Таърихи дину ойинҳои миллӣ бо бовардоштҳое оғоз шудаанд, ки аз воқеиятҳои заминӣ маншаъ гирифтаанд. Мардуми мо дар қадим ба зиндагӣ ва арзиши он эҳтиром қоил будааст. Дар дин ва ойинҳои бостонии миллӣ ба инсон, зиндагии инсонӣ ва арзишҳои дунёӣ арҷ гузошта мешавад. Ба манзури шинохти бештар аз бовардоштҳо ва ойинҳои қадимаи миллӣ сайре иҷмолӣ дар эътиқодоти миллӣ мекунем.

Муҳақкиқи меҳанпарасти эронӣ устод Манучеҳри Ҷамолӣ таъкид мекунад, ки нахустин занхудо ва модархудои фарҳанги иронӣ Симурғ аст. Муҳимтар аз ҳама, фарҳанги миллӣ устувор бар ормонҳоест, ки дар ойини симурғӣ пайдоиш ва парварда шудааст ва бе шинохти ин давраи модарӣ дар фарҳанги миллӣ наметавон фарҳангу таъриху тафаккуроти сиёсии мардумиро дарёфт. Бе шинохти ин давраи модарӣ мо решаи фарҳанги худро қатъ мекунем. Гузашта аз ин, шаҳриёри устурӣ ва ниматаърихии мо Ҷамшед пайванди танготанг бо ҳамин занхудо ва модархудо дорад. Ҷашни Наврӯз, ки дар «Шоҳнома» ҷашни хосту хиради Ҷамшедӣ бар ҳама масоилу тангноҳои иҷтимоию сиёсию иқтисодӣ будааст, бо дарки ин пайванди Симурғ бо Ҷамшед мумкин мегардад (ниг.: Ҷамолӣ Манучеҳр. Наврӯзи Ҷамшедӣ. Ландан: Интишороти Курмалӣ, 1996. — с.6 — 7).

Тавре ки таъкид доштем, Симурғ бо бостонитарин ойини миллӣ — Меҳрпарастӣ пайванд аст. Меҳр яке аз куҳантарин худоёни ориёӣ аст, ки бо зуҳури Зардушт мисли бархе дигар худоёни пешин ба фариштае (фариштаи фурӯғу рӯшноӣ) табдил шуд. Дар «Авасто» баландтарин Яшт пас аз Фарвардиняшт ба номи Меҳр ихтисос ёфтааст. Меҳряшт ба хубӣ ёдовари аҳди ориёӣ аст, ки ислоҳоти зардуштӣ дар он дида мешавад (ниг.: Пурдовуд. Яштҳо. Ҷилди 1. — Теҳрон: Интишороти Донишгоҳи Теҳрон, 1356. — с.359 — 401). Симурғ ба масобаи Худои меҳрофар, меҳровар ва меҳрпарвар дар асотири куҳани миллӣ таҷҷасум меёбад (ниг.: Муҳаммад Маҳдӣ, Муаззини Ҷомӣ. Адаби паҳлавонӣ. — Теҳрон,  1379. — с.33). Рисолати Симурғ ҳамчун бонухудо дар меҳроварӣ ба ҳама, новобаста аз маслаку мазҳаб зоҳир мегардад (ниг.: Ҷамолӣ  М.  Шоҳнома ва мо. Дафтари нахуст. Лондон. Бидуни соли нашр. — с.71). Симурғ нигаҳбони зиндагии инсонист (ниг.: Ҷамолӣ М. Ба сӯйи  ҳукумати фарҳангӣ. Лондон, 1995. — с. 31) ва дар ҳама ҳолат дастгирӣ ва  ёварии башариятро ба уҳда дорад. Дар ҳикмати Симурғӣ асл меҳр аст ва беҳтарин пайванд пайванди меҳрҳост, на пайвандҳои идеалогию динӣ. Ин ҳикмат ба инсон ҳушдор медиҳад, ки барои ҳаққи зистан дар ин дунё пайкор кунад, на ба ҷиҳоди диниву идеологӣ биравад. Ҳикмати форсӣ -тоҷикӣ (Симурғӣ) қадимияти арзишҳову идеалҳоро дар нисбати дину идеология нишон медиҳад, ки бунёди ҳукумати дунявӣ, маданӣ ва қонунист. Дар ин ҷо ҳар як инсон ба таври мусовӣ ҳуқуқи зистанро дорад ва ҷангу ҷадал танҳо ба хотири ҳифзи зиндгонии инсоният ҳаққоният дошта метавонад. Симурғ бо тобишу ҷилваҳои гуногун дар  фарҳангҳои юнонӣ, румӣ, исломӣ, масеҳӣ, яҳудӣ ва амсоли онҳо падид  омада, минбаъд бар асари бархӯрдҳои тунду хашини мафкуравӣ аз маснади Модархудоӣ ба образи муқаррарии мифологӣ табдил меёбад.

Бояд таъкид кард, ки Симурғи матнҳои зардуштӣ ва форсӣ тафовутҳои андаке бо ҳам доранд. Ин тафовутҳо гоҳ ба асли вуҷуд ва гоҳе ба авсофи ин паранда бармегардад. Симурғ дар «Шоҳнома» дар достонҳои Зол, зодани Рустам, Ҳафт хони Исфандиёр ва набарди Рустаму Исфандиёр зоҳир мешавад. Ин парандаи хонадони Систон чеҳрае ойинӣ ва пазируфта дорад, аммо дар Ҳафт хон симои аҳриманӣ меёбад. Ба ҳамин далел ба дасти Исфандиёре, ки мубаллиғи боварҳои зардуштӣ аст, кушта мешавад. Муҳаққиқи маъруфи эронӣ Муҳаммад Мухторӣ бар ин бовар аст, ки зардуштия ҷодуро намеписандидааст ва Симурғ бо ҷоду ва ойини ҷодуйӣ омезиш ёфтааст, аз ин лиҳоз, ба боварҳои ойини зардуштӣ мухолифат доштааст (ниг.: Мухторӣ Муҳаммад. Устураи Зол. — Теҳрон: Огаҳ, чопи аввал, 1368. — с.177-180). «Шоҳнома» афзун бар ишора ба чеҳраи Аҳримании Симурғ, дар хусуси нишонии ошёнаи ин паранда бо «Авасто» тафовут дорад. Симурғ дар «Авасто» бар дарахти Виспубиш ва дар «Шоҳнома» бар куҳи Албурз ошён дорад.

Ойини меҳрпарастӣ, ки аз тавонмандиҳои фикрӣ ва ойинии мардуми форсу тоҷик дарак медиҳад, дар фарҳанги ойинӣ тавъам бо фарҳанги Симурғӣ аст. Ҳарчанд ки дар бораи зиндагии Меҳр ҳеҷ санади дурусте дар даст нест, пажуҳишгарон осори ӯро дар нигораю катибаҳои қадима бозшиносӣ кардаанд. Бад-ин тартиб метавон бо канори ҳам мондани он чи дар ковишҳои бостоншиносон ба даст омада, зиндагии ӯро бозшиносӣ кард ва мароҳилеро нишон дод, аз ҷумла: зоиш, саворӣ, шикор, тир андохтан ба сахра ва равон кардани оби зиндагӣ аз он, гирифтани гов ва қурбонӣ кардани он ва боло рафтан ба осмон баъд аз зиндагии инҷаҳонӣ (ниг.: Муқаддам, Муҳаммад. Ҷустор дар бораи Меҳр ва Ноҳид. — Теҳрон, 1380. – с.98).

Дар «Шоҳнома» — и Фирдавсӣ ойини Меҳр бо подшоҳии Фаридун оғоз мегардад:

Парастидани Меҳргон дини ӯст,

Таносоиву хӯрдан ойини ӯст.

Агар ёдгор аст аз ӯ моҳи меҳр,

Бикӯшу ба ранҷ еҷ манмой чеҳр.

(ниг.:Фирдавсӣ, Абулқосим. Шоҳнома. Ба кӯшиши Саид Ҳамидиён. Ҷилди 1.- Теҳрон: Қатра, чопи шашум, 1382. с.89)

Дар нигораҳо ва пайкараҳое, ки аз Меҳр боқӣ мондаанд, чанд унсур такрор мешаванд, аз он ҷумла: уқоб, хуршед, гули нилуфар, садаф, об ва куҳ (ниг.: Сидиқӣ, Алиризо. Ошёнаи Симурғ аз дарахти Виспубиш то  куҳи Албурз. Маҷаллаи Донишкадаи адабиёт ва улуми инсонии Машҳад (илмӣ-пажуҳишӣ). Шумораи 158 — пойизи 1386. — с.92).

Дини зардуштӣ, ки баъдан ба арсаи тамаддуни миллӣ ворид гардида, бовардоштҳои пешинро як навъ ҷамъбаст кардааст, дар рушди зиндагии ойинии мардумони дигар саҳми муносиб гузоштааст. Такяи Зардушт ва ойини зардуштӣ ба се асли ҳувиятӣ — андешаи нек, гуфтори нек ва кирдори нек боиси матраҳ гардидани шахсияти паёмбар ва мутадовил гардидани он дар ақсои олам гардид. Зардушт ба озодии андеша такя  карда, таълимоти хешро бар мабнои ростӣ ва озодии андеша дуруст намудааст. Ба таври озодона ва мустақилона пазируфтани ақида (манзур дин ва эътиқодот аст) дар сархатти таълимоти зардуштӣ қарор доштааст. Озмудан ва пасон пазируфтани андешаю ақида замонати пойдорӣ ва бузургии ин дини миллӣ мебошад. Дар «Ясна» ҳоти 48, банди 4-и китоби   «Авасто» омадааст: «Он кас, ки нек меандешад ё бад, бегумон дину  гуфтору кирдори худро низ чунин хоҳад кард ва хоҳиши ӯ пайрави  гузиниши озодонаи вай хоҳад буд» (ниг.: Авасто. Гузориш ва пажуҳиши   Ҷалиди Дӯстхоҳ — Душанбе, 2001. — с. 88). Ҳамин тариқ, дар доираи таълимоти зардуштӣ инсон дар қабули дину диёнат ва фарҳангу  идеалогияҳои мухталиф озод аст ва аз тариқи озмоиш ва имконоти фикрии худ ба ин ё он дин боварманд мешавад. Дар «Ясна», хоти 31,  банди 11қайд шудааст: «Эй Маздо! Он гоҳ ки ту дар оғоз тану дини маро  биофаридӣ ва аз маниши хеш моро хирад бахшидӣ, он гоҳ ки ҷони    моро нерӯи корварзӣ ва гуфтори раҳнамо арзонӣ доштӣ, аз мо хостӣ, ки хар кас бовари хешро бо озодкомӣ бипазирад» (ниг.: Авасто. Гузориш  ва пажуҳиши Ҷалиди Дӯстхоҳ — Душанбе, 2001. — с. 66).

Масъалаи обод кардани ҷаҳон ва сохтани ҷаҳоне нав (ҷаҳони ҷадиди сиёсӣ ва фарҳангӣ, ки бар мабнои маниши нек ва донишу хирад сохта мешавад) дар ойини миллӣ ҷойгоҳи вижа дорад. Бар илова, ойинмадории миллӣ бар пояи инсонсолорӣ, рӯшангароӣ, созандагӣ ва воқеиъгароӣ созмон ёфтааст. Дар Ясна, ҳоти 48, банди 5 чунин нукта    таъкид мегардад: «Бояд барои ободонии ҷаҳон кӯшид ва онро ба  дурустӣ нигаҳбонӣ кард ва ба сӯи рӯшноӣ бурд» (ниг.: Авасто. Гузориш  ва пажуҳиши Ҷалиди Дустхоҳ. — Душанбе, 2001. — с . 88). Афзун бар ин, Ясна, ҳоти 50, бандхои 2-3 бар он ишора мекунанд, ки ҳар кӣ ҷаҳонро  ободон мекунад, дар саройи фарзонагон ҷой хоҳад гирифт. Зардушт минҳайси паёмбари ростини ахлоқи башарӣ ормони хешро дар сохтани ҷаҳоне нав талаққӣ кардааст ва ҳар киро, ки дар амалӣ кардани ормони мазкур пофишорӣ менамояд, меситояд (таваҷҷуҳ шавад ба: Авесто. Ясна,  хоти 46, банди 19).

Омӯзишу пайгирии ҷиддии бовардоштҳо ва ойинҳои миллӣ дар шароити имрӯзӣ минҳайси гузина ва ё алтернативаҳои мустаҳками фикрӣ, идеологӣ, иҷтимоӣ ва маданӣ дар баробари таҳоҷумоти сиёсию ақидатии бегона хидмат мекунанд. Воқеиятҳои муосири сиёсӣ, ки бар асоси бархӯрдҳои тамаддунӣ шакл мегиранд, аз меросбарон ва мафкурасозони миллӣ тақозо менамоянд, ки сари шинохт ва бозшинохти арзишҳои бумӣ ҷиддӣ андеша кунанд. Аз ҷониби дигар, таҳоҷуми фарҳангҳои бегона, ки асли бадавӣ ва хурофӣ доранд, бофтҳои иҷтимоиро заиф сохта, бунбасти фикрию ақидатиро сабаб мегарданд. Аз ин рӯ, барои ба ҳошия рондани мафкураҳои таҳоҷумӣ ва аз майдони муборизоти идеологӣ бадар сохтани онҳо зарур аст, ки ба ганҷинаи фарҳанги бостонии миллӣ руҷуъ намуда, бар мабнои ҷаҳоншиносии миллӣ насли наврас ва ҷавони тоҷикро дар руҳияи миллӣ ва эҳтиром ба арзишҳои бостонии ҳувиятӣ тарбия кунем.

Мусаллам аст, ки миллати тоҷик дар қолаби бовару эътиқодоти ибтидоӣ ҳам бо арзишҳои инсонӣ ва зиндагисоз ба арсаи тамаддун по гузошт. Мо, ки дар пайи сохтмони давлати миллӣ гомҳои устувор бармедорем, таҷрибаи кофии давлатмадорӣ ва ҳувиятсозӣ дорем. Аммо дар ин самт монеаҳои зиёди идеологӣ ва сиёсӣ пешорӯ қарор доранд. Аз ин рӯ, мубориза бо тафаккури баста ва муътақидоти консервативӣ, ки ба рушди демократия ва озодандешии миллӣ садама мезананд, рисолати сиёсӣ, идеологӣ, фикрӣ ва мадании ҳар як фарди миллат аст.

Н.Нуров, устоди ДДФСТ ба номи М.Турсунзода

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here