Ё чанд мулоҳиза доир ба маҷаллаи «Дӯстӣ»
Ҳар нашрияи даврӣ ҳайати мушовара ва таҳририя дорад. Таъсиси ин ҳайат барои рӯзномаю маҷалла хеле муҳиму судманд маҳсуб меёбад. Ҳангоми интихоб ва ба чоп тавсия шудани мавод маслиҳату машварат медиҳанд, пеши роҳи хабару мақолаҳои каммазмуну тасодуфӣ гирифта мешавад. Аммо ин тартиби маъмулиро на ҳама нашрияҳо риоя мекунанд.
Аз шиносоӣ бо фаъолияти нашрияи Раёсати Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ — маҷаллаи «Дӯстӣ» маълум шуд, ки он ҳайати мушовара ва таҳририя надорад. Маҷаллаи «Дӯстӣ»-ро асосан ҷонишини Раиси Раёсати ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ Мушаррафа Воҳидовна Шарифова ва сармуҳаррири он Мавлуда Воҳидовна Шарифова ба уҳда доранд. Онҳо ҳам мушовир, муҳаррир ва ношир мебошанд. Ҳол он ки, Ҷамъияти дӯстии мазкур аз ҳисоби шахсони маъруф, олимону адибони шинохта фаъолони зиёде дорад. Истифодаи таҷриба, маслиҳату машварати онҳо ҷиҳати пурмуҳтаво ва хонданӣ нашр шудани маҷалла танҳо ба манфиати кор мебуд. Аммо онҳо маслиҳати чунин шахсиятҳоро сарфи назар карда, бештар ба тарғибу рӯнамоии худ аз маҷалла истифода мебаранд. Чунончи, акси ҷонишини Раиси Раёсати ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ Мушаррафа Воҳидовна Шарифова дар як шумора 11 (№3-4, соли 2016) ва 6 (№2, соли 2016) маротиба чоп шудааст. Чунин чеҳранамоии такрору зиёдатӣ кам буд магар, ки Мушаррафа Шарифова дар куҷо ва бо киҳо зиёфатхӯрии худро (№3-4, соли 2017, саҳ. 23) рӯйи чоп овардааст.
Нафари аз соҳаи журналистика каме огаҳ медонад, ки дар маводи чопӣ суҳбатҳои хоса, зиёфатхӯрӣ ва дигар лаҳзаҳои зиёдатиро нишон намедиҳанд. Зеро он ба хонанда чизе дода наметавонад, ба ҷуз тамасхур.
Ҳеҷ ҷойи баҳс нест, ки дар нашрияҳои даврӣ аз суратҳо истифода мебаранд. Аксҳо маводро пурра ва нашрияро ҷолибу хонданӣ мекунанд. Аммо суратро низ мақсаднок ва бомавриду бо низоми муайян бояд истифода бурд. Дар маҷаллаи «Дӯстӣ» суратҳо берабт, аз ҳад зиёд, ба истилоҳ, бебаркаш ҷой дода шудаанд. Қариб дар ҳар шумора ва давоми чандин сол бо як усули қолабию дилбазан акси зиёди одамон (40 — 50 нафар ва зиёда аз он) чоп мегарданд. Одатан чунин суратҳои дастаҷамъиро барои хотира ё аҳли оила мегиранд.
Дар матбуоти даврӣ талабот нисбати истифодаи расмҳо дигар аст. Чун мақола сурат низ маъною мазмун дорад. Дар он симои одамон бояд равшану шинос бошад. Аксари суратҳои маҷалла бадсифат, ноуҳдабароёна гирифта шуда, аз этикаи касбият огоҳ набудани ноширонро нишон медиҳад. Агар яке даст дар киса бошад, чанд нафари дигар қариб рӯйи фарш нишастаанд (№3-4, соли 2017, саҳ. 57).
Чопи бемавриди суратҳост, ки як ё чанд нафар пайиҳам такрор аксбардорӣ шудаанд. Чунин берабтӣ қариб дар ҳар шумора ба назар мерасад. Чоп намудани барномаҳои фарҳангӣ аз мавзуҳоест, ки робитаҳои дӯстиро инъикос менамояд. Аммо нашри он низ бояд меъёр ва ҳадду андозаи худро дошта бошад. Зеро рақсу суруд наметавонад танҳо баёнгари мавзуи дӯстӣ бошад.
Мутаассифона, аз аксбардории рақсу суруд, ки якранг мебошанд, сӯйистифода шудааст. Барномаи консертӣ 7 мақолаи шумораи якҷояи 3-4 соли 2017-ро фаро гирифтааст. Ҳол он ки, бо як гузориш аз баргузории барномаи фарҳангӣ маълумоти муфассал додан мумкин буд.
Истифодаи суратҳои бисёр, суханпардозии баъзе мақолаҳо, ки бештар тарҷумаиҳолианд, фиреби назар буда, танҳо барои пур кардани соҳифаҳои холии маҷалла мебошанд. Феълан бисёр соҳаҳо бевосита марбут ба фаъолияти Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ ҳастанд, ки инъикос ва таҳлили ҳарҷонибаро талаб менамоянд.
Аз шиносоӣ бо се соли нашри маҷаллаи «Дӯстӣ» (солҳои 2016 — 2018) бо як муаммо рӯ ба рӯ гаштем. Одатан ҳар як рӯзнома, ҳафтанома, маҷалла ва дигар васоити ахбори омма рӯзи чопи худро нишон медиҳад. Ноширон аз ин тартиб ва талабот ба хубӣ огоҳанд. Аз чӣ сабаб бошад, ки давоми ин солҳо дар ягон шумораи маҷаллаи «Дӯстӣ» натавонистем рӯзи чопи онро пайдо намоем.
Маҷалла дар ҳаҷми 40 саҳифа чоп мешуд. Аммо ду соли охир ду шумораи маҷалла якҷоя дар ҳаҷми 60 саҳифа нашр шуда истодааст. Чаро шумораҳои муштарак якбора 20 саҳифаро «фурӯ» бурданд? Ин савол рӯшанӣ мехоҳад.
Нашри маҷалла қариб муҳлати як солро дар бар мегирад. Шумораҳои 3-4-и соли 2016, майи соли 2017 ва 3-4-и соли 2017, майи соли 2018 рӯйи чоп омадаанд. Боз чанд муддат лозим, ки он ба дасти хонанда расад.
Илова бар ин, мазмуну мундариҷа, услуб ва тарзи баёни матолиби чопшудаи маҷаллаи «Дӯстӣ» норасоии зиёд доранд, ки он мавзуи дигар аст.
Аз назорат берун ва ба ҳоли худ гузоштани маҷаллаи «Дӯстӣ» боиси роҳ додани камбудиҳо гардидааст. Тайи чанд соли охир Раёсати Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ боре ҳам фаъолияти нашрияи худ — маҷаллаи «Дӯстӣ»-ро мавриди таҳлили амиқ ва баррасии ҷиддӣ қарор надодааст. Ба ҷуз чанд огаҳии рӯякӣ, ки ба беҳбуди фаъолияти маҷалла ҳеҷ таъсире нагузоштаанд.
Аъзам МӮСОЕВ,
узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон