза пас аз курсии пеш духтарҷавони тоҷике аз ҷой боло шуда, бо забони русӣ он мардро ба ҷои худ нишастан даъват кард. Мард боз шунавою бурро бо тоҷикӣ гуфт, ки ҳозир мефарояд. Ҳамон замон китфи ҷавоне, ки тоҷик буд, ба мард бархӯрд ва ҷавон бо русӣ аз мард бахшиш пурсид. Аҷабо…! Касе на медид ва на мешунид…! Чанде пеш, ки дар кадом мақолаам ҳам дарҷ шуда буд, дар бозори “Корвон” зани ҷавоне бо савдогари чинӣ бо имову ишора ва русии хеле бад ҳарф мезад ва чинӣ ҳам бо забони шикаставу бади тоҷикӣ ҷавоб мегуфт. Ба ҷавонзан муроҷиат кардам, ки чинӣ бо ту тоҷикӣ ҳарф мезанаду русиро намедонад, чаро тоҷикӣ гап намезанӣ? Ҷавонзан ба ман рӯ оварда мегӯяд, ки русӣ беҳтар аст. Анқариб ҳамин ҳолату вазъиятро аҳли фарҳанги ҷомеа дорост. Як ба наворгирии филму намоишсозиҳои театрӣ ва ё рақсу маъракаҳои оммавӣ-фарҳангӣ сар занед. Бисёре аз мардумиҳоямон ҳанӯз ҳам баландгӯяк, ки ба даст гирифтанд, нохудогоҳ ба русигӯӣ мегузаранд. Ёдам ҳаст, чанд сол пеш тамрини маъракаи таҷлили рӯзи забони тоҷикӣ — давлатиро қариб ки пурра бо русӣ мебурданд. Акнун андеша кунед, ки руҳияи ғуломиву манқуртӣ чи гуна бояд бошад…? Аслан амалан худи мо тоҷикон бо чунин руҳия намегузорем, ки дигар миллатҳо бо забони давлатии мо ҳарф зананд ва ё тоҷикиро ёд гиранду ба он арҷ гузоранд. Ин аст, ки мо бо ҳама миллатҳо, ҳатто сагу гурбаамон нохудогоҳ нахуст русӣ ҳарф мезанем. Шуморе аз ҷавонони мо, ҳатто баъзеашон бо ғуруру истеҳзо мегуфтанд, ки ҷавонони ӯзбекистонӣ русиро намедонанд ва дар баъзе маҳфилҳои фарҳангию коргузориҳо онҳо ба ҳайси тарҷумон буданд. Ҳатто се — чор сол пеш фарҳангие баъди сафари Ӯзбекистон бо исрор мегуфт, ки ояндаи ин кишвар шояд нестӣ бошад, чунки забони русиро қариб ки фаромӯш кардаанд. Ва ё ёдам ҳаст, ки баъди иваз кардани ҳуруф дар кишвари Ӯзбекистон кам набуданд фарҳангиёни мо, ки бо исрор мегуфтанд, ки ин иштибоҳи ин миллату давлат хоҳад буд. Ҳарчанд баъди намоишгоҳи илмиву текникӣ ва ҳунарӣ-фарҳангии Ӯзбекистон дар Тоҷикистон ақидаи бисёриҳо иваз шуд, вале бо руҳияи ғуломиву манқуртӣ метавон инро диду дарк кард…?! Метавон дид, ки нисфи бозори кишвари моро моли содиротии Ӯзбекистон гирифтааст? Ва ё фақат дастоварди дастаи муштзанони (бокси) ин кишвар, ки дар ҳайати даставӣ дар олимпиадаи гузашта ғолиб — чемпион шуда буданд, аз тамоми дастовардҳои варзиши олимпии мо бештар аст. Бадбахтона ин заҳри қотил дар мағзу вуҷуди бештари фарҳангиёни мо ҷо шудааст, вагарна мардуми оддӣ ба ин ҳол гирифтор намебуданд. Ҳоло ҳам бештар фарзандони онҳо майл ба русӣ доранд. Аминам фазои фарҳангию худшиносии миллӣ 95% вобаста ба руҳияи фарҳангиёну зиёиёни миллат аст, новобаста ба сиёсату иҷтимоиёт! Ҳатто баъзан мебинӣ, ки ҳисси дар Маскав хондани баъзе фарҳангиёнамон аз ҳисси ватандориашон болотар аст. Ман акнун фаҳмидам, ки аз рӯи яке аз гузоришҳо чаро русҳо аз ҳама бештар мо тоҷиконро бад медидаанд. Касе, ки худро намешиносаду ба қадри худ намерасад, на Худо дӯст медораду на бандааш! Тӯли 15 рӯзи охири соли 2018 бо барномаи ба истилоҳ солинавӣ дар чанд мактабу боғчаҳои шаҳру ноҳияҳои атрофи он сафари ҳунарӣ доштем. 90% бачаҳои тоҷик шеърҳои русӣ мехонданд. Барои онҳо ифтихору обрӯ ба забони русӣ шеъру суруд хондан буд. Ин қадар боғчаю мактабҳои русӣ зиёд доштаем. Дар аксари онҳо ҳатто як русзабон нест. Аҷибаш дар он, ки шароити онҳо нисбат ба мактабу боғчаи тоҷикӣ хеле беҳтар аст. Ҳама чиз ба забони русӣ. Фақат муоширати баду дӯғу пӯписа ва дашному суханони қабеҳ тоҷикӣ буд. Мо аз ҳоло фарзандони худро тарбия ба он мекунем, ки забони модарӣ-тоҷикӣ фақат барои дашному сухани бад аст. Нохудогоҳ ин дар зеҳни кӯдак ҷо мегирад ва то абад мемонад. Яъне мо аз фарзандони бегуноҳи худ ғуломаку манқуртчаҳо месозем, то ки дар оянда мислу монанди мо бузург шаванд…!!!

Абдумумин ШАРИФӢ, ҳунарпешаи театр

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here