«Террорист дар асли худ миллат, мазҳаб ва ватан надорад ва душмани Худову бандагони ӯст. Ингуна неруҳо аз номи Ислом амал намуда, номи неки онро доғдор мекунанд ва манфиатҳои душманону бадхоҳони фарҳанги волои Исломро пиёда месозанд».

Эмомалӣ Раҳмон

Дар шароити кунунӣ, ки давраи ҷаҳонишавӣ ва бархӯрди тамаддунҳост, инсоният ба бисёре аз мушкилоти фаромилӣ рӯ ба рӯ шудааст. Имрӯз ифротгароӣ яке аз масоили мубрам ва актуалии ҷаҳони муосир ба шумор рафта, ба яке аз мавзуҳои доғ мубаддал шудааст, ки ҳар рӯз тавассути расонаҳо дар ин бора иттилоъ мегирем.

Шояд имрӯз давлате вуҷуд надошта бошад, ки онро хатари терроризм таҳдид накунад. Ифротгароӣ ва терроризм яке аз падидаҳои номатлуби ҷаҳони муосир ба ҳисоб мераванд, ки дар ибтидои асри XXI хусусияти ҷаҳониро касб карда, натанҳо барои кишварҳои алоҳида ё минтақаи муайян, балки хатари умумиинсониро дар сайёра ба бор овардаанд.
Аммо калимаҳои ба ин монанди радикализм (тундгароӣ), фанатизм (таассубгароӣ), фундаментализм (бунёдгароӣ), терроризм (даҳшатафканӣ) ба маъноҳои зайл омадаанд:
Мафҳуми «радикализм» маънои амали канорагириро дорад. Дар китоби «Донишномаи сиёсӣ» таърифи он чунин оварда шудааст: “Радикализм фаъолияти сиёсии гуруҳ, ҳизби сиёсӣ буда, нисбат ба ҳалли ислоҳот ва тағйироти демократӣ амали устувор дошта, баҳри қонеъ гардонидани талаботи аъзо мубориза мебарад”.
Имрӯзҳо аксари мардуми ноогоҳ ва дур аз илму дониш амалҳои ифротӣ ва террористиро танҳо ба мусулмонҳо нисбат медиҳанд ва ифротгароёнро мусулмон медонанду гумон мекунанд, ки ифрот зодаи Ислом аст.
Аслан мо наметавонем терроризмро ба ягон дин ё миллат нисбат диҳем, зеро терроризму экстремизм моли ягон дин ва ё миллат нест. Ин инсонҳоянд, ки аз ноогаҳиву гумроҳӣ ва ё аз рӯи ин ё он сабаб ё манфиат ифротгаро мешаванд. Дастуроти воқеии на дини Яҳудӣ, на Масеҳӣ ва на дини мубини Ислом ҳеҷ яке пайравонашро ба ифроту тафрит даъват накарда буд ва намекунад.
Худованд (ҷ) дар ояи 13-и сураи Ҳуҷурот мефармояд: “Эй мардум, ба дурустӣ, ки шуморо аз як марду як зан офаридем ва шуморо ҷамоатҳо ва қабилаҳо гардонидем, то бо якдигар шиносо шавед. Ҳар оина, гиромитарини шумо назди Худованд парҳезгортарини шумо аст”.
Президенти кишвар дар яке аз мулоқотҳояшон бо намояндагони аҳли ҷомеаи мамлакат изҳор доштанд: «Мо бояд дини мубини Исломро аз тафриқаангезӣ ва олудашавӣ бо ифротгароӣ ҳифз намоем, ҷавҳар ва чеҳраи ҳақиқии маънавию ахлоқӣ ва таҳаммулгароии онро ба мардум ва махсусан ба насли ҷавонамон нишон диҳем ва дар тарбияи ахлоқиву маънавии онҳо аз арзишҳои исломӣ истифода намоем. Терроризм ва экстремизм ба ягон дин, алалхусус ба дини мубини Ислом ҳеҷ рабте надорад».
Бешак, дини мубини Ислом ҳар гуна хушунат ва ифротгароиро, сарфи назар аз он, ки ифроти сӯйистифодашуда аз дин бошад ё ғайри динӣ, маҳкум менамояд. Ин дин ҳамеша пайравони худро ба эътидол ва миёнаравӣ даъват менамояд. Қуръони карим ҳам уммати Исломро уммати васат (миёна) номидааст: «Ва ҳамчунин, шуморо уммати васат сохтем, то ба мардум гувоҳ бошед…» (Сураи «Бақара», ояти 143).
Бояд хуб дарк кунем, ки терроризм ба маънии ба даҳшат овардани аҳолии осоишта, афроди ғайринизомӣ, кӯдакон, занон, пиронсолон, ибодаткунандагон, новобаста аз он ки аз кадом тоифаанд, ягон вобастагие ба Ислом надорад. Балки бо таълимоти дини мубини Ислом ва рисолати он, ки ба раҳму шафқат нигаронида шудааст, мухолифат дорад. Худованди бузург ба Паёмбараш (с) хитоб намуда мефармояд: «Ва мо туро нафиристодем, магар аз рӯи меҳрубонӣ бар оламиён» (Сураи “Анбиё”, ояти 107).
Паёмбар (с) вақте ҳазрати Алӣ (р)-ро барои фатҳи Хайбар амр намуданд, гуфтанд: “Аввал, онҳоро ба накӯӣ даъват кунед, пирон, занон ва кӯдаконро накушед, ҳар касе, ки дар маъбади худ ибодат мекунад (чи маҷусӣ, чи масеҳӣ, чи яҳудӣ), накушед, ҳар кӣ дар мазрааш кор мекунад, ӯро ҳам накушед, хонаву дар ва замини полезро вайрону поймол насозед, дарахтонро набуред! Танҳо нафароне, ки сӯи Шумо силоҳ мекашанд, бо онҳо муқотала кунед”.
Акнун рафтори ДИИШ-ро бо сухани Паёмбар (с) муқоиса мекунем, ки онҳо на ба пир раҳм доранд, на нисбати кӯдакон шафқат доранд, мардуми бегуноҳро сар мебуранд ва бераҳмона ба занҳо дасти таҷовуз дароз мекунанд ва ғайра. Ҳол он ки, дар таълимоти исломӣ ҳатто куштан ва озор додани ҳайвонот ҷоиз нест.
Аз Ибни Умар (р) ривоят аст, ки Паёмбар (с) фармуданд: «Зане гурбаеро ҳабс намуда, таом надод ва нагузошт, ки аз ҳашароти замин бихӯрад, аз ин сабаб дохили дӯзах шуд» (Ривояти Бухорӣ, 3318 ва Муслим, 2242 аз Ибни Умар (р)).
Пас, худ хулоса бароред, ки ҳоли ононе, ки мусулмононро озор медиҳанду мекушанд ва ба молу мулк ва аҳлу иёлашон дасти таҷовуз дароз мекунанд, чӣ мешаванд?
Худованд дар Қуръони карим, сураи “Нисо”, ояти 93 мефармояд: “Ва ҳар кӣ муъминеро ба қасд бикушад, пас ҷазои ӯ дӯзах аст, дар он ҷовид бошад ва Худо бар ӯ хашм гирифтааст ва ӯро лаънат кардааст ва азоби бузург барои ӯ омода сохтааст”.
Дар ин оят 5 таъкиди ҷиддӣ аст, ки дар ягон гуноҳи кабираи дигар Худованд чунин масъаларо сахт таъкид накардааст:
1. Ҳар кӣ муъминеро ба қасд бикушад, пас ҷазои ӯ дӯзах аст.
2. Дар дӯзах ҷовид бошад.
3. Худо бар ӯ хашм гирифтааст.
4. Худо ӯро лаънат кардааст.
5. Азоби бузург барои ӯ омода сохтааст.
Воқеан, ин таъкидот аҳамияти ниҳоят бузург доранд. Ин на ривоят аст ва на ҳадис, ки саҳеҳиву заифиашро биҷӯем, ин Каломи Худо аст ва ҷои баҳс надорад. Аз ин сухани боризу равшантаре нест, ки як нафар муъмин ё имондорро қатл кардан чи гуна оқибати вазнин дорад. То дараҷае, ки Худованд ӯро лаънат мекунад ва азоби бузурге барои қотил омода месозад.

Искандаршо УМАРОВ,
муовини ректор оид ба тарбияи ДИТ ба номи Имоми Аъзам Абуҳанифа (р)

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here