Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон аз нахустин муассисаҳои олии кишвар аст, ки дар омоданамоии мутахассисони соҳаи санъати тасвирӣ ва дизайн рисолати таърихии хешро адо менамояд. Ташкили чунин як донишкадаи мутамоил ба самти санъат — санъати тасвирӣ ва дизайн дар Тоҷикистон беҳуда набуд. Зеро дар шароити кунунии бархӯрди тамаддунҳо ва ҷаҳонишавӣ ҷомеаи муосир дар баробари пешрафти илмию техникӣ ниёз ба эҳёву тавсеаи ҳунарҳои мардумӣ дошт. Маҳз чунин зуҳури ногузири ҷомеа дар иқдоми саривақтии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти маҳбуби кишвар Эмомалӣ Раҳмон — тариқи дар паёмҳои тайи ду соли ахир ироагашта марбут ва эълон доштани солҳо ба рушди ҳунарҳои мардумӣ гувоҳ аз рисолати касбии донишкада мебошад.

Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон (ДДСТДТ) зодаи даврони Истиқлолият буда, 30-юми марти соли 2013 таъсис ёфтааст ва дар давоми панҷ соли фаъолияти худ ҳамчун мактаби олии касбӣ ташаккул ёфта, феълан дар қатори муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар ҷойи сазоворро ишғол менамояд. Донишкада аввалин муассисаи мустақили давлатиест, ки дар соҳаи санъати тасвирӣ ва дизайн мутахассисони дорои маълумоти олиро (зинаи бакалавриат ва магистратура) тайёр мекунад. Айни замон номзади илмҳои меъморӣ, дотсент Ғанизода Ҷамшед Шуҷоат ректори Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон мебошад.

 

Факултет, шуъба ва ихтисосҳо

Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон дорои се факултет — факултети дизайн, факултети санъати тасвирӣ, факултети тайёрӣ ва таҳсилоти фосилавӣ, шуъбаи магистратура ва аспирантура мебошад.

Дар донишкада раванди таълим тариқи як кафедраи умумидонишкадавӣ — кафедраи забонҳо ва фанҳои гуманитарӣ ва 6 кафедраи тахассусӣ, аз қабили кафедраи графика ва санъатшиносӣ, кафедраи мусаввирӣ ва ҳайкалтарошӣ, кафедраи санъати ороишӣ-амалӣ, кафедраи тарҳрезии бадеии либос, кафедраи дизайн ва меъморӣ, кафедраи технологияи иттилоотӣ ва иқтисод роҳандозӣ мегардад.

 

Ихтисосҳои донишкада

Тирамоҳи соли 2018 донишкада аз аттестатсияи давлатӣ гузашт ва мувофиқи иҷозатнома аз рӯйи 24 ихтисоси барномаи зинаи бакалавриат ва 13 ихтисоси зинаи магистратура барои таъмини бозори дохиливу бурунмарзии меҳнат мутахассисонро тайёр мекунад. Мутахассисони омоданамудаи донишкада тариқи шартномавӣ, буҷавӣ ва квота тӯли 4 сол (дар шуъбаи рӯзона) ва 5 сол (дар шуъбаи таҳсилоти фосилавӣ (ғоибона)) дорои чунин касбият мегарданд: Рассоми санъати муҷассамавӣ-ороишӣ; Омӯзгор — педагог. Рассом; Рассом-мусаввир. Омӯзгор; Рассоми театр. Омӯзгор; Рассоми филм. Омӯзгор; Рассоми санъати ороишӣ-амалӣ; Рассом — ҳайкалтарош. Омӯзгор; Рассом-график. Омӯзгор; Рассоми санъати ороишӣ-амалӣ. Омӯзгор; Дизайнер; Санъатшинос. Омӯзгор; Менеҷер-иқтисодчӣ; Барномасоз; Муҳандис; Меъмор.

Донишкада дар соли таҳсили 2019-2020 аз рӯи ихтисосҳои зерин қабули довталабонро ба воситаи Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ мондааст:

1-310304-08 — Web-дизайн ва графикаи компютерӣ (барномасоз);

1-500102 — Тарҳрезӣ ва технологияи маҳсулоти дӯзандагӣ;

1-690101-06 — Меъмории манзаравӣ;

1-260201-03 — Дизайни робитавӣ дар соҳаи истеҳсолот ва хизматрасонӣ;

1-03010601 — Санъати тасвирӣ. Ҳунарҳои халқии бадеӣ;

1-03010602 — Санъати тасвирӣ ва нақшакашӣ. Технология;

1-150101-01 — Манзаранависии (мусаввирии) дастгоҳӣ;

1-15010102 — Манзаранависии театрӣ-ороишӣ;

1-150102 — Санъати муҷассамавӣ — ороишӣ (рассоми монументалӣ);

1-150103 — Ҳайкалтарошӣ;

1-15010401 — Графикаи дастгоҳӣ;

1-15010402 — Ороиш ва расмҳои китоб;

1-15020101 — Сафоли бадеӣ;

1-15020103 — Коркарди бадеии чӯб (рассоми кандакор);

1-15020105 — Маҳсулоти бадеӣ аз металл (заргарӣ);

1-15020102 — Бофандагии бадеӣ. Моделронии костюм;

1-15020107 — Наққошӣ (рассом-наққош);

1-19010103 — Дизайн (графикӣ);

1-1901010402 — Реклама (дизайни реклама);

1-19010105 — Дизайн (костюм ва газвор);

1-1901010504 — Дизайни маҳсулоти бофандагӣ;

1-210402-0305 — Санъатшиносӣ.

 

Заминаи моддӣ-техникӣ ва таълимии донишкада

Донишкада дорои як бинои таълимӣ бо фарогирии 37 синфхонаи таълимӣ, 13 устохонаи таълимӣ, 9 адад тахтаи электронӣ, 9 проектор, 136 компютер ва 34 принтер мебошад. Се синфхонаи компютерӣ барои тадриси технологияи иттилоотии муосир махсус гардонида шуда, 8 синфхонаи бо тахтаи электронӣ муҷаҳҳаз мавриди баҳрабардорӣ қарор доранд.

Инчунин, донишкада дорои хобгоҳи чорошёнаи муҷаҳҳаз бо лавозимоту мебели замонавист.

 

Китобхона ва нигористони донишкада

Донишкада китобхонаи худро дорад, ки дар он маҷмӯан 4388 адад китоб — 2345 дона китоби таълимӣ-тахассусӣ, 1318 китоби методию бадеӣ ва боқӣ 725 адад адабиёти мухталиф маҳфуз буда, дар ихтиёри донишҷӯён қарор доранд. Китобхонаи донишкада аз қироатхона бо 53 ҷойи нишаст ва китобхонаи электронӣ бо 16 адад компютер иборат буда, ба шабакаи интернет пайваст карда шудааст.

Нигористони донишкада ҳамарӯза фаъол буда, дар он корҳои эҷодии омӯзгорону донишҷӯён ба маърази ихлосмандон гузошта мешаванд.

Инчунин, дар донишкада парки технологӣ, устохонаҳои табъу нашри банеру овезаҳо, дӯзандагӣ, кандакорӣ, наққошӣ, кулолгарӣ, ошхонаи донишҷӯён ва бунгоҳи тиббӣ мавҷуд аст.

 

Омӯзгорони соҳибунвон

Дар донишкада 136 нафар омӯзгор фаъолият мекунанд, ки 29 нафари онҳо соҳибунвон мебошанд, аз ҷумла7 нафар профессор ва 22 нафар номзадони илм ва дотсентҳо.

Омӯзгороне, ки дар донишкада ба таълими фанҳои тахассусӣ машғуланд, худ як мактаби мушаххаси рассомиро фаро мегиранд. Дар байни омӯзгорони фанҳои тахассусӣ се нафар Арбоби ҳунари Тоҷикистон, ду нафар Рассоми халқии Тоҷикистон, як нафар Ходими шоистаи санъати Тоҷикистон, панҷ нафар Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон, ҳашт нафар Аълочии фарҳанги Тоҷикистон ва ду нафар Корманди шоистаи Тоҷикистон ба таълиму тарбияи донишҷӯён шуғл меварзанд.

 

Шумораи умумии донишҷӯёни муассиса

Феълан дар донишкада 1463 нафар донишҷӯ (845 нафар духтар — 58%) ба таҳсил фаро гирифта шудаанд, ки 817 нафари онҳо (438 нафар духтар) дар 67 гуруҳи академии шуъбаи рӯзона, 585 нафар (383 нафар духтар — 65%) донишҷӯ дар 32 гуруҳи академии шуъбаи таҳсилоти фосилавӣ (ғоибона) машғули таҳсиланд.

Соли дуюм аст, ки шуъбаи магистратура аз рӯйи 7 ихтисос мутахассисони баландпояро дар зинаи магистратура омода менамояд. Алъон 50 нафар (22 нафар духтар — 44%) дар 8 гуруҳи академӣ — 21 нафар дар курси якум ва 29 нафар дар курси дуюми зинаи магистратура ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Дар донишкада инчунин 7 нафар шаҳрвандони хориҷӣ таҳсил мекунанд, 5 нафар дар шуъбаи рӯзонаи зинаи бакалавриат ва 2 нафар дар зинаи магистратура.

 

Ҳамкориҳои ДДСТДТ бо муассисаҳои олии ватаниву бурунмарзӣ

Бо мақсади рушди соҳаи санъати тасвирӣ ва дизайн, раёсати донишкада дар давраи фаъолияти пурсамари худ аз соли 2013 то инҷониб бо як қатор донишгоҳ ва донишкадаҳои хориҷӣ равобити ҳамкорӣ ташкил намудааст, аз ҷумла:

— Аз соли 2013 узви Ассотсиатсияи донишгоҳҳои Осиё дар заминаи Донишгоҳи давлатии Олтой (Россия);

— Созишномаи дутарафаи ҳамкорӣ оид ба соҳаи маориф ва фарҳанг байни ДДСТДТ ва Академияи бадеӣ — саноатии шаҳри Москва ба номи С. Т. Строганов, Россия, аз соли 2015;

— Созишномаи дутарафаи ҳамкорӣ дар соҳаи санъати тасвирӣ байни ДДСТДТ ва Донишгоҳи ҳунари шаҳри Теҳрон, Ҷумҳурии Исломии Эрон, аз соли 2017;

— Созишномаи дутарафаи ҳамкорӣ дар соҳаи санъати тасвирӣ ва фарҳанг байни ДДСТДТ ва Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Чувашистон, Россия, аз соли 2017;

— Ҳамкорӣ бо Осорхонаи давлатии шаҳри Москва «Дом Бурганова», аз соли 2015.

Бо даъвати Осорхонаи давлатии шаҳри Москва «Дом Бурганова» ҳар сол барои донишҷӯёни эҷодкори муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ симпозиуми байналмилалӣ гузаронида мешавад. Дар ин чорабиниҳои таълимӣ — эҷодӣ соли 2016 донишҷӯйи курси сеюми ихтисоси ҳайкалтарошӣ Худоёрбеков Х. Т., соли 2017 донишҷӯйи курси чоруми ихтисоси ҳайкалтарошӣ Раҷабов Д. ва соли 2018 донишҷӯйи курси чоруми ихтисоси ҳайкалтарошӣ Ҳамроев К. У. ширкат намудаанд.

 

Фаъолияти илмию эҷодӣ дар донишкада

Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон муассисаест, ки дар он донишҷӯён бештар ба эҷоду офаридани асарҳои мусаввирӣ, номгӯйи либосу мӯди нави онҳо ва лоиҳаҳои гуногуни меъморӣ машғуланд. Дар ин самт роҳбарияти донишкада диққати ҷиддӣ медиҳад ва кӯшиш мекунад, ки тамоми шароитро барои таҳсил ва таҷрибаомӯзӣ муҳайё созад. Бо мақсади амалисозии нақшаву лоиҳаҳои омоданамудаи донишҷӯён донишкада устохонаҳои касбии таълимиро дар ихтиёри донишҷӯён гузоштааст ва онҳо пайваста донишҳои назариявии худро дар устохонаҳои мазкур амалан нишон медиҳанд.

Дар донишкада ҷиҳати идомаи таҳсил зинаи магистратура амал мекунад ва ҳадафи асосии он маҳз омода намудани мутахассисони баландпояи санъати тасвирӣ ва дизайн ба шумор меравад.

Раёсати донишкада донишҷӯёнро аз соли аввали таҳсил ба фаъолияти илмию эҷодӣ ҷалб менамояд, то ин ки эҷодкориву пажуҳандагии шогирдон тайи таҳсил ташаккул ёфта, самар диҳад, дар онҳо тавони иштирок дар конференсияҳои донишкадавӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ зуҳур кунад.

 

Иштироки донишҷӯёну омӯзгорон дар намоишҳои дохилии ҷумҳуриявӣ ва хориҷӣ

Соли 2018 устодону донишҷӯёни донишкада ҳудудан 18 намоиши дохили ҷумҳуриявӣ (дохили донишкадавӣ) гузаронидаанд, аз ҷумла намоиши корҳои эҷодӣ бахшида ба 60-солагии фаъолияти илмӣ-эҷодӣ ва педагогии Барим Негматуллоев ба истиқболи “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”, намоиши корҳои эҷодии омӯзгорон дар мавзуи “Аз Наврӯз то Наврӯз”, намоиши корҳои эҷодии омӯзгорону донишҷӯён таҳти унвони “Об сарчашмаи асосии имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон” бахшида ба даҳсолаи байналмилмилалии амал “Об барои рушди устувор 2018-2028”, бахшида ба 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронидани намоиши либосҳои тарроҳони донишкада, намоиши фардии корҳои эҷодии мусаввирон Носирбек Нарзибеков, Хоҷаев Фаррух, Одиназода Бахтиёрва Лайло Қурбонова дар меҳмонхонаи Серенаи шаҳри Душанбе.

Моҳи феврали соли 2018 дар намоиши байналмилалии корҳои эҷодии рассомони варзидаи Аврупо ва ҷаҳон таҳти унвони“АРТ-Женева”, ки дар калонтарин толор — намоишгоҳи ПОЛ — ЭКСПО-и шаҳри Женева баргузор гашт, омӯзгори кафедраи тарҳрезии бадеии либос Муродов И. В. ва мудири кафедраи дизайн ва меъморӣ Наҷмиддинов К. иштирок намуда, асарҳои тозаэҷоднамудаи омӯзгорони донишкадаро манзури бинандагони намоиш намуданд.

Даҳаи сеюми моҳи октябри соли 2018 Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон корҳои эҷодии рассомон — омӯзгоронро дар Рӯзҳои фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар Давлати Қувайт баргузор гардид, муаррифӣ намуд.

Охирҳои моҳи октябри соли гузашта дар давлати Қатар дар маросими кушодашавии Рӯзҳои фарҳангии Тоҷикистон дар Қатар осори эҷоднамудаи омӯзгорон — мусаввирони донишкада низ ба маърази ихлосмандони санъати мусаввирӣ гузошта шуданд.

Ҳамасола ҷиҳати ҷалби довталабон дар шаҳру навоҳии ҷумҳуриамон корҳои тарғиботӣ сурат мегиранд. Дар ин самт донишкада соли 2018 дар як қатор манотиқи кишвар — Суғду Бохтар, Ҳисору Шаҳринав, Турсунзодаву Кӯлоб таҳти шиори “Зебоӣ — наҷотбахши зиндагӣ” намоиши корҳои эҷодии донишҷӯёну устодони донишкадаро гузарониданд.

 

Дастовардҳои устодони донишкада

Моҳи декабри соли 2018 омӯзгори ҷавони кафедраи мусаввирӣ ва ҳайкалтарошӣ Абдурашид Рустамов дар озмуне, ки аз ҷониби Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил шуда буд, дар соҳаи рассомӣ сазовори ҷойи аввал гардида, бо диплом ва ҷоизапулӣ қадрдонӣ карда шуд. Донишҷӯйи курси 2-и факултети дизайн Абдуллоева Оишабону дар озмуни ҷумҳуриявии “Ҷавондухтари ҳунарманди сол”, ки аз ҷониби Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳуқумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил шуда буд, сазовори ҷойи аввал гардид.

 

Хобгоҳи ДДСТДТ

Хобгоҳи донишкада аз як бинои чорошёна иборат буда, соли 2018 аз таъмири куллӣ бароварда шуд. Бинои хобгоҳ барои фарогирии 350 нафар донишҷӯ махсус гардонида шудааст. Нархномаи моҳона барои истиқомат дар хобгоҳи донишкада 70 сомониро ташкил медиҳад. Таҷҳизоти хобгоҳ низ мувофиқ ба талаби замон буда, шароити зисти бошандагони хобгоҳ хеле хуб мебошад. Дар ҳоли ҳозир дар хобгоҳ 136 нафар (52 нафар донишҷӯдухтар) истиқомат доранд.

 

Иттифоқи касабаи донишкада — ҳомии ниёзмандон

Нигоҳи неку дастгирии молиявии ятимону маъюбон аз масоилест, ки ҳамасола аз ҷониби Иттифоқи касабаи донишкада ба таври ҷиддӣ ба роҳ монда мешавад. Аз ҷумла, дар соли 2018 бо мақсади ҷонибдории молиявии донишҷӯёни ятиму маъюб Иттифоқи касабаи донишкада дар ҳаҷми 1300 сомонӣ кӯмакпулӣ расонидааст.

 

Бахши хоҷагидории донишкада

Раёсати Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон ҷиҳати амалисозии сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар корҳои ободониву тармими бинои таълимӣ ва хобгоҳи донишҷӯён пайваста иқдом менамояд. Дар ин самт бахши хоҷагидории донишкада силсилаиқдомотеро мунтазам амалӣ месозад. Соли 2018-ум 562 метри мураббаъ замин кабудизор карда шуда, беш аз 64 бех сӯзанбарг ва 86 адад гулу бутта шинонида шудааст.

 

Хулоса

Аз суҳбат бо ректори Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон Ғанизода Ҷамшед Шуҷоат маълум шуд, ки Паёми навбатии Президенти кишвар ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷараёни фаъолияти донишкада боз як таконе ба миён овардааст. Аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон гардид ва масъулияти аҳли ҳунару эҷодро боз ҳам рӯ ба фаъолиятмандии бештаре овард.

Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон ҷиҳати амалисозии дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намуда, мекӯшад, то ки вазифаи дар назди муассиса қарордоштаро бо сарбаландӣ иҷро намояд ва ба ҷомеаи муосир дар такя бо тақозои бозори меҳнати кунунӣ мутахассисонро тайёр кунад. Ҳар нафаре, ки мехоҳад мутахассиси соҳаи санъати тасвирӣ ва дизайн гашта, дар рушди ҳунарҳои мардумӣ ва ороишӣ саҳмгузор бошад, Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон беҳтарин интихоб хоҳад буд. Рамзи донишкада дар Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон рақами 15 мебошад.

МТЖТ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here