Театри давлатии  драмаи мусиқии ба номи Тӯҳфа Фозиловаи шаҳри  Конибодом дар шаҳри Хуҷанд  нахустнамоишномаеро таҳти унвони “Қобил”  ба саҳна гузошт, ки он аз масъалаи доғи ҷомеа, гумроҳ шудану даст ба куштор задан қисса мекунад. Муҳиддини Музаффар коргардон ва директори муассисаи давлатии “Суғдсинамо”, ки дар ин намоишнома нақши Қобилро бозӣ кардааст мегӯяд, “имрӯз шомилшавии сокинон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро, яке аз масъалаҳои доғи ҷомеа на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар кулли кишварҳои Осиёи Марказӣ ва ҷаҳон ба шумор меравад. Мо ҳам нисбати ин мушкилоти ҷомеа бетараф нестем. Мақсади мо ҳам аз пешниҳоди ин намоишнома аз он иборат аст, ки сокинон ва ҷавонон пеш аз оғози коре хуб андеша намоянд, то ба хатогӣ роҳ надиҳанд”.

Садои Муҳиддини Музаффар. 

Сужаи намоишнома аз рӯи асари нависандаи маъруфи англис дар қарни 17-18 Ҷорҷ Байрон наишта шуда, он аз ҷониби Нафас Шодмон (адиби ӯзбек) ва Авлиёқулӣ Хӯҷақулӣ (коргардон) коркард шудааст. Онро Сайидамин Ҷило аз ӯзбекӣ  ба забони тоҷикӣ тарҷума кардааст. Ба андешаи Авлиёқулӣ Хоҷақулӣ, коркардони туркмантабори муқими Бритониё, ки ин намоишномаро таҳия кардааст,  кушта шудани Ҳобил аз ҷониби Қобил, ин аввалин террор яъне, куштор дар таърихи инсоният аст. Ӯ мегӯяд, ки мақсади намоишнома ба андеша водор кардани тамошобин аст, то қабл аз кореро кардан, бояд аввал андеша кунад. 

Навори кушта шудани Ҳобил аз ҷониби Қобил

Тибқи намоишнома дар бораи Қобилу Ҳобил, ки ҳарду фарзандони як модаранд, яке рисолати неку хуб дорад ва дигар дар ниҳоят террорист мешавад. Нақшҳоро дар ин намоишнома ҳунармандон Муҳиддини Музаффар, Фаррух Ваитов, Дилноза Каримова ва Фарҳод Ғаффорпур бозидаанд. 

Расмҳо аз рафти намоишнома

Нахустнамоиш дар шаҳри Конибодом ва баъдан дар шаҳри Хуҷанд баргузор гардид. Тавре масъулон изҳор доштанд, тасмим доранд, ин намоишномаро дар тамоми шаҳру навоҳии вилоят ва ҷумҳурӣ пешкаши мардум намоянд. Муҳиддини Музаффар гуфт, ки намоишнома дар сатҳи ҷаҳонӣ омода шудааст ва ният дорем, бо ин намоишнома дар мамлакатҳои хориҷӣ, аз қабили Руминия, Ҳиндустон ва дигар давлатҳо  низ иштирок кунем.

Осими Орифпур, яке аз масъулони муассисаи давлатии Суғдсинамо ва ҳамчун як тамошобин мегӯяд, намоишнома дархури замони имрӯз аст. Ба инсон ҳушдор медиҳад, ки ба роҳи бад наравад, ба суханҳову ваъдаҳои беҳуда бовар накунад ва даст ба куштор назанад. Зеро Қобил пас аз куштани Ҳобил хатоии худро фаҳмид, вале аллакай дер шуда буд.  Мо низ андешаи онро дорем, ки сари ин мавзӯъ бояд як лоиҳа дошта бошем, зеро ки кино яке аз воситаҳои пуртаъсир дар байни ҷомеа  эътироф гаштааст. Барои ин корҳоро ба таври ҳирфаи анҷом додан бояд  ҳунармандон ҳам такмил ёбанд. Ӯ гуфт, ки “воқеан ин мавзӯи мубрам аст, ки ҷомеаи ҷаҳониро нигарон кардааст. Аммо барои ба навор гирифтани ин гуна филмҳо маблағ зарур аст”.

Аммо ба назари коршиносон имрӯз таваҷҷӯҳи мардум ба театр камтар аст. Барои ҳамин, бояд аз роҳҳои дигари таъсиррасонӣ истифода бурда шавад, то сокинон, махсусан ҷавонон аз ин роҳи бад баргардонида шаванд. Масалан, мешавад, ки як филми бадеӣ таҳия кунанд, то чашми мардумро кушояд. Коршиноси маҳаллӣ  Набиюллоҳи Суннатӣ мегӯяд, намоишнома дар сатҳи хеле баланди ирфонӣ ва ҳам  бо забони  шеър яъне назм ба саҳна гузошта шудааст, ки мутаасифона қисми бештари тамошобинон онро ба як бор тамошо кардан намефаҳманд. Агар филме низ дар ин бора офарида шавад, хеле хуб мешуд, чун ба бинанда таъсири амиқтар мерасонад.

Гуфта мешавад, ки шомилшавии сокинон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро яке аз мушкилии ҷомеаи имрӯза ба ҳисоб меравад. Бо мақсади пешгирӣ ин зуҳуроти номатлуб барномаи давлатӣ низ қабул шуда, масъулин бо табақаҳои гуногуни аҳолӣ доири ин масъала мулоқоту вохӯриҳо доир менамоянд. Ба андешаи дастандаркорони театр ҳам бо таҳия ва пешниҳод кардани намоишномаи “Қобил” низ метавон то андозае аз пайвастани мардум ба гурӯҳҳои ифротӣ  пешгирӣ кард.  

Афзал Босолиев

Ин гузориш дар ҳамдастӣ бо Намояндагии Институти инъикоси ҷанг ва сулҳ (IWPR) дар Тоҷикистон, дар доираи лоиҳаи «Тавонмандсозииҷомеа ба хотири мубориза бо ифротгароӣ дар Тоҷикистон» омода шудааст.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here