Қотилони раҳбари ҷамъияти зардуштиёни Тоҷикистон Рӯдакии Самадӣ ва сабабҳои ин ҷинояти мудҳиш то ба ҳол номаълуманд

Онҳое, ки Рӯдакии Самадиро аз наздик мешинохтанд, куштори ӯро ба мансубияти диниаш рабт медиҳанд. Зеро, ба гуфтаи онҳо, ӯ таблиғгари таълимоти зардуштӣ ва ҷонибдори эҳёи фарҳанги ориёӣ дар Тоҷикистон шумурда мешуд. Вале дар ин миён шахсони дигаре низ ҳастанд, ки мегӯянд, куштори раҳбари ҷамъияти зардуштиёни Тоҷикистон хусусияти молӣ дорад. Дар ин таҳқиқоти рӯзноманигорӣ талош кардем сабабҳои куштори Рӯдакии Самадиро муайян намоем.

 Рӯдакии Самадӣ кист?

Рӯдакии Самадӣ соли 1964 дар шаҳри Душанбе ба дунё омадааст. Ӯ факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистонро хатм ва як муддат дар киностудияи “Тоҷикфилм” ба ҳайси филмсоз кор кардааст. Самадӣ ҳамроҳ бо коргардон Восеъ Мӯсо филми шашсериягии “Зардушт”-ро таҳия кардааст, ки дар ҳудуди Тоҷикистон ва Эрон наворбардорӣ шудааст. Рӯдакии Самадӣ моҳи июли соли 2001 дар маркази Душанбе аз сӯи шахсони номаълум кушта шуд. Дар робита ба куштори ӯ парвандаи ҷиноятӣ боз шуда, тафтишотро додситониҳои ноҳияи Роҳи оҳан (Шоҳмансури ҳозира) ва шаҳри Душанбе анҷом доданд. Вале сабабҳои ин куштор ва гумонбарони он ҳанӯз ҳам номаълуманд.

Яке аз муфаттишоне, ки ба таҳқиқи куштори Самадӣ машғул буд, ба шарти ифшо нашудани номаш дар суҳбат бо хабарнигори CABAR.asia гуфт, дар робита ба куштори раҳбари ҷамъияти зардуштиёни Тоҷикистон дар аввал ду фарзия — эътиқоди динӣ ва хусумати шахсӣ вуҷуд дошт. Ба гуфтаи ӯ, он замон эҳтимоли фарзияи хусумати шахсӣ бештар буд. Ҳамсуҳбати мо дар бораи фарзияи дигар — молӣ, ки шахсони наздик ба Рӯдакии Самадӣ пешбинӣ мекарданд, огаҳӣ надошт ва он замон низ дар бораи фарзияи мазкур чизе гуфта намешуд. Муфаттиш афзуд, ки аз он ҳодиса муддати зиёде гузаштааст ва “бештари чизҳо аллакай фаромӯш шудаанд”.

— Он замон гумонбарони ин ҷиноят пайдо карда нашуданд. Мо танҳо фарзияҳоро таҳқиқ карда, дертар ба иллати набудани гумонбарон ва маълумоти иловагӣ парвандаро ба ниҳодҳои болоӣ фиристодем,- изҳор дошт муфаттиши пешин.

Ба назари ҳуқуқшиноси шинохтаи тоҷик Ойниҳол Бобоназарова, эҳтимол дорад пушти парвандаи куштори Рӯдакии Самадӣ шахсон ва ниҳодҳои муайяне меистоданд, ки дар натиҷа тавонистанд тафтишоти ҷиддиро қатъ кунанд.

— Ҳеҷ имкон надорад, ки бо баҳонаи пайдо нашудани гумонбарон парвандаро қатъ кард. Зеро ин куштор аст! Бар асоси меъёрҳои ҳуқуқии Конститутсияи Тоҷикистон, мансубият ба ин ё он дин ҳаққи ҳар як шаҳрванд аст ва пайравии дине ҷиноят шумурда намешавад. Таҷрибаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвари мо нишон медиҳад, ки агар ҷинояте барояшон муҳим бошад, дастандаркорони онро ҳатто пас аз 25 ё 30 сол низ пайдо карда, тариқи телевизионҳо намоиш медиҳанд,- гуфт Бобоназарова.

Ҳуқуқшиноси тоҷик дар хитоб ба наздикони Самадӣ афзуд, ки онҳо бояд ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон ва ҳатто ба созмонҳои байналмилалии ҳомии ҳуқуқ муроҷиат карда, азсаргирии тафтиши парвандаи куштори ӯро талаб кунанд ва корро то ба охир расонанд.

На қотил асту на сабабҳои қатл: парванда бозпас фиристода шуд

Бар асоси иттилои Додситонии кулли Тоҷикистон, «шахсони номаълум соати 8-и субҳи 4-уми июли соли 2001 дар наздикии бинои рақами 8, воқеъ дар кӯчаи М. Турсунзодаи ноҳияи Роҳи оҳан (Шоҳмансури ҳозира) бо туфанги «Макаров» ба қисматҳои гуногуни бадани шаҳрванд Самадов Рӯдакӣ Исматович чанд тир парронда, аз маҳали ҳодиса ғайб заданд. Дар натиҷа Самадӣ аз захми тир ба ҳалокат расид. Ҳангоми азназаргузаронии маҳали ҳодиса 4 гулӯлаи истифодашудаи нуҳмиллиметрӣ пайдо карда шуд. Аз худи ҷасад китоби «Нурнома» ва 600 сомониву 32 дирам дарёфт гашт».

Бино ба хабарҳо, Додситонии ноҳияи Роҳи оҳани шаҳри Душанбе худи он рӯз бар асоси бандҳои е, ж, з ва л-и қисми 2-и моддаи 104 (куштор)-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парванда боз кардааст.

Аз Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон:

Моддаи 104. Куштор… Е) куштор бо бераҳмии махсус; ж) куштор бо тарзи ба ҳаёти мардуми зиёд хавфнок; з) куштор аз  ҷониби гуруҳи шахсон  ё гуруҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ, гуруҳи муташаккил, иттиҳоди ҷиноӣ (ташкилоти ҷиноятӣ); л) куштор бо нияти рӯйпӯш намудани ҷинояти дигар ё осон кардани содир намудани он, инчунин марбут бо таҷовуз ба номус ё кирдори зӯроварии дорои хусусияти шаҳвонӣ.

Тафтишоти пешакӣ бар зиммаи муфаттиши додситонии ноҳияи Роҳи оҳан вогузор шуда буд. Муфаттише, ки парвандаро қабул карда буд, пас аз анҷоми як қатор чораҳои тафтишотӣ чандин фарзияи куштор, аз ҷумла қатл ба далели мансубияти динии Рӯдакии Самадӣ, бо сабаби қарзи молӣ, баҳси маишӣ ва омилҳои дигарро таҳқиқ кард. Вале бо вуҷуди амалиёти фаврӣ-ҷустуҷӯии анҷомшуда ҷиноят ва дастандаркорони он ошкор карда нашуданд.

Дар натиҷа, парванда пас аз ду моҳ, муҳлати муқарраркардаи қонунгузории мурофиавии ҷиноятии кишвар ба иллати пайдо нашудани шахсоне, ки бояд ба ҷавобгарӣ кашида мешуданд, қатъ гашт.

Вале Додситонии шаҳри Душанбе ин қарорро ба хотири комил набудани тафтишоти пешакӣ бекор кард. Ин бор анҷоми тафтиши иловагии парвандаи мазкур бар зиммаи муфаттиши додситонии пойтахт вогузор гардид. Аммо он пас аз анҷоми як қатор корҳои тафтишотӣ дубора бо ҳамон далел — пайдо нашудани гумонбарон қатъ карда шуд.

Додситонии кулли Тоҷикистон пас аз омӯзиши дубораи парванда анҷоми тафтишоти иловагиро зарур шумурда, қарори муфаттиши Додситонии шаҳри Душанберо дар бораи қатъи он бекор кард. Парванда барои тафтиши дубора ба додситонии пойтахт бозпас фиристода шуд.

Вале мақомоти тафтишотии кишвар то ба ҳол омилони куштори Рӯдакии Самадӣ ва сабабҳои воқеии онро ошкор накарданд.

Наздикони Самадӣ ва шоҳидони куштор чӣ мегӯянд?

Яке аз шоҳидон — Ромин Ҳодизода мегӯяд, ки Рӯдакии Самадиро дар наздикии хонаи онҳо парронданд ва хонаводаи ӯ пулисро даъват карда буд.

— Хонаи мо дар ошёнаи якум буд. Вақте садои тир шунида шуд, ман дар хона будам. Чанд лаҳза баъд марде фарёд заду садои тири дуввум баланд шуд. Ҳамроҳи модарам оҳиста аз тиреза нигоҳ кардем, ҷавонмарде бо куртаи сафед хобидааст. Мо ба пулис хабар додем. Ҳамсояҳо гуфтанд, ки Самадиро барои қарзу пул куштанд. Дертар овозаҳои гуногунро низ шунидем,- гуфт Ҳодизода.

Рӯзноманигор Мирзо Салимпур, ки дар бораи куштори Рӯдакии Самадӣ нахустин шуда хабар дод, гуфт, қотилон пайдо карда нашуданд. Он замон мегуфтанд, ки ба куштори ӯ таблиғи кеши зардуштӣ сабаб шудааст. Ба гуфтаи Салимпур, куштори Самадӣ пайравони дини зардуштиро дар Тоҷикистон тарсонд.

Яке аз дӯстони наздики Рӯдакии Самадӣ ва узви Анҷумани илмӣ-фарҳангии “Маздо Ясно” Аъзам Афзалӣ мегӯяд, ки пас аз куштори Самадӣ дигар касе раҳбарии созмонро бар зимма нагирифт.

— Барои он бар уҳда намегирифтанд, ки он замон дар Душанбе шумораи зиёди тундравон ҳузур доштанд ва созмонҳоеро ба монанди «Маздо Ясно» намеписандиданд,- афзуд Афзалӣ.

Рӯзноманигори нашрияи «Вечерний Душанбе» Наргис Зокирова 21-уми феврали соли 2005 дар сомонаи iwpr.net матлаберо дар бораи фишору таҳдид ба пайравони адёни дигар дар Тоҷикистон нашр кард ва дар он куштори Рӯдакии Самадӣ низ зикр шудааст. Зокирова бо истинод ба иттилои ғайрирасмӣ навишта буд, ки дар ҷомеаи Тоҷикистон таҳаммулпазирии динӣ вуҷуд надорад.

Исфандиёри Одина — рӯзноманигор, узви пешини Анҷумани илмӣ-фарҳангии “Маздо Ясно” ва яке аз дӯстони наздики Рӯдакии Самадӣ куштори ӯро бевосита ба фаъолиятҳояш рабт медиҳад. Ба гуфтаи Исфандиёри Одина, мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон солҳои 2000-ум як қатор ҷинояткориҳоро зидди чеҳраҳои маъруфи илмиву фарҳангӣ ба қайд гирифтаанд. Барои намуна, филмсоз ва раиси Кумитаи радиову телевизион Сайф Раҳимзод Афардӣ, академикҳо Юсуф Исҳоқӣ ва Муҳаммад Осимӣ, вазири фарҳанг Абдураҳим Раҳимов ва як қатор чеҳраҳои дигари маъруфи кишвар кушта шуданд.

— Куштори Рӯдакии Самадӣ идомаи силсила кушторҳое буд, ки касе нагуфт пушти онҳо кадом гуруҳ меистод,- афзуд Исфандиёри Одина.

Аҳмадшоҳ Комилзода — рӯзноманигор ва яке аз ҳамкорони пешини Рӯдакии Самадӣ бар ин аст, ки раҳбари ҷамъияти зардуштиёни Тоҷикистон қурбони тафаккури маҳдудшудае гашт, ки он замон дар Тоҷикистон ҳукмфармо буд ва торафт авҷ мегирифт. Зеро барои куштори ӯ сабабҳои дигаре набуд. Барои чӣ метавонистанд ӯро бикушанд? Ӯ на сарватманд буд ва на бо сиёсат коре дошт.

Комилзода мегӯяд, ки бо Рӯдакии Самадӣ тақрибан солҳои 1996-1997 дар шаҳри Теҳрони Эрон шинос шуда буд. Самадӣ баъди баргашт ба Тоҷикистон созмонеро бо номи Анҷумани илмӣ-фарҳангии “Маздо Ясно” расман сабти ном карда, коргоҳеро низ ба иҷора гирифт.

Таблиғи дин набуд…

Ба гуфтаи Комилзода, сипас сармоягузорони созмон барои харидории чанд компютеру таҷҳизоти дигар маблағи муайянеро фиристоданд. Фаъолияти онҳо бештар аз мутобиқсозии матнҳои форсӣ-тоҷикӣ, таҳрир ва нашри онҳо иборат буд ва ба дин рабте надошт. Дақиқтараш онҳо китобҳое буданд, ки дар бораи таърих ва забони Эрони қадим маълумот медоданд.

Дар рафти таҳқиқоти рӯзноманигорӣ дар бораи қарздории Рӯдакии Самадӣ овозаҳои гуногуне шунида шуд, ки арқоми яксон надоранд. Бархеҳо бидуни ҳеҷ гуна далеле гуфтанд, ки ӯ аз касе маблағи калон қарздор буд ва маҳз барои ин кушта шуд. Мо низ талош кардем, ки инро дақиқ кунем.

Яке аз фарзияҳо ин буд, ки Рӯдакии Самадӣ барои бунёди бинои Анҷумани илмӣ-фарҳангии “Маздо Ясно” дар Тоҷикистон аз ҷамъияти зардуштиёни Шветсия маблағи калон (250 ҳазор доллар) гирифтааст ва маҳз ин ба куштори ӯ сабаб шудааст.

Он замон Комрон Ҷамшедӣ ҷамъияти зардуштиёни Шветсияро раҳбарӣ мекард ва чандин бор низ аз Тоҷикистон боздид карда, бо Рӯдакии Самадӣ ҳам суҳбат намудааст. Вай робитаи Самадиро бо ҷамъияти зардуштиёни Шветсия тасдиқ кард ва гуфт, ки на танҳо Рӯдакии Самадӣ, балки чандин тоҷикистонии дигар низ узви ҷамъияти мазкур буданд.

Ба гуфтаи ӯ, мавзуи суҳбат бо Самадӣ паҳни дини зардуштӣ дар Тоҷикистон буд. Дар натиҷаи ин суҳбатҳо Анҷумани илмӣ-фарҳангии “Маздо Ясно” таъсис ёфт, ки дертар баста шуд.

Вале ҳамсуҳбати мо гуфт, ки дар бораи муносибатҳои молӣ, аз ҷумла ҷудо шудани маблағ барои бунёди бинои созмон дар Душанбе ва кӯмакҳои дигар огаҳӣ надошт. Ба гуфтаи ӯ, дар Ҷамъияти зардуштиёни Шветсия тасмим гирифта шуда буд, ки барои Анҷумани илмӣ-фарҳангии “Маздо Ясно” дар Тоҷикистон коргоҳе бунёд карда шавад. Вале пас аз кушта шудани Рӯдакии Самадӣ корҳо дар ин замина қатъ шуданд. Чандин нафар талош карданд, ки ин корро то ба охир расонанд, вале натавонистанд.

Салими Зарафшонфар — шоир ва яке аз дӯстони наздики Рӯдакии Самадӣ дар мавриди пули калоне, ки гӯё зардуштиёни Шветсия ба раҳбари ҷамъияти зардуштиёни Тоҷикистон дода буданд, огаҳӣ доштааст. Ба гуфтаи ӯ, вақте Анҷумани илмӣ-фарҳангии “Маздо Ясно” таҷлили идҳои “Наврӯз”, “Меҳргон” ва “Сада”-ро бо комёбӣ ташкил кард, Маркази зардуштиёни Шветсия хост бо онҳо ҳамкорӣ кунад ва баъзе аз фаъолиятҳояшонро низ сармоягузорӣ кард.

— Онҳо баъди баргашти ӯ аз Шветсия барои таъмири бино, хариди компютер ва таҷҳизоти дигар 8 ҳазор доллар фиристоданд. Ин пулҳо барои рушди созмон буданд. Шахсоне низ буданд, ки ҳар моҳ аз ҳисоби созмон маош мегирифтанд,- изҳор дошт Зарафшонфар.

Вале Аъзам Афзалӣ мегӯяд, тамоми маблағҳое, ки онҳо аз Маркази зардуштиёни Шветсия дарёфт карданд, хайрия буд. Онҳо ҳеҷ гоҳ иддаое надоштанд ва мегуфтанд, ки дар робита ба паҳни дини зардуштӣ омодаанд ҳама гуна кӯмакро анҷом диҳанд. Ба гуфтаи Афзалӣ, куштори Самадӣ ҳеҷ рабте ба пулҳо надорад. Масъалаҳои молӣ танҳо пас аз марги ӯ ба миён омаданд. Тамоми маблағҳое, ки ӯ дарёфт мекард, зери назорати иттиҳодия қарор доштанд ва вай ҳамеша ҳисобот низ медод.

Тарҳи бунёди бино барои иттиҳодия ба маблағи 250 ҳазор доллар

Муним Оламов — рӯзноманигор ва яке аз наздикони хонаводаи Самадӣ мегӯяд, ки ҳукумат фаъолияти анҷумани мазкурро ҷонибдорӣ мекард. Ба гуфтаи ӯ, фаъолияти анҷуман вақтҳои охир беҳтар шуда буд. Ҳукумати кишвар низ барои бунёди бинои Анҷумани илмӣ-фарҳангии “Маздо Ясно” иҷозат дода ва макони сохтмонро ҳам интихоб карда буданд. Ба назари Оламов, ба куштори Самадӣ маҳз фаъолият ва мансубияти динии ӯ сабаб шудааст.

Салими Зарафшонфар дар мавриди сохтмони бинои Анҷумани илмӣ-фарҳангии “Маздо Ясно” афзуд, ки ниҳодҳои дахлдори кишвар барои бунёди бинои иттиҳодия ба Самадӣ иҷозат дода буданд ва ӯ мунтазири маблағи сармоягузорони хориҷӣ буд.

— Қарор буд бо ҳадафи тавсеаи фаъолияти анҷуман курсҳои компютериву забономӯзӣ ва китобхона ташкил карда, дар пушти бемористони Ибни Сино сохтмони бинои Анҷумани илмӣ-фарҳангии “Маздо Ясно” оғоз карда шавад. Маркази зардуштиёни Шветсия барои ин кор 250 ҳазор доллар ҷудо карда буд. Онҳо бо ин роҳ мехостанд диққати мардумро ба таъриху фарҳанги пешазисломии тоҷикон ҷалб кунанд,- изҳор дошт Зарафшонфар.

Аъзам Афзалӣ — уви Анҷумани илмӣ-фарҳангии “Маздо Ясно”, ки ҳамеша дар канори Самадӣ буд, гуфт, ӯ барои таҳияи асноди сохтмони бинои «Маздо Ясно» шахсан ба назди афроди масъул рафта, лоиҳакашеро низ аз шаҳри Хуҷанд даъват карда буд. Ба гуфтаи вай, намояндагони Маркази зардуштиёни Шветсия барои оғози сохтмон розигӣ дода буданд. Бунёди биноро низ худи онҳо пешниҳод карданд ва қарор буд Маркази ҷаҳонии зардуштиён дар Душанбе бунёд шавад.

Ба гуфтаи Салими Зарафшонфар, пушти куштори Рӯдакии Самадӣ ҳеҷ гуна гуруҳ ё созмоне намеистад. Эҳтимол дорад, ба ҷони ӯ тундравоне қасд карданд, ки фаъолияти ӯро нодуруст фаҳмида буданд. Самадӣ дини зардуштиро расман қабул карда буд, вале ӯ касеро ба пайравӣ аз он маҷбур накардааст. Вай мегуфт, ки «ҳар шахс бо роҳи худ Худоро хоҳад шинохт».

Ҳамсари Рӯдакии Самадӣ: ӯ қурбони олами ҷиноӣ шуд…

Мувакила Олимова — ҳамсари Рӯдакии Самадӣ мегӯяд, ки шавҳараш қурбони олами ҷиноӣ ва ҳирсу ҳасад шудааст. Ба гуфтаи Олимова, куштори шавҳари ӯ ба фаъолияти соҳибкорӣ ва пулҳояш рабт дорад.

— Шояд касе мехост аз ҳисоби мавзуи зардуштӣ даромад ба даст орад, вале бо он Рӯдакии Самадӣ машғул буд. Бисёриҳо мехостанд ин тарҳро ба даст оранд, вале он ба дасти Самадӣ расид. Вақте диданд, ки дар ин кор пеш рафт, ӯро аз байн бардоштанд. То ҳол намедонам, ки вайро кӣ ва барои чӣ кушт…,- илова кард хонум Олимова.

Ҳамсари Самадӣ дар мавриди намоишномаи театрӣ ва сармоягузорҳои ахири ӯ гуфт, онҳо зардуштиёни Шветсия буданд ва барои шавҳараш як бор 7 ҳазор доллар фиристоданд, ки худи ӯ шахсан ин пулҳоро дида буд. Дар рафти тафтишот ҳамаи аснод гирифта шудаанд ва бинобар ин, мо натавонистем нусхаеро дастрас кунем.

Хонум Олимова мегӯяд, вақте аз муфаттишон пурсид, ки шавҳари ӯро кӣ ва барои чӣ куштааст, онҳо гуфтаанд, «тафтишот идома дорад». Ба гуфтаи Олимова, хонаводаи ӯ ба иллати вазъи бади молӣ натавонист вакили дифоеро кироя кунад, вале агар вакили дифоеро ҳам мегирифтанд, эҳтимол дошт, ки ӯро низ бикушанд.

Дини зардуштӣ оини қадимиест, ки ҳанӯз дар баъзе аз вилоятҳои Эрон пайравони худро дорад. Дар ҳоли ҳозир бештари намояндагони ин дин дар Ҳиндустон умр ба сар мебаранд, ки бозмондаҳои зардуштиёни эронии муҳоҷир ба ҳисоб мераванд. Асосгузори кеши зардуштӣ пайғамбари эронӣ ва ислоҳотхоҳи динӣ — Зардушт шумурда мешавад. Дини зардуштӣ вижагиҳои ҳам дуалистӣ ва ҳам монотеистӣ дошта, ба адёни густардаи дигари ҷаҳонӣ — яҳудия, масеҳият ва ислом таъсири худро гузоштааст.

Вазъи зардуштия дар Тоҷикистон

Сухангӯи Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Афшини Муқим гуфт, ки дар ҳоли ҳозир дар кишвар иттиҳодияи динии зардуштӣ расман фаъолият намекунад. Зеро, ба гуфтаи ӯ, ҳеҷ кас барои сабти номи чунин иттиҳодия ба кумита муроҷиат накардааст. Вале коршиносон мегӯянд, ки дар Тоҷикистон шумори муайяни пайравони ин дин боқӣ мондаанд.

Ин таҳқиқоти журналистӣ дар доираи лоиҳаи Намояндагии Институти инъикоси ҷанг ва сулҳ (IWPR) «Муколамаи озод барои рушди субот дар Осиёи Марказӣ» омода шудааст.

1 бинависед

  1. Зи бас, ки бад накардам, нагуфтам ҳеҷ дурӯғ,
    Гумон баранд халоиқ ба кеши Зардуштам.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here