Терроризм ҳамчун рӯйдоди сиёсӣ таърихи қадима дорад. Ҳанӯз дар солҳои 90-уми асри гузашта Ҷумҳурии Тоҷикистон бо зуҳуроти номатлубе чун терроризми байналхалқӣ ва экстремизми динӣ рӯ ба рӯ гардид. Воқеаву ҳодисаҳои мухталифи ҷаҳони имрӯза собит месозанд, ки проблемаи терроризми байналхалқӣ ва экстремизми динӣ яке аз масъалаҳои актуалӣ ва доғи рӯз боқӣ мондааст ва ҳал намудани ин мушкилӣ танҳо дар ҳамбастагии қудрат ва имконоти дохилию хориҷии кишварҳои ҳампаймон имконпазир мегардад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии хеш дар мулоқот бо намояндагони ҷомеаи кишвар рӯзи 12-уми майи соли 2018 изҳор доштанд: «Имрӯзҳо кишварҳои бузурги олам дар ҳолати вазнинтарини ҷанги сард қарор гирифта, илм, иттилоот, иқтисодиёт, техникаву технология ва ҳатто динро ба василаи тарғибу ташвиқу манфиатҳои сиёсӣ ва гуруҳиву минтақавӣ табдил додаанд. Чунин ҳолат низому тартиботи ҷаҳониро заиф, адли умумро ноустувор намуда, ба таҳмил ва содироти иҷбории арзишҳои бегона мусоидат мекунад ва вазъи ҳуқуқу озодиҳои инсонро торафт мураккаб мегардонад. Имрӯзҳо дар чандин кишвари мусулмонӣ бар асари дахолати доираҳои манфиатдори хориҷӣ манзилҳои зисти аҳолӣ, шаҳрҳо ва ёдгориҳои чандинҳазорсола сӯхтаву валангор шуда, ҳазорон нафар одамони бегуноҳ қурбон мешаванд».
Борҳост, ки Пешвои миллат вобаста ба низоми нави ҷаҳонӣ ва масъалаҳои глобалии ҳалталаб, аз ҷумла терроризму экстремизми динӣ дар созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ширкат ва суханронӣ намуда, ин зуҳуроти номатлубро маҳкум намудаанд. Натиҷаи таъкид ва огоҳии саривақтии Сарвари давлат буд, ки садҳо нафар волидони ғофил аз ҳолу аҳволи фарзандонашон, ки дар таълимгоҳҳои ифротгароии динӣ ва террористии кишварҳои хориҷӣ қарор доштанд, ба изтироб афтода, барои бозпас омадани онҳо чораҳои қатъӣ андешиданд. Аммо боиси таассуф аст, ки ҷавонони гумроҳ ва бехабар аз аслу нажод ва эътиқоди динии ростгаро дар байни ҷомеаи мо аҳён-аҳён пайдо гашта истодаанд. Онҳо ба доми фиреб афтода, беҳтарин атои Офаридгор — ақли худро ба ҳилаю найрангҳои муғризона ва хоинонаи душманони миллату давлати ҳуқуқбунёди тоҷикон бохтаанд. Заъфи зиракии сиёсии ҷавонон, арҷ нагузоштан ба арзишҳои миллӣ, расму оини миллӣ, муқаддасоти динӣ ва ғайра ба бадхоҳони миллати тоҷик имкон медиҳад, ки сафи тарафдорони худро афзун намоянд. Тавре Пешвои миллат изҳор доштанд, “дар ҷомеаи муосир терроризму ифротгароӣ дар минтақаву кишварҳои гуногуни олам торафт доман густурда, боиси ҳар рӯз ба ҳалокат расидани садҳо нафар аҳолии осоишта ва сарсону овора шудани ҳазорҳо одамони бегуноҳ гардида, зуҳуроти мазкур бар асари сиёсӣ намудани дини мубини Ислом ҳоло ба таҳдиди бузурги ҷаҳонӣ табдил ёфтааст. Ба номи дини мубини Ислом анҷом додани амалҳои террористиву ифротгароӣ имрӯз ба як зуҳуроти бисёр нангин ва ташвишовар мубаддал гардидааст”.
Аз омӯзиши таҷрибаи гузаштагон бармеояд, халқу миллатҳое, ки дар баробари ҳифзи мероси фарҳангии худ аз арзишҳои динию мазҳабӣ оқилона корбаст намудаанд, ба комёбиҳои бузургу нодир ноил шудаанд. Воқеан, дини мубини Ислом, ки ҷавҳари таълимоти онро тавҳид ташкил медиҳад, дар тӯли асрҳои зиёд бо фарҳанги куҳанбунёди мо омезиш ёфта, ба як рукни таркибии фарҳангамон табдил ёфтааст. Имрӯзҳо дар кишвари мо ба шарофати истиқлолият арзишҳои ахлоқии имониву динӣ мақому манзалати хоса пайдо кардаанд. Ин аст, ки мо дар баробари ҳифзи манфиатҳои милливу давлатӣ масъулияти худро дар самти нигоҳдории покиву саодати арзишҳои динӣ ва дар айни замон пешгирӣ аз ҳар гуна зуҳуроти ифротгароии динӣ эҳсос мекунем.
Қобили қайд аст, ки ҷаҳонишавӣ омили воқеан муҳими рушду таҳаввулоти ҷиддӣ дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла илму техника ва технологияи муосир, истеҳсолот ва ҷомеа гардида, ба наздикшавии кишварҳо ва халқҳои сайёра хеле мусоидат кард. Вале дар баробари ин раванди ҷаҳонишавӣ сабаби дар минтақаҳои гуногуни олам паҳн шудани таҳдиду хатарҳои нав, аз қабили терроризму экстремизм, радикализму сепаратизм, ҷинояткории муташаккили байналмилалӣ ва дигар фаъолиятҳои барои инсоният хатарнок гардид. Ниҳоят ин падидаи фарогир арсаи ба вуҷуд омадани буҳрони шадиди молиявию иқтисодӣ гардид, ки таъсири манфии он ба иқтисоди аксари мамолики ҷаҳон то ба имрӯз идома дорад. Раванди ҷаҳонишавӣ ҳатто арзишу асолатҳои миллии халқу миллатҳои гуногунро таҳти хатари нобудӣ қарор додааст. Хушбахтона, барои пойдории сулҳу суботи ҷомеа, сохтори конститутсионии он, таъмини амният ва ҳифзи арзишҳои моддиву маънавӣ имрӯзҳо Ҷумҳурии Тоҷикистон узви фаъоли Созмони Милали Муттаҳид, Созмони Амният ва Ҳамкории Дастаҷамъӣ, Созмони ҳамкории Шанхай ва дигар созмону ташкилотҳои байналхалқӣ буда, ҳамкориҳои судманди сиёсию ҳарбӣ, иҷтимоию фарҳангиро ба роҳ монда, барои аз байн бурдани омилҳои террористӣ ва экстремизми динӣ саҳми муносиби хешро мегузорад.
Пас мо бояд содиқ ба суханони зерини Пешвои миллат бошем, ки гуфта: “… фарзандони бонангу номуси миллат ва кулли шаҳрвандони кишвар вазифадоранд, ки бо шукргузорӣ аз давлати соҳибистиқлол ва Ватани соҳибихтиёрамон ба хотири ҳимояи истиқлолияту озодӣ, таҳкими суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ ва ҳифзи манфиатҳои миллату давлатамон саъю талош намоянд”.
Мустақим ШОЕВ