Муассисаи тарбиявии ноболиғони рақами 3/12, ки дар микрорайони 33-юми шаҳри Душанбе ҷойгир аст, яке аз муассисаҳои ислоҳии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб мешавад. Айни ҳол дар ин муассиса 82 нафар ноболиғоне, ки ҷиноят содир кардаанд, муҳлати маҳкумияти хешро мегузаронанд.
Ёдрас мешавем, ки дар ибтидои соли гузашта 104 нафар дар ин муассиса буданд. Омор нишон медиҳад, ки маҳкумони ноболиғ дар ин муассиса асосан наврасони аз синни 16 то 18-сола буда, аммо то синни 20-сола низ ҳастанд. (Кодекси ҷиноятии ҶТ иҷозат медиҳад, ки наврасони маҳкумшудае, ки ба синни балоғат расидаву дар давоми маҳкумият рафторашон намунавӣ буд, метавонанд то охири муҳлати озодӣ дар ин ҷо бимонанд).
Бояд ёдовар шуд, ки солҳои охир роҳбарияти СРИҶҶ ВА ҶТ маҳкумшудагони рафтори намунавӣ доштаро аз муассисоти ислоҳӣ озод намуда, ба онҳо гузаронидани муҳлати алтернативии ҷазоро дар шароити хона, бо ба қайд истодан дар шуъбаи корҳои дохилии макони зист пешбинӣ намудааст.
Дар ин муассисаи тарбиявӣ ноболиғон асосан тибқи моддаи 244 КҶ ҶТ (дуздӣ), моддаи 248 КҶ ҶТ (ғорат), моддаи 139 (таҷовуз) давраи ҷазоро мегузаронанд. Тибқи моддаи 104 КҶ ҶТ (куштор) як нафар ноболиғ ва як нафари дигар мутобиқи моддаи 179 КҶ ҶТ (терроризм) муҳлати ҷазоро пушти сар мекунанд. Аз ноболиғоне, ки дар ин муассиса ҳастанд, 50 % аз шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои атрофи он буда, боқӣ аз вилоятҳои Суғду Хатлонанд.
Тарбиягирандагон
Ноболиғони маҳкумшударо дар муассисаи тарбиявии кӯдакона тарбиягирандагон (воспитанники) меноманд. Тавре сардори муассиса, полковники хидмати дохилӣ Садриддин Тоҷиддин Шарифзода тазаккур дод, ҳар як ноболиғи ба ин муассиса омадаро пеш аз ҳама бо қоидаву тартиботи муассисаи тарбиявӣ шинос мекунанд. Ҳуқуқу вазифаи ӯро мефаҳмонанд. Дар сурате, ки маҳкумшуда забони давлатиро хуб надонад (дар байни онҳо ноболиғони миллатҳои гуногун низ ҳастанд), ба забони русӣ ё ӯзбекӣ мефаҳмонанд. Ҳуқуқвайронкунанда муоинаи дақиқи тиббиро махсусан аз ҷониби пизишкони нарколог, равоншинос ва касалиҳои сироятӣ ба таври ҷиддӣ мегузарад. Сипас ба ҳаммом ва либоси наву тоза дода мешавад. Баъд ба яке аз отрядҳо муайян намуда, бо бачаҳо шинос мекунанд ва баъд якҷо ба ошхона барои сарфи таоми нисфирӯзӣ мераванд.
Тартиби рӯз
Дар ҷои намоёни хобгоҳ дар тахта “Тартиби рӯз”-и тарбиягирандагон насб шудааст. Соати ҳафт субҳ, бедор шудан аз хоб, сипас машқи бадан, шустушӯ, субҳона ва то нисфи рӯз дарсҳо дар мактаб. Мактаб дар дохили худи муассиса қарор дошта, аз синфи шаш то синфи 12 мавҷуд аст. Баъд аз хатми таҳсил ба тарбигиранда номаи камоли таҳсилоти мактаби шабонаро медиҳанд. Баъд аз хӯроки нисфирӯзӣ иҷрои вазифаҳои хонагӣ ва тоза кардани ҳудудҳои муассиса ва иддае аз тарбиягирандагон ба корҳои хоҷагӣ, ба гармхонаи лимӯпарварӣ сафарбар мешаванд. Бегоҳ, то соати 22-и шаб ба бозиҳои шоҳмоту дамкаву нард ва тамошои телевизион машғуланд.
Бояд зикр кард, ки ба ҷуз рӯзи сешанбе, волидайни тарбиягирандагон ҳар рӯз аз соати 12 то 15 метавонанд дар хонаи алоҳидаи мулоқот фарзандонашонро бубинанд.
Бо вуҷуди ин ҳама шароит, бояд иқрор шуд, ки муассисаи тарбияи ноболиғон албатта урдугоҳи истироҳатии кӯдакон нест! Ин ҷо, муассисаи пӯшида пушти деворҳои симхордор буда, дар бурҷҳои он посбонон қарор доранду интизоми оҳанин барқарор аст.
Маҳрумӣ аз озодӣ ё ҷазои алтернативӣ
Дар суҳбатҳое, ки бо маҳкумшудагон доштам, баъзеҳо аз онҳо иброз доштанд, ки бори нахуст дуздӣ карда, ба даст афтодаанд ва қаблан ҳатто дар қайди милитсия набудаанд.
Дар ин робита мехоҳам мавқеи худамро муайян кунам. Ман маҳкумшудагони ноболиғро сафед карданӣ нестам, ҳар кас бояд барои кирдори хеш мутобиқи қонун ҷавоб диҳад. Аммо, дар ҷомеа бояд ҷазои алтернативӣ низ бошад. Магар намешавад маҳкумони ноболиғеро, ки моддаи ҷазояш мутобиқат дорад ё онҳое, ки бори аввал қонунро вайрон кардаанд, ба ҷои маҳрумӣ аз озодӣ ҷазои алтернативӣ, аз ҷумла парастории пирони мариз дар бемористонҳо ё дар интернатҳои кӯдакони зеҳнашон рушднаёфта ҷалб карда шаванд? Ҳамчунин, метавон онҳоро ба тозакунии хиёбонҳои ноҳияҳояшон ва корҳои кабудизоркунии маҳал сафарбар намуд.
Дар сурате, ки аз башардӯстӣ ба маҳкумшудагон сухан мегӯем, шояд дар мадди аввал ин масъаларо бояд аз ноболиғони маҳкумшуда оғоз намуд.
Дар суҳбате, ки бо сардори муассисаи тарбиявии ноболиғони 3/12 Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи ҶТ, полковники хидмати дохилӣ Садриддин Шарифзода доштем, саргузашти маҳкум шудани яке аз ноболиғонро шунидем.
Барои дуздидани телефони мобилӣ Сафарро (ҳама номҳо иваз карда шудаанд) ба муҳлати чор сол суд карданд. Ҳоло як солашро сипарӣ кард. Ҳангоме, ки зани ҷабрдида ҳукми судро шунид (чор сол), дар ҳайрат шуда, ба назди волидайни маҳкумшуда омада гуфт, ки ӯ ҳеҷ гоҳ интизори чунин ҷазои бераҳмона набуд, гумон дошт, ки танҳо бо ҷаримае бачаро танбеҳ медиҳанд. Мутаассифона, вакили дифоъ (адвокат) аз уҳдаи аз нав дида баромадани парванда набаромад.
Мисоли дигаре, ки маҳкумшуда Фирдавс қисса кард:
— Ман бо апаам ва шавҳараш зиндагӣ мекардам. Падарамро дар ёд надорам. Ҳангоме, ки ман семоҳа будам, моро партофта зани дигар гирифтааст. Модарамон моро тарбия кард. Рӯзе ӯро мошин дар кӯча заду ба ҳуш наомада, аз дунё рафт. Ҳамин тавр, ман ба тарбияи апаам мондам. Дар ибтидо муносибати язнаам бо ман хуб буд, аммо вақте калонтар шудам, муомилааш тағйир ёфт. Зуд-зуд миннат мекард, ки ман муфтхӯри хонааш. Як дафъа ба хотири он ки апаам аз ман пуштибонӣ кард, язнаам ӯро лату кӯб кард. Таҳқирҳои ҳаррӯзаи ӯ маро ба ин хаёл андохт, ки бояд ягон касро ғорат карда, ба ӯ пул оварда диҳам. Рӯзе дар кӯча ғайриихтиёр ин амал аз ҷониби ман содир шуд. Нохост аз гардани зане занҷирчаи тиллоиашро канданӣ шуда, қариб ӯро бӯғӣ карда будам. Ин амали маро ба назар гирифта, суд маро ба муҳлати 5 сол аз озодӣ маҳрум кард. Апаам аз нав дида баромадани парвандаи маро кӯшиш кард, аммо язнаам талаб кард, ки парванда бетағйир монад.
Бисёре аз коршиносону ҳуқуқшиносон бар он ақидаанд, ки маҳкумини ноболиғ шомили он категорияи қонунвайронкунандагонеанд, ки ба хотири ноболиғӣ ва осебпазир буданашон барояшон хадамоту меъёри ҳифозати иловагӣ зарур аст.
Дар тақвияти ин андеша сардори муассиса чунин тавзеҳ дод: «Барои аъмолашон ин ноболиғон маҳкум шудаанд. Вазифаи кормандони муассиса ба онҳо ёрӣ додан аст, ки аз ҳаёти ҷомеа ақиб намонанд ва баъди озод шудан аз муассисаи тарбиявӣ худро дар ҷомеа бегона ҳис накунанд».
Ҳамчунин маълум шуд, ки намояндагони руҳоният ва аҳли адаби ҷумҳурӣ аз муассиса дидан карда, бо тарбиягирандагон перомуни ахлоқу одоб, худогоҳиву ватанпарастӣ ва канорагирӣ аз ҳар гуна ҷараёнҳои экстремистиву террористӣ суҳбатҳо доир мекунанд.
Муассиса на он қадар калон буда, бинои идорӣ ва хобгоҳ сохтмони замони шӯравӣ аст, аммо хело хуб рангубор шуда, тамоми ҳудудҳояш тозаву озода мебошад. Хонаҳои хоби тарбиягирандагон озода буда, кату бистарҳо тозаву батартиб ва дар ҳар хона ду дастгоҳи гармкунандаи барқӣ гузошта шудааст. Гарчанде дар хонаҳо маркази гармидиҳии замони шӯравӣ боқист, аммо кор намекунад. Бинобар маълумоти сардори муассиса, масъалаи дубора ба кор даровардани маркази гармидиҳӣ имсол ҳалли худашро пайдо кардааст. Якҷо бо ташкилоти байналхалқии PENAL REFORM INTERNATIONAL (“Ислоҳоти байналхалқии маҳбас”), ки чанд рӯз қабл намояндагони ин ташкилот аз муассисоти ислоҳии Тоҷикистон, аз ҷумла аз муассисаи тарбиявии ноболиғони 3/12 дидан карда буданд, роҳи ҳалли онро ёфтаанд. Бар иловаи барқарор кардани маркази гармидиҳӣ, беҳтар сохтани шароити ошпазхона, таъмири ошхона, синфхонаҳо, таъмини китобҳои дарсӣ, васоили таълим, китобҳои бадеӣ, компютер, асбобҳои варзиширо низ бар дӯш гирифтаанд.
Бунгоҳи тиббӣ
Мо аз бунгоҳи тиббии муассиса низ дидан кардем. Сардори бунгоҳи тиббӣ, пизишк Гулнора Домуллоҷонова палатаҳоро нишон дод. Дар як палата панҷ кат ва дар дигар як кат гузошта шуда, ҳама ҷо тозаву батартиб. Ба суоли мо, ки “оё касалҳо нестанд?”, ҷавоб чунин буд: “Хушбахтона, имсол чун зимистон сахт хунук набуд, касалҳои ҷиддӣ надорем. Илова бар он, тарбиягирандагон ҳар субҳ бо варзиш машғул буда, худро обутоб медиҳанд ва ба ҳар гуна намудҳои варзиш машғуланд”. Он як палатае, ки аз як кат иборат аст, барои касалҳои сил ихтисос дода шудааст.
Бино ба маълумоти Г. Домуллоҷонова, ду сол пеш як ноболиғи маҳкумшуда гирифтори шакли аввали бемории сил дошт, ки онро дар ин ҷо муолиҷа карданд ва охири соли 2018 бинобар рафтори намунавиаш пеш аз муҳлат озод шуд.
Ҳар як палата дорои ҳаммом, ҳоҷатхона, ҷевонҳо барои либос, мизу курсиҳо мебошад. Маризони вазнин ва таъҷилӣ барои табобат ба бемористони вазорат интиқол дода мешаванд. Бунгоҳ бо таҷҳизоти тиббиву доруворӣ таъмин аст.
— Мо самимона аз роҳбарияти ташкилоти CARITAS (“КАРИТАС”) барои таъмири бунгоҳи тиббӣ ва хатти фозилоби муассиса, ки соли гузашта анҷом доданд, ташаккур баён мекунем,- илова намуд сардори муассиса С. Шарифзода.
Охирсухан
Имрӯзҳо бисёре аз сарони давлатҳои ҷаҳон эътироф мекунанд, ки нигаҳдории бештаре аз шаҳрвандонашон дар маҳбасҳо ба ҷурми қонунвайронкуниҳои андак ба буҷаи давлат гаронӣ мекунад. Илова бар он, вақте ки маҳбасу муассисоти ислоҳӣ пур аст, ҳамаи онҳоро бо шароити башардӯстӣ таъмин кардан хело душвор аст. Маҳбас, пеш аз ҳама, ба ноболиғону ҷавонон зарбаи руҳиву ахлоқии ислоҳнашаванда ворид мекунад.
Солҳои охир дар баъзе кишварҳои собиқи шӯравӣ ҷазои алтернативии аз озодӣ маҳрум кардан, аз қабили ҷарима ё корҳои иҷтимоиро ҷорӣ намуданд. Албатта, ба истиснои онҳое, ки ҷурмҳои вазнини ҷиноятӣ содир кардаанд.
Бояд ёдовар шуд, ки гарчанде дар рафти авфҳои умумӣ теъдоди маҳкумон дар маҳбасҳо ва муассисоти ислоҳӣ кам мешавад, аммо ин амал хислати муваққатӣ дошта, дере нагузашта боз пур мегарданд.
Дар ин робита чунин суоле ба миён меояд: “Чаро Тоҷикистон бо доштани заминаи қонунӣ барои ҷазои алтернативӣ онро дар амал татбиқ намекунад?”. Дар шароити кунунӣ он қобили татбиқ аст, зеро бидуни маҳрум кардани ноболиғону занон аз ҷомеа, онҳо ҷазои маҳкумияти худро сипарӣ мекунанд.
Ин амал рушду такомули ояндаи системаи иҷрои ҷазои ҷиноятии кишварро муайян мекунад. Зеро ҳадафи асосӣ расидан дар ҳаққонияти ҷазо мебошад, на дар вазнинии он. Аз ин рӯ, ба ин масъала на танҳо давлат, балки ҷомеаи шаҳрвандӣ низ бояд саҳм гирад.
Салимахон ВАҲҲОБЗОДА, журналист