Илму дониш, маърифати баланди фарҳангӣ, санъат, дарки кашфиётҳои техникиву технологӣ ва дигар ҷузъҳои онҳо ба ҳамдигар алоқаманд буда, барои пешбурди давлату миллат, имрӯзу фардои ҷомеа мусоидат менамоянд. Ин воситаҳою калидҳое мебошанд барои муттаҳид ва барқарор намудани сулҳу субот, дӯстиву рафоқат, баланд бардоштани обрӯю нуфузи кишвар дар сатҳи байналмилалӣ, ки барои робитаю ҳамкорӣ бо ин ё он кишвари ҷаҳон хизмат мерасонанд.

Чуноне ки имрӯзҳо ба ҳамагон маълум аст, баъзе давлатҳои ғарб тавассути ингуна сифатҳои олидараҷа ва маърифати баланди илмӣ соҳиби мақоми “абарқудрат” гардидаанд. Онҳо техникаву технологияро кашф намуда, ҳамчун пешбарандагони техникаву технологияи муосир вориди ҷомеаи ҷаҳонӣ гардиданд. Чуноне ба назар мерасад, техникаи зуҳурнамудаи ин гуруҳи мамлакатҳо дар зиндагии имрӯзаи ҷаҳонӣ ҷойи марказиро ишғол менамоянд ва барои мардум зарур аст, ки донишҳои техникиро ба хубӣ омӯхта, тарзи зисту зиндагонии худро тағйир дода, вориди структураи нави зиндагии ҷаҳонӣ гарданд. Дар баробари ин, техникаю технология метавонад зарари худро куллан ба мардум расонад. Имрӯзҳо бо паҳн гардидан ва инкишоф ёфтани техника доираи истифода намуди махзани илму дониши хаттӣ танг гардида, ҷои онро ба куллӣ гирифтааст. Дастрас намудани маводҳои лозима ва инчунин дастрасӣ ба тамоми хабару навгониҳои ҷаҳонӣ тариқи системаи нави додугирифти илму дониш ба таври қулай халқро маҷбур намуд, ки онҳо рӯ биёранд ба илми нави муосир.  Ва дар ин ҷо зарурате ба миён омад, ки ҳар як истифодабарандаи ин ё он кишвар ҳангоми қабул ё ворид намудани ҳар гуна навгонӣ дар худ зиракии амиқи худро аз даст надода, тамоми паҳлуҳои онро жарфтар омӯхта, нӯги риштаи мусбати онро кашф намоянд, то ки манфиатбахши ҷомеа гардад. Ногуфта намонад, ки ҳар гуна зуҳурот ҷиҳати манфию мусбати худро дорад. Чунин тақозои замон аст, ки маърифти инсонӣ баланд гардида, ин ё он намуди илму дониш инкишоф ёбад, аммо интихоби роҳи дурусти он аз ақли расо ва фаҳму дарки волои ҳар як шахси некбин вобастагии калон дорад.

Аммо мушкилии асосии ҷомеаи имрӯзаи мо дар роҳи муайян намудани интихоби дурусти он ба назар мерасад. Аз ҷумла, истифодаи нодурусти он аз ҷониби бархе аз ҷавонон ва наврасон ҷомеаро ба ташвиш андохта, барои ҳал намудани масъалаи мазкур боиси сар задани баҳсу мунозираҳои бисёр миёни як қатор равшанфикрон гардидаст. Чунин мубоҳисаҳо бар он асос ёфтаанд, ки зуҳурёбии техника, аз ҷумла воситаҳои интернетӣ ҷомеаро дар роҳи омӯзиш раҳгум зада, муҳитро ба бесаводӣ расонида истодааст. Инчунин аксарияти мунаққидон бар он ақидаанд, ки диққати ҷомеа, аз ҷумла ҷавонон бештар ба донишҳои хаттӣ ҷалб карда шавад. Инкишофи воситаҳои техникӣ — интернетӣ як падидаи манфӣ аз ҷониби онҳо эътироф гардидааст.

Аммо ба назари ман ҳамчун як ҷавони соҳибирода, ҳоло ки чунин воситаҳои техникӣ зуҳур ёфтанд ва дар ҳаёти имрӯзаи мо ҷойи марказиро ишғол намуданд, мо наметавонем онро инкор намоем, чунки ҳар нафар дар ҷодаи омӯзиш роҳи қулайро барои худ муайян менамояд. Ин ки барои босавод намудани миллату ҷомеа рӯ овардан ба китобу дигар воситаҳои хаттӣ нақши калидӣ надорад, балки чӣ гуна саводнок шудани он муҳим аст. Ба гапу гуфтор ҷомеа савод ёд намегирад, балки дар амал бояд онро санҷид. Роҳеро бояд ёфт, ки аз он баҳраманд шавем на бебаҳра. Техникаро хоҳему нахоҳем, мавқеи он аллакай дар ҷомеа пойдор аст. Пас моро мебояд, ки онро амиқу дуруст омӯхта, рӯйи кор орем.

Хонандаи азиз! Мақсади мо он нест, ки ҳар гуна илмҳои техникӣ — интернетиро аз китобу китобхонаҳо боло гузоред. Асло не, балки ҳар дуи инро ҳамчун махзани илму маърифат баробар истифода намоем ва соҳиби як ҷаҳон маънӣ гардем. Асос зиракии хешро аз даст надода, побанди ҳар гуна хурофот нагардем.

Суҳайлои СУЛТОН

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here