Баъд аз филми пурраи дуқисмаи “Устод” (1987), ки Давлат Худоназаров дар жанри портрет- ба инъикоси чеҳраи мубориз, вале пур аз дарди Абулқосим Лоҳутӣ бахшида буд, дергоҳ ҳич асари ҷолибе дар мустанаднигории тоҷик ба назар намерасид.
Хушбахтона, дар замони истиқлол, хусусан дар ҳамин чанд соли охир насли нави синамогарони мо тавонистанд теъдоде аз филмҳои ҷолиберо маҳз дар ҳамин жанр эҷод кунанд. Дар ин раванд бештар аз ҳама Далери Имомалӣ намоён аст. Филмҳои ӯ аз қабили “Духтари Сайҳун” (2016), “Умар-ако” (2018), “Кӯчаи умед, 612” (2020) гарчанде аз дидгоҳи ҳирфавӣ ва эстетикӣ бо ҳам баробар нестанд, вале дар маҷмӯъ навоварие дар ин жанр доранд. Файзулло Файзов низ бо филми “Устод Кимёгаров” (2019) дар жанри портрет сухани тозае гуфта аст. Озод Маликов бо филми “Кивикэс” (2017), Шарофат Арабова бо “Падар: ба хотираи Мамадқул Арабов” (2019), Шоҳҷамшед Умарӣ “Ҳаворӣ” (2019), Таҳмина Ҳакимова “Пудина” (2019) ва боз чанд нафари дигар дар жанри мазкур қувва санҷиданд. Ҳар як аз ин филмҳо ба таҳлили махсус ва муқоисавию интиқодӣ ниёз доранд ва ин воситае мебошад, ки то ҳусну қубҳи ҳам филм ва ҳам равияи синамоии ватанӣ рӯшан шавад. Агар фурсат даст диҳад, шахсан ман ба ин кор минбаъд машғул мегардам…
Вале ҳоло ба асари тозаэҷоди Азиз Сатторӣ дар ин ҷода тавҷҷуҳ мекунем.
Дар охири моҳи ноябри соли 2020 дар яке аз толорҳои синамоии “Ашан” (“Кайҳон”) намоиши пӯшидаи (ё маҳдуди) филми нимбадеию ниммустанади Азиз Сатторӣ дар бораи Далер Назаров, ки бо тамғаи “Public Organisation «Farrah Cinematic Lab» сохта шудааст, баргузор гардид. Азиз Сатторӣ навкор мебошад, ҳарчанд мактаби машҳури синамоии Русия (ВГИК)-ро хатм кардааст. Соли 2018 баъди хатми ҳамин донишкада ба Душанбе омадааст. Ростӣ, тарҷумаи ҳолаш ба мо он қадар рӯшан нест…
Тамошобинон интихобӣ ҷамъ шуда буданд, ба истилоҳ онҳое, ки бештар вориди фазои шахсият ва эҷодиёти Далер ҳастанд.
Воқеан, тахмин мекунам, ки филми мазкур тамошобини васеъ нахоҳад ёфт. Чунки пешниҳод, мазмуну мундариҷааш мураккаб аст. Ба назари ман, аслан асари номбурда филмгуна аст. Видеоест, ки монологи ниҳоию маҳрамонаи шахсиятро ифшо мекунад.
Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкорӣ дар Тоҷикистон, барои таҳия он саҳм гирифтааст. Ин ташкилот дар рушди фарҳангу ҳунар ва хусусан синамои тоҷик саҳме хеле арзанда дорад…
Филм, ба гуфтаи худи коргардон, дар тӯли панҷ сол наворбардорӣ шудааст. Чунин миқдори вақт дар филми мустанад чизи ғайриодӣ нест ва ба эҷодгарони филм барои шинохт ва интихобу баррасии маводи зарурӣ имконияҳои бештаре муҳайё менамояд. Аммо гап сари он аст, ки оё эҷодкор ҳамин имкониятро метавонад ба нафъи кор ва муфид истифода кунад ё хайр…
Сараввал филм бо кадрҳои тамошобоб шурӯъ мешавад.
Решаҳои дарахти азими куҳӣ, мисли рагҳои хунгард, аз замин бурун омада, ба ҳам печидаанд. Гумон мекунӣ, ки ҳамин ҳозир пеши чашмат падидаҳое рух хоҳанд дод, ки ту кайҳо интизорашон будӣ ва туро ба оламе хоҳанд бурд ниҳонӣ ва пур аз маънавиёту рамз, ки онҳоро бо чашми дилат дида, мехоҳӣ дар ин олами ғайриодии руҳонӣ ғарқ шавӣ, ғӯтта занӣ. Ин кадрҳо завқи туро бедор мекунанд…
Вале лаҳзае нагузашта эҳсос мекунӣ, ки туро фиреб додаанд. Дар асл ҳеҷ чизи фавқулодда рух намедиҳад.
Дар болои яке аз навдаҳои поинтари дарахти азимҷуссаи куҳӣ наврасе нишаста, гӯё хаёл мекунад. Ба худ мегӯӣ: охир ин филм — филми мустанад эълон шуда буд-ку ва бояд дар бораи шахсе бошад, ки фавқулодда аст. Вале ин ҷо бошад ба ту афсонаи овони наврасиро бисёр ноуҳдабароёна ва ба воситаи саҳнаҳои обшуставу забонзада тасвир карданӣ мешаванд.
Ҳар чанд ин саҳнаҳо аз завқи коргардон (ин ҷавоне, ки аксашро аз чап мебинед, Азиз Сатторӣ аст) дар сабки “шеъргуна” баррасӣ мешаванд ва бо суханҳои қаҳрамони филм аз паси намоҳои он як бар як тафсиру тасвир мегардад. Ва ҳавсалаат аз дидани чунин саҳнаҳо, боварии тавлидшудаат ба асари мазкур якбора пир мешавад ва мехоҳӣ ҳарчӣ зудтар толори филмнамоишдиҳиро тарк кунӣ…
Чунки шахсияти худи қаҳрамони асар, яъне Далер Назаров — шахсе, ки эҳтиромаш дориву дилбастаи ҳунари волояш ҳастӣ… Аммо ҳамоно дар пардаи кино, садои пасисаҳнаи Далерро мешунавӣ, ки қиссаи кӯдакиашро нақл мекунаду коргардон онро бо тафсиру тасвирҳои пургӯёна айнан такрор менамояд. То ба дараҷае такрор менамояд, ки ҳар ҳарфи гуфтаи қаҳрамон айнан ба тасвир меояд.
Дар синамо ин корро намекунанд. Дар синамо тасвир худаш гӯё аст. Ба ҳарфзанӣ ниёз надорад. Ин қонуни бебаҳс аст. Ба ин шак надорам, Азиз ин қоидаро хуб медонист. Чунки вай дар ВГИК — мактаби дар ҷаҳон машҳури синамоӣ таҳсил кардааст. Вале намефаҳмам, чаро ба ин қоида ӯ беэътиноӣ кардааст. Ҳадс мезанам, ки инҷо иллат дар эҳтироми беандоза нисбат ба Далер аст. Ҳамин эҳтироми Азиз ба шахсияти Далер нагузоштааст, ки гузоришу пофишории Далерро дар ин кадрҳо инкор кунад…
Маро хусусан он “моҳии азими” бутафорие, ки наврас онро дида, ба калонсолон дар борааш нақл карданӣ мешавад, вале онҳо ба ӯ бовар намекунанд, ба ғаш кардан ва исён овард. Аммо наврас қасд мекунад, ки “моҳиро” дастгир кунаду ба калонсолон рост будани гуфтаҳояшро исбот намояд. Ва чашми калонсолон аз дидани чунин “моҳӣ” гӯё аз косахонаҳояшон мебароянд ва бовар мекунанд, ки наврас рост мегуфтааст…
Ба ин саҳнаҳо ҳеҷ боварам наомад…
Ба худ гуфтам, тамом, меравам! Нимхез шуда будам, ки ногаҳон дар экран худи Далер пайдо шуд. Аммо ин кадрҳо моли коргардон Сатторӣ набуданд. Иқтибос аз филми Далер Назаров “Нафаскашон” (“Дыхание”) буданд, ки тамошобини васеъ онро надидааст. (Умуман, маъзарат аз ошкоргӯӣ: тамошобини оммавӣ чунин филмҳоро дӯст намедорад, чунки ин зайл филмҳо бо забони қудсии маҳрамонае баррасӣ мешаванд, ки на ҳама одамон ба он омодаанд). Чунин асарҳоро эзотерика низ мегӯянд, яъне асарҳои душворфаҳми мазмунан печида.
Далер дар ин иқтибос дар кудом ғори саросар сангину маъбадмонанд овозхонӣ мекунад ва баъди лаҳзаҳое бо сукути пурмаъние ба “чашми Худо” менигарад…
Сипас ӯро дар пироҳани сафеди яктаҳ дар лаби баҳре мебинем. Ӯ хомӯшона чашмонашро аз офтоб панаҳ карда, тӯлонӣ ба нуктаи дури баҳр чашм медӯзад…
Дар кадри дигар ӯро бо ҳамон сару либос дар “уқёнуси” серодам мебинем, ки бо чеҳраи кунҷкову ҳайратзада чизеро меҷӯяд. Чиро меҷӯяд?
Ва дар фазои ҳамин кадрҳо ниҳоят гуфтугӯи мову қаҳрамон оғоз мешавад, ки ман сараввал интизораш будам. Ва ҳамин чиз, маро аз нияти тарк кардани толор боз медорад.
Баъди анҷоми филм фаҳмидам, ки навори мазкур дорои ду бахш будааст. Бахше, ки онро коргардон интихоб карда. Ва бахше, ки аз гуфтугӯӣ маҳрамонаву ниҳоии худи Далер мураттаб шуда…
Ин бахшҳо бо ҳам баробар нестанд. Яке баланду арзишнок. Дигарӣ — соддалавҳона. Бахше, ки коргардон пешниҳод карданӣ мешавад, дар тасаввуроти тамошобини ботаҷриба бисёр сохтаву шартӣ мерасад. Хусусан, рамзи “моҳӣ”-и калоне, ки аввал дар ҷӯйбораки куҳӣ пайдо мешаваду баъд ба рамзи орзуҳои кӯдакона табдил ёфта, дар осмон шино карда, дум меҷунбонаду паси абрҳо ғайб мезанад. Тамошобини борикбин сохта будани “моҳиро” аз оғози пайдоишаш дар экран дарк карда, “бутафорӣ” будани онро дармеёбад ва шояд аз ҳамин сабаб ба тамоми пешниҳоди режиссёр шак меоварад. Ростӣ, ҳамин “бутафорӣ” будани моҳӣ ва умуман кӯшиши гӯё “шеъргуна” пайваст кардани рафти воқеаҳо маро ба дидану пазируфтани филм душворӣ пеш оварданд…
Намехостам коргардони ҷавонро бо ин муқоиса ранҷонам. Медонам, ки ҳар ду бахш ҳам бо кӯшиши коргардон таҳия шуда. Вале чи чора. Арзиши аслии ин бахшҳо аз диди ман ҳамин асту бас…
Аз ин сабаб ба гумонам иқрори худи Далер ҳангоми муаррифии филм дар толори намоиш беҳуда набуд: “Ин як навъ қиссаи сарнавишт ва олами ботинии инсонест, ки тавассути нақли ман Азиз Сатторӣ ба тамошобин пешниҳод кардааст”.
Ин гуфта духӯра аст. Аз як тараф, ин чунин маънӣ дорад, ки Далер бо кадоме аз бахшҳо ё умуман бо тарзи пешниҳоди филм қаноатманд нест ва мехоҳад аз ин асар худро канор гирад. Ё воситае пешниҳод мекунад, ки тамошобинон саҳми коргардонро дар таҳияи филми мазкур эътирофу пазироӣ намоянд. Ё чизе дигар… Намедонам.
Бахше, ки дар он худи Далер — қаҳрамони филм, мустақиман сухан мекунад, боварии тамошобинро дубора гӯё ба филм бедор менамояд, вале дар бисёр мавридҳо андешаҳои такрор ба такрори Далер бинандаро хаста мекунанд ва гоҳ-гоҳе худро аз ин гуфтаҳо канор гирифтан мехоҳад. Вале ҳар дафъае, ки Далер мазӯи наву ҷолибро оғоз мекунад, боз таваҷҷуҳи тамошобин ба филм бармегардад.
Бешак, қисми гуфтугӯӣ мустақими Далер филмро оро додаву обод кардааст. Ба ӯ тамошобин бовар мекунад. Дар ин гуфтаҳояш Далер шахсият аст, комил ва худшинохта. Андешаҳояш мисли оби чашма равон ва ноб, пурмаънӣ. Вай дар рафти суҳбат сухан ва истилоҳ намеҷӯяд. Аниқ аст, ки ин андешаҳо дар вуҷудаш кайҳо пухта расидаанд.
Мушоҳида кардам, ки Далер бо ин андешаҳояш аслан ба таърифи шахсияти хеш майл надорад. Ӯ дар ҳама вазъият мекӯшад ҳамеша хоксору заминӣ бимонад. Аз ғояву андешаҳои ниҳонӣ сухан карда, ҳеч гоҳ аз номи худаш дар бораи онҳо ҳарф намезанад. Инҳо, гӯё идеяҳо ва андешаҳое буданду мебошанд, ки ҳазорсолаҳо аз ин пеш вуҷуд доштанду алъон вай онҳоро ба забон меорад. Гӯё ӯ суханҳоро ҳамчун миёнарав, ба мисли паёмбар, такрор мекунаду халос.
Мисле ки Мавлавии Балхӣ гуфта:
«Чу ғуломи офтобам, ҳама з-офтоб гӯям,
На шабам, на шабпарастам, ки ҳадиси хоб гӯям.
Чу расули офтобам, ба тариқи тарҷумонӣ,
Ба ниҳон аз ӯ бипурсам, ба шумо ҷавоб гӯям».
Ва ӯ файласуф аст, на ба маънои анъанавӣ, яъне файласуфи касбӣ. Ҳамчунин, фалсафаи вай воситаест, ки тавассуташ «Ман»-и худро бе таъкиди манманӣ муаррифӣ мекунад. Воситаи ҷустуҷӯӣ фикрии ӯ, ҷустуҷӯӣ олами равониаш аст. Худмуаррификуниҳояш, ҳарчанд аз олами мусиқӣ аст, на ҳамеша бо мусиқиаш ироа мешавад. Андешаҳояш на ҳамеша тавассути мусиқӣ баён меёбанд. Далер дар санъати сухан низ варзида аст ва нотакрор. Сухан — олитарин воситаи муошират аст. Бесабаб нест, ки китобҳои муқаддас таъкид бар он доранд, ки сараввал калом буд. Ва ин калом Ҷаҳон буд…
Файласуфии Далер тавассути ҷаҳонест, ки бо иқрори худи ӯ, дар ҷаҳони маҳрамонаи мусиқӣ омехта ва ғарқ шуда. Мегӯяд: “Ман тамоми ҳастии худ ва ҷаҳонро тавассути мусиқӣ дидаму мебинаму дарк мекунам”. Ва тамошобин ба ин бовар мекунад. Чунки тамринҳои мутрибию овозхонии ӯ бо ҳамкасбонаш ҷаҳони Далерро дубора барои худ ошкор месозанд.
Ӯ файласуф аст аз он, ки арзишҳои умдаву куллро барои худ ҷустуҷӯ карданӣ мешавад. Масалан, вай роҷеъ ба мавзӯҳои зайл, ба мисли шахсияти ҷӯянда будан дар зиндагии ҳаррӯза, баҳс мекунад. Моҳияти эҷодкор ва тавассути он саҳми беназири овони кӯдакиву наврасӣ, ки ҷаҳони ботинии туро якумрӣ ташаккулу комил мегардонад, нишон медиҳад. Дар бораи озодии воқеии шахс, ки дар ин ҷаҳони пурталотум ва аз сабаби пандемияи коронавирус ниҳоят душвор ва баъзан нопадид шудани ҳадафҳову арзишҳои ҷаҳони ботинӣ мегардад, андешаҳои ҷолибу нотакро мегӯяд. Дар бораи он, ки ҷаҳонро нафақат бо чашми сар, балки пеш аз ҳама бо чашми дил дидану шинохтан, бо он ки чизҳое ҳастанд, ки инсон онҳоро сараввал намедонад, танҳо пай мебарад, таҳтулшуурӣ ҳадс мезанад, вале агар инсони ҷӯё мақсад гузорад, ки дар ин гумроҳӣ чизи мехостагиашро пайдо кунад, ҳатман ба ҳадаф мерасад, Мисли он, ки овони наврасӣ дар ҷӯйбораки куҳӣ моҳии бузургеро меҷуӣ ва онро ниҳоят мебинӣ. Ва ин муқаддимаи овони кӯдакиву наврасӣ ба Далер имкон медиҳад, ки нуктаи муҳими дарёфтаи худро ифшо кунад: ба Исои Масеҳ бовар оварданд, на аз рӯи гуфтаҳояш, балки аз рӯи чанд каромоташ, ки пеши чашми мардум содир кард. Ва ба ту низ, ба гуфтаҳоят минбаъд бовар хоҳанд кард, агар пеш аз ин каромоти муҳиме, арзандае содир бикунӣ.
Чизи норӯшане, ки ту мехоҳӣ онро пайдо кунӣ, аз хоҳишу пофишории иродаат вобаста аст. Агар чизи ҷӯстаниатро пайдарпай бихоҳӣ, ки арзи вуҷуд намояд, ҳатман пешат пайдо мешавад, мисли мусиқӣ. Сараввал намедонӣ, ки садову, композитсия ва мазӯи он норӯшан аст. Вале тавссути кӯшишҳои иродаат онро кашф кардан мехоҳӣ. Ва ниҳоят вай дар вуҷудат пайдо мешавад. Чизи ноаён баногоҳ шакл мегирад, мусиқӣ мешавад. Ин пайдоиш бештар таҳтулшуурона падид меояд. Баъд ту онро бошуурона шаклу фаҳмо месозӣ. Ва дар ин раванд бастакорони касбӣ, онҳое ки дар консерватория таҳсил кардаанд, медонанд, ки ин мусиқиро ба кадом самт равона кунанд. “Вале шахсан ман, чунин таҳсилотро нагирифтаам, маҳдудам. Вале ба ҳар ҳол мусиқии худамро дармеёбам ва новобаста бо маҳдудияти ҳирфаиям онро месозам. Ман аз ин вазъият қаноатмандам…”.
Дар ҳар як шахс Ҳаёт тавассути фаъолияти ҳаррӯзаи он шахс худро дармеёбад. Ба гуфтаи рассом, шоир ва бастакори беҳамто Микалоюс Константинас Чюрленис (1875 — 1911) ҳар инсон мисли садо, мисли наво аст. Ва ҳар дафъае, ки Ҳаёт ба вуҷуди Инсон бармехӯрад, он шахс бо садо ва навои нотакрор ҷарангос мезанад.
Дар яке аз андешаҳои Далер, ки арз карда буд ва камина дар шабакаҳои иҷтимоии интернет хондам: «Ҷаҳон дар тӯли чандин аср талош мекард, ки мушкилоти бароҳатии зиндагӣ барои тамоми инсонҳоро ҳал кунад. Дар ҷустуҷӯӣ тарзу усулҳои гуногун буд, ки инсон роҳҳои бас кардани азияту худкушиашро дарёбад. Маҳз дар ҳамин лаҳзаҳои муҳим, одамоне пайдо мешуданд, ки бо мавҷудият ва тамоми каромоти одиву самимонаи худ ба мардум боварӣ ва сулҳ ато мекарданд». (Иқтибос аз сӯгворӣ нисбати вафоти Аскар Абдураҳманов) …
Далер бо ифшои андешаҳои маҳрамонааш, бо самимияту арзиши дилаш ба мо наздик аст. Бо ифшои андешаҳое, ки “намакинанд”, аз зиндагӣ баҳра гирифтаанд.
Мисле, ки устоди бузургвор Рӯдакӣ таъкид карда:
“Бирав, зи таҷрибаи рӯзгор баҳра бигир,
Ки баҳри дафъи ҳаводис туро ба кор ояд”.
Далер таъкид мекунад: «Ҳаёти инсон дар кӯдакӣ шакл мегирад. Ҳама дунёи кӯдакӣ дар вуҷуди шумо шахсият, инсони комилро ташаккул медиҳанд. Бештари калонсолон пас аз ба камолоти ҷисмонӣ расидан бо сабабҳои гуногун ин ҷаҳони асилро фаромӯш менамоянд, онро тарк мекунанд. Аммо агар шумо ин «кӯдакӣ»-ро дар тӯли тамоми ҳаётатон ҳифз карда, онро то ба бузургсолӣ расонед, он гоҳ зиндагӣ бароятон мӯъҷиза хоҳад буд, мӯъҷизае, ки дар он энерҷии истеъдод, навбинӣ, бунёдкорӣ ҷӯш хоҳад зад. Шумо эҷодкор, нобиға хоҳед шуд, шумо зиндагиро бо тамоми ҳарораташ, зебоияш эҳсос хоҳед кард. Кӯдакӣ дар ин раванд хушбахтиест, ки ҳамеша бо шумо боқӣ хоҳад монд.
Кӯдакии ман дар фазои табиати асил ташаккул ёфт … «.
Фикр кардам, ки Далер дар ҳамин нуктаи охиринаш, яъне парастиши табиати асил, каме муболиға мекунад. Аз он сабаб, ки дунёи бузургсолиаш дорои фазои ғайри табиӣ аст. Ӯ дар худ лабораторияе сохтаасту кулли вақташро дар он мегузаронад, ки ғарқи мусиқӣ аст. Ва дар ин фазо бо дастгоҳҳои муосири мураккаби технологӣ ва асбобҳои каснодидаи навтарини мусиқӣ таҷҳизонида шудааст.
Табиист, ки ӯро чашмаҳои дурӯғини, аз тарафи “одамони ғамхор” оро додашуда, маъқул нест. Ба ӯ чашмаҳои дасти одам норасида, табиати “ваҳшӣ” писанд аст. Таассуф, ки тамоми кӯшишҳои ӯ бо табиати асл гаравиданаш, бо фазои воқеии ҳирфаии ӯ дар филм эҳсос намешавад. Вай бештар ҳар рӯзи пайдарҳамашро дар фазои ҳамон технологияи ултра муосир сарф мекунад.
Табиист, гоҳе кас мехоҳад, ки берун аз ин фазо биравад сӯи табиати ноб. Аммо то ин дам ман чи чизро дар ин зиндагии ҳаррӯзаи мусиқиаш дарёфтам. Вай техникаи суперзамонавиро дар шакли лаборатория гирди худ ҷамъ карда, ягон асбоби мусиқии халқиро ворид накардааст, ба ҷуз найе, ки онро чун асбоби куллан халқӣ муаррифӣ кардан норавост. Дар миёни асбобҳои мусиқие, ки ӯ истифода мебарад, ягонтое нест, ки ба асбоби мусиқии халқӣ шабоҳат дошта бошад. Асбоби мусиқии мардумӣ бароям рамзи дӯст доштани табиати асл аст. Далер қаблан ҳамин асбобҳоро истифода мебурд. Куҷо шуданд онҳо?!
Ёд дорам, ки ӯ консертҳои пурэҳсосу пурмазмуни сарояндагони халқии Бадахшонро мунтазам ташкил мекард. Ёд дорам, масалан, консерти дуредгари одӣ Ҷонбоз ва дигар мутрибону овозхонони шинохтаи халқиро.
Воқеан, дар ин раванд, ба гуфтаҳои бародари ҷониам Сафари Ҳақдод мувофиқам, ки мегӯяд: Овозхонию шоирӣ худ касб нестанд. Касб — ин аъмолест, ки ба инсон ризқу рӯзӣ меорад. Мутрибию, овозхониву шоирӣ — моли диланд, худодод. Ин падидаҳо моли истеъдоданд, ки тавассути онҳо мавҷудияти аслии туро ошкор месозанд. Агар ин ҳақиқатро дар худ дарёфта бошӣ — ИНСОНӢ…
Базмороии мутрибону овозхонон, ки Далер ташкил мекард, барои мо тамошобинон ҷашни ҷону дил буд, базми беназир. Ба гуфтаи Хисрави Деҳлавӣ, мо ҳамон шаб тавассути ин шахсони одиву баистеъдод меҳмони ҷони хеш мешудем.
Ҷонбоз, воқеан, бо ҳунари волояш бо қалбҳои мо бозӣ мекард, моро фараҳ мебахшид, мегирёнд, хушбахтӣ ато мекард. Вай ҳамон давра бо рубоби бадахшонӣ, ки каме садои хаставу пурмаънӣ дошту дили шикастаи моро пайвандӣ мебахшид, бо ашкҳои миннатдорӣ мешуст.
Ҷонбоз он замон сурудҳои худро бо ҳамоҳангии дастаи мусиқии Далер иҷро мекард. Ин ташаббуси Далер беҳамто буд. Бо алам боз такрор мекунам, ки куҷо шуданд ин ташаббусҳо?…
Ба назарам Азиз Сатторӣ ҳарчанд коргардони ҷӯё аст, ҳамин паҳлӯҳои фаъолияти Далерро дарк накарда аст ва аз ҳамин лиҳоз ва шояд бо сабабҳои дигар Далер аз консепсияи филм конораҷӯӣ мекунад…
Саъдулло Раҳимов