Намояндаи ваколатдори бахши ҷустуҷӯи ҷиноят, капитани милитсия Анвар Низомӣ чанд рӯз инҷониб сарҳисоби корашро намеёфт. Дар минтақаи назорати ӯ, ки маҳалли ором ҳисоб мешуд, якбора се ҷинояти вазнин сар зад, нафари шахсияташ номаълум се занро ғорат карда ҳамёнашро ба яғмо бурда, бедарак ғайб задааст.

Аз баёноти ҷабрдидаҳо, истиқоматкунандагони хонаҳои баландошёна бармеояд, ки онҳо баъди кор аз мағозаю дӯконҳо харид карда, ба манзилашон бармегаштанд, дар даромадгоҳи хона марде ба онҳо дарафтода, ҳамёнашонро кашида мегираду дартоз аз зинаҳои торик фаромада меравад. Ҷабрдида доду вой мекунад, аз паси гуреза поён мефарояд, вале бо сабаби торикӣ гум мекунад ва баъдан ба милитсия муроҷиат менамояд.
Анвар Низомӣ, ки ҷустуҷӯи ғоратро ба уҳда дошт, тахмин кард, ки се ҷиноят ба як кас мансуб аст, вай маҳалро хуб медонад ва занҳоро назорат намуда, то ба гузаргоҳ расидани онҳо фурӯзонаки даромадгоҳро тофта, хомӯш менамояд ва дар кунҷи торик ҳадафро назорат менамояд. Баъди ба гузаргоҳ даромадани зан ҳамёнашро кашида мегираду гурехта меравад.
Капитан Низомӣ вақти муоинаи ҷойи ҳодисаҳо фурӯзонакҳои гумонбаршуда тофтаро гирифту ба таҷзиягар-криминалисти шуъба супорида, хоҳиш намуд, ки онҳоро муоина намуда, аз айбдоршаванда нишон ҷӯяд.
— Фурӯзонакҳоро ташхис кардам,- бегоҳ ба Низомӣ маълумот дод таҷзиягар. Дар онҳо изи ангушти як кас нақш бастааст. Мутаассифона дар бойгонии мо чунин нақш набудааст, маълум, ки вай пештар бо мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ сару кор надоштааст.
— Гуфтаниед, ки ӯ навкор аст?
— Бале, ман ба чунин хулоса омадам,- ҷавоб дод таҷзиягар.
Низомӣ ба утоқаш баргашту нақшаи ҷустуҷӯро кашид. Аз гуфти шоҳидон ғоратгар ҷавони лоғари миёнақад ва хеле чолок будааст, маҳалро хуб медонистааст, пас вай дар ҳамон атроф зиндагӣ ё кор мекунад…
Садои занги телефон тори хаёлоти ӯро барканд. Гӯшакро бардошт, навбатдори шуъба будааст.
— Дар маҳалли шумо боз як ҷиноят сар задааст, ҷавоне дар гузаргоҳи хонаи истиқоматӣ ҳамёни Боҳирова ном занро гирифта, гурехтааст. Бо гуруҳи фаврии тафтишотӣ ба маҳалли ҳодиса равед.
— Хуб, — гуфт капитан ва саросема коғазҳояшро ғундошта аз утоқи корӣ баромад.
Назди даромадгоҳи шуъба «Газел»-и хизматӣ меистод, гуруҳи фаврӣ ба он нишаст ва дере нагузашта афсарон ба маҳалли ҳодиса расиданд. Назди бинои рақами 20 чанд нафар баҳс мекарданд, нозири минтақа бо онҳо саволу ҷавоб менамуд.
— Чӣ гап шуд? — аз нозир пурсид Низомӣ.
— Ин кас сокини ҳамин хона Боҳирова, вақти аз мағоза харид карда баргаштан дар зинаҳо ҷавоне ба ӯ расида меояду ҳамёнашро гирифта, қафо гашта меравад.
— Шумо рӯйи вайро дидед? — пурсид занро Низомӣ.
— Не, роҳрав торик буд, дар дастам ду халта бор доштам, ҳамёнам дар кисаам буд.
— Вақти ба мағоза рафтанатон чароғи гузаргоҳ фурӯзон буд? — пурсид ӯро Низомӣ.
— Ҳа, гузаргоҳ равшан буд.
— Кӣ чароғро хомӯш карданашро намедонед?
— Тасаввурот надорам.
«Чун пештара, яғмогар бо усули куҳнааш кор кардааст, — аз дил гузаронд Низомӣ ва ба таҷзиягар фармуд, ки фурӯзонакро гирифта, нақши ангушт ҷӯяд».
Ҷӯяндагон атрофи хонаро аз назар гузарониданд, бо чанд роҳгузар ҳамсуҳбат шуда аз гуреза пурсон гаштанд. Низомӣ назди дарвозаи мактаб омад ва ба хоначаи посбон даромаду он ҷо ду мардро дид, ки қартабозӣ мекунанд.
— Кадоматон посбони мактаб? — худро муаррифӣ намуда пурсид капитан.
— Ман,- ҷавоб дод марди ғӯлаи бурутчадор.
— Шумо соати чанд ба кор омада будед? — пурсид вайро капитан.
— Соати панҷ корро қабул кардам ва то ҳол ин ҷо мебошам.
— Дар атроф ягон шахси шубҳанокро надидед?
— Не,- баробар ҷавоб доданд ҳарду.
— Онҳо вақти кор қартабозӣ мекунанд, — ба хона даромада гила кард нозири минтақа.
— Ман шуморо ба наздикӣ огоҳ карда будам, ки атрофро ҳушёрона назорат кунед, вақти кор қартабозӣ накунед.
— Ман ҳозир омадам, — гуфт шарики посбон.
— Ним соат пеш дар гузаргоҳи дуюми хонаи рақами 20 занеро ғорат кардаанд, шумо ягон шахси бегонаро надидед?
— Бегонаро надидаам,- гуфт вай ва чашмонашро нимпӯш намуда афзуд. -Тахмин ним соат пеш электрики идораи истифодаи манзил Қобилро дидам, ки дартоз аз хонаи 20 баромада, паси хонаи 22 гузашта рафт.
— Муфассал гап занед, Қобилаш кист, магар вай барқчии идораи истифодаи манзил аст?
— Вай электрики маҳалла, ҳар вақт чароғ хомӯш шавад, ҷеғ мезанем, меояду таъмир карда меравад.
— Барқчӣ будааст,- гуфт дар дил Низомӣ. Ҳар чор ғорат бо барқ алоқаманд аст, ба фикрам ин тасодуф нест.
Дар идораи истифодаи манзил ба афсарон гуфтанд, ки Қобил Носиров имрӯз истироҳат мекунад, пагоҳ навбатдор аст, албатта меояд. Фардо биёед,- меёбед, маслиҳат дод навбатдор.
— Манзилаш дар куҷост? — пурсид нозири минтақа.
— Дар маҳаллаи Бофанда, назди мағозаи меваю сабзавот зиндагӣ мекунад,- ҷавоб дод навбатдор.
Ҷӯяндагон Қобил Носировро дар қаҳвахонаи «Орзу» дарёфт намуда, ба шуъбаи корҳои дохилӣ оварданд. Ӯ марди 35 солаи миёнақад будааст. Вақти пурсуҷӯ хеле саркашӣ карда, чизеро ба гардан нагирифт.
— Шумо соате пеш дар куҷо будед? — пурсид вайро Низомӣ.
— Имрӯз истироҳат доштам, ҳеҷ куҷо нарафта, дар хона нишастам, баъд ба қаҳвахона баромадам, ки шумо боздошт карда ин ҷо овардед.
— Дурӯғ нагӯед, соате пеш шумо дар маҳаллаи ҳаштум будед, аз хонаи 20 баромада, паси хонаи 22 гузаштед. Он ҷо чӣ кор доштед?
— Он ҷо нарафтаам.
— Шоҳидон чӣ тавр аз гузаргоҳ баромада гурехтанатонро тасдиқ карданд.
— Ин иштибоҳ аст, — забон хоид Қобил.
Низомӣ таҷзиягарро наздаш хонда, фармуд, ки нақши ангушти Носировро гирад ва онро бо изи ангуштони аз маҳалли ҳодисаҳо ёфтаашон муқоиса намояд.
Торикӣ дар шаҳр ҳукмфармо гашт. Кормандони шуъба як-як аз идора баромада мерафтанд, фақат чароғи утоқи навбатдорон фурӯзон буданд. Дере нагузашта таҷзиягар хулосаи ташхисро ба Низомӣ оварда гуфт: -Ҳар чор нақшаи ангушти дар фурӯзонакҳо буда, ба Қобил Носиров мансуб будааст.
Вақти кофтукови манзили гумонбаршуда чанд ҳамёни занона, аз ҷумла ҳамёни Боҳироваро бо як қисм пулаш дарёб намуданд.
— Боқимондаашро куҷо кардед? — пурсид вайро Низомӣ.
— Ба эҳтиёҷоти худ сарф намудам — ҷавоб дод Қобил.
— Дар зарфи якуним соат сесад сомониашро «хӯрдед»? Маълум, ки пули муфт чӣ тавре ояд, ҳамон тавр мерафтааст, — гуфт таҷзиягар.
Вақти номгузорӣ волидонат саҳл кардаанд, аниқтараш ту ба номат мувофиқ нашудӣ ва ноқобил баромадӣ, — пурсучӯро ҷамъбаст намуд муфаттиш.
Низомӣ бевақт аз кор баромада, қад-қади дарё сӯи хонааш қадам зад.Бо вуҷуди хастагӣ вай сабук роҳ мерафт, гӯё аз дӯшаш бори вазнинро партофтода бошад. Ӯ аз омади кораш хурсанд буд, зеро имшаб нӯги тугуни печ дар печро ёфт, чор ҷинояти вазнинро ошкор кард.
Ромиши Фирдавс

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here