Омӯзиши илму ҳунар дар ҳаёти инсон нақши басо бориз дорад. Фарди бомаърифат, оқил, соҳибхирад ва ҳунарманд ҳар ҷо биравад, бологузар ва маҳбуби мардумон хоҳад гашт, зеро нафъаш ба ҳама хурду калон мерасад. Аз ҳамин хотир, бачаҳоро аз синни мактабӣ ба омӯзиши илму дониш ва касбу ҳунар ҷалб намудан лозим аст, то роҳи худро дар зиндагӣ ба осонӣ пайдо карда, муҳтоҷи дигарон нагарданд.

Айни замон дар аксари мактабҳо маҳфилҳои зиёде амал менамоянд, ки касбу ҳунарҳои гуногунро ба кӯдакон меомӯзонанд. Ба ғайр аз ин, дар тамоми шаҳру ноҳияҳо марказҳои махсусе ҳастанд, ки бачаҳо метавонанд дар он ҷойҳо дар муддати кӯтоҳ забонҳои хориҷиро омӯзанд, донишҳои замонавиро аз худ намоянд ва нозукиҳои рассомиву актёрӣ, навозандагию овозхонӣ, маҳорати журналистӣ ва дигар касбу ҳунарҳоро аз худ намоянд.

Пас аз дарсҳо ба чунин марказу маҳфилҳо ҷалб намудани кӯдакон аз чанд ҷиҳат манфиат дорад. Аввалан, ҷаҳонбинии кӯдак васеъ гашта, донишу фаҳмишаш такмил меёбад. Дуюм, дар ин маҳфилҳо ба кӯдакон бештар он чизҳоеро меомӯзанд, ки ба замони муосир хос буда, талабот ба ин касбу ҳунарҳо зиёд аст. Сеюм, кӯдакон пас аз дарс ба маҳфил ё марказҳои забономӯзӣ рафта, вақташонро пурсамар мегузаронанд. Чорум, кӯдаке, ки ба омӯзиши ин ё он касбу ҳунар банд аст, реҷаи рӯзаш соат ба соат тақсим шудааст ва барои авбошию беҳудагардӣ вақт намеёбад. Панҷум, бо шарофати чунин маҳфилу марказҳо ҷавҳари истеъдоди худододи дар вуҷуди кӯдак буда суфта мешавад, донишаш такмил меёбад ва метавонад дар оянда мутахассиси хуби ҳамон соҳа шавад. Шашум, дар чунин маҳфилу марказҳо ба кӯдакон натанҳо илму ҳунар, балки маданияти гуфтору рафторро дар ҷомеа меомӯзанд. Ҳафтум, вақте падару модар медонанд, ки фарзандашон пас аз дарс дар кӯча не, дар маркази забономӯзӣ ё маҳфиле нишаста, нозукиҳои ин ё он ҳунарро омӯхта истодааст, бо дили пур ва хотири ҷамъ аз пайи кори худ мешаванд.

Бузургонамон беҳуда нагуфтаанд:

Соҳибҳунаре, ки ботамиз аст,

Дар дидаи мардумон азиз аст.

Волидон агар ба ҷойи харидани планшету ролик ва дигар чизҳои нолозим ҳамон маблағҳоро ба илму ҳунаромӯзии фарзандонашон сарф карда, кӯдаконашонро ба чунин марказу маҳфилҳо диҳанд, нуран алонур мешавад.

 

Зуҳро БОБИЕВА,

омӯзгори МТМУ №35-и ноҳияи Шоҳмансур

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here