(Назаре ба фаъолияти тахассусии генерал—лейтенанти милитсия Аламшозода Абдураҳмон)
Дунёи мо имрӯз як дунёи пурталотум аст, ки аксари вақт дар таҳлили неку бади он кас ҳайратзада мемонад. Агар аз як тараф номувофиқатии хостаҳои мамлакатҳои пуриқтидори олам вазъро печида созад, аз тарафи дигар офатҳое чун вируси тоҷдор мардуми оламро ба таҳлука меандозанд. Ба бахти мардумони камшуморе мисли мо тоҷикон, маризии вируси тоҷидор на он қадар хисоротро ба ҷону моли мо овард.
Ба андешаи банда, меҳнатқаринии мардуми мо ва хирадмандии Сарвари давлатамон дар роҳнамоии мардум аз калиди муваффақиятҳоямон дар ин самт мебошанд. Дар мулоқоте Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳз меҳнатқаринии мардуми тоҷикро яке аз беҳтарин роҳҳои пешгирӣ ва ҳифз аз таъсири ин вабои аср номид. Сарвари давлат ҳатто мисол ҳам оварда буданд, ки дар деҳот, дар он ҷое ки мардум шабу рӯз дар саҳро саргарми коранд, одамон аз ин касалӣ дар канор мебошанд. Мақсади ин муқаддима дар он аст, ки воқеан инсонҳое, ки дил ба миллату даст ба кор ҳастанд, ҳаргиз хор намешаванд ва дар пеши ягон вазъ сар хам намекунанд. Мисоли чунин меҳнатқариниро мо дар фаъолияти яке аз фарзандони хизматгори миллату Ватан генерал-майор Аламшозода Абдураҳмон Аламшо мебинем.
Ашхоси ба мисли генерал-майор Аламшозода шабонарӯз дар хизмати мардум ва таъмини суботи ҷомеа ҳастанд. Қисме аз онҳо дар коре муваффақ мешаванд ва ба қисмати дигар муваффақият камтар даст медиҳад. Гуноҳи онҳое, ки камтар барояшон кор даст медиҳад, ин нест, ки онҳо масъулияташонро дуруст иҷро накарданд, балки баъзеҳо малака ва баъзеи дигар таҷрибаи кам доранд. Шояд камтар нафароне дар сохторҳои низомӣ мавҷуданд, ки масъулиятшинос нестанд. Ман дар собиқаи кориам бо чунин нафарони дар китфашон ситорадошта во нахӯрдаам. Баръакс медонам, агар касе корашро, вазифаашро, масъулияташро дӯст дорад, барои иҷрои он дилу дидаашро гуморад ва аз таҷрибаи кор, аз илми андӯхта ва аз малакаи бадастоварда кор гирад, албатта муваффақияти бештар сазовори ҳамон кас хоҳад буд. Аламшозода Абдураҳмон аз ҳамин гуруҳи одамон ба шумор меравад, ки аз дониши мукаммал, илми соҳа ва муомилаи некӯ бархӯрдор аст. Ӯ аз хирад кор мегирад ва аз таҷриба меомӯзад; ҳар як масъаларо ба қавле ҳафт маротиба чен мекунад ва як маротиба мебурад. Некӯсиголӣ ва муомилаи нек, арҷгузории воқеӣ ба ҳуқуқҳои шаҳрвандон, ки онҳоро Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон кафолат медиҳад, аз хислатҳои беҳтарини Аламшозода Абдураҳмон маҳсуб мешаванд ва ӯро ҳамчун як роҳбар, ҳамчун як олим, ҳамчун як омӯзгор ва ҳамчун як инсони ҳалиму меҳрубон муаррифӣ мекунанд. Маҳз ҳамин хислатҳо ба генерал-майор Аламшозода имкон доданд, ки ҳамкоронаш ӯро ҳурмат мекунанд ва мардумоне, ки вай барои таъмини низоми ҳаёти онҳо якуним сол зиёдтар аз дару хонааш дур зиндагӣ мекард, дӯст медоранд.
Илмандӯзии Аламшозода Абдураҳмон Аламшо ҳамчун кадри ояндаи низомӣ аз даргоҳи факултаи ҳуқуқи Донишгоҳи миллӣ оғоз гардидаст. Пас аз он мавсуф факултаи №1-и Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои кадрҳои роҳбарикунандаро бо муваффақият хатм мекунад. Хизмати вай барои Ватани азизамон ва мардумони он аз замоне оғоз гардид, ки Тоҷикистон дар арафаи солҳои пурталотум ва муноқишаҳои бемаънии дохилӣ қарор гирифта буд. Касе, махсусан ҷавонони донишгоҳҳоро хатмкарда, дар чунин аҳвол намехост дар пойтахт кор кунад. На ҳар як ҷавони аз паси мизи доишҷӯӣ хеста ҳиммат, ирода ва хоҳиши ба сафи милитсияи тоҷик дохил шуданро дар он солҳо дошт. Сабаб маълум буд, зеро ҳар як нафар, хоса нафари ҷавон тарси ҷон дошт. Чӣ қадар фарзандони ҷавони тоҷик аз сафҳои милитсия, барои ҳифзи сохтори конститутсионӣ дар мамлакат, талаф гардида буданд. Қарори Аламшозода Абдураҳмон дар ин самт қатъӣ буд ва ӯ дидаву дониста ба хизмат дар сафи милитсияи тоҷик камар баст.
Бояд иқрор шуд, ки милитсияи тоҷик дар он солҳо ҳанӯз чун як мақоми мустаҳками низомӣ ташаккул наёфта буд. Аз як тараф дар он ҳанӯз кадрҳои ба истилоҳ “куҳна” ҷалб буданд ва аз тарафи дигар ҷавонони навтаҳсил ҳанӯз малакаи кор надоштанд ва тарзи рафтори худро дар чунин як марҳилаи ҳассос муайян карда наметавонистанд. Аламшозода Абдураҳмон аз ҳар ду гуруҳи ин кормандон истисно буд. Ӯ ба вазифа ва масъулияти худ диди дигар дошт — диди дурбинона.
Аз рӯзи аввали ба хизмат оғоз карданаш, Абдураҳмони ҷавон бо муносибати аҳлона ва мусолиҳакории худ сазовори эҳтироми ҳамкасбонаш гардид ва роҳбарият ба маҳорати ӯ дар муносибат бо кадрҳо таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуд. Ҳамин таваҷҷуҳ буд, ки Аламшозода, ба синни ҷавониаш нигоҳ накарда, мунтазам ба вазифаҳои гуногуни роҳбарикунанда дар самти корҳои фаврӣ пешниҳод мегардид. Ӯ дар ҳар як вазифа ва зина ба зина малакаву дониш, таҷрибаву истеъдоди бештари кор бо кормандонро касб мекард.
Аз соли 1997, аз бозе ки бо ибтикори мустақими Пешвои аъзам қарордоди истиқрори сулҳ дар Тоҷикистони азиз ба тасвиб расид, дар фаъолияти Аламшозода Абдураҳмон, ки аллакай чун корманди ҳаматарафа пухтарасидаи милитсияи тоҷик худро муаррифӣ намуда буд, дигаргуниҳо ба амал омадан гирифтанд. Ӯро дар вазифаҳои сардори Шуъбаи идоракунии корҳои дохилии ноҳия, муовини сардори Шуъбаи корҳои дохилӣ, сардори Шуъбаи корҳои дохилӣ ва муовини сардори Раёсати корҳои дохилии вилояти Хатлон таъин мекунанд. Пас аз сарбаландона адо намудани ин вазифаю масъулиятҳо, барои Аламшозода масъулиятҳои бештару олитарро раво диданд. Аз ҷумла, ӯ чанде дар вазифаи пурмасъулияти сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар пойтахти ватанамон — шаҳри Душанбе кор ва фаъолият намуда, сипас дар моҳи декабри соли 2013 бо қарори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифаи муовини аввали Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид. Воқеан, Аламшозода Абдураҳмон аз нахустин ва беҳтарин шогирдони генерал-полковник Раҳимзода Ҳамроҳ, Вазири корҳои дохилӣ маҳсуб мешавад. Зиёда аз панҷ сол аст, ки Аламшозода бо сари баланд ва маҳорати олии кор дар ин вазифа хизмат мекунад.
Дар сомонаи Вазорати корҳои дохилии Ҷуҳурии Тоҷикистон дар хусуси ҳаёт ва фаъолияти Аламшозода Адураҳмон як маълумоти содда ва хоксорона дарҷ аст: “Барои малакаҳои олии тахассусӣ, саҳми арзанда дар мубориза алайҳи ҷинояткорӣ, ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, ҳимояи волоияти қонун, дифоъ аз ҳуқуқ ва озодии шаҳрвандон бо мукофотҳои давлатии орденҳои “Спитамен 2” ва “Спитамен 1” сарфароз гардонида шудааст”. Ин ҷумлаи хоксорона танҳо як ҷумла аст, ки кулли маънои зиндагӣ ва хизмати ӯро дар бар гирифтааст.
Ин як ҷумла тамоми ҳаёти Аламшозодаро муайян ва симояшро мушаххас мекунад. Дар он ҳам вазифа, ҳам масъулият ва ҳам хизмати ӯ дарҷ гардидааст.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва махсусан Президенти кишвар хизматҳои чунин фарзандонро беэътибор намемонанд. Бо пешниҳоди Вазири корҳои дохилӣ, ки ба қадр ва фаҳми кадрҳои ояндадор мерасад, Аламшозода дар соли 2012 барои дарёфти яке аз олитарин нишонаҳои мардонагӣ — ордени “Спитамен 2” ва соли 2015 ордени “Спитамен 1” пешниҳод гардида буд ва ҳар ду дараҷаи ин нишонаро дарёфт кард.
Ашхоси ангуштшуморе мисли генерал-лейтенант Аламшозода Абдураҳмон Аламшо дар ҷамъияти мо кору зиндагӣ доранд, ки бо хизмат ва масъулияти расмии хеш қаноатманд нашуда, ҳиммат ва иродаи бештареро барои хизмат ба ҷомеа зоҳир менамоянд. Онҳо кайҳост, ки ба маъонии тарбияи ҷомеа ва ҳамчунон, тарафҳои заъфу заифи он пай бурдаанд ва дар пайи аз байн бурдани сабабҳои ин заифӣ мебошанд.
Мусаллам аст, ки ҷомеа ва кишваре, ки насли наврас ва ҷавононашон аз тарбияи муттасил дар каноранд, ояндаи хуб надорад ва ҳамеша бо муноқишоту ҷинояткорӣ рӯ ба рӯ мебошад. Маҳз дарки ҳамин масъала ва дар партави ҳидоятҳои Пешвои миллат, мутахассисони дар самти кори худашон олидараҷа ба тарбияи насли нав низ машғуланд.
Дар яке аз вохӯриҳои худ Президенти муҳтарами мо ба кормандони сохторҳои қудратӣ ҳидоят дода буданд, ки кори милиса, пеш аз ҳама, тарбия ва раҳнамоии шаҳрвандон аст, на парванда кушодану зиндонӣ намудани онҳо. Маҳз ҳамин ҳидоятро Аламшозода сармашқи фаъолияти худ қарор дода, иқдомоти бомуваффақият ба роҳ меандозад. Ӯ ҳидояти Сарвари давлатро дар ду самти фаъолияташ амалӣ сохта истодааст: аввалан, аксари вохӯриҳои ӯ бо қишрҳои мухталифи ҷомеа бо тарбияву фаҳмондадиҳии муҳимтарин рукнҳои тартибот оғозу анҷом меёбанд ва дуюм, ӯ тавассути осори илмӣ ва таълимиаш дар тарбияи донишҷӯён ва кадрҳои ҷавон саҳмгузорӣ менамояд.
Самти аввали тарбия қариб ки хоси кулли роҳбарият ва мудирияти кормандони ҳифзи ҳуқуқ аст, вале самти дуюм, ки сирф ба таълиму тарбия ва ковишҳои илмӣ дар масоили тахассусӣ мадхал аст, на барои ҳама даст медиҳад. Ин хоси онҳое аст, ки истеъдоди худододи илму маърифат дошта, ҳавсалаи баланди эҷод барои онҳо муяссар аст. Аламшозода Адураҳмон дар миёни мутахассисони соҳа ҳамчун олим ва дар миёни муҳассилини соҳа ҳамчун омӯзгор низ қадру эҳтироми махсус дорад. Ӯ пайваста меомӯзад ва меомӯзонад. Мақолаҳои илмии Аламшозода дар масоили мухталифи ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва пешгирии ҷинояткориҳои гуногун, ки ғолибан бо такя бар таҷрибаи ҳаррӯзаи корӣ эҷод мегарданд, кайҳост, ки берун аз марзҳои Тоҷикистон мавриди истифода қарор доранд. Инчунин, Аламшозода яке аз муаллифони асосии ду китоби илмиву таълимӣ дар соҳаи криминалогия: “Криминалогия: история таджикских и зарубежных криминалогических учений” (Душанбе, 2017) ва “Криминалогия: қисми асосӣ” (Душанбе, 2017) мебошад. Ин асарҳо нахустин маротиба ба таври густурда масъалаи таълимоти миллӣ ва хориҷиро дар самти ҷинояткорӣ пешкаши донишҷӯёни соҳа меградонанд.
Мехостам аз як имтиҳони ҳаёт ва фаъолияти тахассусии Абдураҳмон Аламшозода ёдовар шавам. Тобистони соли 2018 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ бо намояндагони пешқадам ва аҳли зиёи Бадахшон вохӯрӣ баргузор намуда, ташвиши худро аз нақзи қонун аз тарафи бархе аз гуруҳҳои номуносиб изҳор намуда буд. Барои ба тартиб овардани иҷрои қонун, аз ҷумла ба низом даровардани истифодаи васоити нақлиёти автомобилӣ дар вилоят, Президенти кишвар дастур дод, ки ситоди байниидоравӣ ташкил карда шавад, то ба ин масъалаҳо расидагӣ кунад. Бо дастури Пешвои миллат ва фармони Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз чунин мутахассисони варзида ва инсони наҷиб, муовини аввали Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсияи тоҷик Аламшозода Абдураҳмон Аламшо, чун як афсари таҷрибадор, барои роҳбарӣ ба ин ситод масъул гардид. Вазифааш назорати кори ситоди байниидорӣ буд, ки барои таъмини оромии ҷамъиятӣ ва низоми ҳаракат масъул аст. Ситоди мазкур ба муваффақиятҳои назаррас ноил гардид. Бо дастгирии мардуми оддӣ ва мақомоти ҳокимияти давлатии вилоят ва ноҳияҳо корҳои зиёд ва назаррас дар самти таъмини волоияти қонун дар вилоят анҷом шуданд. Ҷои таҳсин аст, ки таҳти раҳнамоӣ ва дастуроти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фарзандони содиқи ватану миллат ва ҳамчунон, бо кӯшиши бевоситаи мақомоти ҳокимияти давлатии вилоят ва бештар аз он, бо ташаббуси мардуми сарафрози Куҳистони Бадахшон ҳаёти осоишта таъмин гашт ва хурсандии кулли мардуми Тоҷикистон аз ин ҳол андоза надошт.
Сафари навбатии Пешвои миллат ба Бадахшон ва изҳори қаноатмандӣ аз бисёре аз пешравиҳо маҳз туҳфаи арзанда барои ситод ва Ҳукумати вилоят буд.
Аламшозода Абдураҳмон боз ба Душанбе баргашт ва ба масъулияти ҳаррӯзаи худ идома додан гирифт. Агар дар миёни суҳбат аз муваффақияти кораш ёдрас шавед, беихтиёр ва бо табассуми ба худаш зебанда ҳар гуна тавсифро рад мекунад ва мегӯяд: “Мо ҳеҷ кори фавқулодда накардаем, танҳо масъулияти дар пеши миллату Ватан доштаамонро иҷро мекунем”. Бале, бояд нагӯем, балки мушоҳида кунем, чунон ки гуфтаанд: “Мушк он аст, ки худ бибӯяд, на он, ки аттор бигӯяд”.
Аламшозодаро ҳанӯз хизмат ва муваффақиятҳои аз ин бештар дар пешанд, зеро ӯ нав ба синни пухтаи хизмат кардан ба Ватану миллат расидааст. Ӯ 50-умин баҳори умрашро пешвоз мегирад ва мақсадаш хизмати панҷоҳсолаи дигар ба халқу ватан аст. Мо дуогӯйи умри дарозу бобаракат барои ин фарзанди аҳл ва хизматгори миллату кишвар ҳастем.
Шоҳрух ШУКУРОВ, номзади илми таърих