Ноболиғонро чӣ интизор аст?

Тафтишоти парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 248-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон, ки «Ғоратгарӣ» унвон мешавад, нисбати ду хонандаи ноболиғи литсейи ноҳияи Панҷ дар ШВКД-и ин ноҳия ба анҷом расида, ба Прокуратураи ноҳия барои омӯзиш ирсол шудааст. Ин парванда пас аз он нисбати хонандагони литсейи ноҳияи Панҷ Назиров Мизроб ва Назаров Анӯшервон оғоз шуд, ки муаллими фанни таърих ва санъати тасвирӣ, ҳамзамон ҷонишини директори мактаби рақами 12-и деҳаи Ҳасан Шерови ҷамоати Озодагон Шоҳсалмон Набиеви 45-сола субҳи барвақти рӯзи 9-уми декабр дар коҳдони оғилхонааш худро овехт.
Айни замон сабабҳои худкушии ҷонишини директори мактаби миёнаи рақами 12-и ноҳияи Панҷ Шоҳсалмон Набиев маълум нест ва бо сабаби мавриди санҷишу таҳқиқ қарор доштани қазия, аз прокуратураи ноҳия маълумоти бештар пайдо карда натавонистем.
Аз ШВКД дар ноҳияи Панҷ зимни суҳбат бо мо гуфтанд, ки ин наврасон дар кӯчаи Мири ҷамоати шаҳрак аз вазъи нотавонии Шоҳсалмон Набиеви дар ҳолати сахти мастӣ қарордошта истифода бурда, даст ба ғорати ӯ задаанд: “Онҳо 850 сомонию як адад телефони одии Nokia-и ӯро тасарруф кардаанд, вале нисбати Набиев ягон ҳаракати зӯроварӣ анҷом надодаанд. Феълан то баррасии парванда дар суд, бо шарти берун набаромадан аз маҳалли зист, ин ноболиғон дар озодӣ қарор доранд”.

Мудири маориф: Омӯзгор пас аз соати корӣ нӯшидааст
Боймуродзода Мавлуда, мудири маорифи ноҳияи Панҷ дар як суҳбат кӯтоҳ гуфт, ки «ин омӯзгор баъд аз соати корӣ нӯшидааст ва то ҳол сабабҳои худкушии ӯ барои мо маълум нест. Мақомот онро таҳқиқ доранд». Номбурда овозаҳоро вобаста ба гирифтани маоши чанд нафар муаллим бо хоҳиши худи онҳо аз банкомат рад карда, гуфт, ки «ин омӯзгор танҳо маоши худашро, ки 850 сомонӣ аст, гирифта, арақ нӯшидааст. Хонандагон низ танҳо маблағашро гирифтаанд, латукӯбаш накардаанд».

Модари Мизроб: Каси дигар ҳам мебуд, пулро мегирифт
Гулшан Назирова, модари Мизроб, ки дар як гӯшаи бозори марказии ноҳияи Панҷ ба пухтани “пирожки” машғул аст, мегӯяд, шавҳараш соли 2012 вафот кардааст ва фарзандонро бо азоб калон кардааст.
— Падари Мизроб шавҳари дуюмам ва 20 сол аз ман калон буд. Доимо арақ менӯшид, дар зиндагӣ хеле азобам дод. Ӯ аз зани якумаш фарзанд надошт. Пас аз фавти шавҳари якумам бо ду фарзанд танҳо мондам. Зиндагӣ сахт аст. Ба хотири фарзандон, ки бе тарбияи падар намонанд, розӣ шудам, ки бо марди аз худам 20 сол калон хонадор шавам, вале ин дафъа низ бахтам омад накард. Аз ӯ 3 писар ва як духтар дорам. Мизроб фарзанди хурдиамон аст. Бо сабаби никоҳи расмӣ надоштан ва зиндагии душворамон дигар кӯдаконам мактаб нахонданд, ягон ҳуҷҷат надоранд. Ҳама фарзандон бо фамилияи ман гузаштаанд. Танҳо Мизроб дар мактаб таҳсил мекунад. Ҳама ёфту тофтамро барои ӯ сарф мекунам, ки хонаду одам шавад, дар зиндагӣ азоб накашад. Нодорӣ ва тангдастӣ дар зиндагӣ одамро роҳгум меандозад. Ман аз чизе хабар надоштам. Рӯзи 9-уми декабр дар набудани ман милисаҳо хона омаданд. Аз духтарам дар куҷо будани либосҳои Мизробро пурсиданд. Баъд маро телефон карданд. Ба хона рафтам. Милисаҳо он ҷо буданд. Дидам, ки дар назди либосҳои Мизроб 400 сомонӣ ва як телефон истодааст. Барои чӣ пештар маро телефон накарданд, ки рафта ёфтану гирифтани пулу телефонро аз ҷайби Мизроб бо чашмам бинам? Магар милисаҳо ҳақ доранд, ки дар набудани ман ба хона даромада, кофтукоб кунанд? Мизроб гуфт, шаби 8-уми декабр ӯ ва ҷӯрааш Анӯшервон аз кӯча мегузаштанд, ки як мардеро дар даруни ҷӯйи оби ифлос афтида диданд. Онҳо кӯшиш карда, ӯро берун бароварданд. Он мард дар ҳолати сахти мастӣ қарор доштааст, ки ҳатто дар пояш рост истода наметавонистааст. Мизроб гуфт, ки чанд мошинро қарор додем, то ӯро ба хонааш баранд, вале вақте ронандаҳо истода сарулибоси ӯро пури лою об медиданд, зуд аз наздашон дур мешуданд. Касе намехост ба ӯ кӯмак кунад. Аз назди онҳо чанд роҳгузар низ гузаштаанд, вале диданд, ки сахт маст аст, ёриаш накарданд. Дигар онҳо низ ӯро гузошта, хона ба хона рафтаанд,- мегӯяд модари Мизроб.
Холаи Гулшан мегӯяд, вақте ки Мизробу Анӯшервон ӯро аз ҷӯйи ифлос берун кашидаанд, телефону пулҳояш ба замин афтидаанд. Онҳоро ба кисааш тиққонда рафтааст. Аммо беақлию бачагӣ карда, пас аз каме дур рафтан, баргашта пулу телефонашро гирифтаанд: “Агар инҳо намегирифтанд, каси дигар мегирифт”.

Адиба Назарова: Анӯшервон ба 03 занг задааст
Холаи Анӯшервон Назаров мегӯяд, ки ҷиянаш аз хурдӣ дар тарбияи ӯ аст. Замони 8-моҳа будани Анӯшервон падараш онҳоро тарк мекунад. Баъдан модараш ба марди дигар ба шавҳар баромада, алҳол дар Русия зиндагӣ мекунад ва фарзандашро аз ҷиҳати моддӣ таъмин менамояд.
— Анӯшервон ва ҷӯрааш хеле кӯшиш кардаанд, ки ба ин муаллим ёрӣ расонанд. Чанд мошинро манъ кардаанд, ки ӯро ба хонааш баранд, вале ронандаҳо аҳволи ӯро дида, рад мекарданд. Анӯшервон ҳатто бо телефони дастиаш ба шуъбаи ёрии таъҷилӣ — 03 занг задааст, вале натавонистааст пайваст шавад. Моддаи “Ғоратгарӣ”, ки ба пойи бачаҳо “бастаанд”, тамоман дуруст нест. Онҳо ҳеҷ касро ғорат накардаанд, баръакс, кӯшиши расонидани кӯмак кардаанд. Дар милиса, ки афтидӣ, мурдаи Ленина ба калла мегирӣ. Анӯшервон ягон пул нагирифтааст, вале дар милисахона барои ҳамон шаб бо Мизроб ҳамроҳ буданаш гумонбар дониста мешавад,- мегӯяд Адиба Назарова.

Директор: Муаллим ягон камбудӣ надошт
Директори мактаби миёнаи рақами 12-и ноҳияи Панҷ Пиров Пирумшо, ки марҳум Шоҳсалмон Набиев ба сифати муаллим ва ҷонишини директор дар ин муассиса фаъолият мекард, дар суҳбат бо мо гуфт, дар бораи ҷузъиёти худкушии Шоҳсалмон Набиев ва сабабҳои он чизе намедонад.
— Ӯ аз соли 1997 дар мактаби рақами 12-и деҳаи Ҳасан Шерови ҷамоати Озодагон фаъолият дошт ва аз фанни санъати тасвирӣ ва таърих ба шогирдон дарс мегуфт. Аз ин ҳисоб давоми 10 соли охир ба ҳайси ҷонишини директор кор кардааст. Тӯли 3 соле, ки ман ба ин муассиса ба ҳайси директор таъйин шудам, ягон маротиба ҳолати бади равонии Шоҳсалмон Набиевро надидам. Фақат як камбудӣ дошт, ки дар ду ҳафта, се ҳафта як маротиба пас аз дарс бегоҳ ба ноҳия рафта арақ менӯшид. Дар умум, дар корҳои мактаб фаъол ва бекамбудӣ буд. Айни ҳол сабабҳои худкушиашро муфаттишони прокуратураи ноҳия таҳқиқ карда истодаанд.

Суннатулло: Падарам нимашабӣ гуфт “ба масҷид меравам”
Аз марҳум Шоҳсалмон Набиев чор писар ятим мондааст, ки калонии онҳо 17 сол ва аз ҳама хурдӣ 7 сол дорад.
Суннатуллои Шоҳсалмон, фарзанди калонии марҳум Набиев, ки дар синфи 11-и мактаби рақами 2-и ноҳия таҳсил мекунад, зимни суҳбат гуфт:
— Падарам нимашабӣ аз хоб хеста, оббозӣ ва таҳорат карда, гуфт ба масҷид меравад, вале ба ӯ гуфтем, ки ҳоло барвақт аст, азони намози бомдодро нагуфтаанд. Баъди чанде бо шунидани азон сӯи масҷид рафт. Масҷид аз хонаамон дур нест. Бадбахтона, бо сабабҳои номаълум ба масҷид нею ба коҳдон баромада, худро бо ресмон овехтааст. Саҳар соати 6, вақте ки ба коҳдон барои коҳ додан ба гову гӯсфандон даромадам, ҷасади падарамро дар болои “чердак” овезон дидам. Дод зада, очама фарёд кардам. То омадани очам худам танҳо бандро бурида, ҷасадро фаровардам. Баъд ҳамсояҳо ҷамъ шуда, ба милиса хабар доданд. Милисаҳо омаданд, баёнотҳоямонро гирифтанд. Ҷасадро бурданду қариби нисфирӯзӣ оварданд. Ҳамон рӯз пас аз намози пешин падарамро ҷаноза карда, дар қабристони деҳа гӯронидем.

Гулова: Фарзандонам мепурсанд…
Бунафша Гулова, ҳамсари марҳум Шоҳсалмон Набиев мегӯяд, бо гузашти 35 рӯз аз марги мармузи шавҳараш намедонад ба суоли фарзандонаш дар мавриди худкушии падарашон чӣ ҷавоб диҳад.
— Ӯ (шавҳараш) бисёр наменӯшид. Дар ду-се ҳафта як маротиба арақ мехӯрд, вале ба мисли дафъаи охир ҳеҷ гоҳ нашуда буд. Намедонам чӣ хӯрда буд, вақте ки ӯро қариб соати 22-и шаб як нафар аз ҳамдеҳаҳои худамон дар пушти бағоҷи мошинаш ба хона овард, гап намезад, ором буд, маҷоли роҳгардӣ надошт. Либосҳояш ҳама тар буд. Ба хона дароварда, либосҳояшро иваз мекардем, ӯ чашмонашро калон-калон кушода, ба мо нигоҳ мекард, вале гап зада наметавонист. Саволҳои ман, ки ҳар замон дар куҷо будан ва бо кӣ буданашро мехостам бифаҳмам, беҷавоб монданд. Шабҳои дигар, вақте маст меомад, ду-се маротиба берун мебаромад, аммо шаби охир чизе хӯрда буд, ки то субҳ аз ҷояш наҷумбид. Қарибиҳои саҳар буд, ба зӯр хеста берун баромад. Гуфт оббозӣ кардан мехоҳад. Ба ҳаммом об бурдем. Баъди оббозӣ гуфт ба масҷид меравад, вале барвақтар, ки буд, намондем равад. Баъд аз шунидани азони бомдод, хесту аз хона баромада рафт. Дигар пеши роҳашро нагирифтем…

Бародари марҳум: Хулосаи ташхис бароямон то ҳол номаълум аст
Иноят Набиев, бародари Шоҳсалмон Набиев мегӯяд, субҳ аз мақомоти ноҳия омада, ҷасади бародарашро барои ташхис бурданд, вале то ҳанӯз сабабҳои маргаш номаълум аст.
— Экпертҳои судӣ-тиббӣ омаданд, ташхис гузарониданд. Хулосаи як ташхисро муайян карданд, ки истифодаи маводи зиёди спиртдор будааст, вале гуфтанд, ки хулосаи ташхиси дуюмро дар маркази ҷумҳурӣ — шаҳри Душанбе муайян хоҳанд кард. То ҳол хулосаи аниқу дақиқи ташхис ва сабабҳои худкушии бародарам бароямон номаълум аст,- гуфт И. Набиев.

Хулоса аз ҷойи ҳодиса
Аз ҷойи содир гардидани худкушӣ, яъне коҳдони оғилхонаи марҳум Набиев дидан кардем ва акс гирифтем. Равчӯбе, ки марҳум худро дар он овехтааст, на зиёдтар аз 1,6 метр баланд аст ва ба нафари қадбаланд барои худовезӣ номусоид аст. Ин ҷо барои муфаттиши парванда саволе боз мемонад, то сабабҳои аслии худкушии муаллимро мунсифона ва беғараз муайян намояд. Зеро ба воқеъият рост намеояд, нафаре, ки пойҳояш ба замин расидаву худашро овезад. Ширинии ҷон дар ҳама ҳолат водор месозад поятро ба замин гузорию худро аз марг халос созӣ. Баъдан, ба қавли ҳамсараш, дар зиндагӣ ягон камбудӣ надоштанд, чор писарашон аллакай ёрдамчии волидон буданд, хонаву дари обод доштанд.

Шамсулло ФОЗИЛОВ, “ФАРАЖ”

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here