Мардуми тоҷик тӯли ҳазорсолаҳо зебоиҳо офарида, ба ороиши сарулибос, ба монанди куртаи чакан, тоқӣ, салла ва ҷиҳози арусӣ, пардаболишт, рӯймол, чодар ва ғайра машғул буданд. Дар Тоҷикистон гулдӯзӣ аввал авлодӣ буд.

Ҳангоми гузаронидани ҳафриёт бостоншиносон аз мазори Чилтани ноҳияи Фархор маснуоти зиёде ёфтанд, ки таърихи 4200-сола доранд. Аз мазори қабристони Иттифоқи ҳамин ноҳия як порчаи сӯфи карбоси гулдӯзӣ ёфт шуд, ки он аз таърихи 1800-сола гувоҳӣ медиҳад. Ин гулдӯзӣ то ҳол сифати нақшу нигори пештараашро нигоҳ дошта, дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон ба намоиш гузошта шудааст.

Ҳамаи ин бозёфтҳо гувоҳӣ медиҳанд, ки дар ҳақиқат мардуми тоҷик мардуми ҳунарманд, меҳнатдӯсту зебоипараст буданд, ки нозукиҳои ин ҳунарҳои ниёгонро давом дода, айни замон нусхаҳои зебову навро эҷод намуда истодаанд.

Гулдӯзӣ аз навъҳои санъат ва ҳунари миллии ороишиву амалии халқист, ки дастӣ (бо сӯзан ё чангакҳои махсус), ба воситаи мошинаи махсуси гулдӯзӣ дар рӯи матоҳои гуногун, пӯсти ҳайвонот бо ресмони пахтагӣ, абрешимӣ, пашмӣ, нахҳои зарҳалин, нуқрагӣ, инчунин бо марҷону сангҳои қиматбаҳо, пулакчаҳои рахшон, марворид гулдӯзӣ карда мешвад. Асбобҳое, ки бо он гулдӯзӣ карда мешавад: сӯзан, чангак, ангуштпона, қайчӣ мебошанд. Ин ҳунар аз чевар сабру тоқат, ҳунару истеъдод, маҳоратро талаб мекунад. Барои ҳамин, ҳар шахс аз уҳдаи ин ҳунари воло баромада наметавонад. Дар матои якранг ҷилваи олами гулҳои шукуфон, растанӣ ва табиати зебои диёр, обҳои мусаффо, куҳҳо ва ҳайвоноту парандагон тасвир ёфта, чевар бо воситаи риштаҳои ранга ва зарҳалин гӯё ба табиат ҷон мебахшад.

Аввалин нақшаи чаканро дар рӯйи замин, баъдан дар рӯи санг ва баъдтар дар рӯи матоъ, пӯсти ҳайвонот тасвир намудаанд. Зебоӣ ва нафосати нақшу нигор ба дӯхти рангҳо вобастагӣ дорад ва ороиши гулдӯзӣ ба маҳал, минтақаҳо вобастагӣ дорад. Махсусан, нақшу нигори куртаҳои чакани занони Кӯлоб бо моҳу ситора тасвир ёфта, гулдӯзӣ шудааст. Гулдӯзӣ бо гулҳои шукуфон — ин чакани замонавиаст. Дар дӯхти чакан аввалан нақши он, баъдан рангҳои ресмонҳое, ки ба он кашидадӯзӣ мекунанд, мавқеи асосиро ишғол мекунанд.

Бо пешрафти техникаву технологияи муосир корхонаҳои ресандагӣ ресмонҳои босифат истеҳсол мекунанд, ки ҳам рангашон намеравад ва ҳам андозаи ғафсӣ ва борикии ресмон як хел аст. Чи қадаре, ки рангубори ришта босифат бошад, гулдӯзӣ ҳамон қадар зебову шинам ба назар мерасад. Ресмонҳое, ки чеварони солҳои 60-70-ум аз пилла, канаб, пахта тайёр мекарданд, заҳмати зиёдро талаб мекард ва сифати хуб надоштанд. Ҳангоми шустан дар об ранги риштаҳо ба якдигар омехта мешуд ё бо таври дигар ранг мезаданд, ки гулдӯзӣ сифаташро гум мекард.

Соли 2014 номинатсияи «Чакан» ба ЮНЕСКО пешниҳод гардида, аз сабаби нокифоя будани маълумотҳо ин пешниҳод қабул нагардид. Хушбахтона, дар таърихи 29-уми ноябр бо иштироки 800 нафар шахсиятҳо аз 120 мамлакати дунё дар ҷаласаи 13-ум, ки дар Ҷумҳурии Маврикий баргузор гардид, номинатсияи «Санъати гулдӯзии чакан дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» пешниҳод шуд, овози зиёд гирифт ва расман дар феҳристи репрезентативии мероси фарҳангии ғайримоддии ЮНЕСКО сабти ном гардид, ки ин ба «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» рост омад.

Фарҳангшиносони миллати мо тавонистанд фарҳанги ноби тоҷик, яъне намунаи гулдӯзии чаканро дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ намоянд. Бояд ба ҷавонон моҳияти ин ҳунарро фаҳмонем. Тарроҳони тоҷик дар намоишу озмунҳои ҷаҳонӣ оид ба навъҳои мӯд иштирок намуда, навъҳои нави чакани тоҷикиро ба намоиш гузошта, сазовори ҷоизаҳо гардиданд. Эълон гардидани соли 2018 «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои мардуми ҳунарманд як дастовези муҳиму деринтизор буд. Ҳар як ҳунарманд кӯшиш намуд, ки ин солро бо диди нав, тарҳҳои нав, ихтирооти нав сипарӣ намуда, барои эҳё намудани ҳунарҳои аз байн рафта саҳм гузошта, нозукиҳои ин касбро омӯзонанд. Ташаббуси Пешвои миллат дар ҳаёти мардуми ҳунарманд як таконе дод, сатҳи зиндагии мардум беҳ гардида, мардум соҳиби ҷойи кор шуданд. Корхонаҳои ҳунармандӣ, мактабҳои ҳунармандӣ, литсейҳои касбӣ боис гардиданд, ки ҳунарҳои мардумӣ рушд ёбад. Сайёҳоне, ки ба кишвари мо меҳмон мешуданд, аз ҳунарҳои дастии мардуми мо ҳамчун армуғон харидорӣ намуда, бо ҳунарҳои мардумии мо шинос мегардиданд.

Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёмашон қайд карда буданд, «… барои расидан ба ҳадафҳои пешбинишуда як сол басанда нест». Аз ин рӯ, барои идомаи амалигардонии ҳадафҳои дарпешбуда ва бо назардошти зарурияти инкишофи инфрасохторидеҳот, пешниҳод карданд, ки солҳои 2019-2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон карда шавад. Ҳадафи асосии пешниҳоди мазкур ба хотири боз ҳам обод кардани Тоҷикистон мебошад.

Дар назди мо — омӯзгорон вазифаи басо муҳим истодааст, ки баҳри пешрафту тамаддуни бузурги ватан саҳмгузор бошем. Бояд хонандагонро аз анъанаҳои ҳунармандии халқи тоҷик — гулдӯзӣ, зардӯзӣ, ҷомадӯзӣ, шерозбофӣ, кулолгарӣ, наққошӣ ва ғайра бархӯрдор гардонем.

Зулфия ШАРБАТОВА,

омӯзгори МТМУ 99и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here