Соҳаи насри тоҷик боз ба як кадри хушистеъдоди нав соҳиб шуд. Ба майдон баромадани ин маҷмӯаи аввалини Ф. Ниёзӣ ба мо умедҳои  калон мебахшад ва нишон медиҳад, ки дар оянда ба кори пеш бурдани насри тоҷик, дар кори ба майдон овардани асарҳои сазовори асрамон, аз ин нависанда хизматҳои шоён чашм доштан мумкин аст.

Соҳаи насри имрӯзаамон, ки нисбатан дар қафост, диққат ва кори зиёдеро талаб мекунад. Ҳоло дар назди нависандагони Тоҷикистон як имтиҳони бузург истодааст. Ин ҳам бошад гузаронидани шабҳои адабӣ ва намоиши адабиёти тоҷик дар Москва аст. Бомуваффақият гузаштани ин имтиҳон ба дараҷаи  маълуме ба муваффақияти насри мо вобаста аст. Зеро ки дар соҳаи назм ҳоло мо каму беш асарҳо дорем ва метавонем ба хонандаи Москва аз он асарҳо пешкаше созем. Вале аз наср — аз роман, повест ва ҳикояҳо; хусусан аз асарҳои нави баъд аз ҷанг навишташуда ва ҳаёти имрӯзаро, қаҳрамонҳои имрӯзаро тавсир мекардагӣ асарҳо пешкаш кам дорем. Умуман насрнависонамон хеле каманд ва ба ғайр аз  устод С. Айнӣ, дигарон хеле камҳосиланд. Бо ин дастмоя ба бозори бузурги адабиёт баромада пешқадамтарин хонандаи мамлакатамон — хонандаи шаҳри Москваро мамнун карда наметавонем.

Ин аст, ки дар соҳаи наср ба майдон баромадани Фотеҳ Ниёзӣ барин ҷавони боистеъдод хурсандиовар аст.

Хонандаи тоҷик Фотеҳ Ниёзиро фақат дар наср дидааст. Вале ӯ пеш аз ин ба адабиёт бо шеър — бо шеърҳои ӯзбекии худ қадам монда аст. Шеърҳои ӯзбекии ӯро то ба имрӯз ҳам дар саҳнаҳои мо месароянд ва маълум, ки дар ин соҳа иқтидор ва қобилияте доштааст. Лекин дар ҳамин 7 — 8 соли охир вай ба насри тоҷикӣ гузашта аз очеркнависӣ сар карда, дар ин роҳ кадам гузоштааст. Бинобар он, дар забон ва ифодаи ӯ ҳанӯз хомигариҳо дида мешавад.

Ҳикоя ва очеркҳое, ки ба маҷмӯаи «Интиқоми тоҷик» дохил шудаанд, асосан ба ҳамин мавзӯъ — ба интиқом, ба ҷанг бахшида шудаанд. Қаҳрамонони ин очеркҳо бештар ҷанговарони тоҷик мебошанд, ки бо ҳамроҳи дигар бародарони худ — рус, ӯзбек, қазоқ ва ғайра ватани азизамонро аз ҳуҷуми фашистони немис мудофиа кардаанд. Аксарияти ин қаҳрамонҳо дар ҷангҳои сахт, дар мушкилӣ ва азоб нотарсида, далерона мубориза бурда, ба душман ғолиб мешаванд, интиқом мегиранд. Як қисмашон дар роҳи Ватан қаҳрамонона ҷангида ҷон медиҳанд ва кори онҳоро рафиқонашон пеш бурда, аз душман интиқом мегиранд. Дар ин очеркҳо дӯстии сталинии халқҳои ватанамон низ мавзӯи асосӣ шуда, дохил шудааст. Аз ҳикоя ва очеркҳо равшан намуда истодааст, ки  нависанда мехоҳад далерӣ, қаҳрамонӣ, фидокориҳои ҷанговарони тоҷикро нишон диҳад, дӯстии вайроннашавандаи халқҳоро тасвир кунад ва ҳақ будани кори моро, албатта, ғолиб шудани моро қайд кунад… Ин аст мавзӯъҳои асосии нависанда.

Фотеҳ ин мавзӯъҳоро содиқона, аз таҳти дил ва дӯстдошта навиштанӣ шудааст. Аз сатрҳои ин очеркҳо бӯи садоқат ва муҳаббат омада меистад ва маълум, ки нависанда каҳрамонаш, халқаш, ватанашро беандоза дӯст дошта, ба душманон кину адовати беинтиҳо дорад.

Дар маҷмӯаи «Интиқоми тоҷик» ҳамагӣ ёздаҳ ҳикоя ва очеркҳои фронтии нависанда, ки аксари онҳо оид ба солҳои 1942 ва 1944  мебошанд, дохил шудаанд. Ин асарҳоро, қисман мо дар саҳифаи газетаҳои марказиамон, дар вақташ хонда будем ва гумони мо ҳамин буд, ки нависанда баъд аз чоп кардани асараш фикри хонанда ва мунаққидҳоро гирифта, он чизҳоро боз ҳам ислоҳ мекунад ва камбудиҳояшонро ба ҳадди имкон нест карда, баъд ба маҷмӯа дохил мекунад. Вале ҳоло чӣ тавре ки мебинем, нависанда ин корро накардааст ва муҳаррир ҳам асарҳои дар соли 1942 навишташударо аз назари танқиди имрӯза нигоҳ накарда, гузаронида фиристодааст.

Камбудии асосии нависанда дар он аст, ки ҳикоя ва очеркҳои маҷмӯаи вай шакли муайяни ин номҳоро ҳанӯз нагирифтаанд: ҳикоя ба очерк монанд; очерк ба ҳикоя монанд шудааст. Дар ин ҳикоя ва очеркҳо зинда ва мароқоварро кам меёбед, аксарияти типҳо схематикӣ, қаҳрамони тайёр ва дар баъзе мавридҳо ғайритабиӣ афтодаанд. Аммо хонандаи имрӯза одамони зинда, қаҳрамонҳои қавиирода ва соҳиби дили бузургро дидан мехоҳад. Халқи мо дар рафти ҷанг ҳамеша аз хабарҳои Бюрои информатсионии советӣ воқеаҳои ҷангро дониста истод ва ба ин кори бузург иштирок карда, ба ғалаба ноил гардид. Акнун вай нуқтаҳои нозуки ин ғалабаро донистан мехоҳад, акнун вай корнома, мубориза ва ҳаёти он касонеро донистан мехоҳад, ки бо ҷону тани худ ин ғалабаро таъмин кардаанд. Нависанда, хусусан нависандаи дар фронт буда, мебоист ҳамин нозукиҳоро, ҳамин ҷоҳои норавшанро кушода партояд… Вале ин дар ҳикоя ва очеркҳои «Интиқоми тоҷик» нест ва ё хеле кам аст.

Камбудӣ ва норасогии дигари ин маҷмӯа дар ифодаи ӯст. Вай гоҳо чунон ғарқи хаёлоти худ мешавад, ки қаҳрамонҳояш ба корҳои ғайритабиӣ ва кирдорҳои номумкин машғул шуда мераванд ва худаш аз ин бехабар мемонад.

Ба госпитал ҷанговари маҷруҳро меоранд, ки аз панҷ ҷои баданаш тир хӯрдааст. Ҷарроҳ Чугунов чор соат зӯр зада аз бадани ӯ тирҳоро дур мекунад ва ҳамаи яраҳояшро мебандад. Баъд ба кабинет меравад, ки ба ӯ хат омадааст. Хатро хонда, вай ба ҳаяҷон меояд ва ҳамшираи шафқатро дошта ба ҳикояи дуру дароз сар мекунад. Аз ҳикояи ӯ маълум мешавад, ки вай як писархонде доштааст ва ҳоло он писархонди ӯ дар ҷанг сахт ярадор шудааст, акнун ӯ доктор қарор додааст, ки бояд вай ӯро ёбад. Дар ин дам ҳамшираи дигар омада ҷарроҳро ба назди бемор меорад ва ин дафъа писархондаш будани он беморро медонад. Мазмуни ҳикоя ҳамин, вале ин мазмун чунон суст ва ғайритабиӣ дода шудааст, ки кас ба кирдоҳои профессор ҳеҷ бовар карда наметавонад. Фотеҳ ҷанговари маҷруҳро хеле дағал ва бемаданият карда нишон додаст:

«- Магар забонатро ору гузидааст, ки гап намезанӣ. — мегӯяд вай ба профессор. Ин тарзи гуфтугӯи ҷанговари советӣ не, ин аз доираи одоб берун аст. (Ҳикояи «Писари ман»).

Ё ки дар «Қасоси додар» ном ҳикоя, қаҳрамони асар корҳои рустамона карда, худро ба қаҳрамони афсонавӣ монанд мекунад. Сад тир расад ҳам, вай намемурад, аз ҳар азобу машақат мегузарад, ҳатто дар вақти гӯр ковонда парронда истодан аз дасти солдатҳои немис гурехта халос мешавад. Ин ҳодисаи ғайритабиӣ, ин кирдорҳои рустамона қимати қаҳрамонро, қимати асарро паст мекунад ва хонанда ба ин бовар намекунад.

Ин рост аст, ки дар Ҷанги бузарги Ватанӣ ҷанговарони мо қаҳрамониҳои  хориқулъодда нишон доданд, барои Ватан, барои халқ ва номӯс ҷону тани худро дареғ надоштанд. Вале ин кирдор ва корномаии онҳоро дода тавонистан ҳунар аст. Ҷанговаре, ки дар зери пои худ гранатаро метарконад, намемураду ба дасти душман асир меафтад. Баъд аз ба ҳуш  омаданаш немисҳо аз вай гап мепурсанд ва чизе нагуфтани ӯро дида боз қин мекунанд ва азоб медиҳанд. Ниҳоят ба дасти ӯ бел дода, мефармоянд, ки гӯри худро кобад ва ҳол он ки немисҳо мурдаи одамони моро қасдан гӯр накарда мемонанд. Ана дар ин ҷо аз ҳамин кадар азоб ва таркиши граната номурда халос шудагӣ йигит, немисҳоро бо бел зада афтонда худаш чандин чақримҳо пиёда мегурезад ва дар қарибии ҷангал ярадор шуда, охир дар ҷангал баъд аз навиштани хати дурмадароз, афтода ҷон медиҳад. (Ҳикояи «Қасоси додар»).

Ин хел тасвир кардани қаҳрамон қимати асарро мефарорад ва ба хонанда чизе дода наметавонад.

Дар «Байрақ» ном ҳикоя нависанда воқиаро аз «хуфтан» сар мекунад, вале коре накарда «дар зери ғурриши тӯпҳо субҳ»- ро равшан мекунад. Чаро? Модоме, ки кору зор аз субҳ сар мешавад, ба хонанда чи ҳоҷат, ки дар хуфтан қаҳрамони ҳикояро бинаду бо вай дар корҳои  майда-чӯйда овора шуда гардад. Кошки ин корҳо ба рафти ин ҳикоя дигаргуние дароранд, ё ки алоқаи мустаҳкаме дошта бошанд. Монанди ҳамин, дар ҳикоя ва очеркҳо гапҳо ва тасвиротҳои барзиёд бисёр аст. Фотеҳ дар баъзе ҳикояҳояш чунон воқиаҳоеро тасвир мекунад, ки ҳатто одамони ҷангро надидагӣ ва аз илми ҳарбӣ бегона эътироз карда метавонанд: Масалан, дар «Руймолча» ном ҳикоя ҷанговари тоҷик Сафар дар канори Волга қадам зада фикр мекард, Гитлерро ҳақорат медиҳад, ки вай ҳаёти осудаҳолонаро вайрон карда аст. Баъд аз вакилони Бошқирдистон туҳфаи халқи бошқирро мегирад. Рӯзи дигар ба ҳуҷум сар мекунанд. Вай барои таркондани дзоти душман меравад ва қарор медиҳанд, ки баъд аз иҷрои вазифа сигнал диҳад. Лекин дар пеши назари шариконаш рафта вазифаро иҷро карда, ба хавфу хатар монад ҳам касе пеш намеравад, то ки вай рӯймолчаи ҳадя гирифтаашро ба хуни худаш ҷӯлонда боло накунад. Баъд вақте, ки ҷанговарон ҷангида пеш мераванд ва душманро чанд қадам дур мепартоянд. Сафарро мурда меёбанд ва дар сари қабри ӯ нутқ мекунанд… Дар ин ҷо суол меафтад: чаро шариконаш дидаистода дар вақташ ба ёрӣ нарасиданд? Чаро дар айни гармии ҷанг онҳо ба нутқ сар карданд? Оё рӯй додани ин ҳодиса мумкин аст?

Баъзан қаҳрамони вай «рӯзона бо тӯп лонаи фашистонро торумор кунад, шабона ба разведка баромада, душманро бесарамҷон мекунад», «немисҳоро тӯда-тӯда хоку туроб карда», «чашмони хунҷӯшидаашон ҷандин рӯзҳо як чирм хоб намебинад». Нависанда немисҳоро ба «яъҷуҷ ва маъҷуҷ» монанд мекунад ва баъзан қаҳрамонҳояш «ҷонашро ба каф  гирифта ба пеш қадам монад», баъзан аз тиру оташ «мижа ҳам намезанад». (ҳикояи «Аҳд ва вафо»).

Ҷанговарони маҷруҳ дар госпиталҳо ҳамин, ки ба ҳуш омаданд, ба ҳикоягӯӣ сар мекунанд ва монда нашуда чунон бисёр гап мезананд, ки ҳикояи нависанда ба охир мерасид ( ҳикояи «Ҳаққи хун».

Аз ҷиҳати ифода ва кор фармудани мақол ва шеърҳо ин очерк ва ҳикояҳо камбудиҳои зиёд доранд. Масалан, ба ҷои «байрақро кушо» — «байрақро паҳн кун» ба ҷои «саросема» — «саросемавор» ё ки чунин ифодаҳо: «дар тани ҷавонаш хуни ғайрат мисли чашмаҳои мусаффои куҳсорони тоҷик ҷӯш мезанад», «чун ситораҳо равшан ва пурнуранд», «дар милки чашмони вай ҳам об медавид», «ба рухсори писар хуни шарм давид», «насими субҳи июн» (ҳикояи «Аҳду вафо»).

Дар ҳикояи «Қасоси додар» қаҳрамони асар дар иҳота мемонад. Немисҳо аз ҳар тараф печонида гирифта наздик омадаанд ва ӯ як гранатаро барои пора кардани бадани худаш гирифта мондааст. Ана дар ҳамин тавр маврид нависанда ҷӯш зада рафта чунин менависад: «Ман дар ин дақиқа ин ғазале, ки бо ту солҳои ятимӣ, дар вақти чарондани подаи Неқадамбой месурдем, ба хотир овардам:

Лаънат ба касе, ки аз ватан канда шавад.

Афтад ба ғарибию ба кас банда шавад…

Маълум, ки Фотеҳ гуфтан мехоҳад: “қаҳрамон ва баъд гранатаро ба зери поям таркондам, асир ва банда шудан» нахост. Вале ин ду мисраи маълум ва машҳури «Ғарибӣ» ном шеъри халқ дар ин ҷо ба ҷояш наафтидааст, мақсади нависандаро кас дарҳол намедонад ва шубҳаҳои ноҷоиз ба миён меояд. Зеро ки гӯяндаи халқ, ки дар ғурбат ва мусофирӣ азоб кашидааст, ба ҳоли худ лаънат фиристода гуфтааст, ки:

Кӯлоб будам оби ширин мехӯрдам.

Баргашта маро ба оби талх овардӣ…

Ин аст ки дар кор фармудани шеър ва порчаҳои дигар устокорӣ лозим аст, то ки он ба ҷояш афтад ва ба матни ҳикоя мантиқан часпад.

Дар як ҷо нависанда «бозубанд» — ро ба гардани қаҳрамонаш меовезад ва ангуштаринро тақдим кунонда мегӯяд:

« -Нинаки ин чашми ман (?) аст, ки ҳамеша шуморо ба назар дорад…»

Ё ки: «Ба душман чунон зарбаи обу нонӣ додем, ки…» (Ҳикоя «Дидор»).

«Дар чашмонаш мисли донаҳои ёқут (?) ашк пайдо шуд…» (Ҳикояи «Писари ман») басёр таъбирҳо ва ҷумлаҳо нишон медиҳад, ки нависанда дар кор фармудани калимаҳо ва ҷумлаҳо беэътиноӣ кардааст ва диққат накардааст, ки «зарбаи обу нонӣ» гуфтанӣ таъбир нест ва оби чашм ба ёқут, ки сурх аст, монанд нест.

Дар «Интиқоми тоҷик» аз ин тавр мисолҳо бисёр ёфт мешавад, вале мо бо ҳамин кифоя карда, бояд қайд кунем, ки дар вақти ба чоп рухсат додани ин китобча муҳаррир рафиқ Улуғзода метавонист як қисми ин нуқсонҳоро нест кунад ва асареро, ки нависандаи ҷавон онро се сол пеш аз ин супурдааст, дар соли 1947 қадаре ислоҳ карда барорад.

«Интиқоми тоҷик»  аввалин асари нависанда аст. Бешубҳа, кори аввал аз камбудӣ холӣ намешавад. Ислоҳ ва такмили ин нуқсонҳо, дар оянда такрор карда нашудани онҳо имкон медиҳад, ки рафиқ Ф. Ниёзӣ асари навбатии худаш — повести калонашро мувофиқи талаби хонандаи имрӯзаи мо навишта барорад.

Ҷ. ИКРОМӢ

“Шарқи Сурх”, 1947, 8

Таҳияи Фирӯза МАҲМАДҶОНОВА, мутахассиси Маркази такмили ихтисосҳои Китобхонаи миллӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here