Абдурофеъ Рабизода, дар солҳои донишҷӯӣ, бо ҳикояи ғаноии «Обхез» ба паҳнаи наср даромад. Ва бо нашри ҳикояву қиссаҳои дигар дар маҷаллаву ҷаридаҳо ва дар шакли китобҳои алоҳида таваҷҷуҳи хонандагонро ба худ ҷалб кард.

Ва баъдан бо таҳсил дар Донишгоҳи синамогарии шаҳри Маскав дар соҳаи филмнигорӣ гароиши завқии хешро то марзе тағир бидод (ва филмҳои зиёди бадеӣ ва фалсафӣ ва санадӣ ба миён ҳам биовард). Дар ин амр, фикр мекунам, ба ӯ таъсири хабарнигори саршиноси рӯзномаи сартосарии шӯравӣ — «Правда», яъне пояндаёд Отахони Латифӣ калон буд. Абдурофеъ ҳамчунин ба иншои осори нимаилмиву нимабадеӣ рӯй оварда буд, ки китобҳои «Рӯзгори соҳибдилон», «Асое, ки сӯи мӯъҷиза бурд», «Ду бузургмард» (бо ҳамқаламии Отахони Латифӣ) аз ин силсила бошанд ва онҳо фарогири шашмақому ҳофизони ин санъати нафиса бошанд.

Шашмақом монанди ҳафт дастгоҳ мероси мусиқии безаволу мондагори ориён мебошад, ки дар арзи ҳазорон сол, дар маҳдудаи ҷуғрофии Хуросони Бузург ташаккул ёфта, дар аҳди шоҳ Исмоили Бузург зоду рудҳояш рӯҳу равони осмониву яздонӣ ба худ гирифта, то замони мо идома биёфта, айдун аз сӯи давлати миллӣ ҳимояту пуштибонӣ мешавад. Пас дифоъ аз Шашмақом ин дифоъ аз тамаддуни ориёӣ исломист.

Шашмақом вобаста ба вазъи фарҳангӣ, шеваи сароиш ва шӯру шавқи сарояндаҳо дар ҳар сомоне, ҳатто дар ҳар обраве обу ранги нотакрор ба худ дошта ва мактабҳову сабкҳое падид меоварда. Дар аморати Бухоро мактаби хунёгарии Бухорову Самарқанд нақши меҳварӣ дошт, ки барҷастатарин намояндаи он дар ибтидои асри бистум Ҳоҷӣ Абдулазиз буд ва сарояндагони мумтозе чун Бобоқули Файзуллоҳ, Фазлиддини Шаҳоб ва Шоҳназари Соҳиб появу бунёдҳои ин мактабро дар Душанбешаҳр — дар тахтгоҳи навини тоҷикон гузоштанд. Мактаби хунёгарии Хуҷанду Чочу Фарғона вижагиҳое дошт, ки номитарин намояндаи он Содирхони Ҳофиз маҳсуб шавад, ки он ба гунаи тоза дар сароиши Маъруфхуҷаи Баҳодур ва Боймуҳаммади Ниёз идома пайдо кард.

Вобастаи ин Абдурофеъ Рабизода, баъди ду сол саропои Осиёи Миёнаро бо харҷи маблағи худ гаштану ва дидорбинию суҳбат ва ҳамнишинӣ бо садҳо донандаи рози ҳунару ҳунарвар ва шоҳидони воқеоти собиқ ва фардони ҳамнишини он бузургон ва шогирдони онҳо ва хоса омӯзиши маъхазҳои зиёд ва боз чанд соли дигари умрашро аз пайи иншои ин асар сарф кардан, ниҳоят, бо ихлосу меҳрварзии фаровон ба тозаофариниши зиндагиномаҳои Ҳоҷӣ Абдулазизу Содирхони Ҳофиз, Зебо Париву Умар Ҳофиз ва Мирзои Қурбон ва дигарон хидматҳои таърихии ин саромадони ромишгариро такя ба таҳқиқи илмиву тахайюли ҳунарӣ ёднишон бисохт. Хоса дар китоби охиру азими «Ду бузургмард», ки нигоҳи тоза доири Ҳоҷӣ Абдулазиз ва Содирхони Ҳофиз бошаду бо маблағи шахсии худи муаллиф ба чоп расонида шудаанд.

Ҳоло бошад мавсуф қудратманд аст, бар мабнои пажуҳиши илмӣ ҳамчунин асаре дар бораи панҷоҳ соли ҳунари овозхониву хунёгарии устод Ҷӯрабеки Мурод, ки имрӯз барҳақ сарояндаи бузурги Хуросони Бузург аст ва шашмақомро бо шогирдони ихлосманди худ пояндаву фархунда медорад, таълиф намояд.

Ҳаст мусиқӣ рисолат, эй азиз,

Хаст мусиқӣ диёнат, эй азиз.

Гар санои Кирдгори олам аст,

Ҳаст мусиқӣ ибодат, эй азиз!

Аз дигар корҳои шоёни таҳсини Абдурофеи Рабизод (Шераки Ориён) ин аст, ки пой ба бузургии вилояти Халифа Ҳасани Раштӣ-Панҷекатӣ бурдааст, бо ҳидояти ӯ духтари ғуррамаргаш Шамсияи адиба, ки баъдан як олам орзуҳои наҷибу қудсиро бо худ ба гӯр бурд, асари Н. Арнадаренко — мардумшиноси қарни нуздаҳи русро, дар бораи ин абармард аз русӣ ба ороёӣ баргардонид ва ташреҳу тавзеҳ бидод. Ин асар ривояту ҳикояту далоили ҷолибу нодир дорад роиҷи Халифа Ҳасан, ки дар ҳеҷ маъхази дигар ба дид намеояд ва месазад, китоби ёдшуда ҳар даҳ ё бист сол аз нав таҷдиди чоп бишавад, ба дасти хонандагони нав ба нав бирасад. Мағзу ҷавҳари ин асар он аст, ки ислом дини меҳрубониву нукукорист ва Халифа Ҳасан ин ҳақиқати қуръониву осмониро дар рӯзгори 163 солаи худ дарк карда, бо анҷоми корҳои наҳмори хайре ва шодобкунии садҳо гектар заминҳо ба субут расондааст. Кӯчониши садҳо хонаводаи раштӣ ба Панҷканд, бунёди деҳаҳои билкул ҷадиде (42 деҳкадаи нав дар заминҳои обшоркардаи худаш дар водии Зарафшон), фатҳи заминҳои лалмӣ, талош барои кандани аввалин обраҳаи Марғедар ва садҳо кори дигар ёсуманест аз чамани хайркориҳои ӯ. Халифа Ҳасан табиби беҳамто низ буд, ки ҳатто подшоҳони давр аз шарқу ғарб барои табобат ба ӯ рӯ меоварда ва 163 сол умр диданаш низ аз донистани асрори табобатгарӣ ва умрбахшоияш шаҳодат медиҳад.

Турбати мутаҳҳари ин валиюллоҳ дар гӯристони Сарманзили шаҳри Панҷекат хуфтааст.

Шарҳ: Ва мақбараи гӯрхонаи ин муҳандиси об ва табиби беҳамто ва пешвои маъонӣ маҳз бо шарафи китоби омодакардаи Абдурофеъ Рабизода ва духтари нодираистеъдодаш Шамсия «Зиндагиномаи Халифа Ҳасан» ва боз бо талошу дифогарии ҳаматарафаи онҳо аз вайроншавӣ эмин дошта шуд, вагарна солҳои навади қарни бистум зумрае аз роҳбарони кӯтоҳандеши маҳаллӣ ин марқади покро, ин ёдгории бостониву таърихиро вайрон ва ба хоки сиёҳ яксон карданӣ буданд, онҳо ба Абдурофеъ ва духтари нодираистеъдодаш Шамсия рӯ ба рӯ зада, онҳоро низ ба лату куб кашиданд, ки дар асари он Шамсия ба захми гурда гирифтор шудаву дар оқибати ин ҳама баъдтар аз олам даргузашта ва дар пешонаи Абдурофеъ осори ин кубиш мондааст. Ҳамчунин баъдтар ин мақбара бо пешниҳод ва давутози бевоситаи Абдурофеъ Рабизода аз тарафи ҳукумати маҳаллии Панҷекат, ҳамчун ёдгории таърихие ду маротиба таъмир гардид (дар таъмири он хизмати яке аз дӯстони Абдурофеъ, яъне раиси идораҳои сохтмони шаҳр (ПМК) Олимҷон Саидов назаррас бошад). Ин ҳама барои он буд, ки бинои мақбара — ин ёдгории таърихии миллат чукида, гум нашавад, аз байн наравад.

Мақбараи Халифа Ҳасан овезае дорад иборат аз чор туғ, дар ҳоле ки аз рӯи диди шоҳидон мазори файзосори Хоҷа Баҳоуддини Нақшбанди Балогардон дар Бухорои Шариф, ки имрӯз басо маъмуру маъмун аст, ду туғро доро бошад. Пас мартабаи Халифа Ҳасан коргар шуморида мешуда дар замони қадима аз мартабаи Хоҷаи Нақшбандӣ, ки вай қутби қутбҳо, ғавфси замон, имоми раббонӣ ва муҷаддиди даврон эълон шуда буд. Акнун шумо як тасаввур бикунед, Халифа Ҳасан чӣ мартаба дар вилояти илоҳӣ дорад бо чор туғи блои гӯрхонааш ва бешубҳа аз подшоҳони авлиёст, яъне халифа аст. Ба номаш, яъне «Ҳасан» илова шудани мартабаи «Халифа» низ аз ҳамин бошад.

Авлиёи пешин, яъне Хоҷаи Нақшбанд мефармояд: «Ҳар кӣ бо мо майли хотире ва маҳаббате дорад, хоҳ дур бошаду хоҳ наздик, дар ҳар шабонарӯз моро нисбат ба ӯ гузаре бошад ва аз сарчашмаи шафқат ва тарбияти мо бар ӯ файзе расад».

Аз Халифа Ҳасан низ чунин мерасид файзу баракат ба дуру наздикон.

Вобастаи ин оварданием, ки Абдурофеъ боре хобе дид. Хобе дида буд, ки Халифа Ҳасан савори аспи саманде вориди ҷода ва майдон гардидааст. Баъд суол карда аз ҳозирин, ки Абдурофеъ куҷост? Ва Абдурофеъ, ки ҳамин ҷо ҳузур дошт, аз сари ҳаяҷону изтироб ҳарфе гуфта наметавонист. Халифа Ҳасан бошад меомад ҷонибаш. Ва Абдурофеъ аз ҳаяҷон чашмонашро ба ҳам фишӯрд, вале нафаси ҷобахшои Халифа Ҳасанро аз наздик эҳсос мекард. Овози он фарди муборак ҳам шунида шуд: ту Абдурофеъ минбаъд бекас набошӣ… Ман бо туям ва рӯҳи духтари ту Шамсияро ҳам, ки марқадаш дар қариби мақбараам бошад, дифогар ва шафеам…».

Идомаи хоб чунин буд: вақте ки Халифа Ҳасан дур рафта Абдурофеъ чашмони ба ҳам фишурдаашро кушода ва ҳатто аз даруни замираш афсусе бархеста, ки чаро Халифа Ҳасан ӯро набурдааст бо худ…

Ва дар ҷодаю майдон танҳо монда буд Абдурофеъ, вале ҳис карда, ки танҳо нест… Балки як чизи рӯи дастонаш ва пеши бағалаш истода буд, ки онро Халифа Ҳасан гузошта. Ва ин матоъпеч буд.

Чун Абдурофеъ маҷол ёфта, гӯшаҳои матоъро мекушод, он ҷо падид меомад китоби азими пур аз навишта ва мӯъҷазхез ва муаттар, ки беихтиёр ба мутолиаш пардохта буд…

Баъди ин хоб Абдурофеъ чанд рӯз дар ҳайрату ташвиш мегашт, ки чаро Халифа Ҳасан ӯро бо худ набурд ва ин китоб, ки аз рӯи каф ва пеши бағалаш монда, чӣ фол дошта бошад?

Мо ба аёдати Абдурофеъ расида будем он рӯзҳо. Вобаста ба фоҷиаҳои ба рузгораш ва қисматаш омадаву гузашта ва собиқашуда, яъне марги духтараш Шамсия ва бо шаколадқаанде заҳролуд ва нобуд карда шудани яккаписари шашсолааш аҳволи баду пуризтироб дошт ва ҳолати рӯҳониаш пуризтироб ба назар мерасид ва дигар рӯи ин дунё зистан намехост ва мо бошем ҷадал мекардем таскинаш бахшем, хосатан дар асоси хоби нав дидааш мехостем ба худаш оварем ва таконаш бидиҳем. Аз рӯи донистаи худ, аз рӯи китобҳои Таъбир, яъне Хобномаҳо фаҳмонидан мехостем, ки омаду ба дидори ту расидани Халифа Ҳасани покниҳод фоли наку бошаду оқибат ва таъбири дилпазире дорад, Баъд Халифа Ҳасан туро барои он набурда, Абдурофеъ, ки он бузургвор ба дунёи дигар дахл доштаву он кас мехоста ту рӯи замин монӣ ва бардаму неруманд бошӣ, ки барои вазоифе ва рисолате ин ҷо зарурӣ, хосатан барои эҷодгарӣ ва идомаи корҳои ниммондаи худату духтари ғуррамаргат Шамсиябону… Ва мо меафзудем: боз китобе, ки Халифа Ҳасан ҳадя карда ва саҳфаҳояш пур аз навиштаҳои мӯъҷазхез буда ин нишони ризқу рӯзии оянда туст ва хоса ризқу рӯзии маънавӣ  ва ишораест ба сухан ва покӣ ва хайру салоҳ ва боз ишоратест, ки ба таҳлилгариву нуқтапардозии амиқтар расиданат ва худрову ҷаҳони имрӯз ва фардою охиратро амиқтар шинохтанат, яқинтараш ин ҳамаро ба тасвир кашида тавонат…

Чунин шарҳ медодем он рӯзҳо хоби дидаи Абдурофеъро мо барои худи вай…

Ҳоло ҳам итминон дорем файзу футтуҳи Кирдгор бо василаи рӯҳи муқаддаси бузургон ба Абдурофеъ ва духтараш Шамсиябону расидааст.

Ҳарчанд Абдурофеъ ҳанӯз соддаву одӣ ва хоксору ноайён зиндагӣ ба сар мебарад, вале осори баимони самимӣ, пур аз зиндагиву пур аз маъонӣ ба миён овардааст ва боз ба миён овардан хоҳад ва пайваста дар ин роҳ заҳмат мекашад ва ба натиҷае расидааст ва боз, иншоолоҳ, бештар бирасад.

Ман бошам, шахсан, дуо мекунам тавфиқи илоҳи ҳамвора ин бародари моро ёр гардида бошад!..  Кошкӣ!

А Р Д А М Е Ҳ Р

(Фотеҳ Абдулло)

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here