Санаи 22-юми декабри соли равон дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев даври ҷамъбастии Фестивали кӯдакон ва наврасон — “Сапеда-2019” баргузор гардид.
Сараввал тамошобинон дар толори Филармония аз намоишгоҳи акс ва ҳайкалҳои шуъбаи рассомӣ ва ҳайкалтарошии Коллеҷи ҷумҳуриявии рассомии ба номи Мирзораҳмат Олимов ва ҳамчунин мактаби бачагонаи рассомии шаҳри Душанбе дидан намуданд. Дар барномаи консертӣ толибилмони Мактаб-интернати миёнаи махсуси санъати ҷумҳуриявии ба номи Миратулло Атоев, Мактаб-интернати миёнаи махсуси мусиқии ҷумҳуриявии ба номи Зиёдулло Шаҳидӣ, Мактаби мусиқии бачагонаи рақами 1 ба номи Чаяковский ва ҳамчунин мактабҳои бачагонаи рақамҳои 5 ва 6 интирок намуданд.
Консерти мазкур бо доирабазми мактабачагони маркази кӯдакон ва наврасони шаҳр оғоз гардид. Сипас ҳунаромӯзон бо навохтани асбобҳои мусиқии рубоб, думбра, дутор, доира, кларнет, пианино, скрипка табъи ҳамагонро болида намуданд. Аз ҷониби ансамбли рақсии “Зебо” ва “Ситораҳои умед” рақси тоҷикӣ, чинӣ ва ҳиндӣ пешниҳод гардид.
Зайнаб Қосимова — як тан аз иштирокдорони барномаи консертӣ дар суҳбат иброз намуд, ки ду фарзандаш — Сайёра ва Моҳсимо дар риштаи скрипка ва пианино ширкат варзиданд. Ӯ қайд кард, ки фарзандонаш тӯли 8 сол инҷониб саргарми омӯхтани ин ҳунари баланд ҳастанд ва ҳамзамон иброз дошт: «Хоҳони онам, ки онҳо дар оянда номбардори ман ва муаррифгари кишвар дар арсаи ҷаҳон гарданд».
Деҳқонова У. — омӯзгори Мактаб-интернати миёнаи махсуси мусиқии ҷумҳуриявии ба номи Зиёдулло Шаҳидӣ дар суҳбат қайд кард, ки мактаб-интернати онҳо аз ҳама бештар ҷойҳои намунавиро ба даст овард. Аз ҷумла, Иброҳим Иброҳимзода, Сангинов Саид, Мирзоева Меҳрона, Сангинов Ҳайдар, Ҳакимов Бежан, Саодатшоева Савсан ва ҳамчунин Ахмедов ва Қодирова ва дигарон бо гирифтани дипломҳо сарфароз гардонида шуданд. Ӯ дар охир иброз дошт, ки «ба ғолибон сарбаландӣ ва муваффақияти пай дар пай хоҳонам».
Бояд қайд кард, ки Мактаб-интернати миёнаи махсуси мусиқии ҷумҳуриявии ба номи Зиёдулло Шаҳидӣ бо гирифтани 11 диплом байни дигар муассисаҳои иштирокнамуда дар раддаи аввал қарор гирифт.
Дар ҷамъбасти фестивал вазири фарҳанги кишвар Шамсиддин Орумбекзода ва муовини якуми ӯ Назариён Обид ғолибонро муборакбод намуда, ба онҳо диплом ва мукофотҳои пулӣ тақдим намуданд.
Фестивал бо гирифтани акси хотиравӣ бо иштирокчиён ба анҷом расид.
                                                                    Меҳрофарин НАҶЕВУЛЛОЕВ, “ФАРАЖ”

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here