Коллеҷи милитсияи ВКД-и Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб

Муассисаи давлатии таълимии Коллеҷи милитсияи ВКД-и Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №534 аз 07.08 соли 2014 «Оид ба таъсиси муассисаи давлатии таълимии Коллеҷи милитсияи ВКД-и Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қароргоҳ дар ш.Кулоб» бо мақсади тайёр намудани мутахассисони воҳидҳои таъиноти махсуси мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ки ба он бахусус ятимону бепарасторон, фарзандони кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ки ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматиашон фавтидаанд ва дигар шаҳрвандон ҷалб карда мешаванд ва тибқи фармоиши ВКД-и Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №39 б/з аз 03.09 соли 2014 «Оид ба тасдиқ намудани Дастурамал дар бораи тартиби интихоб ва қоидаҳои қабули довталабон ба муассисаи давлатии таълимии Коллеҷи милитсияи ВКД-и Ҷумҳурии Тоҷикистон» таъсис ёфтааст.

Муассиси коллеҷ-Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, давраи аввали фаъолияташро дар Маркази таълимии ВКД дар ш.Душанбе оғоз намуда, бо кушодашавии бинои таълимӣ ба Кулоб интиқол дода шуд ва тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз аттестатсия ва аккредитатсия гузашт.

Шакли ташкилӣ-ҳуқуқӣ: муассисаи давлатии таълимӣ

Коллеҷ дорои муҳри мудаввар бо тасвири Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, тамғаҳо, бланкҳо бо номи худ ба забонҳои давлатӣ ва русӣ, эмблема, парчам, китоби фахрӣ, лавҳаи ифтихорӣ, лавҳаи аълочиён, рамз ва нишони табъу нашр мебошад. 

Ҳайати шахсии коллеҷ ба доимӣ ва тағйирёбанда ҷудо шуда, ба ҳайати тағйирёбанда: курсантон, рекрутон ва дар лаҳзаҳои зарурат муассис, агар лозим бошад, шунавандагоне, ки тайёрӣ, бозомӯзӣ ё такмили ихтисос мегузаранд, дохил мешаванд. Ба ҳайати доимӣ ҳайати болоӣ, миёнаи хурди роҳбарикунанда ва қатории мақомоти корҳои дохилӣ, ки дар вазифаҳои дахлдор кор мекунанд, инчунин коргарони кироя, ки ба тариқи шартномавӣ фаъолият мебаранд дохил мешаванд.

Коллеҷ-муассисаи давлатии буҷетии таълимоти миёнаи касбӣ мебошад, ки барномаҳои асосии таҳсилоти миёнаи касбии сатҳи появӣ (базавӣ) ва зинавиро амалӣ намуда, мутахассисонро барои мақомоти корҳои дохилӣ ва дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ тайёр менамояд, ҳангоми ба таҳсил фаро гирифтан ба ятимону бепарасторон, фарзандони кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ки ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматиашон фавтидаанд, афзалият дода мешавад.

Шуъбаҳо ва кафедраҳо

Коллеҷ дар сохтори худ шуъбаҳо, кафедраҳо, зершуъба, синфхонаҳои таълимӣ, устохонаҳои таълимӣ-истеҳсолӣ, хоҷагидорӣ, майдонҳои таълимӣ, барномаҳои асосии таълимӣ-касбӣ ва таълимӣ-иловагии касбӣ, иҷтимоӣ-фарҳангӣ, маъмурӣ-хоҷагидорӣ ва дигар сохторҳои вобаста ба воҳидҳои раванди таълимро доро мебошад.

Раванди таълиму тарбия дар 5 кафедраи асосӣ амалӣ гардонида мешавад:

кафедраи фанҳои ҷамъиятӣ ва забонҳо, кафедраи фанҳои дақиқ ва техникӣ, кафедраи фанҳои умумитахассусӣ, кафедраи фанҳои махсус ва

кафедраи фанҳои тактикаи махсус ва омодагии ҷисмонӣ.

Дар соли таҳсили 2018-2019 дар муассиса 431 нафар ба таҳсил фаро гирифта шуданд, ки аз ин шумора 24 нафарашонро духтарон ташкил медиҳанд. Таҳсил аз рӯйи як ихтисос амал мекунад ва коллеҷро дар тӯли фаъолияташ 186 нафар хатм намуданд, ки ҳамагӣ бо ҷои кор таъмин гардиданд. Дар соли таҳсили 2018-2019 113 нафар курсантон ва рекрутон коллеҷро хатм мекунанд.

Барномаҳои таҳсилот

Айни замон Коллеҷи милитсияи ВКД-и Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаҳои таҳсилотро дар соҳаҳои зерин амалӣ менамояд:

— маълумоти миёнаи касбӣ- «Фаъолияти ҳифзи ҳуқуқ», тахассуси «ҳуқуқшиносӣ» дар шакли рӯзонаи таҳсил (4 сол) дар асоси маълумоти миёнаи асосӣ (синфи 9) бо тариқи буӌавӣ;

— маълумоти миёнаи касбӣ- «Фаъолияти ҳифзи ҳуқуқ», тахассуси «ҳуқуқшиносӣ» дар шакли рӯзонаи таҳсил (3 сол) дар асоси маълумоти миёнаи умумӣ (синфи 11) бо тариқи буҷавӣ;

— амалӣ намудани тайёрӣ, бозомӯзӣ ё такмили ихтисоси мутахассисон ва ҳамзамон таҳсили ғоибона танҳо дар сурати пайдо шудани зарурат ва фармоиши роҳбарияти ВКД-и Ҷумҳурии Тоӌикистон ва муассис татбиқ карда мешавад.

Шумораи кормандон

Ҳайати доимии Муассисаи давлатии таълимии Коллеҷи милитсияи ВКД-и Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи воҳидҳои штатӣ дар соли 2018, 52 воҳиди кориро ташкил медиҳад. Дар соли 2018, 8 нафар номзадҳо ба вазифаҳои холибуда пешниҳод гардида, таъин шудаанд.

Дар давраи фаъолияти коллеҷ 16 корманд ба дигар вазифаҳои сохтори ВКД-и Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин шудаанд. Айни ҳол шумораи кормандон дар Коллеҷи мазкур 46 нафарро ташкил дода, 6 воҳиди штатӣ номукамал мебошад.

Пояи моддӣ техникӣ рушд мехоҳад

Пояи моддию техникии коллеҷро 1 толори хурди варзишӣ, 2 толори лексионӣ, 5 синфхона, 5 синфхонаи махсуси кафедраҳо (компютерӣ, ронандагӣ, англисӣ, оташфишонӣ, криминалистӣ), 1 китобхонаи умумӣ ва 1 майдони сафороӣ ташкил медиҳанд, ки ба талаботи имрӯзаи коллеҷ аллакай ҷавобгӯй намебошанд. Зеро, агар соли 2014 дар таълимгоҳ 110 нафар ба таҳсил фаро гирифта шуда бошад, ҳоло ин теъдод ба 431 нафар расидааст.

Дар коллеҷ инчунин 6 адад воситаи нақлиёт мавҷуд аст, ки талаботро қонеъ намегардонад ва дар раванди таълим истифодаи проекторҳо ба таври мунтазам ба роҳ монда шуда, шумораи умумии онҳо 2 адад мебошад, ки ин ҳам алъон кам аст. Бояд қайд намуд, ки беҳдошти раванди таълим ба пояи кадрӣ, моддию техникӣ, мавҷудияти воситаҳои аёнӣ алоқамандии зич дорад ва ин самтҳо дар оянда низ беҳбудӣ мехоҳанд.

Бинобар дар оянда зиёд шудани курсҳои нави таълимӣ ҳал гардидани баъзе мушкилию норасоиҳо ба таҳкими раванди таълим, тарбия ва истироҳату фароғати курсантону рекрутон ва сабзиши малакаи касбии онҳо мусоидат хоҳад кард.

Дар коллеҷ синфхонаву толорҳо, даҳлезҳо, дохили ҳавлии таълимгоҳ, ҷойҳои нишаст барои истироҳату фароғати курсантон, синфхонаҳои саҳроӣ, ҷойи нави дастурӯйшуӣ ва ғайраҳо пурра таъмир гардида, раванди сифати таълиму тарбия, интизом, тарзи бурдани хизмати шабонарӯзӣ, робита бо падару модарон, ҳукуматҳои маҳаллӣ, ШВКД-ҳо такмил дода шудааст. Бо талошҳои пайваста Оинномаи Коллеҷи милитсия ба тасвиб расида, дастурамали таълимгоҳ низ тасдиқ гардид. Ба корҳои методӣ, илмӣ-тадқиқотӣ, таваҷҷуҳи махсус равона карда шуда, робита бо дигар макотиби олӣ беҳтар карда шуд.

Коллеҷ-меваи даврони истиқлолият

Коллеҷ дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ташкил карда шуда, то ин замон ҳамтои он мавҷуд набуд. Муассисаи таълимии мазкур соли 2014 ба фаъолият шуруъ намуда, аз сентябри соли 2014 то январи соли 2015, номзади илми ҳуқуқшиносӣ, генерал-майори милитсия Шарифзода Файзалӣ Раҳмон, аз январи соли 2015 то октябри соли 2016, номзади илми ҳуқуқшиносӣ, подполковники милитсия Умари Хайём Амиршо, аз  08 октябри соли 2016 то моҳи ноябри соли 2018 доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, полковники милитсия Назарзода Носир Ҷобир роҳбарии таълимгоҳро ба дӯш доштанд. Аз 03 ноябри соли 2018 подполковники милитсия Умари Хайём Амиршо аз нав роҳбари коллеҷ таъин шуд.

Илм ва инноватсия

Пешбурди корҳои илмӣ-тадқиқотӣ яке аз самтҳои муҳими фаъолияти ҳар як муассисаи олии таълимӣ ба ҳисоб меравад. Арзишнокии иҷтимоии ҳар як муассисаи олии таълимӣ пеш аз ҳама вобаста ба самти асосии фаъолияти он муайян карда мешавад: 1) ҳиссаи он дар тайёр намудани кадрҳо, яъне  мутахассисони соҳаи муайяни ҳаёти ҷамъиятӣ ва 2) потенсиали илмии он, ки дар натиҷаҳои мушаххаси корҳои илмӣ ифода мегардад.

Бо назардошти ишораҳои боло касбомӯзӣ дар МДТ Коллеҷи милитсия бо фаъолияти илмӣ-тадқиқотӣ пайваст буда, дар заминаи навтарин дастовардҳо дар соҳаи ташкили мубориза бар зидди ҷинояткорӣ ва таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ба роҳ монда шудааст. Ин ҳадаф тавассути ба ҷараёни таълиму тарбия ва корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ҷалб кардани мутахассисони аълодараҷа-педагогҳо, олимон, кормандони амалӣ ба даст меояд. Яке аз нишондодҳои муҳими самаранокии корҳои илмӣ-тадқиқотӣ, нашр намудани маводи илмию таълимӣ ба шумор меравад. Миқдори умумии нашри маводи илмию методии ҳайати омӯзгорони МДТ Коллеҷи милитсияи ВКД дар cолҳои мавҷудияташ 56 ададро ташкил медиҳад, ки инҳо аз ҷумлаи онҳо мебошанд: мақолаҳои илмӣ-6, мақолаҳои илмӣ-омавӣ-25, барномаҳои таълимӣ-7, тақризҳо-9, барномаи таълимии таҷрибаомӯзӣ-3, нақшаи таълимии таҷрибаомӯзӣ-3, китобҳо-5, авторефератҳо-1, адъюнктура ва аспирантура-5.

Миқдори умумии нашри маводи илмию методии ҳайати омӯзгорони МДТ Коллеҷи милитсияи ВКД дар соли 2018 45 ададро ташкил медиҳад.

Самти дигари иҷрои корҳои илмӣ-методӣ ташкил ва гузаронидани конференсияҳо, семинарҳо, мизҳои гирд, тренингҳо ва дигар чорабиниҳои фарҳангӣ ба ҳисоб меравад.

Корҳои тарбиявӣ

Корҳои тарбиявӣ яке аз бахшҳои асосии фаъолияти Коллеҷи милитсияи ВКД маҳсуб мешавад. Консепсияи миллии тарбия сиёсати қонунӣ ва дурнамои давлатро дар соҳаи тарбияи миллии насли наврас муайян мекунад. Он моҳият, мақсаду вазифаҳо ва мазмуни тарбияи миллиро дар марҳилаи нави таърихӣ ба танзим дароварда, нақш ва мақоми онро дар ташаккули шахсият муайян мекунад.

Мазмуни ниҳоии тарбия аз се қисм иборат аст: роҳбарӣ кардани раванди тарбия, эҷодангезии тарбия ва истифодаи арзишҳо дар тарбия.

Дар кори тарбия ба масъалаи худтарбия низ диққати хоса додан зарур аст. Яке аз масъалаҳои муҳими худтарбиякунӣ ташаккули идеали маънавӣ мебошад. Дар ташаккули идеали маънавӣ нақши устодони кафедраҳо, роҳбарони дараҷаҳои гуногун бағоят калон аст.

Ҳамчунин барои мустаҳкам намудани корҳои тарбиявӣ тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва робитаи наздик пайдо намудан бо волидони муҳассилин дар як сол ду маротиба ҷаласаи Шӯрои падару модарон ташкил ва гузаронида мешавад. Дар ҷаласаи Шӯрои падару модарон вазъи донишандӯзӣ ва интизомнокии ҳар як курсант ё рекрут дар назди волидонашон мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор дода мешавад.

Чорабиниҳои Коллеҷи милитсияи ВКД

Тибқи нақшаи асосии МДТ Коллеҷи милитсияи ВКД-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола идҳои касбӣ, ҷумҳуриявӣ ва конфренсияҳо, мизҳои гирд, маҳфилҳо бо иштироки ҳайати доимӣ ва тағйирёбанда бо тантана ҷашн гирифта мешаванд. Инчунин маросими қабули савганд, маросими хатми афсарони ҷавон, машқҳои тактикӣ, машғулиятҳои тирпаронӣ «Рӯзи дониш», «Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» «Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Рӯзи милитсияи тоҷик», «Рӯзи Парчами давлатӣ» «Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Иди Модарон», «Иди Наврӯз», «Рӯзи Ғалаба», «Рӯзи Ваҳдати миллӣ» ботантана гузаронида мешаванд.

Дурнамо

Дар ҳудуди муассиса имрӯз ба сохтмони бинои нави чорошёнаи таълимӣ бо таҳкурсияш шуруъ шудааст, ки ба истифода додани он ҳалли бисёр мушкилотро аз байн хоҳад бурд ва дар рушду нумӯи минбаъдаи коллеҷ саҳми арзанда хоҳад гузошт. Бинои нав аз 11ҳуҷраи корӣ, 18 синфхонаи таълимӣ, 2 маҷлисгоҳ, китобхона, роҳравҳо ва дар таҳхонаи ин бинои таълимӣ анборхона, нонвойхона, ошхона ва толори хӯрокхӯрӣ иборат хоҳад буд.

Гуфтан ба маврид аст, ки фаъолияти МДТ Коллеҷи милитсияи ВКД-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамарӯза дар маркази таваҷҷуҳи вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, профессор, генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро қарор дорад. Бар асари ин таваҷҷуҳ роҳбарони Раёсату ШВКД-ҳои ҷумҳурӣ дар гузаронидани чорабиниҳои гуногуни ин муассисаи таълимӣ саҳми мушаххас мегузоранд.

“МТЖТ”

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here