Ин корро метавон тавассути паёмҳои Пешвои миллат амалӣ намуд

 

Албатта, дар ин ҷо муолиҷа ба маънои барҳам задан, нест кардан, решакан кардан ва ислоҳи ақидаи ботил мебошад. Вабои аср бошад, ин ба маънои мушкилоти имрӯзае, ки тамоми дунёро фаро гирифтааст. Яъне тундравию ифротгароӣ ва дар охир ибораи паём дар ин ҷо ба маънои баррасӣ кардан, расонидан, маслиҳат додан ё ин ки даъво ба ин зуҳуроти номатлуб бахшидан аст.

Мо пеш аз он, ки ба ин мавзуҳо роҳ ёбем, пас бояд, бешак, мақсади ягонаи мо бар зидди ин падидаҳо ва чунин афрод бошад ва аз ин болотар, шиносоӣ бо муаллифи ин паёмҳоро дошта бошем. Басанда нест, ки мо Пешвои муаззами миллатро ҳамчун як Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Президенти кишвар шиносем. Президенти кишвари моро ба ғайр аз мо — мардуми Тоҷикистон боз дар тамоми кишварҳои дунё ҳамчун як сиёсатмадори одилу оқил мешиносанд. Мо низ аз ҳамин нуқта бояд шинохти шахсияти Пешвои миллатамонро шуруъ кунем.

Ба ҳар коре, ки ҳиммат баста гардад,

Агар хоре бувад, гулдаста гардад.

Шоир дар ин ду мисраи шеъраш се ҳолатро дарҷ кардааст, ки пеш аз анҷоми кори хайре бояд инсони комил аввал нияти нек, баъд нақша ва барномаи саҳеҳ ва дар охир сабру таҳаммул ва амали холисона дошта бошад. Дар асл, вақте ки мо таърихи начандон дур, аниқтараш баъди 26 соли сипаришуда аз истиқлолияти давлатамон назар кунем, ки асос — мо дарахти ваҳдату истиқлолиятро тавонистем ба бор оварем. Ва ин ҳама марҳилаҳои дар боло зикршударо тай намудем, ки ин боз як исботи илмӣ ба ҳисоб меравад. Пас, мо бе ягон дудилагӣ метавон гӯем, ки Пешвои муаззами миллат — ин муаллим ва пайвандгари сулҳи тоҷикон аст ва дар баробари ин мубаллиғ ва доҳии сулҳ барои ҳама миллатҳои гуногуни дунё ба ҳисоб меравад, ки имрӯзҳо садҳо давлатҳои дунё аз таҷрибаи сулҳи тоҷикон баҳравар шуда ва дар марказҳои сиёсии давлатдориашон сулҳи моро ҳамчун як илм омӯхта истодаанд.

Аз мавзуи мо бармеояд, ки боз ҳам гап сари тундравию ифротгароӣ меравад. Аз сабабе, ки худ ифротгароӣ як мавзуи печида ва мураккаб мебошад, барои пешгирӣ ва чораҳои заруриро омода сохтан, муборизаро бар зидди чунин афрод барномарезӣ кардан заҳмати шабонарӯзиро талаб мекунад. Барои баррасӣ кардани чунин мавзуҳо барои олимон ва мутахассисони соҳа зарур аст, ки аз ҳама барномаҳои сиёсӣ ва илмҳои диниву дунявӣ истифода баранд, то ин ки ба натиҷаи дилхоҳ бирасанд.

Мо имрӯз тасмим гирифтем, ки барои муқовимат ва мубориза бар зидди чунин афрод чӣ аз ҷиҳати амалӣ ва чӣ аз ҷиҳати назариявӣ аз бегонагон маслиҳате напурсем. Ифротгароӣ ин як бемориест, ки тӯли якчанд даҳсолаҳои охир ними дунёро фаро гирифт ва ба марзҳои Осиёи Миёна ва Осиёи Марказӣ убур карда, алалхусус ба кишвари азизи мо низ қадами касифи худро гузошт, ки мо мардуми шарифи Тоҷикистон дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ ин бемориро аз сар гузаронида ва садҳову ҳазорҳо нафарони худро аз даст додем, ки ин ҳам чун мусибату ҳам чун таҷриба барои мо мардуми тоҷик дар таърих боқӣ хоҳад монд. Пас, имрӯз бароямон зарур ва ҳатмист, ки аз гузаштаи худ истифода кунем. Мо, ки ин ҳама бадбахтиҳоро паси сар кардем ва он ҳама мушкилоти гузашта доимо пеши назари мост. Ва мо ба кӯмаку дастгирии касе аз бегонагон муҳтоҷ нестем.

Барои мо, ки имрӯзҳо бояд муқовимат бар зидди терроризму экстремизм нишон диҳем ва ин ваборо аз сарзамини Тоҷикистони тозабунёдамон решакан кунем, барномаҳои идеологии мо фақат аз рӯи ҳама паёмҳои Пешвоямон бояд бошад. Модоме, ки ифротгароӣ ҳамчун вабо, беморӣ, гумроҳӣ бошад, пас бароямон табиби ботаҷрибае лозим, ки дар навбати аввал ин бемориро хуб ва аниқ ташхис кунад. Имрӯзҳо, ки ин навъи беморӣ дар худ шаклҳои гуногунро гирифта ва авҷёбиаш тезутунд гардида истодааст. Аммо, хушбахтона, барои мо ин чизи нав нест ва дар мубориза бар зидди ин афрод худро бетараф намеҳисобем. Фақат як чизро бояд ба инобат гирифт, ки агар ҳатто риштаи аз ҳама хурди захмхӯрдаи ин дарахти ифротгароӣ дар хоки ҳатто беҳосил афтад, метавонад дар тӯли солҳо боз бар аслаш баргардад. Пас моро зарур аст, ки тамоми мардуми шарифи тоҷик ҳисси миллияшонро бедор намуда ва дар ботини худ ниҳоле чун дарахти Ваҳдат бишинонем, ки тӯли 10-солаҳо он ниҳол ба дарахт мубаддал гардад. Ин аст силоҳи асосии ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон барои пешгирӣ ва нест кардани ин «вабо» барои наслҳои оянда, ки то тавонанд аз меваи дарахти ваҳдат фарзандонамон тановул кунанд.

Механизми асосӣ ва яроқи мустаҳкам барои мубориза бар зидди ифротгароӣ — ин бо ҳамдигар муттаҳид шудан аст. Муттаҳид шудан бошад, фақат дар ҳоле ба даст меояд, ки мо ниҳоли Ваҳдатро дар қалбамон шинонда бошем ва аз парваришаш бехабар намонем.

Албатта, барои ба бор овардани дарахти Ваҳдату саодат пеш аз ҳама бояд заминаи неку муҳити орому осоишта фароҳам сохт. Аз соли 1994, ки ҳамчун Рӯзи Истиқлолияти давлатиамон ба ҳисоб меравад, фароҳам сохтани муҳит ва таъмини амнияти кишварамон шаҳодат медиҳад, ки ҳама ин ҷонбозиҳо ва заҳматҳо боз ҳам ба хотири як чиз буд, ки он ҳам бошад, Ваҳдати миллӣ буд.

Дуюм силоҳе, ки мо метавонем дар муқовимат бо душманон ва алалхусус дар мубориза бар зидди чунин афроди ифротгаро пирӯз бошем, бояд аз таърихи ба даст омадани Истиқлолият огоҳ бошем ва ҳама ҷанбаҳои онро омӯзем.

Сеюмин қадами мо бояд он бошад, ки истиқлолияти фитрии худро дар зоҳиру ботин ба даст оварда ва онро устувор нигоҳ дорем. Чунки ин Истиқлолияти давлатие, ки ҳамчун як туҳфа аз ҷониби Пешвоямон ба мо — мардуми Тоҷикистон ҳадя гардид, истиқлолияти умумӣ ба ҳисоб рафта, ба ҳар яки мову шумо ва тамоми мардуми Тоҷикистон ва ҳатто берун аз Тоҷикистон тариқи ройгон дода шуд. Пас, мо низ барои худамон бояд коре анҷом диҳем.

Аз ин гуфтаҳои боло, мо бояд дар назди имону виҷдонамон, ҳатто агар ба таври хуфия ва дар торикии шаб ҳам бошад, ба дилҳоямон гузаронем, ки мо — ҳар як фарди баору номуси кишвар аз муҳтарам Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон қарздор ҳастем. Чунки истиқлолият дар худ, ин мустақилияти мост. Ҳамарӯза талошу кӯшиши мо ин аст, ки оилаи мустаҳкаму солим, хонаи обод, фарзандони дорои илмҳои дунявӣ, касбу кори ҳалол, шароити хуби зиндагӣ дошта бошем, ки ин аст истиқлолияти ҳар як шахс ва мустақилияти инфиродӣ.

Барои мубориза бар зидди ҳама гуна зуҳуроти номатлуб, аз ҷумла терроризм, экстремизм, сепаратизм, радикализм ва ғайра бояд ба паёмҳои Пешвои миллат хуб диққат дода шавад ва онҳоро оид ба мавзуҳои калидӣ ҳифз намоем ва ба маъноҳои таҳтулафзии паёмҳо диққати махсус дода, аз мазмуни ҳар яки онҳо тадқиқотҳои илмӣ бурда, аз тафсиру тасниф ва таҳлили онҳо бохабар шавем, ки оянда аз рӯи онҳо кор бурда тавонем. Ин аст имрӯз барои мардуми Тоҷикистон дастурамале, ки барои мо солҳо боз аз ҷониби Пешвоямон омода гардида истодааст.

Дар фарҷоми сухан ҳаминро пешниҳод карданием, ки аз рӯи паёмҳои Пешвои миллат барои ҳама мактабҳои таҳсилоти миёна ва олӣ ва алалхусус кормандони низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва донишкадаҳои олии низомӣ ба таври васеъ дастурамалҳои илмии таълимӣ ва китобҳо чоп гардида, дар барномаҳои дарсӣ ва кории кормандони хизматчии давлатӣ пешниҳод гардида, ба предмети фанҳои дарсии сотсиология, политология, назарияи давлат ва ҳуқуқ ворид карда шавад.

 

Сафархон ВАЛИЗОДА,

лейтенанти калони милитсия

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here