Ҳар як нафар соҳиби касб аст. Ҳар як инсон барои худ касб интихоб мекунад, то ки дар оянда соҳиби ному нон шавад. Албатта, ба мақсад мерасад, агар ба пешаи интихобнамудааш содиқ бошаду аз таҳти дил кор кунад.

Имрӯзҳо нафароне пайдо мешаванд, ки то ба ҳол касбашонро муайян накардаанд. Барои мисол, вақте ки дар синфи 11-ум мехондам, аз ҳамсинфонам мепурсидам, ки онҳо дар оянда чӣ касбу корро гирифтан мехоҳанд? Онҳо дар ҷавоб мегуфтанд, ки ҳуқуқшинос, духтур, дипломат ва тарҷумон. Танҳо ҳамин касбҳо дар гӯшам садо медоду бас. Дар ҳоле, ки дар китобчаи довталаб зиёда аз 500 касбу кор пайдо кардан мумкин аст. Вақте аз онҳо сабаб мепурсидам, дар ҷавоб мегуфтанд, ки “аз дафтарчаи довталаб танҳо ҳамин касбҳоро медонем, ки дар оянда чӣ мешаванд”. Онҳо дар бораи дигар ихтисосҳо маълумот надоранд. Хуб мешуд, ки ҷавонони мо дар бораи ҳамаи касбу кор маълумот пайдо кунанд. Худи ман ҳам вақте ба факултаи журналистика омадам, баъд фаҳмидам, ки умури нашриёт ё ин ки робита ва иттилот чӣ гуна касб ҳастанд.

Мо бояд аз хурдӣ касбамонро интихоб кунем. Масалан, ман аз овони кӯдакӣ бисёр мехостам, ки ҳарчи тезтар ба мактаб равам ва аз ҷаҳони якранги кӯдакӣ бираҳам. Дар ин бора хотираҳои ширин дорам.

Падарам дар Маскав кор мекарду ҳар моҳ ба мо пул равон мекард. Намедонам сабабаш дар чӣ бошад, ки модарам ба акаам гуфт:

-Муҳаммадҷон, ин моҳ падарат пули зиёд равон кардааст, хез бачам, ба бозор рафта, барои ту либосҳои мактабӣ мехарем.

Вақте ки модарам либосҳои мактабӣ гуфт, ман дар дили кӯчакам лаҳзае фикр кардам, ки дар танам либосҳои мактабӣ ва дар китфам ҷуздон давон-давон ба сӯйи мактаб рафта истодаам. Ҳама хомӯш буданд ва ман яку якбора ба гиря сар кардам, зеро медонистам, ки барои кӯдакони 4-сола ба мактаб рафтан мумкин нест. Дар ҳоле, ки ҳамаи инро медонистам, боз ба модарам мегуфтам:

— Чизе, ки ба акаам мехаред, барои ман ҳам бихаред.

Модарам мегуфт:

— Бачам, ту ҳоло хурд ҳастӣ, баъд аз се сол ба ту ҳам мехарам.

Ман якравиро гирифта, “не” мегуфтам ва ҳамроҳашон ба бозор рафтам.

Ҳар он чизе, ки модарам барои акаам мехарид, ман кӯшиш мекардам, ки аз чашмонам ашк резаду барои ман ҳам бихаранд. Аммо, чун модарам дид, ки бисёр ашк мерезам, қади баландашро баробари ман карда, оҳистакак дар гӯшам гуфт:

— Ман туро ба як мактаби дигар мебарам, ку чашмонатро пок кун!

Аз ин сухани модарам хеле хурсанд шудаму чашмонамро пок кардам. Модарам барои ман танҳо як қаламу як дафтар харида дод. Ман бошам, аз шодӣ дигар ба ҳеҷ чиз аҳамият намедодам, ки барои аккам чӣ мехараду чӣ не.

Ҳамин тавр, 1-уми сентябр омаду соати панҷи субҳ бедор шуда, ба модарам гуфтам:

— Маро ба мактаб бубар!

Вақте соат 7 шуд, акаамро бурда ба мактаб монду омада моро ба назди духтари ҳамсоя бурд, ки ӯ дар синфи 10-ум мехонд. Дар он ҷо аллакай 3 кӯдаки дигар ҳам буданд. Духтари ҳамсоя Муборак ном дошт, мо ба ӯ “муаллима” гуфта ҷеғ мезадем. Вақте ӯ “муаллима” гуфтани моро мешунид, бисёр хурсанд мешуд. Дар ҷавоб мегуфт, ки “агар ман муаллима мешудам…”.

Баъд аз 10 сол ман синфи ҳафт шудам ва доимо майнаамро як фикр банд мекард — муаллим шудан. “Агар ман муаллим мешудам, як қатор фикрҳои олиҷанобро дар амал татбиқ мекардам”,- андеша доштам бо худ. Гарчанде медонистам, ки ин фикрҳоям кӯдакона ҳастанд, мисол: “Мактаби 5-ошёна созаму муаллимҳои хориҷиро ба кор ҷалб намоям, интернети тезсуръати ройгонро таъмин намояму омӯзиши забонҳои хориҷиро роҳандозӣ кунам ва синфхонаҳои замонавии бо компютер муҷаҳҳазро ба истифода диҳам”. Боз рафҳои махсусеро, ки ҳар хонанда дорад ва ин гуна мактабҳоро фақат дар филмҳои хориҷӣ дидан мумкин буд, сохтан мехостам.

Имрӯз он орзуҳои ман дигар орзу нестанд. Чунки дар Душанбе ва дигар минтақаҳои Тоҷикистони мо макотиби типи нав бунёд шуда истодаанд, аммо кадрҳои нави ба талабот ҷавобгӯ кам андар каманд. Нияти ман ҳам ҳамин аст, ки кадри ҳаматарафа шуда, ба ҳаммилатону ҳамватанони худам хизмат кунам. Фарқ надорад, ки ман муаллим ҳастам, ё журналист. Муҳим он аст, ки номи Тоҷикистонро ба ҳама оламиён шиносонем.

Аминҷон РАҲМАТЗОДА

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here