Дар ҷаҳони муосир китобҳои электронӣ маъмулу машҳуранд. Ҳар касе завқи китобхониву газетахонӣ дорад, дар ҳама ҳолат имкон дорад китобҳои дилхоҳро бо тариқи электронӣ пайдо намуда, мутолеъа намояд.
Вале ин гуна китобу газетаҳо барои қонеъ намудани талаботи мардумони кишварамон бо тақозои замона басанда нестанд. Барои мутолиаи китобу газетаҳои электронӣ, ин ё он нафарро мебояд нахуст бо компютор шиносоии хуб дошта бошад. Аммо мушоҳида мешавад бархе одамон бо компютер дуруст кор карда наметавонанд. Сипас шахсро мебояд бо интернет шиносоӣ дошта бошад, то он китобу маводи лозимаашро пайдо карда истифода барад. Истифодабаранда дар навбати саввум он китоби пайдо намудаашро мебояд бихонад. Хондану дарк намудани мазмуни китоб ҳам завқу маърифати баландро талаб менамояд. Моро месазад аз таҷрибаи давлатҳои тараққинамуда дар ин бахш кор бибарем ва илму маърифатро дар ҷомеа рушд диҳем.
Давлату ҳукумати Русия, хоса президенти ин кишвар В.В.Путин барои бо тарзу усули замонавӣ бомаърифат гардонидани сокинони кишвараш, тасмим гирифтааст, ки дар ин кишвар китобҳои «аудио»-иро коркарду фароҳам оранд.
Маърифатнокии ҳар як шахс аз оила оғоз мегардад ва нахустин устоди ҳар як шахс модар ва падари ӯст. Барои ҳамин ҳам дар тамоми рӯи олам забонро модарӣ мегӯянд. Нахуст, мебояд модарон бомаърифат бошанд. Барои бомаърифат гардидани модарони коргару хонанишин давлату ҳукуматро мебояд китобҳои аудиоӣ-ро муҳайё намояд. Китобҳои бузургони оламро аз забони ровиёни хушсалиқа ва хонандагони мумтози каломи бадеъ сабт намуда, тариқи интернету телефонҳои мобилӣ пешкаши истифодабарандагон намудан лозим меояд. Дар ин сурат, модароне, ки машғули кору бори хонаанд ва падароне, ки дар корхонаҳо кор мекунанд, дар як замон ҳам корро иҷро мекунанду ҳам маърифат меомӯзанд. Ҳангоми бо ин тариқ истифода бурдани технологияи замонавӣ он ба қавле «ду ҳосил» мерӯёнанд. Заноне, ки соатҳои дароз дӯзанда шуда кор мекунанд, онҳо модаранд ва дар як замон метавонанд аз китобҳои аудиоӣ тариқи телефонҳои мобилӣ мавзӯи дилхоҳ интихоб намуда, маърифатнок гарданд. Ҷавонписароне, ки дар ошёнаҳои баланд иморат месозанд, онҳо низ падаранд ва дар як вақт аз китобҳои аудиоӣ тариқи телефонҳои мобилӣ метавонанд илм омӯхта бомаърифат гарданд. Ронандаи автомашинаи боркаше, ки соатҳои дароз сари чанбарак нишаста меҳнат мекунад, вай ҳам падар аст ва аз китобҳои аудиоӣ тариқи телефони мобилӣ имкон пайдо мекунад, ки мавзӯи дилхоҳро интихоб намуда, ҳам корро иҷро кунаду ҳам маърифат биомӯзад. Баъди ҳамду санои Худованд Қуръони карим бо лафзи Алиф Лом Мим оғоз мегардад, ки муфассирон, хоса Ҳусайн Воизи Кошифӣ ин лафзро ҳамчун ИЛМ тафсир намуда аст. Қуръон. Сураи 2, ояти1. Паёмбар Муҳаммад (с.) низ башорат дода аст, ки талаби илм ҳатмию зарур аст барои мардон ва занон. Ҳар амали носавобе, ки аз одамон сар мезанад, аз ҷаҳолату нодонии ҳамон ашхос аст. Одамон дар афту андом, ҳусну ҷамол шабеҳи якдигаранд. Фарқияту тафовут миёни одамон фақат дар илму маърифаташон мебошад. Ашхоси мутасаддии илму маърифати ҷумҳуриамон, хоса кормандони маорифу фарҳангро месазад аз технологияи муосир истифода намуда, барои боз ҳам бомаърифат гардидани мардумони кишварамон тадбирҳои зарурӣ биандешанд. Шахсиятҳои мутасаддии кишварамонро мебояд тариқи радиову телевизион дар миёни мардумон ташвиқоту тарғибот бурда, тарзу усули истифодаи китобҳои аудиоиро ба одамон фаҳмонанд. Ҳар рӯз, Сарвари давлатамон, тариқи телевизион, қабл аз ахбор, ба кулли мардумони кишварамон башорат медиҳад, ки: «Дӯст бошед, иттифоқ бошед, шукронаи ин сарзамин кунед, шукрона кунед, ки чунин ватани азизу маҳбуб доред.»
Дӯстиву рафоқат, меҳру муҳаббат, таҳаммулпазириву адолат дар натиҷаи бомаърифатии мардумон ба вуҷуд меояд. Ҳар як кӯтоҳие, ки аз одамон сар мезанад, аз бемаърифативу нохудогоҳии ҳамон ашхос дарак медиҳад. Бо фароҳамсозии китобҳои аудиоӣ сокинони кишварамон, хоса ҷавонон аз асарҳои ба ёдгормондаи ниёгонамон баҳраманд гашта, бомаърифатару худогоҳтар мегарданд. Сарвати бебаҳои ҳар як давлат нефту газу тиллову нуқраи он набуда, балки донишмандон ва ҷомеаи бо маърифату худогоҳи он сарвати бебаҳои ҳамон давлатанд. Ҳар як давлат бо донишмандону олимон ва ҷомеаи солиму фаъоли кишвараш ифтихор мекунад. Умедворем, ки дар ояндаи наздик ин гуна технологияи муосир дар кишвари мо низ фароҳам мегардад, чунки тақозои замони нав дигар ҳамин аст. Хуб мешуд, ки агар бо эълон гардидани соли 2018 ҳамчун «Соли сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ин гуна технология дар тамоми қаламрави кишвар аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохторҳои дахлдори он роҳандозӣ мегардиду дар амал татбиқ мешуд.
Ба равшандилону маорифпарварони Тоҷикистон дар ин ҷода комёбиву муваффақият таманно дорам!
Раҳмат ШЕРАЛИЕВ