Гузориши навбатии мо аз муассисаҳои олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон, яъне аз донишкадае пешкаш мегардад, ки дар соли 2018 дар ҷадвали рейтинги муассисаҳои олии касбии Тоҷикистон байни донишкадаҳо ҷои дуюмро ишғол намуда буд. Донишкадаи мазкур аз маъруфтарин муассисаҳои олии касбии кишвар ба ҳисоб рафта, на танҳо дар Тоҷикистон, балки берун аз он низ машҳур аст.
Нахуст бояд инро қайд кард, ки Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода дар тайёр кардани мутахассисони забондон саҳми арзанда дорад. Ин макони илму маърифат дар партави дастуру супоришҳо ва сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаъолият менамояд.
Донишкада 29-уми майи соли 1979 ҳамчун Донишкадаи давлатии омӯзгории забон ва адабиёти руси Тоҷикистон таъсис ёфта, баъдан санаи 6-уми августи соли 1992 ба Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ва 29-уми апрели соли 2009 ба Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода табдил дода шуд. Боиси зикри хос аст, ки соли равон аз таъсиси донишкадаи мазкур 40 сол сипарӣ мешавад.
Дар ин даргоҳи муқаддас 233 нафар омӯзгори баландихтисос фаъолият мекунанд, ки аз ин 167 нафар корманди асосӣ (71%) ва 68 нафар ғайриштатӣ (22,0%) мебошанд. Аз ин теъдод 67 нафар дараҷа ва унвони илмӣ (41,0%) доранд, ки аз онҳо 8 нафар (12,0%) доктори илм, профессор, 47 нафар номзади илм, дотсент (70,0%) ва 12 нафар номзади илм, беунвон (18%) мебошанд.
Айни замон ректори донишкада доктори илмҳои педагогӣ, профессор Маҳмадулло Раҷабзода ҳамчун роҳбари таҷрибадору бунёдкор ва навҷӯ фаъолияти пурсамар ва пурвусъат дорад. Маҳз дар замони роҳбарии М. Раҷабзода намои ин боргоҳи илм куллан дигар шуда, бо таҷҳизоти замонавӣ таъмин гардида, муҳассилин аз пайи омӯхтани забонҳои хориҷӣ ҳастанд.
Факултетҳо
Дар донишкада 4 факултет: забонҳои романӣ-германӣ, забонҳои Шарқ, филологияи рус, филологияи тоҷик, шуъбаи таҳсилоти фосилавӣ ва 10 кафедра амал мекунад. Донишкада таълимро аз рӯи 11 забон (русӣ, англисӣ, олмонӣ, фаронсавӣ, чинӣ, куриёӣ, ҷопонӣ, арабӣ, ҳиндӣ, форсӣ ва забони тоҷикӣ барои хориҷиён) ба роҳ мондааст, ки дар кишвар собиқа надорад. Ҳоло дар 4 факултети донишкада 3969 нафар донишҷӯ ба таҳсил фаро гирифта шуда, аз ин шумора 1122 нафар дар гуруҳҳои буҷавӣ ва 2847 нафар дар гуруҳҳои шартномавӣ таҳсил менамоянд.
Ихтисосҳо
Дар Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода донишҷӯён аз рӯйи 27 ихтисоси зерин таҳсил намуда, омӯзиши ихтисосҳо бо истифодаи васеи воситаҳои техникӣ ва технологияҳои муосир ба роҳ монда шудааст:
1-020302 Забон ва адабиёти рус;
1-020304 Забон ва адабиёти рус дар мактабҳои миллӣ;
1-020301 Забон ва адабиёти тоҷик;
1-210601 — 010601 Забон ва адабиёти хориҷӣ-арабӣ-англисӣ;
1-210504 Забон ва адабиёти хориҷӣ-форсӣ-англисӣ;
1-020307-03 Забони англисӣ. Технология (хизматрасонӣ);
1-210601-0202 Забонҳои муосири хориҷӣ (тарҷумаи бадеӣ);
1-020307 Забони олмонӣ. Минтақашиносӣ;
1-020307 Забони фаронсавӣ. Минтақашиносӣ;
1-020307-02 Забони хитоӣ. Информатика;
1-210502-08 Забони хориҷӣ (забони англисӣ);
1-210601-02 Забонҳои муосири хориҷӣ (тарҷума, забони англисӣ);
1-210601-02 Забонҳои муосири хориҷӣ (тарҷума, забони куриёӣ);
1-210601-02 Забонҳои муосири хориҷӣ (тарҷума, забони ҷопонӣ);
1-210601-02 Забонҳои муосири хориҷӣ (тарҷума, забони русӣ);
1-210601-02 Забонҳои муосири хориҷӣ (тарҷума, забони хитоӣ);
1-230103 Забону кишваршиносӣ (ҳиндӣ-англисӣ);
1-210501-03 Забоншиносӣ ва технологияи нави иттилоотӣ;
1-260204 Ҳуҷҷатшиносӣ ва таъмини иттилоотии идора;
1-010202-05 Таҳсилоти ибтидоӣ. Забони англисӣ;
1-010202-05 Таҳсилоти ибтидоӣ. Забони русӣ;
1-010102-03 Таҳсилоти томактабӣ. Забони русӣ;
1-010102-03 Таҳсилоти томактабӣ. Забони хориҷӣ (Забони англисӣ);
1-210601-0110 Таълими компютерии забонҳо;
1-230102-04 Таъминоти забонии робитаҳои байнифарҳангӣ (муносибатҳои сиёсии берунӣ);
1-230102-02 Таъминоти забонии робитаҳои байнифарҳангӣ (сайёҳии байналмилалӣ);
1-230102-01 Таъминоти забонии фаъолияти ҳуқуқ-англисӣ-русӣ.
Бояд қайд кард, ки ҳамаи ихтисосҳои номбурда ба талаботи бозори меҳнат ҷавобгӯ буда, дар замони рушди илму техника ва тараққиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хатмкунандагон имконият медиҳанд, ки соҳиби ҷойҳои кории муносиб гардида, ҳатто дар хориҷ аз кишвар кору фаъолият намоянд. Аз ин ҷост, ки сол то сол теъдоди довталабон барои дохил шудан ба муассиса зиёд шуда истодааст. Ду соли охир тавассути Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон донишкадаи мазкур аввалин шуда, нақшаи қабули довталабонро иҷро намуд, ки ин далели гуфтаҳои болост.
Таҳсилоти фосилавӣ
Бояд тазаккур дод, ки дар шароити имрӯз раванди таълиму тадрисро бе истифодаи васеи воситаҳои техникӣ ва технологияҳои муосир тасаввур кардан ғайриимкон аст. Технологияи муосир махсусан барои забономӯзӣ омили ёрирасони хуб ба ҳисоб меравад. Ба ин хотир, дар донишкада соли дуюм аст, ки бо истифодаи васеи воситаҳои техникӣ ва технологияҳои муосир низоми таҳсилоти фосилавӣ ҷорӣ гардида, натиҷаҳои дилхоҳ ба даст меоянд. Аз рӯйи низоми мазкур айни ҳол 368 нафар донишҷӯ ба таҳсил фаро гирифта шуда, ҷараёни таълим бо маводи таълимию методӣ ва воситаҳои таълими фосилавӣ таъмин мебошад.
Шуъбаи омодакунии кадрҳои илмӣ ва илмӣ-педагогӣ
Дар донишкада шуъбаи мазкур аз рӯйи 5 ихтисос: забони чинӣ — тарҷумон; забон ва адабиёти рус дар мактабҳои миллӣ — омӯзгор; забони олмонӣ — омӯзгор; забони англисӣ — омӯзгор; забон ва адабиёти тоҷик (омӯзгор) фаъолият менамояд ва онҳое, ки пас аз хатми донишкада ҷодаи илмро мепазиранд, метавонанд аз хидмати шуъбаи омодакунии кадрҳои илмӣ ва илмӣ-педагогии он ба таври васеъ истифода баранд.
Дар давоми сол магистрантон дар асоси барномаҳои таълимӣ дар назди кафедраҳо ба таҷрибаомӯзии илмӣ-таҳқиқотӣ фаро гирифта мешаванд. Бояд ёдовар шуд, ки дар соли таҳсили 2018-2019 ба зинаи магистратура 34 нафар магистр дохил шуданд.
Докторантура аз рӯи ихтисоси PhD дар донишкада аз рӯи панҷ ихтисос амал мекунад:
6D011300 Забоншиносӣ;
6D020500 Забон ва адабиёти тоҷик;
6D011700 Назария ва методикаи забон ва адабиёти тоҷик;
6D011800 Забон ва адабиёти рус;
6D011900 Назария ва методикаи таълими ду забони хориҷӣ.
Шӯрои диссертатсионӣ
Дар донишкада ду Шӯрои диссертатсионӣ фаъолият менамояд, ки ҳадаф аз таъсиси шӯроҳои мазкур баланд бардоштани сатҳи донишҳои назариявии кадрҳои илмӣ ва илмӣ-педагогӣ дар маърифатгоҳ мебошад.
Бо Фармони Комиссияи олии аттестатсионии Вазорати маориф ва илми Федератсияи Россия аз 16.12.2016, №1554/нк Шӯрои ҳимояи муштараки Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ, Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров ва Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи С. Улуғзода аз рӯйи ихтисосҳои 10.01.03 — Адабиёти мамолики хориҷ (адабиёти тоҷик) ва 10.02.22 — Забонҳои халқҳои кишварҳои хориҷии Аврупо, Осиё, Африқо, Амрико ва бумиёни Австралиё таъсис ёфта, аз моҳи январи соли 2017 то ҳол корҳои назаррасеро ба анҷом расонидааст.
Илова ба ин, бо Фармоиши раиси Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29-уми январи соли 2018, №9 Шӯрои диссертатсионӣ барои дарёфти дараҷаи илмии доктори фалсафа (PhD), доктор аз рӯйи ихтисос доир ба ихтисоси 6D021300 — Забоншиносӣ дар заминаи Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода ба фаъолият шуруъ намуд.
Робитаҳои хориҷӣ
Бо мақсади ба роҳ мондани ҳамкориҳои бисёрҷабҳа донишкада бо беш аз 45 муассисаву ташкилотҳои хориҷӣ, аз қабили Донишгоҳи давлатии Елетски ба номи И. А. Бунини Федератсияи Россия, Донишгоҳи лингвистикии Москва, Донишгоҳи давлатии омӯзгорӣ ба номи Максим Танкаи Ҷумҳурии Белорус, Донишгоҳи давлатии забоншиносии шаҳри Минск, Иттиҳоди ҷаҳонии мактабҳои арабию исломӣ, Донишгоҳи Синзияни Ҷумҳурии Халқии Хитой, Донишгоҳи педагогии Ҷумҳурии Халқии Хитой, Донишгоҳи Кангнам, Йонгини Куриёи Ҷанубӣ, Донишгоҳи Кемчони Куриёи Ҷанубӣ, Донишгоҳи Сукубаи Ҷумҳурии Ҷопон, Донишгоҳи забонҳои Токиои Ҷопон, Донишгоҳи шарқшиносии ба номи Маҳмуд Қашгарии Ҷумҳурии Қирғизистон, Донишгоҳи давлатии забонҳои хориҷии Самарқанд, Донишгоҳи байналмилалии Ҷиҷанги Ҷумҳурии Мардумии Хитой ва ғайра созишнома ва қарордод ба имзо расонида, дар пешрафту инкишофи донишкада саҳми арзанда гузошта истодаанд.
Дар донишкада бо мақсади беҳтар намудани сифати таълими забонҳои хориҷӣ ва ҷалби соҳибзабонон ба ин раванд 8 нафар шаҳрванди хориҷӣ аз Ҷумҳурии Куриёи Ҷанубӣ, Ҷумҳурии Мардумии Хитой, Ҷумҳурии Мисри Араб, Ҷумҳурии Ҷопон, ИМА ва Ирландия фаъолият менамоянд.
Ҳамзамон, ҳамасола ҷиҳати иштирок дар конфронс, семинар ва аз такмили ихтисос гузаштан омӯзгорони донишкада ба ҷумҳуриҳои Шветсария, Мисри Араб, Ҷопон, Гурҷистон, Ҳиндустон, Хитой, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон ва Федератсияи Россия сафарбар мегарданд.
Дар зинаи магистратура, аспирантура ва доктор PhD бошад, 6 нафар дар мамолики Ҷопон, Ҳиндустон ва Федератсияи Россия таҳсили худро идома медиҳанд.
Мавриди зикр аст, ки дар донишкада ҳоло 352 нафар донишҷӯи хориҷӣ аз ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон, Ӯзбекистон, Афғонистон, Ҷопон ва Чин таҳсил намуда истодаанд, ки ин гувоҳи маъруфияти донишкада на танҳо дар Тоҷикистон, балки берун аз кишвар низ мебошад.
Китобхона
Хазинаи китобхонаи донишкада 87548 нусха китобро ташкил медиҳад, ки аз ин шумора 347878 нусха китоби таълимӣ, 32508 нусха китоби бадеӣ ва 7162 нусха китоби илмӣ — методӣ мебошад. Китобхона пайваста бо адабиёти зарурӣ ва тозанашр таъмин карда шуда, давоми соли 2018 ба фонди китобхона 1382 нусха китоб ворид гардидааст. Ҳамчунин, барои таҳсили босамари донишҷӯён дар донишкада китобхонаи дорои хазинаи бузурги электронӣ ва даҳҳо василаҳои дигар кӯмак хоҳанд расонд. Фонди китобхонаи электронии донишкада 20256 нусха китобҳои электрониро ташкил медиҳад. Инчунин, бахшида ба санаҳои муҳими таърихӣ ва ҷашнвораҳо дар китобхона намоиши китобҳо дар мавзуҳои гуногун баргузор мегардад.
Маҳфилҳои илмӣ ва фарҳангӣ
Дар донишкада барои густариши донишҳои назариявӣ, малака ва истеъдоди толибилмон, баланд бардоштани сатҳи маърифатнокиву ҷаҳонбинии онҳо маҳфилҳои илмӣ ва фарҳангӣ гузаронида мешаванд. Гузаронидани чунин маҳфилҳо хеле муфид буда, яке аз василаҳои муассир барои такмили дониши муҳассилин маҳсуб меёбад. Дар донишкада 14 маҳфили илмӣ, аз ҷумла, «Фалсафа ва ҳаёт», “Технологияи иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ”, “Тарҷумон”, “Мутарҷим”, “Омӯзгори ҷавон”, “Сомониён”, “Сибавайҳӣ”, “Маҳфили мубоҳисавӣ”, “Забоншинос” ва “Равзана” дар назди кафедраҳо фаъолият менамоянд.
Хобгоҳ
Донишкада дорои хобгоҳ мебошад, ки аз 6 ошёна ва 636 ҳуҷра иборат аст. Донишҷӯёне, ки аз шаҳру навоҳии дурдасти кишвар ба таълим фаро гирифта мешаванд, бо хобгоҳ таъмин мегарданд. Дар хобгоҳи донишкада 308 нафар донишҷӯён, аз ҷумла, 178 нафар духтар ва 130 писар истиқомат мекунанд.
Дар суҳбат бо донишҷӯён маълум гашт, ки дар хобгоҳ ба онҳо ҳуҷраҳои хуб ҷудо шуда, онҳо аз шароити хобгоҳ қанотманданд. Хобгоҳ дорои ҷои муносиб барои тайёр кардани дарсҳо ва иҷрои дастуру супоришҳои омӯзгорон мебошад. Дар ошёнаи якум барои мутолиаи донишҷӯён китобхона бо фарогирии алабиёти бадеӣ ва илмӣ мавриди истифода қарор дода шудааст. Ҳамчунин, бо мақсади рангин сохтани ҳаёти донишҷӯён дар хобгоҳ оид ба ҷашнҳои миллӣ чорабиниҳо баргузор мегарданд.
Ҳамзамон, дар хобгоҳ курси кӯтоҳмуддати дӯзандагӣ фаъолият менамояд, ки барои донишҷӯёни тибқи квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳсилкунанда, ятимони кул ва нимятимон ба таври ройгон хизмат мерасонад.
Лозим ба ёдоварист, ки айни замон дар донишкада 12 нафар ятими кул таҳсил менамоянд, ки ба онҳо мунтазам (ҳар моҳ) ба маблағи 210 сомонӣ кӯмакпулӣ расонида мешавад. Ҳамчунин, дар арафаи ҷамъбасти соли 2018 аз ҷониби раёсати донишкада ва Кумитаи муттаҳидаи иттифоқи касаба ба ҳар як нафар донишҷӯи ятими кул ва маъюб мукофотпулӣ тақдим гардидааст.
Парки технологӣ
Омӯзиш ва сайри мо дар донишкада нишон дод, ки дар муассиса Лингвапарк (Парки технологӣ) ба таври густурда фаъолият менамояд. Сохтори мазкур дар асоси иҷозатнома омӯзиши забонҳои тоҷикӣ, русӣ, англисӣ, арабӣ, олмонӣ, фаронсавӣ, хитоӣ, ҷопонӣ, куриёӣ ва форсӣ, курси кӯтоҳмуддати омӯзиши кор бо компютер, такмили ихтисоси муҳаққиқон бо истифода аз технологияи иттилоотӣ ва таҷрибаомӯзии таълимӣ — илмиро роҳандозӣ кардааст.
Донишкада дорои 6 синфхонаи компютерӣ бо фарогирии 109 компютер барои донишҷӯён, 42 синфхонаи мултимедӣ ва 3 синфхонаи лингафонӣ бо таҷҳизоти замонавӣ мебошад. Бо ташаббуси ректори донишкада, профессор Маҳмадулло Раҷабзода донишкада қариб пурра ба низоми электронӣ ворид шуда, машғулиятҳо дар 42 синфхонаи мултимедӣ ба воситаи тахтаҳои электронӣ гузаронида мешаванд.
Масъулин дар суҳбат бо мо қайд намуданд, ки “ҳолати автоматикунонӣ ва татбиқи технологияи иттилоотии коммуникатсионӣ дар донишкада барои дар сатҳи баланд омода намудани мутахассисони забоншинос, омӯзгор ва тарҷумонҳои рақобатпазир дар бозори ҷаҳонии меҳнат муосидат менамояд”.
Ҷои намоён дар миёни донишкадаҳои дигар
Дар соли 2018 дар ҷадвали рейтинги муассисаҳои олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон байни донишкадаҳо Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода ҷои дуюмро ишғол намудааст. Оре, сатҳи донишомӯзии донишҷӯён дар донишкада баланд буда, рейтинги баланди донишкадаро ҳифз мекунад. Раёсати таълим дар нимсолаи якуми дуюми соли таҳсили 2017-2018 барномаи нави корбариро (ALFA-XPress) роҳандозӣ намудааст. Таҳлилҳо аз натиҷабардории соли таҳсили 2017-2018 нишон медиҳанд, ки сатҳи донишазхудкунии донишҷӯёни донишкада 87 дарсадро фаро мегирад.
Тибқи нишондоди маъмурияти донишкада, дар давраи ҳисоботӣ 36 донишҷӯи донишкада ба Россия, Чин, Ҷопон, Кореяи Ҷанубӣ, Олмон, ИМА, Ҳиндустон, Қатар ва Ӯзбекистон барои идомаи таҳсил ва таҷрибаомӯзӣ сафарбар карда шудаанд. 32 нафар донишҷӯ таҳсили худро дар макотиби олии Корияи Ҷанубӣ дар зинаи бакалавр ва магистратура идома дода истодаанд, ки ин на танҳо обрӯи донишкада, балки нуфузи кишварро низ дар сатҳи байналмилалӣ боло мебарад.
Конференсия бо 5 забон
Тибқи гузориши нашрияи донишкада — “Паёми донишҷӯ”, 30-юми октябри соли 2018 дар толори фарҳангии таълимгоҳ конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ бахшида ба “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” дар мавзуи “Унсурҳои муосири таълими забон ва адабиёти рус дар шароити бисёрфарҳанги таълим” бо 5 забон — тоҷикӣ, русӣ, англисӣ, арабӣ ва куриёӣ баргузор гардид. Бояд иқрор шуд, ки гузаронидани чунин конференсияҳо бо чанд забон бо ҷалби омӯзгорон ва машваратчиёни хориҷӣ дар донишкадаву донишкадаҳои дигар ба чашм намерасад ва назир надорад.
Озмунҳо
Донишҷӯёни донишкада ҳамасола дар озмунҳои дохилӣ ва хориҷ аз кишвар ширкат варзида, ҷойҳои намоёнро ба даст меоранд. Намунаи беҳтарини ин иштироки Нозим Мадимбоев, донишҷӯи соли чоруми факултаи забонҳои Шарқ дар озмуни байналмилалии Наттоқи беҳтарин бо забони ҷопонӣ мебошад, ки 28-уми октябри соли 2018 дар шаҳри Маскав баргузор гардид. Номбурда дар озмуни мазкур сазовори ҷои аввал гардида, ду ҳафта ба Ҷумҳурии Ҷопон роҳхат гирифтааст. Бояд қайд кард, ки дар озмуни мазкур 19 нафар донишҷӯ аз 10 мамлакати ҷаҳон ширкат варзида буданд.
Дуюми октябр дар боғи фарҳангию фароғатии устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ лоиҳа — озмуни «Забон ҳастии миллат» бо иштироки васеи донишҷӯёни муассисаҳои олии касбии пойтахт баргузор гардид, ки дар он дастаи донишҷӯйдухтарони донишкада ҷои аввалро соҳиб шуданд.
Донишҷӯи соли 4-уми факултаи забонҳои Шарқ Сабоҳат Абдуллоева дар озмуни ҷумҳуриявии “Беҳтарин овозхонии шеърҳои чинӣ”, ки бо иштироки васеи донишҷӯёни кишвар 28-уми ноябр дар маркази Конфутсийи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон баргузор гардид, ширкат намуда, дар байни 30 нафар иштирокчиёни озмун сазовори ҷойи дуюм шуда, бо ифтихорнома ва туҳфа қадрдонӣ гардид.
Инчунин, ҳамасола дар шуъбаҳои забони куриёӣ ва ҷопонӣ озмунҳои гуногун (аз ҷумла «Забондони беҳтарин», «Сарояндаи беҳтарин», «Иншои беҳтарин») баргузор гардида, ғолибони он барои таҳсил ва саёҳат ба донишгоҳу донишкаҳои Ҷумҳуриҳои Ҷопон ва Куриё сафарбар карда мешаванд.
Номварони соҳаи варзиш
Дар донишкада шумораи ҷавононе, ки ба варзиш машғуланд, беш аз пеш меафзояд. Яке аз онҳо Дилшод Қурбонов, донишҷӯи соли дуюми факултаи забонҳои Шарқ аст, ки дар риштаи муҳорибаи ҷанги дастӣ машқ мекунад. Ӯ дар зиёда аз 50 сабқатҳои варзишӣ ширкат варзида, сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардида, бо диплому ифтихорномаҳо қадрдонӣ шудааст.
Файзимоҳ Ҷалилова, донишҷӯи соли дуюми факултаи филологияи рус варзишгар дар риштаи футбол аст. Мавсуф дар мусобиқаҳои байналмилалӣ ширкат варзида, сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардидааст ва узви дастаи мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон аст. Дилрабо Абдулҳаева, донишҷӯи соли аввали факултаи филолгияи тоҷик варзишгар дар риштаи футбол буда, узви дастаи мунтахаби духтаронаи «Барқ»-и Норак мебошад.
Нашрияи «Паёми донишҷӯ»
Нашрияи «Паёми донишҷӯ» аз маъруфтарин нашрияҳои донишгоҳӣ ба ҳисоб рафта, соли 2018 аз ҷониби Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон барои иштироки фаъолона дар инъикоси муҳимтарин ва тозатарин рӯйдодҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоиву фарҳангии кишвар бо диплом қадрдонӣ карда шудааст. Ба нашрияи мазкур инчунин мутахассисони соҳа ва устодони факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон баҳои баланд додаанд. Тибқи иттилои сарчашмаҳо, сармуҳаррири нашрия Бахтиёри Абдураҳим ғолиби озмуни «Олими ҷавони сол — 2018»-и Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ гардидааст.
Дурнамо
Боиси ифтихор аст, ки тибқи супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода таҳияи лоиҳаи бинои иловагии таълимӣ роҳандозӣ шудааст, ки сохтмони он моҳи январи соли 2017 оғоз ёфта, дар арафаи анҷомёбист. Бинои мазкур бо тарҳи зебову замонавӣ сохта мешавад. Бино дорои таҳхона буда, дар он 10 анбор барои молҳои хоҷагидорӣ, 4 ҳуҷраи нигоҳдории асбобҳои дарсӣ, таваққуфгоҳ барои 20 автомашина, ҳуҷра барои нигоҳбонон, ҳуҷра барои панҷараҳои барқии бино, ташнобҳо, 4 толори лексионӣ бо 200 ҷои нишаст, 5 толори лексионӣ бо 248 ҷои нишаст, 34 синфхона ҳар кадоме бо 24 ҷои нишаст, 30 ҳуҷраи корӣ барои кормандони раёсати донишкада, 5 ҳуҷраи ёрирасони хоҷагидорӣ барои факултаҳо, 5 ҳуҷра барои нигоҳдории ҳуҷҷатҳои донишҷуён иборат мебошад.
Раёсати донишкада дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи кори худ қарор дода, дар рушди илму маориф ва ба наврасону ҷавонон омӯзонидани донишҳои муосиру замонавӣ, дар руҳияи баланди ватандӯстӣ, ифтихор аз Ватану ватандорӣ, ҳисси баланди миллӣ ва арҷ гузоштан ба таъриху фарҳанг тарбия намудани онҳо таваҷҷуҳи хосса зоҳир мекунад. Барои ҳар нафаре, ки нияти дар сатҳи баланд омӯхтани забонро дорад ва мехоҳад чун забондони сатҳи олӣ ба воя расад ва мутахассиси сатҳи ҷаҳонӣ шавад, Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода беҳтарин интихоб хоҳад буд. Рамзи донишкада дар Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 204 мебошад.
Холиқи МУҲАММАДНАЗАР, МТЖТ