Ҳаҷвия
Мо дар бораи ин мард қисса кунем, шумо инкор накунед, ки аз хондани ин қисса дар ҳайрат намондаед. Боварӣ дорем, баъди мутолиа ҳатман мегӯед: наход табиб ҳамин ранг бошад!
Истед, ки шумо боре ба театр рафтаед? Ё шояд як актёрро дар чанд филм тамошо кардаед? Дидед, ӯ чӣ нақшҳо меофарад, фаҳмотар гӯем, чанд ранг мезанад? Қаҳрамони мо ҳам ба ҳамин қабил образҳо монанд аст: дар маҷлису ҷамъомад як хел, пеши калонҳои шаҳр тамоман дигар тартиб, узр, дар назди занаш дигар хел. (Назди маъшуқааш…, ба гуфти кампирҳо, “худашро мекушад”). Як рӯз ба ду чашми сар дидам, ки гӯшаки телефонро бардошта “лаббай” гуфту дасти рост пеши бар гирифта, ҳот аз ҷой хест. Ва чанд дафъа калла зада, мисли наварӯсон таъзим кард. (Ин шакли хушомадро ман бори якум дидам). Оҳо-о! Дар назди зердастон бошад, оташак, алови ғаппа. Асаби пӯлодӣ даркор, ки ба гуфтораш тоқат кунад. Ҳазорҳо таҳсину офарин ба мо, зердастони ӯ гӯед, ки танбеҳу таҳқирашро “қулт” мекунем. Охир, ночорем: бо маълумоти миёнаи тиббӣ ба кӣ даркор мешавем? Маҷбурӣ мардикорӣ равӣ…
Инак, дар бораи ӯ, аниқан, дар бораи сардори мо.
Рӯзи душанбеи ҳар ҳафта барои кормандон рӯзи вазнинтарин ҳисоб мешавад. (Инро, албатта, ба маънии матали русии “понедельник тяжелый день” нафаҳмед). Дар ин рӯз маҷлиси назди раиси шаҳр барпо мегардад. Худо накарда раис дар бораи сардори мо қади мӯ эрод гирад, тасаввур кунед, он рӯз дар назари ӯ осмон ба замин часпидагӣ барин менамояд. Мо, зердастонаш бошем, қади пашша қадр надорем. Ширинбек Шакарович, ҳамин роҳбари мо, бо қиёфаи гизала, ду лаб тӯрба, чеҳра мисли осмони пурабри тирамоҳ (ба қавли кампири Нусқа “сиёҳу дуд кардагӣ”) ба коргоҳ меояд ва халтаи ғазабашро дар сару рӯйи коргарон чун ҷолаи аввали зимистон чош медиҳад. Ҳама, аз коркуни каммаош, то серкисаҳо даст ба илтиҷои Худо мебардоранд, ки Ширинбек Шакарович “аз боло” гап нашунавад. Ба шумо пӯшида набошад, худи Ширинбек Шакарович соқ нест, табиб бошад ҳам, чунон асабӣ, ки ҳолдонҳо мегӯянд: аз ғазаб чандин шишаи болои мизашро шикастааст.
“- Шеф омад!”- бо хитоб гуфтани тозакоре (бо забони маъмули корхона “санитарка”) ҳама ба ҷунбиш даромаданд. Маълум, ки шефро аз ҳама пеш “санитаркаҳо” мебинанд. Зеро онҳо берун аз утоқҳо дар роҳраву даҳлезу пушти дарҳо ба рӯбучин, ба ифодаи худашон, ба “шакаку молак” машғуланд.
Ширинбек Шакарович биниашро чун гурбаи ҷангара дарун кашида, саломи марди остонаи дари даромадро алейк нагирифта дохили бино шуд. (Ба хонанда рӯшан шавад, ки коргоҳи мо аз чор ошёна иборат буда, “Беморхонаи касалиҳои шуш” ном гирифтааст). Се-чор нафар тозакори долони дарозро машғули кор дида, дӯғ зад:
— Худро назди ман ширин нишон доданиед-ҳа?! Рӯтон сиёҳ, лаъинҳо!
Ва аз аввала дида сахттар дод зад:
— Фарши тозаро чӣ ин қадар мешакед? Рангаш гум мешавад охир! Мехоҳед, ки боз таъмир кунем?! Панҷ сум аз маошатон гардонем, ҷонатон нӯги биниатон меояд.
Аз байни тозакорҳо холаи Руқия, ки собиқаи чилсолаи меҳнатӣ дорад, халтаи ҷуръат дарида, пистаи лаб кушод:
— Ширинбек Шакарович, мо худро ширин карданӣ нестем, ба ҳурмати шумо фаршро пок мекунем, ки пойафзолатон чанг нагирад.
Гапи холаи Руқия, ки кинояомез баён шуд, ба табъи нозуки Ширинбек Шакарович нафорид. Ӯ бо қираи чашм ба холаи Руқия теғ кашид. Нигоҳи сардор аз афташ ба дили хола кора кард, ки то зинаи ошёнаи дуюм баромадани сардор сар боло накард.
Чанд нафар хилъатбатанони ошёнаи дуюм, ки аз “бепатсиентӣ” ба “ҳавои тоза” баромада буданд, аз сумоти Ширинбек Шакарович тарсида, ҳадаҳа вориди утоқҳои корӣ шуданд.
Ширинбек Шакарович дари қабулгоҳашро кушоям накушоям котиба аз курсӣ парида хеста, бо табассуми ҳаррӯза ӯро истиқбол кардан хост. Вале сардор нимнигоҳе накарда даст сӯйи дари утоқи кораш бурду мағрурона гуфт:
— Ҳамагӣ даҳ дақиқа! Ҳама ҳозир шавад. Коркунони хоҷагӣ ҳам. Якта намонда!
Котиба бо ҳукми дав, нафас кашидаю нафас бароварда, ҳамаро “5-дақиқагӣ”-и назди шеф даъват кард.
Хилъатпӯшон думи ба дум вориди утоқи Ширинбек Шакарович шуданд. Ӯ ба ҳозир будани ҳама боварӣ ҳосил карда, бе салому калом даҳон кушод:
— Ман садҳо бор таъкид мекунам, ки одамонро шинохта муомилаю муносибат кунед. Шумо чӣ кор кардед?!- ба ҷонишини бахши табобат Шариф Салимзода чашм андохта,- туро дар назар дорам, каллаварам,-гуфт.
— Ширинбек Шакарович, нафаҳмидам…
— Кай мефаҳмӣ? Дар оғили гов калон шудаӣ?!
— Ширинбек Шакарович, ману шумо як донишкадаро хатм кардаем. Агар он оғили гов бошад…
— Чӣ гуфтан мехоҳӣ?!,- дӯғ зад сардор.
— Гуфтаниам, ки фақат таҷрибаи шумо андак зиёдтар.
— Маҳмаддоноӣ накун. Дар ҷойи ту будагиҳо аз маҳмаддоноӣ бевазифа монданд. Ду нафарашон ҳар саҳар дар истгоҳ дарақ-дарақ ларзида мошин мепоянд, то ба ҷойи корашон ба шаҳри Душанбе раванд. Маошашон дар рафту омад намерасад. Инҷо, дари хона, хуб набуд?
— Ширинбек Шакарович, ман гуноҳамро нафаҳмида истодаам. Агар бошад, бахшиш, ислоҳ кунам,- изҳор кард Шариф Салимзода.
— Гуноҳи ту ҷойи ислоҳу бахшиш надорад,- ба ғазаб омад Ширинбек Шакарович.- Шумо ба зани коркуни мақомоти боло як маълумотнома дода, 60 сомонӣ гирифтед.
— “Шумо” гуфта киро дар назар доред?
— Туро не, мудири шуъбаатро. Ту ҷонишини ман, бояд ин чизро бинӣ, сиёҳу сафедро фаҳмонӣ.
— Ширинбек Шакарович, нархи маълумотномаро худатон муқаррар кардаед…
— Ман муқаррар карда, магар нагуфта будам, ки вақти пулгирӣ эҳтиёт шавед? Аз коркуни мақомоти боло, прокуратура, милиса ва боз чанд ҷои дигар, ки худатон нағз медонед, ҳеҷ гоҳ пул талаб накунед, бигузор, ки ҳатто занҳояшон корафтода бошанд. Бо ин коратон маро дар бало гирифтор кардед. Намедонед, ки шаш моҳ пеш ана ҳамин гуна бефаросатии ҷонишини пеш аз ту чӣ қадар азобам дод. Гӯям, ки чанд ҳазорам парид, бовар намекунед. Дар ин давру замон надода ҷон ба саломат намебарӣ. Надиҳӣ, аз курсӣ мемонӣ…
— Чӣ, шумо аз вазифаатон метарсед?!- овоз андохт яке аз нишастагон.
Ширинбек Шакарович дар чанд соли роҳбариаш бори аввал ин луқмаи таҳдорро мешунид. Ӯ алови чашми ҳамаро гирифтааст. Кас ҳад дорад муқобили ӯ гап занад. Ба эътирофи худаш, “инзайлиҳоро ҳамон замон аз кор пеш мекунад”. Дар панҷ соли роҳбарии ӯ шаш ҷонишин иваз шуд.
Ширинбек Шакарович ба ҳозирин чашм давонда, соҳиби овозро дид. Ӯ мудири хоҷагӣ Тешабой буд, ки аз ишғоли “мансабаш” се моҳ пур мешуд. Ҳарчанд ӯ аз сардори мо, яъне аз Ширинбек Шакарович, даҳ-дувоздаҳ курта зиёдтар дарондааст, бо оҳанги тамасхур “Теша Табарович” гуфта, муроҷиат мекард.
— Забони дароз доштиву хап-хап мегардӣ-ҳа Теша Табарович?!- санг зад сардор.
— Рафиқ сардор,- Тешабой калимаи “сардор”-ро бо оҳанги писханд баён кард:- Туро нодуруст Ширинбек ном кардаанд. Дар гуфтору рафторат ягон чизи ширин нест. Шакар ном доштани бобоят ба худаш мувофиқ буд. Падарат ҳам каллаю кандаи падараш буд: мулоим, батамкин, бофаросат. Ту бошӣ… Дар се моҳи ин ҷо буданам мебинам, ки ба ягон кас рӯйи хуш надорӣ. Хаёлам, аз пушти ҳамон падар нестӣ…
Ширинбек Шакарович ҳангу даранг монд. Ӯ ду қошро болою поён карда, дар курсиаш нороҳат шуд. Шояд худро сарзаниш мекард, ки чаро ба маҷлис коркунони хоҷагиро даъват кард, ё шояд дар андеша буд, ки “ин сакалтуро чаро ба кор гирифт”. Лекин ба хонандаи арҷманд гӯям, ки нагирифта ҳам наметавонист. Ширинбек Шакарович Тешабойро бо хоҳиши амакаш мудири хоҷагӣ таъйин кард. Агар гапи ӯро не мегуфт, амак якумр аз ӯ норозӣ мешуд. Чунки аз хеши падарии сардори мо фақат ҳамин як амакаш мондааст. Тешабой ҳамсабақи амаки Ширинбек Шакарович будаасту вақти донишҷӯӣ дар техникуми савдо ба ӯ бедареғ кӯмак мекардааст.
— Хайр, хайр, давом те. Боз чӣ?,- ин лаҳзаҳо фишори Ширинбек Шакарович баланд шуда истода бошад ҳам, ба Тешабой дида дӯхта, ғазаболуд “давомаш чӣ?!” гӯён ғуррид. Аз садои ӯ чанд кас нимхез шуд, дар назари ман тирезаҳои утоқ ларзиданд.
— Давомаш ҳамин ки,- бо ҷуръат давом дод Тешабой,- бо дағалиат мутахассисони хубро аз даст медиҳӣ. Мебинам, ки ҳамаи ин хилъатсафедон,- ба нишастаҳо ишора карда,- аз ту мекеванд, ба ту эҳтиром надоранд. Ту, ба фикрам, дар умрат ягон китоби бадеӣ нахондаӣ! Абӯалӣ Синоро намедонӣ, ба қасами худат содиқ нестӣ. Охир, табиб бояд дағалӣ накунад, дасту дилу забони пок дошта бошад. Ту, рафиқ Ши-рин-бек… Ша-ка-ро-вич, нодуруст духтуриро ихтиёр кардаӣ. Бояд милиса мешудӣ, сардори ягон маҳбасхона.
Аҳли нишаст, аз ҷумла мани сарсахт, ки аз вазифаи мудири ташхисгоҳ озод накунанд гуфта, умре сӯи сардор овоз баланд накардаам, гӯё ҳамин гапҳоро интизор бошем, ба якдигар бо чашми ҳайрат ва ҳам ризоят менигаристем. Ширинбек Шакарович карахт шуда, ду ҷониби мизи кориашро маҳкам қапида меистод. Хаёл мекардӣ, ҳозир ё лаҳзаи дигар мизро чаппа мекунад. Ғазаб аз гулӯяш дошта буд. Ӯ гардан ёзонда, калла зада, ду чашм сӯи мудири хоҷагӣ сих карда, дандонҳояшро ғиҷиррос мезанонд. Тавба, шахси асабӣ ҳамин гуна мешудааст. Бечора, бе ин ҳам фишорбаландӣ дорад. Дастҳоро аз курсӣ раҳо дода, аз афташ, барои ором кардани асабҳо бастаи калидҳоро аз ҷевони миз бароварда, кафи дасти рост мушт карда-мушт карда сар медод.
Гапҳои мудири хоҷагӣ табъи дили аҳли нишаст буд. Ӯ чашмашро аз Ширинбек Шакарович наканда, хулоса кард:
— Ана ҳамин хел рафиқ сардор.
— Ана ҳамин хелаш чӣ?,- гӯё аз бехудӣ ба худ омада бошад, дӯғ зад Ширинбек Шакарович.
— Ҳамин хелаш ҳамин ки, ту фақат ғами худатро мехӯрӣ, дар фикри вазифаи худат ҳастӣ. Аз боло ҳа гӯянд, лаббай мегӯию борони ғазабатро ба рӯйи зердастон мерезӣ. Чанд бор мушоҳида кардам, вақте аз боло занг зананд, аз ҷо хеста даст пеши бар гирифта, “хуб шудааст, хуб шудааст” мегӯӣ. Метарсӣ, ки аз вазифа нагиранд. Не, ту набераи ҳамон бобо нестӣ. Ӯ дар ҳақиқат шакар буд.
— Бас! Бас!,- гапи мудири хоҷагиро бурида, бо тамоми овоз ҳаррос зад сардор ва мушт болои миз кӯфт. Аз шиддати зарби ғазаболуд шишаи болои миз лахт-лахт шуд. Дидем, ки аз дасти рости ӯ хун таровид. Аз нишастагон касе ба “ёрии авалини тиббӣ” нашитофт. Ширинбек Шакарович паи ҳам ғалладонҳои мизро тарақ-туруқ кашида мепӯшид. Аз афташ пахта, спирт ё йод мекофт, ки ҳиҷ намеёфт. Хун ба рӯи шишаи шикаста таровида, ба шими оҳарии Ширинбек Шакарович мечакид. Ӯ бо тамоми ғазаб садо дардод: “Дафъ шавед, лаънатиҳо!”…
Маҷлис бе эълони муқаррарӣ титу пит шуд.
Ҷӯрабек МУЪМИН