Агар доктори илмҳои филология, профессор, барандаи Ҷоизаи баёналхалқии Заҳириддин Бобур устод Ҳасан Самадович Қудратуллоев дар қайди ҳаёт мебуд, ба синни ҳаштод мерасид. Вай 18 марти соли 1941 дида ба олами ҳастӣ кушодааст.

Ҳасан Қудратуллоев яке аз олимону фозилон ва адабиётшиносони тоҷиктабори муқими Ӯзбекистон муаррифӣ мешавад, ки дар давраи ҳукмронии президенти пешини Ӯзбекистон Ислом Каримов дар вазифаҳои хеле баланди давлатӣ кор кардааст.

Устод Ҳасан Қудратуллоев баъди хатми Донишгоҳи давлатии  Самарқанд (1965) як муддат дар Фарғона низ фаъолият намудааст. Вай дар Кумитаи радиошунавонии вилоят муҳаррир ва барандаи шӯъбаи тоҷикиро бар дӯш доштааст.

Яке аз минбарҳои баланди чопу нашри мақолаҳои он кас, ки мазмун ва мундариҷаҳои гуногунро касб намуда буданд, мавҷудияти рӯзномаи «Овози тоҷик» буд. Бо ин рӯзнома ҳамеша ҳамкорӣ мекард ва дар тарғибу ташвиқи он низ саҳми калон мегузошт.

Ӯ фаъолияти илмиашро соли 1968 ҳамчун пажӯҳишгар дар Институти забон ва адабиёти Фарҳангистони Улуми Ӯзбекистон шурӯъ кардааст. Корҳои тадқиқотии ӯро дар саросари  Осиёи Марказӣ эътироф мекунанд. Вай ҷараёнҳои адабии Хуросону Мовароуннаҳри асрҳои XV-XVI, мушкилоти меъёрии талаботи адабӣ-эстетикии ҳамин давраи таърихиро мавриди пажуҳиш қарор додааст.

Ин мақолаҳои илмиву пажуҳишии устод Ҳасан Қудратуллоев аз намунаҳои беҳтарини кору фаъолияти ӯ мебошанд: «Дар ҷисмам ҷон ниҳон», «Бобур – вориси салтанати Амир Темур», «Шоири туркинажоди Хуросон», «Шахсияти Навоӣ дар «Ҳабиб-ус-сияр» ва ғайра. Дар ин мақолот ӯ нуқтаи назари илмӣ-таҳлилиашро вобаста ба фаъолияти эҷодии Абдураҳмони Ҷомӣ, Алишери Навоӣ, Восифӣ, Хондамир ва, хусусан Заҳириддин Муҳаммад Бобур, хеле возеҳу равшан баён намудааст.

Монографияҳои ӯ «Нуқтаи назари адабӣ-эстетикии Бобур» (1983), «Олами адабӣ-эстетикии Навоӣ» (1991), «Армони Бобур» (2005) аз ҷониби мутахассисон ва алоқамандони соҳаи адабиётшиносӣ ҳамчун осори гаронбаҳои илмӣ-тадқиқотӣ арзёбӣ шудаанд.

Каме аз зикри нукоти дигар дар бораи фаъолияти Ҳасан Қудратуллоев таваққуф намуда, аз он ёдовар мешавам, ки маҳсули эҷоди ӯ ҳатто дар кишвари ҳамҷавори Афғонистон низ муштариёни зиёди худро пайдо кардааст.

Соли 1986 ҳавопаймо моро аз майдони ҳавоии шаҳри Тошканд ба майдони ҳавоии шаҳри Кобул бурда расонд. Бори дуввум буд, ки  ба ин кишвар ба ҳайси тарҷумон сафар мекардам. Ин сафар тибқи муоҳидае сурат мегирифт, ки мақомоти Вазоратҳои кишоварзӣ ва обёрии Ҷумҳурии Ӯзбекистони шӯравӣ ва  Ҷумҳурии демократии Афғонистон (он вақт ин кишварро чунин ном мебурданд)  ба имзо расонидаанд.

Дар ин гурӯҳ 51 нафар мутахассиси соҳаи обёрӣ, кишоварзӣ, тарроҳӣ, муҳандисони сохтумон, харротону ронандагони булдозеру экскаваторҳо ва амсоли онҳо шомил буданд. Ман низ дар ин гурӯҳ ба ҳайси тарҷумон шомил будам ва интизор мерафт, ки мо дар вилояти Тахористони Афғонистон машғул ба кор хоҳем шуд.

Иқрор мешавам, ки сафари аввалини банда куллан характери низомӣ касб карда буд, аммо дар сафари дуввум маро лозим меомад, ки гуфтугӯи мутахассисони шӯравиро ба мутахассисони маҳаллӣ, яъне афғонӣ тарҷума кунам. Дар рӯзҳои аввали кор надонистани истилоҳоти соҳаҳои ҳидротехникӣ, сохтумонӣ, ҳамчунин қисмҳои эҳтиётии мошинолоту техникаҳои кишоварзӣ, маводи конселярӣ ва амсоли он маро ба мушкилоти ҷиддӣ мувоҷеҳ менамуданд.

Тибқи нақша мутахассисони шӯравӣ якҷоя бо ҳамкорони маҳаллии онҳо мебоист ду ҳазор гектар заминро обёрӣ мекарданд, шаҳраки нав месохтанд, се марҳилаи нерӯгоҳи барқи дизелиро ба роҳ мемонданд, корҳои топографӣ ваҳамворкунии заминҳои таҳти киштро анҷом медоданд ва ғайра.  Аъзои гурӯҳи дигар, ки теъдодашон бештар аз бист нафарро ташкил мекард, муваззаф буданд, ки тарҳу нақшаи корҳои таҳти иҷрои мутахассисонро тартиб диҳанд. Ин нақшаҳоро низ аз забони русӣ ба дарӣ тарҷума мешуд.

Бо худ ду-се дона фарҳангу луғатҳои русӣ-дарӣ, русӣ-форсиро ҳамроҳ оварда будам. Вале дар ин китобҳо истилоҳоти лозимаро пайдо кардан наметавонистам. Табъам хира мешуд, хиҷолат мекашидам, ки ҳарфҳои мутахассисонро ба муҳандисони афғонӣ дуруст тарҷума карда наметавонам.

Маҳз дар ҳамин рӯзҳои мушкил нафаре аз Кобул китоби “Фарҳанги русӣ-дарии истилоҳоти ҳидротехникӣ-и устод Ҳасан Қудратуллоев дар 11 ҷузъи чопиро ба дастам оварда дод. Он китоб ба тозагӣ дар яке аз нашароти Кобул ба табъ расида буд. Ҳамон лаҳзаҳо шодиву нишоти маро ҳадду канор набуд. Ба даст овардани ин китоб маро аз мушкилиҳо ва хиҷолатшавиҳои зиёд наҷот бахшид. Аз он тақрибан ҳамаи истилоҳоти зарурӣ, ки барои тарҷума корбаст мешуданд, пайдо кардан мумкин буд. Худро хеле сабук ҳис кардам ва тӯли беш аз ду сол(солҳои 1986-1988) зимни тарҷумаи нақшаҳо аз ин китоб истифода кардам.

Дарҳақиқат, профессор Ҳасан Қудратуллоев дар пешрафти илму фарҳанги ин кишвари ҳамҷавор низ саҳми калон гирифтааст, зеро вай солҳои зиёд дар ин кишвар ба ҳайси тарҷумон ифои вазифа намудааст. Ҳамон солҳо низ чи дар Кобул ва чи дар Тошканду Душанбе мақолаҳои зиёди ӯ ба табъ расидаанд.

Ногуфта намонад, ки Ҳасан Қудратуллоев дар тарҷумаи асарҳои илмӣ-оммавӣ низ кӯшиши зиёд ба харҷ додааст. Аз ҷумла, баъзе пораҳои асарҳои устод Садриддин Айнӣ, Хондамир, ҳамчунин “Баёноти сайёҳи ҳинд”, “Давраи ҳукмронии Амир Олимхон”-ро аз тоҷикӣ ба ӯзбекӣ баргардон кардааст. Дар тарҷума кардани мақолаҳои Маҳмубхӯҷа Беҳбудӣ ба забони ӯзбекӣ саҳмт гирифтааст.

Агар ба фаъолияти устод Қудратуллоев назар афканем, мебинем, ки вай ғайр аз адабиётшуносу тарҷумон ба сифати ходими намоёни давлативу ҷамъиятӣ, таълиму тадрис низ маъруф гаштааст. Солҳои 1989-1993 дар Донишкадаи ирригатсия ва муҳандисҳои механизатсияи кишоварзии Тошканд мудири кафедра шуда кор кардааст. Тӯли солҳои 1993-2010-ум ба сифати мудири шӯъба, мудири бахшҳои аттестатсия, аккредитатсия ва иҷоза додани Вазорати таълими Ҷумҳурии Ӯзбекистон, як муддат ба ҳайси директори Маркази таълими ҷумҳурии Ӯзбекистон вазифа анҷом додааст.

Ҳасан Қудратуллоев солҳои 1995-1996 мақоми сармушовири Девони Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистонро ишғол кардааст. Солҳои 1996-2003 ба мақоми ректори Донишкадаи омӯзгории Ангрен (Оҳангарон) таъйин шудааст. Баъди бозгашт дар Вазорати таълими ҷумҳурӣ, то охири ҳаёт мудири кафедраи Институти такмили ихтисоси кормандони соҳаи таълими халқи Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба номи Абдулло Авлонӣ шуда кор кардааст.

Вай аз зумраи ташаббускорони таъсиси Маркази миллӣ-фарҳангии тоҷикони шаҳри Тошканд-“Ориёно” ва бар асоси он ташкилкунандаи Маркази миллӣ-фарҳангии тоҷикони Ҷумҳурии Ӯзбекистон буд. Зимни раиси марказ будан талошҳои зиёд ба харҷ медод, ки забону фарҳанг, расму ойин ва суннатҳои миллии мо батадриҷ ривоҷ ёбанд.

Соли гузашта дили устод дар синни 79-солагӣ аз тапиш бозмонд. Ин ҳодиса дили пайвандону дӯстон ва тамоми шогирдони ӯро сахт ба дард оварду андӯҳгин намуд.

Кори неку номи неки устод Ҳасан Қудратуллоев ҳамеша дар қалби ҳар як фарди илму маърифатдӯст ҳамеша боқӣ хоҳад монд.

Мирасрор Аҳроров,

хабарнигори “Фараж”, шаҳри Тошканд

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here