Наметавонистам дар ин бора чизе нанависам. Бори аввал фарзанди рустои куҳистоние, ки ман он ҷо таваллуд шудаву ба камол расидаам, дар озмуни бонуфузе дар Русия бо дар шигифт андохтани аъзои ҳакамон, мухлисону ҳаводорони як барномаи сартосарии телевизионии ин кишвар қалби садҳо ҳазор нафарро шикор мекунад. Ва ин як духтари нозанинест, ки ҳамагӣ 14 сол дорад. Танҳо дар Ютуб то рӯзи 24 феврал навори ӯро қариб 1 миллиону 800 ҳазор нафар тамошо кардаву ҳазорон нафар зераш шарҳ навишта. Ва агар гӯям кулли шарҳҳоро хондам, иштибоҳ нахоҳам кард. Чун бароям хеле хушоянд буд, ки ин истеъдоди ҷавон аз ҷониби ҳазорон ихлосмандони мусиқӣ сазовори чӣ таҳсинҳост. Поёнтар бахше аз он шарҳҳоро хоҳам овард.

Инак Манижа Аминова.Чуноне гуфтам, 14 сол дорад. Падараш зодаи деҳаи Басмандаи ноҳияи Деваштич.  Аммо дар бораи падару модараш зиёд намеанвисам, чун расонаҳо маълумоти заруриро чоп карданд.   Он чӣ дар расонаҳо набуд, менависам. Акбар – падари Манижа солҳое, ки дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд таҳсил мекард, муддати се моҳ дар Олмон ҳамроҳ бо Матлуба Сулаймонова, ки аз ӯ як сол поин мехонд, муддати 3 моҳ чун аълохон ба Оламон рафтанд ва забони олмониро, ки таҳсил доштанд, дар ин се моҳ  бештар омӯхтанд.

Соли 1999 бо амри тасодуф ҳангоме, ки аз Хуҷанд ба деҳа меомад, дар автобус бо ҳамсари имрӯзааш Ойдин Облоқулова шинос шуд ва ин шиносоии аввалин риштаи пайвасте ба сарнавишти ин ду тан шуд. Ҳамон сол издивоҷ карданд. Ойдин дар маркази ноҳияи Ғончӣ (ҳоло Деваштич) муаллимаи мусиқӣ буд. Духтари аввалинашон Суғдия, ки ҳоло дар Олмон таҳсил мекунад, соли 2000 ба дунё омад. Баъди хатми мактаби миёна як сол дар Донишгоҳи славянии шаҳри Душанбе таҳсил кард ва баъдан ба Олмон рафт ва ҳоло дуюмин сол аст, ки таҳсилашро дар Олмон идома медиҳад.

Акбар солҳои аввали хатми донишгоҳ ва баъди издивоҷ дар Хуҷанд муаллимӣ мекард, вале бо маоши муаллмӣ шояд рӯзгорро намешуд таъмин кард, аз ин рӯ роҳи мардикорӣ дар Русияро пеш гирифт. Аввалҳо баҳору тобистон мерафт ва зимистон бармегашт. Боре замони кор дар ноҳияи Уграи вилояти Смоленски Русия фаҳмид, ки дар мактаби деҳа ба муаллими забони хориҷӣ ниёз доранд. Ба идораи маорифи ноҳия рафт, аснодашро нишон дод ва бо хушӣ ӯро чун омӯзгори мактаб ба кор қабл карданд. Як сол баъд мақоми шаҳрвандӣ ҳам дарёфт кард. Дар ҳамон мактаб ҳамсараш ба сифати муаллимаи мусиқӣ ҷойи кор ёфт. Ойдин, ки мактаби русӣ хондаву забонро хуб медонист, бе мушкилӣ ба кор пардохт.

Аз миёни се фарзандашон Манижа истеъдоди модарзодии дарки мусиқӣ дошт. Вай аз хурдӣ бо як ҷаҳон шавқу завқ ба олами мусиқӣ ва суруд фурӯ рафт. Модараш ин завқро парвариш дод ва қатори алифбои савод, саводи дарки мусиқиро ҳам омӯхт. Манижа аз синни нуҳсолагӣ дар озмунҳои мухталиф ширкат мекунад ва то кунун дар беш аз 20 шаҳри Русия ва Белорусия, аз ҷумла, дар озмунҳои шаҳрҳои  Ярославл, Суздал, Сизран, Ногинск, Самара, Брянск, Ростови лаби Дон, Твер, Анапа, Санкт- Петербург, Минск, Витебск, Полотск, Лунинетс, Лида, Гродно, Гомел, Сморгон Мичуринск, Можайск ва Одинсово иштирок кардаву соҳиби ҷойҳои аввал ва ҷоизаҳои мухталиф шудааст.

Таронае, ки Валерия ва Манижа иҷро карданд, «Трава у дома» ном дорад ва онро дастаи ҳунарии «Земляне» мехонад. Матни суруд аз Анатолий Поперечний, мусиқии Владимир Мигул. Таронаи қадимист ва соли 1983 сазовори ҷоизаи фестивали телевизионии “Песня-83” шуда буд. Соли 2009 Роскосмос ба ин суруд мақоми “Суруди кайҳонавардии Русия” дод ва он ҳар боре, ки киштии кайҳонӣ омода парвоз мешавад, суруда дар ҳамон майдони парвоз садо медиҳад. Валерия Базикина, он духтаре, ки бо Манижа дуэт хонд, дар саҳифаи худ “ВКонтакте” навиштааст: “Ин тарона барои онҳоест, ки кайҳон мераванд, ва намедонад, чӣ сарнавиште онҳоро интизор аст…”

Ва Валерия Базикина дар ҳамин саҳифаи худ дар ВКонтакте боз менависад: “Валерия Баикина ва Манижа Аминова, 13 ва 14-сола. Аз Балашиха ва вилояти Смоленск. Мо дуэт месароем, дар консерт бо ҳам шинос шудем.. Овозҳоямон ба ҳам шабеҳанд. Вақте волидонамон аз мо суол карданд, ки оё мехоҳем ба “Голос” равем, филҳол розӣ шудем. Зеро ин барои мо як саргузашти дигарест…”

Вақте ин матлабро омода мекардам, бори дигар рӯ ба навор овардам. Шарҳҳоро боз мурур кардам ва аз миёни навиштаҳои бешумор, чандеро интихобан тарҷума кардам:

Khursheda Babayeva: Агар шонс мешуд, ман ин ҷо миллион лайк мегузоштам. Духтарчаҳо офаринашон бод! Дар ин мавсим беҳтар аз ин суруда гумон аст пайдо шавад!!!

Lёlik16: Ин бомб буд ва банди дуюм бомби атомӣ! Ман 41 сол дорам ва ҳоло мебинаму мегирям. Ин гуна бояд суруд! Таронаҳои имрӯзро баъди ин тарона чӣ гуна мешавад гӯш кард?

MaRina: Мусиқии кайҳонӣ бо духтарони кайҳон!

Tanya Vasilyeva: Ман намефаҳмам чаро вақте насли наврас таронаҳои замони бачагиву наврасии маро мехонад, такон мехӯрам ва вуҷудам лабрези ҳаяҷон мешавад? Аз чашмонам ашк ҷорӣ мешавад, гӯё муре саропои баданам тохт меорад…!
Элеонора Нанян
: Ин духтарон на танҳо соҳибистеъдоданд, балки мағзу пӯсташон ҳама аз мусиқӣ сиришта шудааст. Офарин!

Sibugi 74: Худои ман! Инҳо-ку кӯдаканд. Вале ман лаззате бурдам, ки болотар аз барномаҳои ноби солинавӣ. Кас дар ҳайрат мемонад, ки чӣ тавр дар банди дуюми суруд Манижа боло рафт! Ва Лера низ мағзи касро сӯрох мекунад. Ба омӯзгорон ташаккур барои чунин овозҳо ва истеъдодҳо!

Zanthia: Манижа бо Валерией тавре ҳунарнамоӣ мекунанд, ки мегӯӣ аз ин хониш лаззат мебаранд. Қотеъияту ба худ бовар доштани Манижа ҳайратовар аст. Ба назар чунин мерасад, ки ҳамин қотеъиятро вай ба дугонааш медиҳад. Ана, самимонаву бо эътимод сурудан чӣ маъно дорад.

Yuliya Desenko: Мисли ин ки вобаста шудам: дуюмин рӯз аст, ки рӯзи ман аз тамошои ин сурад оғоз мешавад. Наметавон аз он чашм канд. Рӯзи якшанбе гӯё дигар коре надоштам, ба ҷуз ин ки аз ҳунари ин ду ба ваҷд оям. Коргардонҳо, ин таронаро бо ҳам гузинаҳояш сабт кунед! Халқ инро мехоҳад!

VIDEO_BATTLE: Ба ман писанд аст, ки Манижа пайваста рӯ ба Валерия меорад, дар ҳоле, ки таваҷҷуҳи толор ба Манижа равон шудааст…
Ziza Vearut
: Ҳоло дидам, ки аллакай беш аз миллион нафар ин наворро тамошо кардаанд. Ҳарфе надорам. Чор сол пеш ин гуна иттифоқоте бо Ярославова рух дода буд, замоне, ки суруди “Кукушка”-ро хонда буд…

 

Ва метавон то ба беохир аз ин шарҳҳо оварду ифтихор кард. Ду бори дигар имкони дидани Манижа дар ин мавсими “Голос. Дети” ҳаст. Падараш мегӯяд дар ду даври дигар бояд ширкат кунад. Як бор дақиқан ширкат мекунад ва аз он ширкаташ дар даври ниҳоӣ маълум мешавад. Дуо мекунем, ки ин ҳамватани ҷавони мо дар кишвари Русия бори дигар дастболо шавад.

Б.Шафеъ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here