Масъалаҳои таҳаммулгароӣ ва плюрализм ва пешгирии ифротгароӣ зимни ҳамоише таҳти унвони “Таҳаммулгароӣ ва плюрализм ҳамчун воситаҳои пешгирии экстремизм. Ҳамкории устувори ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва сохторҳои давлатӣ барои пешгирии экстремизм” дар шаҳри Душанбе мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Мақсад аз баргузории он роҳандозии ҳамкории сохторҳои давлатӣ ва ҷамъиятии кишвар ҷиҳати рушди фаъолнокии сиёсии ҷавонон ва омӯзиши таҳаммулгароиву гуногунандешӣ ҳамчун воситаҳои пешгирии ифротгароӣ буд.

Дар ҳамоиш беш аз 60 нафар намояндагони сохторҳои давлатӣ ва ҷамъиятии кишвар, аз он ҷумла, ҷавонони фаъол аз ташкилотҳои ҷамъиятӣ, марказҳои ҷавонон, мактабҳои миёнаю олии кишвар ва намояндагони созмонҳои хориҷӣ иштирок намуданд. Ин ҳамоиш бо ибтикори Ташкилоти ҷамъиятии “Насли нави Тоҷикистон” дар ҳамкорӣ бо Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати ҶТ, Вазорати корҳои дохилии ҶТ, Вазорати маориф ва илми ҶТ, Шӯрои ҷамъиятии ҶТ ва сохторҳои дигари давлатӣ бо дастгирии Сафорати ИМА дар Тоҷикистон баргузор шуд.

Дар ҳамоиш барои пешгирии экстремизм густариши фарҳанги таҳаммулгароӣ ва чандандешӣ муҳим арзёбӣ шуд. Номзади илмҳои сиёсӣ Шералӣ Ризоён зарфияти таҳаммулгароӣ ва плюрализмро барои пешгирии экстремизм дар ҷомеа боаҳамият шуморид: «Ифротгароӣ падидаи мураккаб аст ва имрӯзҳо тафсири гуногун дошта, формулаи умумии ифротӣ шудани шаҳрвандон низ вуҷуд надорад. Тавре дар Стратегияи миллӣ зикр шудааст, “он проблемаи маҷмӯӣ буда, рӯйи даст гирифтани иқдомҳои маҷмӯиро тақозо мекунад”. Дар ин росто муҳим аст, ки “сиёҳсозӣ” ва “қаҳрамонсозӣ”-и ифротиҳо пешгирӣ карда шавад, чун таъсири дутарафа метавонад дошта бошад. Густариши фарҳанги таҳаммулпазирӣ ва плюрализм дар байни ҷавонон барои паст гардидани падидаи ифротгароӣ дар ҷомеа сабаб шуда, пояҳои соҳибихтиёрии Тоҷикистонро ҳамчун давлати мутамаддин тақвият мебахшад”.

Дар ҷараёни ҳамоиш қайд гардид, ки таҳаммулгароӣ маънои доштани қобилияти сабру муросо нисбат ба андеша, рафтор ва иштибоҳи дигаронро дошта, ҳоло мардумони кишварҳои ҷаҳон аз рӯйи фарҳанги таҳаммулгароӣ дар фазои сулҳу салоҳ зистанро авлотар медонанд. Зимнан, таъкид шуд, ки тарбияи ҷавонон дар руҳияи таҳаммулгароӣ маънои бо фаҳмиши дурусти дунёи муосир калон кардани кӯдакону наврасонро дошта, баҳри пешгирии гароиши ҷавонон ба тундравию тахрибкорӣ ва пешгирии иштироки онҳо дар низоъҳои гуногун мусоидат мекунад. Зеро агар ҷавонон ҳамдигарро фаҳманд, фикри дигаронро тибқи қоидаҳои плюрализм ҳамчун ҳуқуқи шахс барои ҳамон гуна андешидан ботаҳаммул дарк кунанд ва ё қабул кунанд, ифротгаро намешаванд ва тадриҷан ба даҳшатафкан табдил намеёбанд.

Дар рафти ҳамоиш зикр шуд, ки плюрализм ҳамчун алтернатива нисбат ба ақидаҳои ифротӣ баромад менамояд ва қобилияти фикрии ҷавононро боло бурда, заминаро барои рушди устувор фароҳам месозад.

Шералӣ Ризоён иброз дошт, ки тадқиқот ва таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки аксари ҷавонони ба гуруҳҳои ифротӣ шомилшуда умуман тафаккури интиқодӣ надоранд ва ба ҳар сухани “зебо” ва ба “рост”-монанд зуд фирефта мешаванд.

Абдураҳмон Хонов — коршиноси масоили иҷтимоӣ, раиси Дастгоҳи Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон гуфт, ки «мардуми мо ки табиатан мусулмон ҳастанд ва давоми солҳои шӯравӣ аз маълумоти кофӣ дар бораи дини ислом бенасиб буданд, баъд аз барҳам хӯрдани давлати шӯравӣ аз ин огоҳии комил надоштани мардум дар бораи ислом гуруҳҳои ифротгаро сӯйистифода карда, бархе аз сокинонро ба сафҳои худ кашанд». Ӯ афзуд, «ҳоло тамоми ҷомеаи дунё аз афзоиши экстремизм ва ҳодисаҳои мудҳиши террористӣ нигарон буда, ин падидаи номатлубро маҳкум мекунанд ва бо он мубориза мебаранд. Зеро ифротгароён андешаҳои дигаронро нодуруст ва андешаи худро дуруст ҳисобида, дин, нажод ва ё ҳатто миллати худро аз ҳама боло мешуморанд ва мехоҳанд дигаронро бо зӯроварӣ нобуд кунанд. Ин аст, ки онҳое, ки ба амалҳои экстремистӣ даст мезананд, ҷинояткор дониста мешаванд. Фаъолияти гуруҳҳои экстремистию террористӣ мувофиқи қарори Суди Олӣ дар Тоҷикистон мамнуъ шудааст».

Мансур Бухоризода — полковники милитсия, сардори Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон ва ҷавонони Вазорати корҳои дохилии кишвар изҳор дошт, ки гуруҳҳои экстремистӣ бештар аз ноогоҳии ҷавонон истифода карда, онҳоро бо роҳҳои гуногун ба сафҳои худ ҷалб мекунанд, ки ин хатарҳои бузурге чун ноором сохтани вазъ ва ҳатто тағйир додани сохти конститутсионии давлатро дорад. Ӯ зикр намуд, ки “Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали ба даст овардани истиқлолият ба ин хатарҳо рӯ ба рӯ гардида, чӣ будани онҳоро медонад. Аз ин рӯ, Тоҷикистон барои пешгирӣ ва мубориза бурдан бо экстремизм ва терроризм, ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ қонунҳо ва санадҳои меъёрии худро бо қонунгузории байналмилалӣ мутобиқ намуд”.

Дар ҳамоиш ба зарурати омӯзиши фарҳанги таҳаммулгароӣ ва гуногунандешӣ дар муассисаҳои таълимӣ таъкид гардид. Эҳсон Сафарзода — намояндаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон зарфияти низоми маорифи кишвар ва омӯзгоронро барои пешгирии ифротгароӣ бузург арзёбӣ кард. Ӯ гуфт, омӯзгорон, ки бевосита бо ҷавонон ва наврасон кор мебаранд, метавонанд барои огоҳии бештари онҳо саҳм гузоранд ва дар пешгирии ифротгароӣ нақши бориз дошта бошанд.

Дар ин замина иштирокдорони ҳамоиш ба густариши ҳамкории сохторҳои давлатӣ ва ҷамъиятии кишвар таъкид карданд. Абдураҳмон Хонов зикр намуд, ки ҳамкории тамоми қишрҳои ҷомеа барои пешгирии экстремизм натиҷаи босамар хоҳад дод: “Як сохтор ё кумитаи давлатӣ ва ё як ташкилоти ҷамъиятӣ ба танҳоӣ кулли ҷомеаро тағйир дода наметавонад. Дар ин ҷода ҳамкории мутақобилан судманди сохторҳои давлатӣ бо ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ба манфиати кор хоҳад буд”.

Зимнан, дар ҳамоиш намояндагони сохторҳои давлатӣ ва ҷамъиятии кишвар барои пешгирӣ аз ифротгароӣ омодаи ҳамкорӣ будани худро иброз доштанд.

«ФАРАЖ»

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here