(1)

Нимарӯзи сешанбеи 3-юми декабри соли 2019 яке аз ҳамдиёрон ба ман занг зада гуфт, ки ин бегоҳ дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев консерти устодони ҳунари Язгулом баргузор мегардад. Мо чанд нафар рафтанӣ ҳастем, агар майл дошта бошед, соати 5-и бегоҳӣ ҳозир шавед. Ва ҳозир шудам. Чанд нафар аз ёру дӯстони ҳамкорро ҳам дар он ҷо дидам. Ва ба худ андешидам, ки хуш ба ҳоли мо, ки оқибат ба рӯзҳои оромӣ расидем. Акнун чун давраи Шӯравӣ бо навбат ҳар ноҳия ба салиқаи худ ҳунарнамоӣ мекунад. Вазъи толори Филармония чун ҳамеша ором ва хаёлбарангез буд. Ҳар каси воридшуда, ба гирду атроф назар мекард, ки оё касе аз ёру дӯстонаш ҳузур дорад ё не. То сар шудани намоиш барандаи базм чанд бор ҳушдор дод, ки анқариб намоиш оғоз мешавад, оромӣ ва низомро риоя намоед.

(2)

Дар ҳамин фикру андешаҳо будам, ки намоиш оғоз гардид… Овози мусиқӣ, манзараҳои куҳистон ва махсусан, куҳу дараҳои ҷамоати Язгулом, рангорангиҳо, манзараҳо, абрҳои сап-сафед, куҳҳои сарбафалаккашида, воҳаҳои ноҳияи Ванҷ, ҷангалзорҳо, дарахтони сербору бар… Бо чунин барҷастагии чашмхиракунандае, ки хаёл мекунӣ, худ воқеан, дар иҳотаи онҳо нафас мекашӣ… Ва чанд лаҳза баъд борҳо аз дур ҳарфҳои хурд ба назар мерасаду баъди сонияе чанд, як навиштаи бузург бо ҳарфҳои қирмизӣ ва сурх тамоми саҳнаро фаро мегирад: “Насими Язгулом”. Ва дар тамоми намоиш ин такрори хушоянд ва романтикӣ борҳою борҳо пеши назар ҷилва мекунад. Бадоҳатан ёдам омад: Ин ном, номи аввалин китоби шеърҳои дӯсти шоир ва донишмандам Абдулқодири Алавӣ аст. Дар масъалаи ороиши саҳна ва резакориҳои истифодашуда дар он ҷойи гап нест. Ҳар муболиғагаре, ҳарчанд дар ҳунари худ, яъне дар муболиға доди сухан дода бошад ҳам, ҳамонро хоҳад гуфт ва тасвир намуд, ки мо ҳамаи тамошобинон дидем. Бале, ҳама дидем.

(3)

Баъди чанд муқаддимаи кӯтоҳ, ки баранда изҳор кард, базм оғоз гардид. Ҳунармандон дар тан либоси касбӣ доштанд. Овозхонони ҷавону солманд, раққосаҳои хушхиром, ки гӯё пироҳанҳое аз барфҳою абрҳои сафеди Язгулом ба бар карда бошанд, ба назар софу сап-сафед менамуданд. Ба ибораи дигар, сафедии пироҳанашон ба сафедии риши пирони рӯзгордидаи Язгулом бештар шабоҳат дошт. Ҳамаи ин манзараҳо, саҳифаи хотироти маро зуд-зуд варақгардон мекарданд…

(4)

Солҳои 1970 буд. Дар маркази ноҳияи Ванҷ, деҳаи Рохарв, гаштугузоре доштам. Ва ногаҳон ба Абдулқодир дучор омадам. Бо табассум гуфт, ки дар ин фасл таътили имсоларо гузарониданӣ ҳастӣ? Гуфтам, ки на, коре дорам, ки ба ин фасл рост омадааст. Фасли баҳор буд. Гуфтам, ки ба деҳаи Мдехарви Ванҷи боло меравам. Хешу табор ва ёру дӯстони давраи мактабиамро зиёрат мекунам… Ва баъд ҳам чанд ниҳоле мегираму ба Водхуд бармегардам. Абдулқодир гуфт, ки ман ҳам ба кори шахсии худ омадаам, вагарна ҳоло дар ҳама ҷо кор аст, на таътил. Ва ҳама ба кори худ машғул аст. Ҳоло ки ҳар ду бекорем, биё хоҳ Мдехарв биравем ва ё ба Жамаг. Вай бо як якравии хоси худаш гуфт, ки бояд ба Жамаг биравем, чаро ки ту он ҷойро ҳеҷ гоҳ надидаӣ. Аммо ман, Мдехарвро чандин бор дидаам. Ман далел пеш овардам, ки Ванҷи болои мо минтақаи обод ва сердарахт аст, ман бояд як мошин дарахт биёрам. Ва ниме аз сокинони Мдехарв, минтақаи Дуршер ҳамагӣ тағоҳои ман мебошанд. Чун модаркалони падариам-бибии Лоҷвард аз ҳамин деҳа буд. Мехоҳам, ки дар деҳаи худам-Узбай дар деҳшӯрои Водхуд боғе обод намоям. Абдулқодир дар ҷавоб изҳор дошт, ки дарахтони Язгулом ба ҳукми наздикии иқлимӣ ба Водхуд бештар шабоҳат доранд. Шояд дар деҳаи шумо беҳтар нашъунамо кунанд. Ҳамин тавр, мо ҳар ду равонаи Язгулом шудем. Ман дар тан боронии (плаши) ҷигариранг доштам. Баъди ду соат ба аввалин деҳаи ҷамоати Язгулом, деҳаи Мотравн расидем. Баъдҳо донистам, ки ин зодгоҳи дӯсти донишманд ва таърихнигорам Дониёр Давлатёров будааст. Дар назди мағозаи деҳа мардуми бисёре ба назар мерасид. Ҳамдиёрони Абдулқодир ба сӯи мо омаданд. Сару либоси мо ба бобои барфӣ бештар шабоҳат дошт. Чун мо дар болои мошине савор шуда будем, ки барои мағозаи ин деҳа орд оварда буд. Як лаҳза баъд худро бо муаллими овозадори Язгулом устод Ризо рӯ ба рӯ дидем. Моро ба хонааш даъват кард. Хонааш дар 40-50-қадамии мағозаи деҳа буд. Мо узр пеш овардем, ки саросемаем ва бояд то ба Жамаг бирасем. Устод Ризо бо як оҳанги мулоим, вале сахт ҷиддӣ гуфт: “То имрӯз, ки ман қариб 60 — сола ҳастам, касе аз назди хонаи ман бегонавор нагузаштааст. Шумо аввалин шуда, ҳамин корро карданӣ ҳастед?!” Пас, ба Абдулқодир рӯ оварда гуфт: “Абдулқодир, ин Водхудӣ, ки аввалин бор ба тарафҳои мо омадааст, урфу одатҳои моро намедонад. Мо меҳмони шуморо дуздиданӣ нестем. Гузаред, ба меҳмонсарои мо. Ана бубинед, чандин нафар аз меҳмонон моро тамошо доранд. Меҳмонони моро ҳам зиёрат кунед. Ҳоло нимарӯз аст. Ташвиш накашед, бароятон мошин пайдо мекунем. Жамаги мастон дар ҷояш, ҳама хешу табор сиҳату саломат…” Ба меҳмонхонаи устод Ризо ворид шудем. Дастархони нав кушоданд… Аз ҳар боб сухан рафт… Аз китобҳои қадимаи форсию арабӣ… Китоби Маснавиро дар шакли чопи қадимааш оварда, сари кадом достоне бо меҳмонон суҳбатро давом дод… Дар роҳи Жамаг ба Абдулқодир гуфтам, ки ин устод Ризо, ба назарам, дар масъалаи меҳмондорӣ хеле таассуб ва якравӣ зоҳир намуд. Абдулқодир бепарвоёна илова кард: “Язгуломиҳо ҳамаашон дар масъалаи меҳмондорӣ сахт мутаассибанд!” Ба ин муносибат ва гуфтори Абдулқодир ҳодисае ба ёдам омад: боре дӯстони Масчоҳиам нақл карданд, ки дар он ноҳия барои меҳмондории меҳмони навомада бо ҳам ҷангу хархаша мекунанд. Ман суханони онҳоро гӯш мекардам, вале бовар намекардам. То лаҳзае, ки устоди забони арабиам Ҳасан Иброҳим ан-Наққош худ нақл кард, ки боре шогирдаш, арабшиноси барҷастаи тоҷик Назруллоҳи Назар ӯро ба ноҳияи Масчоҳ ба меҳмонӣ бурдааст. Устод гуфт: “Ҳотами Тойии мо арабҳо аз афсона беш нест. Ман ҳақиқати меҳмондӯстиро дар ноҳияи Масчоҳи Тоҷикистон дидам…”

(5)

Дар Жамаг моро аҳли хонаводаи Абдулқодир пешвоз гирифт… Дар хонаи чандин хешу табори ӯ меҳмон шудем. Дӯстони нав пайдо намудем. Устодони илми забон ва адабиёт, ба мисли Мӯсо, Ҳайдар Қӯқандов ва дигарон. Садои кафкӯбии аҳли толор маро ба худ овард. Мардум бо оҳанги сарояндагон ва раққосон кафкубӣ мекарданд. Гӯё мусобиқаҳои ҳунарӣ ва телевизионии пешинаи “Бӯстон” аз нав зинда шуда бошад. Сарояндагон шеърҳои нав ва оҳангҳои нав тақдим менамуданд. Дар гирду атрофи курсиҳои мо дар толори консертӣ садои мухлисони Душанбегии Язгулом бо лаҳҷаи маҳаллии худашон ба гӯш мерасид. Бо шӯру шавқ намоиши ҳунармандонро муҳокима менамуданд.

(6)

Дафъаи дуюм тобистони соли 2003 меҳмони Язгулом шудам. Дар он сол ҷашни 70-солагии ноҳияи Ванҷро таҷлил мекардем. Ман барои таълифи китоби “Шоирони Ванҷ” маводи адабӣ ва фолклорӣ ҷамъоварӣ менамудам. Ва барои мардуми Язгулом ҳам мақоми шахсияти “худӣ”-ро доштам. Яъне ошнои дерина. Сайру саёҳатҳо ва гуфтугузорҳо чандин рӯз давом кард. Ёдам меояд, ки шабе меҳмони хонадони устод Ҳайдар Қӯқандов будем. Аз ҳар боб сухан рафт. Ҳатто як васиқаи қадими хонаводагиашро ки бо хатти арабӣ навишта шуда буд, ба ман нишон дод… Ман дар хаёли солҳои давраи шӯравӣ умедвор будам, ки дар ин меҳмониҳо сурудхониву ҳунарнамоиҳои маҳаллӣ ҳам мешавад. Вале бадоҳатан эҳсос намудам, ки вазъияти ин мардум ба ин қабил иқдомҳо созгор нест. Аз устод Ҳайдар савол кардам. Гуфт: “Муллоҳои навбаромади мо фатво додаанд, ки сурудхонӣ дар мазҳаби мо ҳаром аст”. Касе аз аҳли нишаст луқма партофт, ки “муллоҳои навбаромад не, балки муҷоҳиддини араб, ки қариб чор сол дар деҳоти мо “меҳмон” буданд, ин суханро гуфтанд ва дар китоб ҳам ҳадисашро нишон доданд”. Ман бо нигоҳи ҳайратзада ба сӯи устод Ҳайдар нигаристам. Устод ба ҳозирон рӯй оварда гуфт: “Бародарон ҳамаатон хуб медонед, ки ин як гапи куҳна аст. Худи он китоби ҳадис дар сандуқи ман маҳфуз аст. Ва саҳифаашро низ аломатгузорӣ кардаам”. Ин суханро гуфту аз меҳмонхона берун рафт. Лаҳзаи сукут барои ҳамаи мо фаро расид. Ҳар яки мо доир ба ин мавзӯ меандешидем. Бо омадани устод Ҳайдар мо ҳам ба худ омадем. Китоб дар як порчаи матоъ печонида шуда буд. Гарду чанги фаровоне дар матоъ ва китоб ба мушоҳида мерасид. Устод Ҳайдар он саҳифаро ёфт ва нишон дод. Китоб аз ҷумлаи китобҳои қадимаи илми ҳадис буд, ки ба забони арабӣ навишта шуда буд. Нақши хираи қалами оддӣ зери он ибора ба назар мерасид. Ибораи кӯтоҳе буд он ҳадис, бо истифодаи ду калимаи арабии: “ғанӣ” (сарватманд) ва “ғино” (суруд). Меҳмонони хориҷӣ ва нохондаи Язгулом ба онҳо фаҳмонидаанд, ки ғино, яъне шеърхонӣ дар мазҳаби мо ҳаром аст. Вақте болову поёни ин ҳадисро хондам, маълум гардид, ки сухан дар бораи ғанӣ, яъне шахси сарватманд ва бою давлатманд мерафтааст, ки аз рӯи мазҳаби аҳли суннат бояд ба ҳамсоягонаш мадад кунад. Онҳо ҳама ҳайрон шуданд. Ба ин маъно, ки ба хотири як калимаи ғалат тарҷумашуда, мо ин ҳама солҳо худро аз неъмати шеъру суруд маҳрум сохтаем. Устод Ҳайдар ба писараш ишора кард, ки рубобу ғижжакро биёрад. Оварданд. Қариб ним соат мо ҳамагӣ чангу ғубори олоти мусиқиро пок ва тоза намудем. Ҳунарманде рубобро ба даст гирифт. Чанде навохт. Ба худаш писанд наомад. Гуфт: “Бачаҳо, агар бовар кунед, рубоб гӯл шудааст!” Ҳама хандиданд. Калимаи “гӯл” дар лаҳҷаи Ванҷ ба касе гуфта мешавад, ки дар сухан гуфтан душворӣ мекашад… Ва ғижжакро ба даст гирифт. Боз ҳамон ҳолат. Аломати норизоиятӣ дар чеҳрааш ҳувайдо буд. Касе аз аҳли нишаст гуфт: “Парво накун, ҳамаашро ислоҳ мекунем. Натанҳо рубоб ва ғижжак, балки завқи мо ҳам гӯл шудааст. Ҳамаашро якҷоя ислоҳ мекунем!”. Ва ҳунарнамоӣ шуруъ гардид. Рӯзи дигар ин хабар дар тамоми ноҳия ба гӯшҳо расид. Ва ҳунари муваққатан “гӯлшуда”-и мо, аз нав “забон баровард”…

Комил Бекзода

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here