Сад сол пеш яке аз ормонҳои миллати тоҷик доштани матбуоте бо забони худ буд. Имрӯз бошад журналистика яке аз соҳаҳои муҳими ҷомеаи мост. Садҳо рӯзномаву маҷаллд, даҳҳо радиову телевизион ва агентиҳои иттилоотӣ дар кишвари мо фаъолият доранд, ки пуркунандаи фазои иттилоотӣ мебошанд. Мусаллам аст, ки ин соҳа чун дигар соҳаҳои хоҷагии халқ бурду бохт дорад. Дар суҳбате, ки бо профессор Иброҳим Усмонов доштем, вазъи имрӯзаи воситаҳои ахбори оммаи кишвар (ВАО) мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
— Ба назари Шумо муҳити журналистии имрӯзаи Тоҷикистон дар кадом вазъ қарор дорад?
— Дар чор-панҷ соли охир вазъи муҳити журналистии мо тағйир ёфт. Тағйир ёфтани муҳити хабарӣ ба тағйир ёфтани муҳити сиёсии мо вобаста аст. Дар муҳити сиёсии мо қаблан ҳизбҳое ҳам буданд, ки дар платформаи рақобати идеологӣ қарор доштанд. Яъне, мо фақат ҳизбҳои парламентӣ не, ҳизбҳои сиёсии идеологӣ хам доштем. Азбаски намояндагони ин ҳизбҳо бо рафтору амали худ аз ҷомеаи Тоҷикистон канор гирифтанд, вобаста ба ин муҳити хабарӣ ҳам тағйир ёфт. Мо имрӯз нашрияҳои идеологӣ ва ё мустақили сиёсӣ надорем. Айни ҳол матбуоти давлатӣ ва хусусӣ дорем, ки рақибҳои сиёсӣ нестанд. Ҳардуяш ҳам дар масъалаи ҳимояи манфиатҳои умумимиллӣ дар як поя қарор доранд. Ҳар ду ҳам барои он мубориза мебаранд, ки сулҳу Ваҳдати миллии Тоҷикистон мустаҳкам ва вазъи иқтисодиву иҷтимоии Тоҷикистон пурқувват шавад. Аз ин сабаб, матбуоти мустақилро ҳам опозитсияи мусбат ҳисоб кардан лозим аст. Хусусияти оппозитсионӣ доранд, лекин мусбат; оппозитсияи ҷангталаб ва кашолакунандаи кадом як идеяи бегона нест, оппозитсияе ҳаст, ки камбудиҳои дидаашро мегӯяд ва барои ислоҳи онҳо андеша ҳам пешниҳод мекунад. Яъне, ҳамкорӣ кардани ақидаҳои гуногун имкон дорад. На фақат ақидаҳои сиёсӣ, балки муҳити динии мо ҳам ҳамкорӣ бо Ҳукумат дорад. Ин дар ҳаёти журналистии мо падидаи бисёр хуб аст. Вакте ки журналистика хусусияти мусбат пайдо мекунад, тақвгӯиву таънакунӣ камтар мешавад. Гумон мекунам, яке аз нишондиҳандаҳои хуби журналистикаи имрӯзаи тоҷик он аст, ки дар мо сухани муътадил, мулоим ё нарм сухани асосӣ ба ҳисоб меравад. Аз тарафи дигар, пештар дар муҳити Тоҷикистон ақидаҳое дар журналистика пайдо мешуд, ки барои пешрафти умумии иҷтимоиву сиёсии мо мусоидат намекард. Ҳозир тамоми қувваҳо дар атрофи як идея-идеяи Ваҳдати миллӣ ҷамъ омаданд, ки ин ба манфиати умумии мост. Ин журналистикаи ба Тоҷикистон фоиданок аст. Фазои имрӯзаи иттилооти моро ҳамчун фазои ороме, ки ба пешрафти Тоҷикистон мувофиқ аст, маънидод кардан мумкин аст.
— Ба назари Шумо мушкилоти актуалии соҳаи журналистика кадомҳоянд?
— Аввалан, ҳозир аксари матбуоти ҳам ҳукуматӣ ва ҳам ғайриҳукуматӣ имкони муътадили додани ҳаққи заҳмати журналистонро надоранд. Барои интелегенсияи эҷодӣ маҳсули кораш на танҳо дар маош, балки дар ҳақи заҳмат ҳам муайян мешавад, ки ба воситаи эҷодаш ба даст меорад. Имкони пайдо кардани ҳаққи қалам (гонорар)-ро ҳам дар матбуоти давлатӣ ва ҳам дар матбуотӣ хусусӣ ба вуҷуд овардан даркор аст. Шояд дар ин самт ёрии Ҳукумат ба ҳар ду навъи журналистика даркор бошад. Додани ҳаққи қалам туҳфа ва ё ягон бахшиш нест. Ин қадр кардани ҳақи заҳмати эҷодкор аст. Ин яке аз камбудиҳоест, ки дар фаъолияти мо ба назар мерасад.
Дуюм, мутаассифона, сарфи назар аз он ки нашрияҳои марказии мо ҳафтае 4-5 маротиба чоп мешаванд, ҳанӯз гуфта наметавонем, ки инҳо рӯзномаҳои ҳаррӯзаанд. Барои он ки онҳо дар як ҳафта як бор паҳн мешаванд. Масалан, рӯзномаи «Ҷумҳурият» дар як ҳафта 6 бор ва «Садои мардум» 3 бор нашр мешавад, лекин паҳншавии асосиаш дар як ҳафта як бор аст. Аз ин рӯ, экспедитсияи матбуотиро барқарор кардан даркор аст. Яъне рӯзнома ҳамин рӯз баромад, ҳамин рӯз дар маҳал буданаш даркор аст. Зеро аз хабаре, ки имрӯз чоп мешавад, агар он рӯзнома охири ҳафта рафта расад, ягон фоида нест. То ин вақт он хабар дигар шуданаш ҳам мумкин аст. Аз ин рӯ, сари вақт нарасонидани рӯзномаҳо мушкилоти дигарест, ки дар системаи журналистикаи мо имрӯз ба назар мерасад.
Сеюм, матбуоти давлатӣ ва мустақили мо ба як чизи бисёр муҳим, ки ба маънавиёт бештар таалуқ дорад, камтар аҳамият медиҳанд. Дар матбуоти мо маънавиёт қариб, ки нест шуда истодааст. Яъне қадр кардани меҳнати одамоне, ки ҳақиқатан зиндагии нағз доранд. Дар бораи муаллим, духтур, деҳқон, коргари нағз дар матбуот ягон чиз нест. Жанрҳои очерк ва лавҳа аз матбуот гум шуда истодаанд. Агар одам дар зиндагӣ ҳар қадар нағз гӯяд, ҳамон қадар нағз ва агар бад гӯяд, ҳамон қадар бад мешавад. Яъне агар мо хоҳем, ки мактаби мо нағз бошад, дар бораи муаллимони нағз бисёртар гуфтан даркор аст. Мутаасифона, чунин мавод хеле кам аст. Аз тарафи дигар, баъзе чизҳое, ки ҳаст на дар бораи одамоне, ки ҳақиқатан меарзанд, балки дар бораи онҳоест, ки ҳаққи меҳнати журналистро дода метавонанд. Барои он ки аз ин хел чизҳо канорагирӣ кунем, бояд санҷида ҳамин хел масъала ба миён гузорем, ки образҳои ҳамзамони мусбат дар матбуот пайдо шаванд.
Ғайр аз ин, камбудиҳоро фақат бо роҳи талаб кардан гуфтан даркор нест. Камбудиро ҳамчун як ҷараёни зиндагӣ нишон додан даркор аст. Вақте дар ҷараёни зиндагӣ нишон додед, он вақт роҳи ҳали ин камбудиҳо осонтар мешавад.
Аз тарафи дигар, ВАО ва мақомоти қудратии мо забони якдигарро нафаҳмида истодаанд. Журналист ҳам мехоҳад мамлакат ором бошад, прокурору суд ҳам. Пас инҳо бояд ҳамдигарашонро дастгирӣ кунанд. Гуфтаи матбуотро мақомҳои қонуниҷрокунанда ба назар гирифтанашон даркор аст. Ҳеҷ рӯзнома ба муқобили он коре, ки суд, прокуратура ё милитсия мекунад, дидаву дониста ягон чиз наменависад. Рӯзнома вақте менависад, ки ҳали он масъала ба манфиати Ҳукумат аст. Аз ин рӯ, он мақомҳо ҳам аз ҳамин нуқтаи назар ба навиштаи матбуоти мо нигоҳ карданашон даркор. Он вақт фаъолияти матбуот пурра мешавад.
Ғайр аз ин вақте дар бораи шаҳру ноҳияҳои атроф менависем, фақат дар вақти ниҳоят бад будан ва ё касеро таъриф кардан хостан, навиштан даркор нест. Ба шакли муътадил, ҳамчун кори ҳаррӯза нигоҳ кардан даркор аст. Вақте ҳамчун кори ҳаррӯза нигоҳ кардед, онро дурусттар ифода мекунед.
Як чизи дигар ба рӯзномае, ки шумо кор мекунед, бештар дахл дорад, вақте матбуот ва сиёсат мегӯянд, пеш аз ҳама, матбуоти парламентиро дар назар доранд. Сиёсат ин парламент аст. Ҳоло дар рӯзномаи «Садои мардум» гузоришҳо аз рафти кори Иҷлосия ё Кумитаҳои Маҷлиси Олӣ чоп мешаванд. Суханронии вакилон ҳам ҳаст. Лекин хусусияти сиёсӣ доштани рӯзнома камтар ба назар мерасад. Рӯзномаи «Садои мардум» нишон доданаш даркор, ки вакилони мо ваколаташонро чӣ хел иҷро карда истодаанд. Ҳисоботи депутатро не, амали онро инъикос кардан даркор аст. Ҳастанд вакилоне, ки воқеан корашонро иҷро мекунанд. Дар бораи вакилони арзанда навиштан даркор. Вақте, ки парламентро мақоми сиёсӣ мегӯем, барои ташаккули сиёсии депутатҳо рӯзнома ёрӣ карданаш даркор аст. Чунин ҳаст, лекин на дар он сатҳе, ки бояд бошад, нест.
— Шумо оид ба масъалаи кумаки Ҳукумат нисбат ба ВАО сухан гуфтед. Маълум аст, ки дар кишвар ВАО-и давлатӣ зиёд буда, тартиби кумак кардан ба он низ маълум аст. Аммо кумак ва ё дастгирии ВАО-и ғайриҳукуматӣ дар кадом шакл бояд бошад?
— Ҳастанд давлатҳое, ки ба рӯзномаҳои ғайриҳукуматӣ ҳам маблағ ҷудо мекунанд. Ба истилоҳ грант медиҳанд. Давлатҳое ҳастанд, ки андозро поин мефароранд. Дар баъзе давлатҳо сармоядорҳо ба матбуот ёрдам мекунанд. Ҳамаи имконияташ ҳаст. Дар шароити Тоҷикистон масъулин бояд омӯзанд, ки кадоме аз ин роҳҳо дар мо зиёдтар аст, ҳамонро истифода бурданашон даркор. Зеро аз нашр нашудани, масалан, рӯзномаҳои «СССР», «Фараж» ва ё «Чархи гардун» ба давлат ягон фоида нест. Дар хориҷа ҳамеша мегӯем, ки дар мо озодии сухан ҳаст. Озодии суханро ҳамин рӯзномаҳо намояндагӣ мекунанд. Мо озодии суханро эътироф мекардагӣ бошем, пас ба инҳо кумак кардан ҳеҷ зарар надорад. Кумаки Ҳукумат сухани ин гуна ВАО-ро нисбат ба ҳукумат нармтар мекунад. Дар замони сахттарин Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имкон ёфт, ки барои нашри китоб ёрдам кунад. Садҳо китоб бо имдоди Президенти кишвар нашр шуд. Пас, имкони ба матбуот кумак карданро низ ёфтан мумкин аст.
— Дар замони рушди босуръати илму техника интернетжурналистика ба вуҷуд омад, ки Шумо онро «хатарноктарин навъи журналистика» медонед. Дар ин баробар, баъзеҳо шабакаҳои иҷтимоиро ҳам ба журналистика ворид карданӣ мешаванд, ки хилофи андешаи Шумост. Оё воқеан интернет ВАО буда метавонад?
— ВАО як шакли таъсир расонидан ба ақидаи мардум, як шакли хабардор кардан аз гапи нав аст. Интернет ҳамин корро иҷро мекунад. Ба шакли умум ҳамаи он чизе, ки дар интернет ҳадафаш гурӯҳи одамон аст, на одами алоҳида, ин ба журналистика бояд тааллуқ дошта бошад.
Муҳаррир ё муаллиф дар ин ё он рӯзнома сутун, рубрика ё саҳифаи хоси худашро дорад. Касеро, ки дар интернет кор мекунад, блогер мегӯянд. Блог як қисм, як шуъба аст, яъне мисли он ки сутун, рубрика ё саҳифа як қисми рӯзнома аст. Худи истилоҳи блогер нишон медиҳад, ки интернет хислати ба омма расонидани гаперо дорад. Ин ба журналистика тааллуқ дорад. Яъне ҳадафи ин одам танҳо худаш нест. Ҳадафи он ҷамъият аст. Дар як мақолаам гуфта будам, ки ба назари ман бисёр чизҳое, ки дар интернет ҳастанд, дафтари хотираи духтарони хонаро мемонад. Интернет ҳамин гуна аст. Нафаре фикр мекунад, ки барои худаш менависад, аммо онро барои каси дигар ҳам пешниҳод мекунад. Ин таврашро ман ба журналистика дохил намекунам. Вале тамоман ба ВАО монанд нест гуфтан ҳам мумкин нест. Баҳори араб нишон дод, ки блогҳоеро, ки гӯё барои худашон истифода мебурданд, дар сиёсат истифода шуд. Ба воситаи он мардумро ба майдон ҷамъ карданд. Вақте вай ба муҳит таъсир кард, хоҳед нахоҳед журналистика аст. Вале журналистика масъул дорад. Фарз кардем ҳар чизе, ки дар рӯзнома чоп мешавад, вай хоҳ мусбат бошад хоҳ манфӣ, агар касе аз он норозӣ бошад, масъулияти он ба уҳдаи муҳаррирон аст. Яъне ҷавоби аввалро онҳо дар назди мақомҳо медиҳанд. Дар интернет ин ҳолат нест. Дар блогу шабакаҳои иҷтимоии шахсӣ ҳеҷ кас масъулиятро ба гардан намегирад. Гӯё он гап бесоҳиб бошад. Дар журналистика гапи бесоҳиб намешавад. Агар даҳ маротиба ҳам дар рӯзнома нависед, ки «идора ба муҳтавои матолибе, ки ба ақидааш мувофиқат намекунад масъул нест», вале ин масъулияти идораи ВАО-ро аз миён намебарад.
Дар интернет воқеан масъулашро ёфтан наметавонед. Масалан гапе дар «Ҳамсинфон» (Одноклассники) нашр шуд, аз кӣ онро талаб кардан даркор, ки чаро фалонӣ ин гапро гуфт? Он чизе, ки соҳиб надорад, ман онро ба журналистика ворид кардан намехоҳам.
Воситаҳои электронии навбаромада воситаи пурқувваттарини иттилоотрасонӣ аст. Масалан, агар аз кишвар баровардани рӯзномаву маҷалла ва пахши мавҷи радиову телевизион берун аз мамлакат душвор бошад, пахши интернет душворӣ надорад. Вай дар ҳама ҷо дастрас аст. Барои ҳамин василаи хеле сареи журналистӣ мебошад.
Интернет имкони дурӯғ гуфтан, руст кардани соҳибаш ва истифода бурдани анонимро дорад. Ин хатарнок аст. Шумо намедонед, ки кӣ дар бораи шумо гуфта истодааст. Намедонед, он одам ба кадом манбаъ такя карда истодааст. Вай шуморо таҳқир мекунад, шумо ҷавоб дода наметавонед, чунки намедонед вай кӣ аст. Аз тарафи дигар вай барои ин кораш аз тарафи ҳеҷ кас ҷазо намебинад. Чунки вай мақоми як давлат нест. Он умумӣ шудааст. Ба қонунгузории куҷое итоат мекунад, инаш ҳам маълум нест.
Ман соли 2010-2011 ҳамчун раиси Шӯрои ВАО дар ду-се маҷлисе, ки ба ҳамин масъала дар Европа баргузор шуда буд, иштирок кардам. Европоиҳо ҳам аз таҳқир ва туҳмате, ки ба воситаи интернет мешавад, шикоят мекунанд.
Онҳоро ташкилоте, ки «лаҷом»-ашро ба даст гирифта тавонад, нест. Албатта вақте «лаҷом» мегӯем, баъзеҳо гуфтанашон мумкин, ки ба матбуоти мо лаҷом задан мехоҳанд. Дар ҳеҷ ҷо ҳеҷ чизе нест, ки бе маҳдуд шудан ҳақиқатро ифода кунад. Ҳатто барои он ки зиндагӣ ба роҳи дуруст равад, маҳдудиятҳои зиндагӣ пайдо шуд. Дин маҳдудиятҳои зиндагиро ба вуҷуд овард. Мақсад аз маҳдудият ин нест, ки кори одамро танг кунад, балки он аст, ки мардумро ба роҳи дуруст ҳидоят намояд. Дар ВАО ҳам агар маҳдудият ба амал оварда шавад, як мақсад дорад. Ҳамин бояд ба манфиати умумии ҷомеа бошад. Ман тарафдори маҳдудиятҳое ҳастам, ки барои нигоҳ доштани покии ахлоқи ҷомеа мусоидат кунад. ВАО ҳам ба ин гуна маҳдудиятҳо худашонро мувофиқ кунанд, чунки намешавад, ки ҳама чиз озод бошад. Одаме, ки озод мебошад, бояд як чизро дарк кунад, ки озодии ӯ бояд ба озодии дигарҳо мухолифат накунад. Озодии комил ин анархия, яъне бесарунӯгӣ аст. Хараҷу мараҷ аст, ки ҳеҷ вақт озодӣ буда наметавонад. Барои ҳамин ВАО ҳамоне буданаш даркор, ки ба меъёрҳои муайяни озодии маҳдуд ва ба ҷомеа мувофиқшуда мувофиқат кунад.
— Маҳдудияте, ки дар борааш гуфтед бояд чӣ гуна бошад ва онро кӣ барои ВАО муайян кунад: дар сатҳи қонун ё худи журналистону ВАО?
— Ду василаи муайян кардани маҳдудият мавҷуд аст. Яке қонун, дигаре одоб. Мо дар замони шӯравӣ тибқи қонун маҳдудият мекардем. Яъне, қонун дар бораи нигоҳ доштани сирри давлат дар адабиёт ва матбуот буд. Вай сензураи сиёсӣ аст. Чизе, ки ман мегӯям, ин сензураи иҷтимоӣ, сензураи одоби одамӣ аст. Ман тарафдори онам, ки ба воситаи одоб маҳдудият ба вуҷуд оварда шавад. Яъне, мафкурае ба вуҷуд овардан даркор аст, ки ана ҳамин чизро навиштани ман ба манфиати ҷомеа нест. Маҳдудияти сиёсӣ чизи дигар аст ва ҷомеаи Тоҷикистон тайёр аст, ки бе маҳдудияти сиёсӣ бо дарки маҳдудияти иҷтимоӣ-ахлоқӣ корашро пеш барад. Зарурати маҳдудияти сиёсӣ мавҷуд нест.
Дар Америка, ки гӯё маҳдудкунии матбуот набуда, дар бораи матбуот қонун ҳам нест, дар конститутсияаш як меъёр аст: «Дар замони ҷанг ба муқобили Америка навиштани матбуот мумкин нест».
Масалан, оё хуб аст, ки мо нависем, ки «ман тоҷик нестам». Ҷавонҳои мо менависанд чунин гапҳоро. Оё барои ҳаминро нагуфтан қонун даркор аст? Охир ин ба муқобили миллати мо аст. Мо, ки дар Тоҷикистон бошем, забонамон тоҷикӣ бошад, халқамон худашро тоҷик гӯяд вақте мегӯяд, ки ман тоҷик нестам, ин таҳқир нисбати миллату давлат нест? Оё ҳаминро ба матбуот рухсат додан даркор аст ё не? Ин гуна чизҳоро манъ кардан даркор. Барои Тоҷикистон зарурати якуми ифтихори миллӣ эътироф кардани он аст, ки мо тоҷикем ва забони тоҷикӣ забони давлатии мост. Ин банди якуми ҳувияти миллии мо буданаш даркор аст. Лекин баъзан муаллифҳои мо риоя намекунанд. Дар матбуоти ғайриҳукуматии солҳои 2000-ум ин хел гапҳо бисёр буд. Китобҳо ҳам навиштанд.
Ё ҳоло бисёр вақт дар бораи тарзи навишти матбуот мегӯянд, лекин тафтишкунандаҳо ин чизҳоро чаппа тафтиш мекунанд ва чаппа баҳо медиҳанд. Дар Конститутсияи мо омадааст, ки Ҳукумати Тоҷикистон аз Сарвазир ва дигарон иборат аст. Як ВАО-и озод калимаи «нахуствазир»-ро истифода мекунад. Ба вай ин калима маъқул. Калимаи «Сарвазир» қонунишуда аст. Қонун номи ин вазифаро «Сарвазир» гуфтааст. Қонун номи вазифаро «Президент», «Суд» гуфтааст. Ба ҷои ин «Раисҷумҳур» ё «Қозӣ» гуфтан даркор нест. Ин ҳам вайронкунии қонун аст. Гумон мекунам, ки маҳдудиятҳо дар ҳамин чиз буданаш даркор аст. Забони навишти мо забони адабии тоҷикӣ аст. Албатта, баъзе рӯзномаҳо чизҳои ба худ хосро ҳам мегиранд. Вайро маҳдуд кардан даркор нест. Сабки ба худ хос доштан лозим аст. Лекин забони адабии тоҷикии мовароуннаҳриро риоя карданамон даркор. Мумкин дар забони ҳамсояҳои мо калимаҳои аз мо зеботар бошад, вале калимаҳои дар худамон бударо пурра бо он иваз кардан даркор нест. Онҳо ҳам калимаи базеби моро дида калимаи худашонро иваз намекунанд. Ифтихори миллиро агар дидаву дониста вайрон кунед, ин қонунвайронкуниву одобвайронкунӣ не, зиёдтар аз ин чиз гуфтан лозим бошад, ин ҳамон аст. Маҳдуд карда ба ҳамон ҳолате овардан даркор, ки натиҷаи фаъолият ба манфиати халқ бошад.
— Беэҳтиромӣ нисбат ба арзишҳои миллӣ баъзан аз шабакаҳои иҷтимоӣ ба саҳифаҳои матбуот мекӯчад. Ҳатто фарзандони фарзонаи миллати тоҷик низ баъзан мавриди суханони таҳқиромез қарор мегиранд. Дар ин масъала назари Шумо чӣ аст? Оё аз шабакаи иҷтимоӣ дар ВАО бознашр кардан таблиғи ҳамон беэҳтиромӣ нест?
— Бисёр журналистони ҷавони мо, ки имрӯз дар матбуот кор мекунанд, баъзан ҳақиқатро нофаҳмида, аз пайи дурӯғ мераванд. Дурӯғ ҳамеша чизи равшан аст. Чизи бад одамро бештар ба худаш ҷалб мекунад. Чизи нағзро ёфтан бисёр кори душвор аст. Ҳар миллат бояд муқаддасоти худашро дошта бошад. Масалан, Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров, Мирзо Турсунзода ва дигарон, ки имрӯз дар ҳаёт нестанд, аз муқаддасоти Тоҷикистонанд, муқаддасоти халқи тоҷиканд. Мо бояд бо номи инҳо ифтихор кунем. Вақте, ки бо номи онҳо ифтихор накарда, баръакс аз паси кадом як ҳангомае ба онҳо санг андохтанӣ мешавем, ё онҳоро дар соягӣ нишон додан мехоҳем, пеш аз ҳама ин ба муқобили он мардон не, ба муқобили миллати мо аст. Ин беадабӣ не, бадкорӣ нисбати миллати мо ба ҳисоб меравад. Ин надониста кардан не, дидаву дониста кардани ҳамон кор ба ҳисоб меравад. Ҷавоне, ки нафаҳмидагиашро менависад, ин хато не, ҷиноят аст. Матбуоти мо чизи зидди миллати моро набояд чоп кунад. Дар матбуот пайдо шуданашро намондан даркор. Ин хел одамҳоро радди маърака кардан лозим аст. Радди маърака кардан аз тибқи қонун ҷазо додан сахттар аст.
Соли 1990 ман декани факултети филалогияи тоҷики Донишгоҳи миллии Тоҷикистон будам. Дар факултет якрӯза мотам эълон кардам, ки дар он профессор, муаллим Асрорӣ, дотсентон А.Сӯфиев, Э.Шоев, С.Ибронов, С. Ҳалимов баромад карданд. Дар тарафи дасти чапи баромадгоҳи ошёнаи панҷум бариэлефи Садриддин Айнӣ, Абулқосим Лоҳутӣ ва Мирзо Турсунзода аст. Ҷавонҳо бо дастгириву пуштубониву тавтеаи муаллимоне, ки худашонро озоду тоҷики асил ҳисоб мекарданд, зада ҳамон бариэлефҳоро вайрон карданд. Мо мотам эълон кардем ва як чиз гуфтем: «Айние, ки вайро пантуркистон кушта натавонистанд, Лоҳутиеро, ки душманони ҳукумати шӯравӣ кушта натавонистанд, Турсунзодаеро, ки номи халқи тоҷикро ба дунё машҳур кард, имрӯз қотилонашон пайдо шуданду онҳоро куштан хостанд». Таъсири ин кор ба ҳаде буд, ки дигар дар факултет дар атрофи Айниву Лоҳутиву Турсунзода гапи сиёҳ мегуфтагиҳо намонданд. Ҳатто муаллимҳое, ки ин корро тавтеа мекарданд, мавқеашонро дигар карданд.
Ин гуна масъалаҳоро ба воситаи одоби иҷтимоӣ маҳдуд карданашро ёфтанамон беҳтар аст.
— Шумо ҳангоми дарс аз як сухани Ленин иқтибос меовардед, ки «Мо бояд матбуотамонро ба партовгоҳи ақидаҳо табдил надиҳем». Ба андешаи Шумо оё ВАО-и мо ба «партовгоҳи ақидаҳо» табдил наёфтааст?
— Шабакаи иҷтимоӣ ҳамон партовгоҳ аст. Албатта дар он ҳар чизе бошад, партофтан мегиранд. Дар солҳои 2000-ум матбуоти мустақили Тоҷикистон «партовгоҳи ақида» буд. Ҳар чизе, ки ба сарашон меомад, мегуфтанд. Дар шароити кунунӣ ақидаҳои мухталиф ҳаст, лекин ақидаҳои вайронкунанда камтар. Мутаасифона, матбуоти мо идеологияи муайян надорад. Барои он идологияи муайян надорад, ки идеологияи миллиамонро ҳанӯз ба таври равшан баён накардаем. Барои ҳамин ҳар кас ҳар чӣ, ки хоҳад, дар бораи ҳамон гуфта истодааст. Гӯё набудани идеологияи миллӣ яке аз талабҳои ҷомеаи демократӣ бошад. Ман ба ин чиз боварӣ надорам. Худи демократияро европоиҳо ҳамчун арзиши асосии миллии аврупоӣ маънидод мекунанд. Яъне демократия ин арзиши аврупоӣ аст, дигарон ба вай шарик шуданд мегӯянд. Худи ҳамин алакай барои онҳо идеологияи миллӣ аст.
Ман дар чандин мақолаҳоям пайи ҳам навиштам, ки демократияи миллии мо аз адолати иҷтимоӣ шуруъ шудааст. Тамоми ҷавҳари адабиёти класикии мо талаб кардани адолати иҷтимоӣ мебошад. Адолат арзиши аз демократия баландтар аст. То вақте, ки мо демократияро надидем, хаёл мекардем, ки ин як офтобест, ки ҳатман равшании бузург дорад. Дидем, ки демократия чист. Масалан, талоши ҳозираи америкоиҳо дар Венесуела, ё ин ки муносибати европоиҳо ба он раъйпурсие, ки дар Барселонаи Испания гузашт, ё муносибати европоиҳо бо мардуми Сурия. Мо дидем, ки ҳеҷ гуна демократия нест. Яъне ҳар кас, ки ҳар чӣ хоҳад, ҳамонро карда истодааст. Адолат бошад зӯриро писанд намекунад.
Гумон мекунам, ки дар заминаи худшиносии миллӣ идеологияи миллиро ба вуҷуд овардан даркор, ки дар кадом як қолабе адолат ифода ёбад. Вақте адолат ифода ёфт, дигар калимаи демократия даркор намешавад. Сухани Ленин ба он маъност, ки дар Шӯравӣ ақидаи муайян мавҷуд буд. Ин ақидаи коммунистӣ буд ва мо ба ҳамин ақида пеш мерафтем. Ҳозир дар ҷомеаи мо ақидаи муайяне, ки ҷойи хараҷу мараҷро гирад, вуҷуд надорад. Барои ба вуҷуд овардани он ақида кӯшидан даркор. Албатта ин кор ва вазифаи сиёсатмадорон аст. Аз ҷумла, вақте ман адолат ва ифтихори миллӣ гуфтам, ин ҳам роҳҳоест, ки ба ҳамон расиданро нишон медиҳад.
— Дар дигар соҳаҳо кадрҳои ихтисосманд ҷалб мешаванд. Аммо дар соҳаи журналистика баъзеҳо ба он андешаанд, ки ҳар касе навишта метавонад, вай журналист аст. Ба андешаи Шумо барои фаъолият дар идораи ВАО ихтисоси журналистӣ зарур аст?
— Албатта, ҳастанд нафароне ки дар риштаи журналистика нахондаанд, аммо дар ин касб кору фаъолият доранд. Вале ба назари шахсии ман журналист онест, ки дар мактаби журналистика хондааст ва маълумоти олии журналистӣ дорад. Чаро? Факултети журналистика ақли жураналистӣ медиҳад. Яъне журналистони пештараро меомӯзонад. Муаллими журналистика бо донишҷӯ мешинад ва чизи хубу бади навиштаи бузургонро таҳлил мекунад. Яъне шакли навишт не, маънои онро мефаҳмонад. Ин корро факултетҳои дигар намекунанд. Ё таърихи журналистикаро меомӯзед, ки чизҳои хуб дошта бошад. Муаллими журналистика мавзуъ ёфтан, дар куҷо чӣ хел гап задан, тарзи дурусти пешниҳоди маълумотро ёд медиҳад. Яъне донишҷӯи журналист 70 фоиз барои навиштан тайёр мешавад ва 30 фоизи дигарашро дар таҷрибаи журналистӣ ёд гирифтанаш даркор аст. Онҳое, ки аз ҷойи дигар мебиёянд, 20-30 фоиз ҳунари нависандагӣ доранд, 70 фоизи дигарро дар идораи ВАО омӯхтанашон даркор мешавад. Дар идораи ВАО ҳунари як касро меомӯзед (бо касе, ки кор мекунед, тарзи навишти ҳамонро ёд мегиред) дар мактаби олии журналистӣ ҳунари касони дигарро ёд медиҳанд. Ин фаҳмиш, ки ҳар кадоме, ки эҷод карда метавонад журналист аст, нодуруст аст. Барои нафароне, ки истеъдоди адабӣ доранд, журналистика трамплин аст. Баландие, ки аз он ҷо ба адабиёт париданашон даркор мешавад. Фикри онҳо беҳтар кардани эҷоди журналистиашон нест. Фикри онҳо дар журналистика кор карда истода барои худ ҷойи мувофиқтар пайдо кардан аст. Онҳое, ки дипломи журналистӣ доранд, тамоми умр ба як чиз фикр мекунанд. «Нони ман дар ҳамин касб аст». Гумон мекунам, ки барои бегона журналистика як кори муваққатӣ аст. Бегона ҳеҷ вақт журналисти пурра шуда наметавонад.
— Дар кишвар як факултет ва якчанд шуъбаи журналистӣ мавҷуд аст. Оё вазъи имрӯза ва заминаи илмиву техникии факултету шуъбаҳои журналистӣ қонеъкунанда аст?
— Вазъияти имрӯзаи факултети журналистикаи мо бад аст. Зеро роҳбарият ба факултети журналистика ақидаи филологӣ ғунҷонида, дар заминаи филология журналист ба вуҷуд овардан мехоҳад. Журналист филолог ва таърихшинос нест. Журналист пеш аз ҳама сиёсатмадор аст. Вай одами сиёсӣ аст ва дунёро донистанаш даркор. Адабиёти классикӣ, шӯравӣ ва муосир бисёр муқаддас аст, аммо барои журналист ин чизи ёрирасон ва аҳамияти дараҷаи 10-15-ум дорад. Донистани таърих ҳам ҳамин хел. Донистани имрӯзу оқибати он барои фардо, ба журналист аҳамият дорад. Барои вай ҷаҳонбинӣ даркор аст. Инро системаи илми журналистика медиҳад. Муаллими адабиёт агар хондани шеърро ва муаллими таърих хондани санаҳоро ёд гирад, дар дарс агар ҳамон чиз дар ёдаш набошад, китобашро мекушояду ҳамонро мехонад. Аз журналист бошад касе китобхонӣ талаб намекунад. Навиштанаш даркор аст. Журналистика филологияву педагогика нест, вале имрӯз факултети журналистика дар қолаби филология пеш рафта истодааст. Як шакли дигар, бачаи угайи филология шуда истодааст. Ин нишонаи он аст, ки минбаъд кор кардани кадри ин факултет тайёркарда бисёр душвор мешавад.
Мутаассифона, бисёре аз олимҳое, ки дар риштаи журналистика ҳимоя карда истодаанд, шубҳанок ҳастанд. Роҳбарони корҳои илмии бисёре аз онҳо онҳое ҳастанд, ки ба журналистика умуман иртибот надоранд. Олиме, ки имрӯз тайёр мекунем, пагоҳ метавонад журналист тайёр кунад? Метавонад илми журналистикаро таҳқиқ кунад? Таърихи ягон рӯзнома, маҷалла, радио ва телевизионро тадқиқ кардагӣ нестем. Рӯякӣ гуфта гузаштаем. Ба ҷойи ин мо гаштаву баргашта ба 10-12 нафар як мавзӯи дисертатсионӣ медиҳем. Баъзе дисертатсияҳое, ки имрӯз навишта мешаванд, аз корҳои дипломие, ки 20 сол пеш навишта мешуданд, сатҳи поёнтар доранд. Дар ин ҳолат, дар бораи тайёр кардани кадрҳои соҳаи журналистика, дар бораи истеъдод, ҳимоя кардани ин ҳукумат, ин Ватан, ин мардуму ин халқ гап задан душвор мешавад. Журналистика ҳам монанди артиш яке аз сипарҳои мамлакат аст. Устод Айнӣ дар мақолаи «Сайф ва қалам» ҳаминро гуфтааст. Сайф ин артиш, қалам аз ҷумла, журналистика. Давлат ду бол дорад: якеаш артиш, дигараш қалам. Мо вақте журналист-қаламкаши ҳукумату давлатро тайёр намекунем, аз кӣ даъво карданамон даркор, ки омада давлату ҳукумату тоҷику Тоҷикистони моро ҳимоя кунад.?! Будани ду Шӯрои дисертатсионии журналистика барои Тоҷикистон шарт нест. Шарт нест, ки дар ҳамаи мактабҳои олии Тоҷикистон риштаи журналистика бо маълумоти олӣ бошад. Системаро тағйир додан даркор, то ҳақиқатан журналистони тайёр дар матбуот кор кунанд. Системаи таҷрибаомӯзӣ хусусияти сатҳӣ пайдо кардааст. Донишҷӯён дар рӯзномаҳои сатҳи гуногун маҷбуран таҷриба омӯхтанашон даркор. Мавзуъ ёфтан даркор. Бисёре аз журналистони мо мавзуъ ёфта наметавонанд. Барои инро донистан факултети журналистикаро ба пояи журналистӣ баровардан даркор аст. Имрӯз ду-се фанни асосие, ки ба журналистика тааллуқ дорад, дар факултети журналистикаи Донишгоҳи миллӣ барҳам дода шудааст. Масалан маҳорати касбӣ. Барои факултети журналистика дар як ҳафта як рӯз бо иштироки журналисти касбӣ дарси маҳорат гузарондан даркор аст. Душвории тайёр кардани кадри журналистика монанди тайёр кардани актёр, рассом, композитор мебошад. Тавре, ки дарси маҳорати касбӣ барои онҳо ҳаст, дар ин ҷо ҳам буданаш даркор аст. Пояи илмие, ки дар мо устувор гардида буд, аз байн бардошта шудааст.
Ба назари инҳо ҳар филолог журналист буда метавонад. Вақте, ки журналистика дар мо пайдо шуд, нафарони хатмкардаи мактаби журналистӣ панҷ ё шаш нафар буданд. Масалан, Бобоҷон Ғафуров дар Москва хонда омаданд, Дайламӣ ва ду-се нафари дигар буданд. Чун он давра журналисти касбӣ надоштем, филологҳо дар матбуот кор мекарданд. Давраи таваллуд, давраи пайдоиш ҳамин хел буд гуфта, ҳама чизро ба ҳамон ҳолат овардан даркор нест. Навиштаҳои ҳамонвақтаи филолог-журналистонро бо журналистони касбӣ мувофиқа кунед, мебинед, ки фарқ аз куҷо то куҷо аст.
Дар ин маврид фикри ман ин аст, ки беҳтар мешуд ҳамаи ихтисосҳои журналистика дар донишгоҳҳои минтақавӣ мутахассис-бакалавр тайёр кунанд. Бакалавр журналисте, ки чор сол хонда, маълумоти олии нопурра мегирад. Яъне донишҷӯёне, ки имкони молии ба пойтахт омадан надоранд, дар минтақаҳои худ бакалавр хонанд. Дар донишгоҳҳои пойтахт, ки таҳсилоти журналистӣ медиҳанд, масалан Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати ба номи Мирзо Турсунзода мақсад аз журналистика режиссура омӯзондан бошад, на муҳаррири телевизион. Агар баръакс бошад, зарурати дар ин даргоҳ хондан вуҷуд надорад. Магистратура танҳо дар Донишгоҳи миллӣ монданаш лозим аст. Магистратурае ки дар он 25 нафар таҳсил кунад, кифоя аст. Яъне журналисте, ки дар зинаи бакалавр таҳсил кардааст, вай ҳақки дар матбуот кор карданро дорад. Магистратура барои журналистонест, ки ҳақи муаллимӣ карданро пайдо мекунанд. Ҳамаи қувваи илмиро ба Донишгоҳи миллӣ овардан даркор аст. Дар мо ду Шӯрои диссертатсионӣ мавҷуд, ки ҳамон олимҳо аъзои он ҳастанд. Як одам ҳам дар Донишгоҳи миллӣ унвон медиҳад ва ҳам дар Донишгоҳи славянӣ. Барои журналистон як Шӯрои илмии дисертатсионӣ кифоя аст. Вале олимҳои ҳамин соҳа бошанд, на ин ки касбаш дигару илмаш дигар дар инҷо баҳогузорӣ кунад. Ин парокандагӣ ба манфиати илм нест. Аз кадрҳое, ки донишгоҳҳои Хуҷанду Кӯлоб, Славянӣ, Бохтар ва ғайраро хатм кардаанд, муддати 20 сол журналистоне, ки ном пайдо карда бошанд, надидаам. Ҳар он чизе, ки ҳаст аз Донишгоҳи миллист.
— Президенти кишвар зимни вохӯрӣ бо роҳбарон ва намояндагони ВАО-и давлатӣ аз сатҳи пасти барномаҳои радиову телевизион изҳори нигаронӣ карданд. Ба андешаи Шумо чаро сатҳи барномаҳои телевизионӣ ба ҷойи хуб шудан бад шуда истодааст?
— Ман медонам, ки дар радио ва телевизони имрӯзаи тоҷик кадрҳои босалоҳият ва гапҳои нав гуфта метавониста каманд. Албатта тақлидҳо ба телевизионҳои Россия дида мешавад, вале дар сатҳҳои содалавҳона. Сухани такрор ба такрори дилбазан бисёр аст. Агар намоишҳои расмиро ба назар нагирем, телевизионҳои мо ба соҳаи санъат наздикӣ доранд. Ҳол он ки телевизион дастгоҳи таблиғ (пропаганда) аст. Шореҳҳои пурқувват надорад, як-ду нафаре, ки буданд, вазифа гирифта рафтанд. Телевизион ба кадре, ки барои он нависад, эҳтиёҷ дорад.
— Шумо дар аввали суҳбат доир ба кам будани матлаб дар жанрҳои очерку лавҳа гуфтед. Аммо дар ин баробар дар ВАО-и мо баъзан дар қолабе мавод таҳия мешавад, ки ба кадом жанр мансуб будани онро муайян кардан имкон надорад…
— Шумо дуруст гуфтед, ки имрӯз жанр чеҳраашро гум кардааст. Охири солҳои 80-ум ва аввали солхои 90-ум журналистони касбии мо ба европоиҳо бовар карда, фикреро пеш гирифтанд, ки вазифаи матбуот ин расонидани навигарӣ аст. Навигариро фақат жанри хабар мерасонад. Хабар, ҳисоботи ягон маҷлис, мусоҳиба баъзе чизҳои ба мақола наздик. Ҳамин жанрҳо мондаанд, баъзе жанрҳо аз байн рафт. Ҳатто репортаж аз миён рафт ва ин раванд муддати 25 сол аст, ки давом мекунад. Бояд дарк кард, ки вазифаи журналистика на фақат гуфтани навигарӣ, балки таблиғ низ ҳаст. Масалан нигориш, лавҳа ё очерке ки симоро мекушояд, бисёр кам аст. Дар матбуот фақат танқид дар шакли памфлет боқӣ мондааст. Дар натиҷа журналистикаи мо аз тарбияи инсон маҳрум монд. Кор то ба дарҷае расид, ки масалан ягон кас китоби нав нависад, журналист рафта мепурсад, ки «китоби шумо дар бораи чист?». Тақриз куҷо шуд? Хонанда дар бораи китоб гап заданаш лозим аст. Мусоҳиба ба жанри асосии матбуот табдил ёфт, вале он ба мусоҳибаи пештара монандӣ надорад. Дар барномаи таълимии журналистика эҳё кардани фанни жанрҳои журналистика зарур аст. Донишҷӯ жанрро тавре омӯзад, ки баъди хатми донишгоҳ пурра аз он бархӯрдор бошад. Ҳар жанрро бояд ба таври мукаммал хонду донист.
— То куҷо ба ормонҳои саромадони матбуот расидаем?
— Оё матбуот талаботи моро пурра қонеъ мекунад ё не, ҳанӯз ҳа гуфта наметавонем. Матбуоти мо рисолати худро дар назди аудитория иҷро карда истодааст, вале на ба он ҳадде, ки лозим аст. Дар солҳои 20-ум матбуот набуд ва онро ба вучуд овардан зарур буд. Устод Айнӣ ва дигарон мехостанд, ки халқи тоҷик матбуоти худро дошта бошад ва онро хонда тавонад, аз ин нуқтаи назар хостаи онҳо иҷро шуд. Мардуми тоҷик матбуоти бо забони худ мехондагиро дорад.
Ин ки дар ҷомеа ақидаҳои гуногун пайдо мешаванд, ин чизи табиӣ аст. Онро то чӣ ҳад матбуот оромона мерасонад, ин ҳоло масъалаи баҳсталаб аст. Яъне мо баъзан аз чизи оддӣ ҳангома месозем. На ҳар чиз якбора ба шакли қобили худ мерасад. Матбуоти мо ба стандартҳои мо мувофиқ аст ва беҳтар шуданашро орзу дорем.
Мусоҳиб: Шариф АТОБУЛЛОЕВ