Дӯстони азиз, бандаи ганда дар асари тадқиқотии хеш бо бурҳони қотеъ, ҳуҷҷати шайъӣ ва далели шаръӣ ба исбот расондаам, ки на ҳамаи вожаҳои забони ноби мо ба маънои аслии худ меоянд. Масалан, калимаи “фанд” гӯё макру ҳиллаву найрангро ифода мекардааст. Не, ин тавр нест! Агар ҳамин тавр мебуд, баъзе ҳоҷиён бо саду як қасам ба исбот расонданӣ мешаванд, ки бо пули ҳалоли арақи ҷабин ба зиёрат рафтаанд, аммо дар бораи заминфурӯшиву даллолияшон лаб намекушоянд. Ё худ нафаре савори мошини гаронарзиш аст, лекин ба гардан гирифтан намехоҳад, ки агар дар як моҳ маошаш ҳазор доллар бошад ҳам, дар даҳ сол ин хел мошинро харида наметавонад. Банда гуфтаниям, ки ин қабил мардум маккору ҳилагар нестанд, ҳақиқатро мегӯянд. Агар вожаи фанд фиреб мебуд, мардум духтари соҳибҷамолро дилфиреб ё фиребо намегуфтанд.

Пажуҳиши мӯшикофонаи чандинсолаам натиҷаи хуб дод. Калимаи ”афандӣ”-ро мегирем. Ин калима соф тоҷикист ва ба “оқо”-ю “ҷаноб”-и туркӣ ҳеҷ иртиботе надорад. Таваҷҷуҳ кунед: решаи ҳамин ифода “фанд” аст. Фанд бошад, ҳазли малеҳро ифода мекунад, яъне шӯхӣ мебошад. шахсони зиндадил ба мисли Афандӣ бо ҳазлу зарофату ширинкорӣ маъракаро ба мисли қанд ширин мегардонанд. Маълум аст, ки ханда беҳтарин доруст, он аз ботин дуду чангу ғубори ғаму андуҳро то қадру имкон берун мекунад ва, албатта, бе базлаву лутофат ханда намешавад. Бале, лутф кардед, бандаи ҳалқабаргӯш даст пеши бар мегирад. Мисол бисёр аст, яке аз онҳо: “Афандӣ мехоҳад, ки бо бачаҳо шӯхӣ кунад. “Бачаҳо,-мегӯяд вай,-ҳо, дар он гузар қампираке барои ҳама 5-тогӣ чормағз туҳфа медиҳад”. Бачаҳо ба он самт метозанд. Афандӣ ин гап рост будагист гӯён аз паси бачаҳо медавад”. Бинед, дар як лаҳза чанд нафар шод шуданд, яъне қанд хӯрданд. Агар фанд маънои хандаи ширинро намедошт, 1 апрелро рӯзи фанд намегуфтанд.

Қандро, албатта, медонед. Лазиз асту гуворо. Агар аз кори ягон кас ба ваҷд омадед, беихтиёр “Қанд зан!” гӯён офаринаш мехонед ё худ “Қандатро хӯр!” гуфта, ба Осмон мебардоред. Медонед, ки дар олам қанди мисрӣ беҳтарин ба ҳисоб меравад ва ками андар ками одамон, ҳатто, чойро бе қанд наменӯшанд. Қандина-тортро бе қанд тасаввур карда метавонед? Алғараз, ҳаёти моддиямонро қанд ширин кунад, зиндагии маънавиямонро фанд орову торо мебахшад.

Ҳар як чиз сабаб дорад. Сабаб бе натиҷа намешавад. Шафтолуи гапро мегӯям. Гузорам ба шаҳри калон афтид. Дидам, қасри калону азим. Аз наздик тамошо кардан хостам. Сутунҳои бузург дошт он кӯшк, вале гирди он бо панҷараи оҳанини сахт ба фосилаи 300 — 400 метр дур аз қаср девор гирифта шуда буд. Бо нияти он ки дар ягон ҷойи девор фосила наздиктар мешудагист, аз пиёдараҳои девори оҳанин қадам мезадам. Банохост милисае, ки дар дохили боғи қаср буд, ба ҷонибам бонг зад: “Эй, аз таги панҷара дур шав! Рав аз ин ҷо! Аз роҳи калони мошингузар убур куну аз пайроҳаи он тарафи роҳ бирав!” Ман дар ҷоям шох шудам. Лому мим гуфта наметавонистам. Аҷабо?! Ман ба қаср наздик нашудаам, ҳатто ба Садди чинӣ-оҳани панҷараи бузург даст нарасондаам. Қаср аз ман дар масофаи қариб 400 метр ҷой гирифтааст. Барои чӣ маро милиса меронад? Вақте бори дуюм милиса тарафам пӯписа кард, ба худ омадаму ба пиёдараҳаи канори дигари роҳ гузаштам ва бо ҳасрат ҷониби иморати азим нигаристам, дар ин ҳангом суханони зерин аз забонам берун таровиданд: “Ин хона қашанг аст, вале хонаи ман нест!” Пас аз лаҳзае қиссаи “Шоҳзода ва гадо”-и Марк Твен ба хотирам омад, писараки камбағали муштоқи қасру шоҳзодаро посбон шаллоқ зада, аз панҷараи оҳанин дур андохта буд.

Бо тамоми ҳастӣ саъю талош кардам, ки хотири титу парешонамро ба як ҷо ҷамъ кунам. Ана дар ҳамин вақт ҷаноби Афандӣ ба хотирам омад. Дар хараке нишастаму чашмонамро пӯшидам ва хешро дар дохили қасри муҷалло дидам. “Беруни кохро дуруст тамошо карда натавонистӣ, дохили онро магар тасаввур карда метавонӣ?” гӯён савол медиҳед? Мебахшед, тариқи оинаи нилгун баъзе ҷойҳои дохили кӯшку кохҳоро дидаам, ана ҳамон хел ба навори майнаам ҷо медиҳам. Пӯсткандаи гап, ман дар дохили саройи пурҳашамат гаштугузор дорам. Ба шоҳкориҳои ҳунармандони гулдаст, меъмор ва муҳандисон, ки барои ин бинои олии афсонавӣ арақи ҷабин рехтаанд, аҳсант мехонам. Бовар кунед, тасвир кардани ҳусну малоҳат ва виқору шаҳомати ин бинои дилкушо осон нест. Шунидан кай бувад монанди дидан гуфтаанд.

Азизон, қанди фанд мушкилкушо аст, он ба шумо қасрро тамошо дода, “Ҷип”-савор ҳам карда метавонад. Агар худро бо қанди фанд таскин бахшед, кам бемор мешавед. Ба шумоён тандурустии бардавом мехоҳам!

Ҳаким АЛӢ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here