Оташ беҳтарин неъматест, ки ба зиндагии мо гармию рӯшноӣ ва хайру баракати зиёд оварда, тавассути он нозу неъмати хони мо омода мешавад. Вале беэътиноиву бемасъулиятӣ бо ин неъмат ва риоя накардани қоидаҳои мавҷудаи истифодаи ин ҳадяи табиат метавонад

паёмадҳои нохушу ногуворро дар пай дошта бошаду дар як лаҳза ҳаёту саломатӣ ва ҳамаи дороии инсониятро ба коми худ кашида, ба нестӣ расонад.

Ҳанӯз аз замонҳои қадим ва гузаштаҳои дури таърихӣ фаъолияти марбутаи имрӯзаи отшанишон дар шаклу шеваҳои мухталиф мавҷуд буд ва шахсони масъул доир ба хомӯш намудани оташ, истифодаи дурусти он, расонидани бе хавфу хатари он аз як макон то мавзеи дигар вазифадор буданд. Ба гунаи мисол, дар замони давлатдории Сомониён хомӯш намудани сӯхтор ба зиммаи миршабҳо вогузор гардида буд. Дар марҳилаҳои ибтидоӣ танҳо тавассути об, ки он ҳам дастӣ кашонида мешуд, оташ хомӯш мегардид. Бо гузашти вақту замон гуруҳҳои оташнишонӣ бо аспу аробаҳои махсус таъмин шуданд, ки тавассути он ва дар қиёс бо гузашта каме тезтар оташ хомӯш ва корҳои марбута дар ин самт амалӣ карда мешуд.

Таърихи ташкилёбии хадамоти оташнишонӣ дар пойтахт аз 30-юми июли соли 1928 ибтидо мегирад. Маҳз дар ана ҳамин сана аз ҷониби мақомоти дахлдори шаҳри Душанбе масъалаи ташкил намудани дастаҳои ихтиёрии оташнишонӣ баррасӣ гардида, 20-уми октябри ҳамон сол дар асоси қарори махсус хадамот таъсис ва ба он 5 воҳиди корӣ ва 4 сарасп ҷудо гардид. Соли 1920 бошад, барои ҳайати даста як аробаи оташнишонӣ ва бинои корӣ ҷудо карда шуд. Дар ана ҳамин гуна шароит Хадамоти оташнишонии шаҳри Душанбе таъсис ва ташаккул ёфтааст. Марҳила ба марҳила заминаи моддию техникии ин хадамоти назоратӣ дар пойтахт ташаккул ёфта, ҳоло ба як сохтори қудратманди соҳавӣ табдил ёфтааст. Дар давраҳои гуногуни таърихӣ нафарони зиёде дар ин хадамот фаъолият намуда, барои ҳифзи ҷону саломатии одамон ва молу амволи шаҳрвандон аз алангаи оташ софдилонаю содиқона хизмат намудаанд.

Айни замон дар шаҳри Душанбе 6 қисми мустақили ҳарбикунонидашуда, аз ҷумла 2 қисм дар ноҳияи Сино, 2 қисм дар ноҳияи Шоҳмансур ва 1-қисмӣ дар ноҳияҳои Исмоили Сомониву Фирдавсӣ фаъолият доранд, ки дар тобеияти Раёсати шаҳрӣ мебошанд.

Ободониву бунёдкорӣ дар доираи татбиқи барномаҳои созандаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе аз ҳадафҳои асосии роҳбарияту кормандони Раёсати Хадамоти давлатии оташнишонии пойтахт мебошад. Ҳамин аст, ки бо анҷом додани корҳои таъмирӣ бинову иншооти ёрирсаони Раёсат зебо гардида, ба ҳусни шаҳр таровати хосса бахшидаанд. Корҳои таъмирӣ, рангубори намои берунаи биноҳои тобеи Раёсат ва қисмҳои он дар ноҳияҳои пойтахт пайваста амалӣ карда мешавад. Дар доиари корҳои ободониву созандагӣ як бинои наву замонавӣ бо фароҳамсозии шароити зарурӣ барои кормандон ва нигоҳдории техникаву лавозимоти оташнишонӣ барои қисми 54-уми ҳарбикунонидашуда оид ба муҳофизати ноҳияи Шоҳмансур дар маҳаллаи навбунёди Ховарон сохта шудаву мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Ҳоло кормандон бо истифодаи шароити зарурии муҳайёгардида фаъолияти хизмативу тактикии худро ба роҳ мондаанд. Бино аз утоқҳои кории нозирону кормандони бахшҳои дигар, қисми навбатдорӣ, манораи назоратӣ ва мошинсарой барои нигоҳдории техникаҳои оташнишонӣ иборат мебошад, ки бо истифодаи масолеҳи босифати сохтмонӣ бунёд шудааст. Дар маҷмуъ, давоми солҳои охир корҳои ободониву созандагӣ дар ҳамаи қисмҳои ҳарбикунонидашудаи Раёсати Хадамоти давлатии оташнишонии шаҳри Душанбе амалӣ шудааст.

Агар дар гузашта Раёсати Хадамоти давлатии оташнишонии шаҳри Душанбе дорои шумораи ками техникаву лавозимоти зарурии оташнишонӣ буд, ҳоло бо равона гардидани маблағҳои зарурӣ заминаи моддию техникии ин сохтори назоративу санҷишӣ дар шаҳр бо харидани техникаҳои калонҳаҷми соҳавӣ пурқувват гардидааст.

Бо ташаббуси роҳбарияти шаҳри Душанбе ва ҷудо гардидани маблағҳои зарурӣ аз буҷети шаҳр ҳамасола техникаву таҷҳизоти муосир барои кормандон харида мешавад, ки он кори Хадамотро осон намуда, имкони пешгириву хомӯш намудани алангаи оташро дар муҳлати хеле кӯтоҳ ва сари вақт таъмин намудааст. Дар 5 соли охир Раёсат ва қисмҳои ҳарбикунонидашудаи он дар ноҳияҳои пойтахт иловатан дорои 30 техникаи оташнишонии соҳавӣ гардиданд. Инчунин, 1 адад техникаи муосири оташнишонии дорои норбони 60-метра зери тамғаи КАМАЗ АЛГ-60 барои Раёсати Хадамоти давлатии оташнишонии шаҳри Душанбе бо дастури бевоситаи роҳбарияти шаҳр таъмин шудааст, ки он аввалин дар ҳудуди мамлакат мебошад. Ин техника барои хомӯш намудани оташ дар биноҳои баландошёна мувофиқ аст. Зеро дар пойтахт аксари биноҳо баландошёна мебошанд. Дар ин баробар, шумораи зиёди воситаҳои аввалиндараҷаи оташнишонӣ низ харида шудааст, ки фаъолияти кормандони соҳа дар ин замина беҳтар гардидааст.

Дар даврони Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷиикстон шароити беҳтари кору фаъолият барои кормандони Раёсати Хадамоти давлатии оташнишонии шаҳри Душанбе фароҳам шудааст. Бинову иншоот таъмир ва воситаҳои корӣ, аз ҷумла компютеру воситаҳои техникӣ барои ҳамаи утоқҳои корӣ харида шудааст. Кормандон бо маоши хуб таъминанд ва барои истироҳату фароғати онҳо низ тадбирҳои иловагӣ андешида мешавад.

Саҳми оташнишон дар шаҳри Душанбе баҳри ҳифзи молу аволи сокинон аз коми оташ ва густариши корҳои фаҳмондадиҳӣ доир ба риояи қоидаҳои бехатарии сӯхтор назаррас мебошад. Дар корхонаву ташкилот, муассисаҳои гуногунтаъинот новобаста аз шакли моликияташон аз ҷониби нозирони Раёсати Хадамоти давлатии оташнишонии шаҳри Душанбе дар ҳамкорию ҳамоҳангӣ бо кормандони қисмҳои мустақили ҳарбикунонидашуда дар 4 ноҳияи шаҳр пайваста корҳои санҷишию назоратӣ ва профилактикиву оташнишонӣ гузаронида мешавад. Мақсад пеш аз ҳама таъмини риояи ҳатмии қоидаҳои бехатарии сӯхтор мебошад. Дар ин баробар, сӯхторҳои рухдода низ бо истифодаи имконияти мавҷуда аз ҷониби кормандони Раёсат сари вақт ва дар масоҳати аввала хомӯш карда мешаванд. Гарчанде ин амал хеле хатарзо аст, вале кормандон вазифаи хизматии худро бечунучаро иҷро менамоянд.

Нақши Шӯрои собиқадорони соҳа низ дар рушду инкишофи Раёсати Хадамоти давлатии оташнишонии шаҳри Душанбе хеле назаррас мебошад. Бо иштироки собиқадорони соҳа пайваста мулоқоту суҳбат ва вохӯриҳо миёни кормандони Раёсат гузаронида мешавад. Мақсад огоҳ намудани кормандон аз кору фаъолияти собиқадорони соҳа мебошад. Собиқадорон дар ҷараёни суҳбатҳо кормандонро ба худшиносиву хештаншиносӣ ва иҷрои бомасъулиятонаву саривақтии вазифаҳои хизматӣ талқин менамоянд. Аз ин ҷост, ки бо ташаббуси роҳбарияти Раёсати Хадамоти давлатии оташнишонии шаҳри Душанбе мунтазам бо ширкати собиқадорон чорабиниҳои маърифатӣ вакорҳои омӯзишиву фаҳмондадиҳӣ гузаронида мешавад.

Раёсати Хадамоти давлатии шаҳри Душанбе бо васоити ахбори омма низ ҳамкории мустақимро ба роҳ монда, доир ба фаъолияти Раёсат ва саҳми кормандон дар пешгириву хомӯш намудани алангаи оташ гузоришу матолиби иттилоотиву тарғиботиро ба нашр мерасонад.

Идатон муборак, ҳамкасбони гиромӣ!

 

Маҳмадулло АБДУЛЛОЕВ,

сардори ШНДБС РХДО шаҳри Душанбе,

Ҷамшед НИЁЗОВ,

сарнозири РХДО шаҳри Душанбе

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here