Агар умр вафо медошт, яке аз шахсиятҳои маъруф ва таъсиргузори Тоҷикистон Камол Нуралиев 15 март 75 солагии худро таҷлил мекард. Ин марди хуб 22 июни соли 2017 дар натиҷаи як садамаи автомобилӣ аз дунё даргузашт.
Камол Нуралиев чанд сол ба ҳайси муовин ва сипас муовини аввали вазири мелиоратсия ва хоҷагии оби Тоҷикистон фаъолият кардааст. Аз аввали соли 2009 дар нафақа ва машғули илм буд. Боғдорӣ ҳам мекард. Марҳум моҳи майи соли 2015 ба ҳайси академики Академияи байналхалқии инженерии Федератсияи Русия дар самти “хоҷагии об ва гидротехника” пазируфта шуд.
Пеш аз муовини вазир шудан, дар ноҳияи Данғара дар вазифаҳои гуногун кор кардааст. Мардуми ноҳия ӯро то ҳанӯз бо некӣ ёд мекунанд ва мегӯянд, ки дар тӯли умр, чӣ замоне, ки дар ноҳия кор мекард ва чӣ муовини аввали вазир, дар рафтору кирдораш ҳеҷ тағйирот эҳсос накарданд, ҳамеша хоксор, ҳалим, одамдӯст ва инсон боқӣ монд.
Мухтасари шарҳи ҳол
Камол Нуралиев 15 марти соли 1946 дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон таваллуд шудааст. Соли 1964 мактаби миёнаи № 1 ш. Данғара ва соли 1969 Институти политехники Тоҷикистонро бо ихтисоси «сохтмони саноатӣ ва шаҳрвандӣ» хатм намудааст. Солҳои 1969-1970 дар сафҳои Қувваҳои мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ хизмати аскариро анҷом дод. Аз июл то ноябри соли 1969 ассистенти кафедраи «Конструксияҳои охану бетонӣ»-и Донишгоҳи техники Тоҷикистон буд. Солҳои 1970-2009 меъмори ҳукумати ноҳияи Данғара, сардори қитъаи сохтмон, сармуҳандиси ПМК № 38, сардори ПМК № 38 ноҳияи Данғара, сардори ПМК № 49-и трести «Дангараводстрой», роҳбари трести «Дангараводстрой», муовини аввали вазири мелиоратсия ва захираҳои оби ҶТ буд. Соли 1980 дар Институти умумииттифоқии ПОКРУР (Украина) такмили ихтисос кардааст.
Аз соли 2012 корманди калони илмии Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи Илмҳои ҶТ.
Аъзо-корреспонденти АМҶТ (2008), академики АМ ҶТ (2011).
Аъзо-корреспонденти Академияи муҳандисии байналмилалӣ (2013), академики Академияи муҳандисии байналмилалӣ (2015).
Соли 2011 китоби «Захираҳои оби Тоҷикистон: ташаббусҳо, ҳолат ва дурнамо» (ҳаммуаллифон Абдусамадов М., Латипов Р.Б.)-ро навиштааст.
Муаллифи 20 мақолаи илмӣ, 2 китоб (2008, 2011), ду ихтироот (2015).
Соли 2001 аз тарафи Ҳукумати ҶТ бо унвони «Корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон» қадр карда шудааст.
45 сол дар хизмати мардум
Камол Нуралиев пеш аз оне, ки яке аз оилаҳои соҳибэҳтироми ҷумҳуриро барпо намояд ва фарзандони накуро ба воя расонад, худашро сохта буд. Бале, тавассути донишу фаросати баланд ва таҷрибаи ғанӣ худро сохтааст, шахсият кардааст.
Дар ҳақиқат Камол Нуралиев дар оилаи оддӣ, аммо бо тарбияи хос ба дунё омадаву ба воя расида буд. Падару модараш 4 фарзанд — се писар ва як духтар доштанд. Камол дуввумин фарзанди хонадон буд.
Нуралиев то охири умр, пеши мардуми зодгоҳ ифтихор мекард, ки ӯро маҳз ба номи падараш мешиносанд. Аз синфи 6 ба фанҳои дақиқ таваҷҷӯҳи бештар пайдо намуд. Дар натиҷа соли 1964 ба Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дохил шуда, соли 1969 онро бо ихтисоси “муҳандис-сохтмончӣ” хатм кард. Як муддат дар ҳамин донишгоҳ ҳам дарс дод. Баъд ба зодгоҳ рафт, то дар хизмати ҳамдиёрон бошад. Ҳамин тавр, 45 сол дар вазифаҳои гуногун кор кард. Дар ин муддат, аз ҷумла дар сохтмони Нақби ирригатсионии Данғара, шаҳраки Себистон, маркази совхозҳои №1 ва №2, каналҳои обгузари ВД2 ва ВД3, аз худ кардани заминҳои нави обии водии Данғара, мустаҳкамкунии соҳилҳои дарёи Панҷ дар навоҳии Ҳамадонии имрӯза ва Фархор иштирок дошт.
Вақте Ёқуб зери назораташ буду Латифӣ ба Данғара омад
Ӯ дар таҷрибаи кории худ дар иншооти муҳим хотираҳои зиёде дошт ва онҳоро бо ҳавас ва барои сабақ ба дигарон ҳамеша нақл мекард. Аз ҷумла, мегуфт, ки дар сохтмони Нақби ирригатсионии Данғара, дар баробари дигарон, ҳамчунин аз меҳнати маҳбусон истифода мекарданд, ки дар байнашон шахсони шинохта Ёқуб Салимов ва овозхони машҳур Ҷумъахон Сафаров ҳам буданд, ки бо кадом ҷурмҳое зиндонӣ буданд. Дидору гуфтугӯ бо онҳо, ки баъдан ҳар кадом ҷойгоҳи муҳими худро пайдо карданд, бе таъсир набуд.
Азбаски иншоот сохтмони зарбдори шӯравӣ ба ҳисоб мерафт, роҳбарияти вақти шӯравӣ ба он таваҷҷӯҳи зиёд дошт ва ба ин сохтмон зуд–зуд сафар анҷом медоданд. Ӯ чандин бор роҳбарони раддаи аввали Тоҷикистони шӯравӣ Раҳмон Набиев, Қаҳҳор Маҳкамов, Оқил Оқилов, Новичков, Акбар Мирзоевро пазироӣ ва меҳмондорӣ кардааст. Ҳатман ин дидору сӯҳбатҳо барояш чизҳои муҳимеро хотирмон кардаанд ва барои сохтусози шахсияташ нақш бозидаанд.
Журналистону адибон ҳам ба ин ҷо зиёд меомаданд. Камол Нуралиев борҳо ба дӯстон сафари Отахон Латифӣ ба иншооти мазкурро нақл кардааст. “Пас аз чанд соати ошноӣ ва сӯҳбат ин журналисти машҳур ба Душанбе баргашт. Дертар котиби райкоми Данғара Рамазон Мирзоев ба мавзеи сохтмон шахсан омад. Ҳайрон шудам, зеро агар зарурате пеш меомад, ӯ тавассути ратсия маро кофта меёфт. Омаду бо изтироб пурсид: “Канӣ мухбири “Правда” Отахон Латифӣ?”. Гуфтам, ки аз сохтмон дидан карда, ба саволҳояш ҷавоб гирифту рафт. Мирзоев гуфт: “Корро бало зад, зеро пас аз ҳар сафари Латифӣ ҳатман директори совхозу колхоз ва ҳатто райкомҳо аз мансаб барканор мешаванд”. Оромашон кардам, ки иттифоқе пеш наомад. Дертар мақола аввал дар “Правда”, баъд дар “Тоҷикистони советӣ” чоп шуд. Чизи баде набуд ва ҳич касро низ кор сабукдӯш накарданд.
Аммо ин маъноеро надошт, ки дар он замон кор осон буд. Имкон дошт мансабдоронро ҳатто бо «анонимка» аз кор бигиранд. Як вақт Нуралиевро ҳам бо ин сабаб аз кор гирифтанд. Баъди 18 моҳ дар ҳамон мақомаш дубора барқарор гардид. “Зеро натиҷаи таҳқиқоти баъди ҳақ будани ману ноҳақ будани анонимшикҳоро маълум намуд” — мегуфт Нуралиев бо ёдоварӣ аз он рӯзҳо.
Бахшидан нишонаи бузургист
Боре раиси Ҳизби аграрии Тоҷикистон ва вакили парлумон Рустам Латифзода аз пандҳои гирифтааш аз устоди худ нақл кард:
— Камол Нуралиев ҳамчун муовини аввали вазир сарпарасти раёсати мо буданд. Дар баробари таҷрибаи кору ихтисос, таҷрибаи зиндагӣ, муоширати баланди инсонӣ ва намунаи беҳтарини рафоқатро аз ӯ меомухтем. Роҳбари сахтгир буданд, вале худро аз ҳамкорон ҳеҷ гоҳ баланд намегирифтанд. Ман доим ҳангоми вохуриҳо бо эҳтиром “Камол Нуралиевич” гуфта муроҷиат мекардам. Аз ман ҳамеша хоҳиш мекард, ки ӯро на Камол Нуралиевич, балки ака гӯям.
Мегуфтанд, “Бахшидан нишонаи бузургии инсон аст. Он лаззате, ки афв дорад, интиқом надорад. Марди ҳақиқӣ бо раҳо кардани ғазаб маргро аз худ дур мекунад.” Ин маслиҳату насиҳатҳои бародаронаро ман ҳамеша дар ёд хоҳам дошт.
“Тӯмор”–и Шароф
Вазири собиқи мелиоратсия ва захираҳои об Исмат Эшмирзоев, ки баъдан муовини сарвазир ҳам таъин гардид, қиссаи дигари пандомӯзро дар китоби хотираҳояшон навиштааст:
— Замоне ӯ муовини аввали вазир буд, ҳар рӯзи душанбе дар наздашон ҷаласа баргузор мешуд. Дар қатори дигар роҳбарон ман, ки он замон мудири шӯъбаи вазорат будам, иштирок мекардам. Нуралиев бисёр роҳбари сахтгир буданд. Аҷиб буд, ки дар чанд ҷаласа ба ғайр аз сардори экспедитсияи гидромелиоративӣ Шароф Шарипов ҳамаро танқид карданд. Пас аз ҷаласа бо шӯхӣ аз Шароф пурсидам, ки чӣ тӯмор доред, ки муовини аввали вазир танқидат накард, ба ман ҳам аз он тӯмор биёр. Пас аз ду ҳафта аз ҳама зиёд Шарипов мавриди сарзаниши сахт қарор гирифт. Ҷаласа ба охир расид ва ман бо овози ба ҳама шунаво гуфтам, ки “Шарофҷон, тӯморатон дигар ба ман даркор нест”. Аз ин шӯхии ман ҳама, ки аз ин қазия огоҳ буданд, баланд хандиданд. Баъд Камол Нуралиевич ҳам аз асли он бохабар шуда, хеле хандиданд ва то дергоҳ, бо дидани ман мепурсиданд: — Тӯмори Шарофҷонро баргардондӣ?
Дар асл гап сари роҳбарии хоси Камол Нуралиевич мерафт, ки дар муносибат бо зертобеон “худӣ” ва “бегона” надошт. Муҳим натиҷаи кор ва фаъолмандии кормандон буд.
Бояд иҷро шавад
Аз серталабиву қотеияти Камол Нуралиев то ҳанӯз ҳамкоронаш ба ваҷд меоянд. Мудири Пажуҳишгоҳи лоиҳакашии Вазорати об марҳум Акбар Озорович Набиев дар ёддоштҳои худ як пораи ҷолиберо аз сифатҳои роҳбараш тавсиф кардааст:
— Он вақт ман директори КВД “Институти лоиҳакашии “Тоҷикгипроводхоз” будам. Боре бегоҳи рӯз маро ба назди худ даъват карданд. Дар утоқи кориашон Раҳматулло Каримов ва Рустам Баротов ҳозир буданд. Камол Нуралиевич гуфтанд, ки ҳайати кории ирригаторон аз Афғонистон ба Душанбе омадаанд ва пагоҳ бояд ҳамроҳ ба ноҳияи Ҳамадонӣ равем. “Соати 6. 30 ҳар кадоматон бо яктогӣ мошини ҶИП дар назди вазорат ҳозир шавед!” супориш дод ӯ. Ғайричашмдошт Каримов гуфт, ки мошини хизматиам дар таъмир аст ва ӯро аз ин супориш озод кунанд. Нуралиев қотеона гуфтанд: “Гап баромад. Тамом. Бояд иҷро шавад!”.
Фардо бо шӯхӣ аз Каримов пурсидам, ки “Раҳматуллоҷон, масъалаи мошинро чӣ гуна ҳал кардед?” Ӯ оромона посух дод: “Модоме гап аз роҳбар баромад, бояд иҷро шавад!”. Ҳамаамон, аз ҷумла Камол Нуралиевич, самимона хандидем.
Талаби ӯ ба манфиати кор буд
Нақл мекунанд, ки Камол Нуралиевич ҳатто ба роҳбарон ва онҳое, ки ӯро мешинохтанду хубӣ кардаанд, вақте гап сари кор мерафт, “раҳм” надошт. Сардори собиқи ПМК №38-и трести “Данғараобсохтмон” Саттор Ризоев борҳо дар сӯҳбатҳои дӯстона мегуфт, ки Нуралиевро маҳз ӯ, ки роҳбари трест буд, соли 1977 ба кор даъват намуд, вале баъд “пушаймон” шуд:
— Баъди омӯзиши трест ба хулосае омадам, ки ба мо 2-3 сохтмончии касбии маълумоти олидор зарур. Ба муовини вазири мелиоратсия ва хоҷагии оби вақт Васерблай ва райкоми Данғара мактуб навишта, хоҳиш намудам, ки Нуралиевро ба кор ба идораи мо фиристанд. Он кас он замон меъмори ноҳия буданд. Ҳамин тавр Нуралиев ба сифати сардори қитъаи сохтмонии №3 ба кор омад. Мо ҳамсабақи донишгоҳӣ будем ва ӯро хуб мешинохтаму бовар доштам, аммо аз он ки ӯро ба кор даъват кардам, баъзан пушаймон ҳам мешудам, зеро шахси серталаб буд ва масъалагузории зиёд мекард. Ба кадом роҳбар чунин корманд маъқул аст? Аммо кори ӯ ва талабу масъулияташ ба нафъи кор буд. Дар натиҷа ин қитъаи сохтмонӣ чор маротиба ғолиби мусобиқаи сотсиалистӣ гашт.
Мусобиқа ба хотири Нуралиев
Бахшида ба 75-солагии академик Камол Нуралиев дар шаҳраки Ғончии ноҳияи Деваштич мусобиқаи шохмотбозони навраси то 17-сола баргузор мегардад. Камол Нуралиев яке аз муассисони Клуби шохмотбозони навраси “Ману меҳр ва Рустам” мебошад. Академияи муҳандисии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси ноиби раиси Академия Мунъимҷон Абдусаматов Ҷоми сайёри ба номи Камол Нуралиевро эълон кардааст. Дар сабқат ба нафароне, ки ҷойҳои ифтихориро мегиранд, дипломи Федерасияи шоҳмоти Тоҷикистон ва мукофоти пулӣ супорида мешавад.
Таҳияи Ҷамила Мирбозхонова