Ҳодисаҳои ҷалбшавии ҷавонон ба гуруҳҳои тундагарову ифротиро аз ҳар ҷо мешунавем, аммо ҳолати ҷалбшавии ҷавонон аз ҳисоби муҳоҷирони меҳнатӣ дар Россия ва муҳоҷирони бозгашта ба Ватан низ кам нест.

Ҳарчанд дар самти беҳтар кардани вазъи будубоши муҳоҷирони меҳнатӣ корҳои манифатбахш ба роҳ монда шуда бошад ҳам, аммо солҳои охир дар кишвари Федератсияи Россия низоми кор мушкилоти ҷиддиеро барои муҳоҷирони кории тоҷик пеш овардааст. Вазъи буҳрони молӣ ҷурми асосии поин рафтани қурби рубл шуда, маоши муҳоҷирони меҳнатӣ чанд маротиба дар қиёс бо арзиши доллари амрикоӣ паст гардидааст.

Қиссаи писарони Зарифамоҳ

Зарифамоҳ ду фарзандашро дар танҳоӣ ба воя расонида, таълиму тарбия додааст. Дар деҳа писарони Зарифамоҳро, ба қавли худаш, “бачаҳои беҳтарин” ном мебурданд, аммо як гумроҳӣ писари хурдиашро ба Сурия бурд. Чандест, ки ӯ пайгири ҳимоягари ройгон буда, пушти дари сохторҳои мухталиф барои ҳимояи писараш кӯмак мехоҳад. “Ду писарам дар Федератсияи Россия дар муҳоҷирати меҳнатӣ буданд. Зиндагиамон хуб буд, ҷамоат бароямон замини навдиҳавлигӣ ҷудо кард, мавсими зимистон бачаҳо маблағ ҷамъ карда, дару девори хонаро бардошта, боми дари онро пӯшонданд. Дар хона ҳам камбудии рӯзгор надоштем”,- бо чашмони пур аз ашк нақл мекард Зарифамоҳ.- “Писари калониамро хонадор кардему каме маблағ аз бонк қарз гирифтем. Аз ин рӯ, писари хурдиро боз ба Россия фиристодем. Калонӣ бошад, баъди хонадоршавӣ тӯли се моҳ дар хона монд. Як рӯз кормандони қудратӣ омаданду гуфтанд, ки писарам дар Сурия аст. Ману бародараш ҳайрон шудем. Воқеан ҳам аз писари хурдӣ хабару хате набуд. Ин ҳолат як моҳ давом кард. Бародараш ҳам дар ташвиш афтоду ман бошам, шабу рӯз хун мегиристам, зеро писарам он замон ҳамагӣ 20 сол дошт. Бародараш дигар тоқат накарда, тариқи телефон аз Россия пурсуҷӯи зиёд кард. Аз рӯи баъзе гуфтаҳо, ӯ роҳ ба ҷониби Туркия пеш гирифта будааст. Писарам низ тасмим гирифт, ки ба ҷустҷӯи бародараш ба Туркия равад. Дар омодагии сафари ӯ будем, ки рӯзе ногаҳон бо рақамҳои ношиносе писари хурдӣ аз Сурия бо бародараш дар тамос мебарояд. Ману бародараш аз хурсандӣ “пару бол гирифта”, дар куҷое чӣ пуле доштем, ба ин писарам низ чиптаи ҳавопаймои Душанбе — Истамбул харидем. Баъди чанде бо чи азобу машаққате бародарон ҳамдигарро дар Туркия пайдо мекунанд. Ҳарду ба Ватан баргаштанд, гумон кардам, ки акнун писарам ба хона меояду дилам тинҷ мешавад. Аммо ӯро кормадони қудратӣ бо худ бурданд. Баъди бозгашт бародараш нақл мекунад, ки маҳз онҳо барои баргаштани писарам кӯмак кардаанд. Бародараш мегӯяд, ки вақте ин маротиба писарам танҳо ба Россия бармегардад, бо як духтаре шинос мешавад, ки ӯ бо давраи ифротиён ҳамнишин будааст. Ҳамон рӯзҳо дар Россия корфармо бо сабабҳои буҳрони иқтисодӣ маошашро паст мекунад. Ӯ аз кор мераваду дигар кори муносибе пайдо карда наметавонад. Он духтар писари гумроҳи маро ба гуруҳи ифротиён ҷалб мекунад. Ҳамин тавр, ҳамроҳи духтарак ҳарду ба Сурия мераванд. Хайрият, ки дар сарҳади Туркияву Сурия будаасту бо кӯмаки бародараш ва кормандони қудратӣ ӯро ба Ватан баргардонданд. Акнун писарам дар маҳбас аст, чӣ кор кардааст, дигарашро намедонам. Қарори суди писарам ба наздикист, аммо барои хидматрасонии ҳимоягари ҳуқуқӣ маблағ надорем”. 

Бино ба гуфтаи роҳбари Лигаи занони ҳуқуқшинос Қаноат Ҳомидова, “одатан барои гуруҳҳои ифротӣ ҷалби ҷавонони гумроҳ омили хеле осон аст. Аслан, аксари занону духтарон низ ба хотири ҷустуҷӯи “бахт” тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ бо ҳар гуна ҷавонон шинос мешаванд. Аз нигоҳи дигар назар кунем, онҳо дар мавриди ҳамсуҳбати хеш итиллое надоранд, бехатариро риоя намекунанд, бо ду сухани ширини мардони бегона ба дом меафтанд. Ҳол он ки, дар ин ҷо ҷалби ҷавон тавассути духтар ба анҷом расидааст. Ҳимояи ин гуна ашхос дар баҳсҳои судӣ кори мушкил аст, зеро имконияти санҷиши ҳолати ба вуҷуд омада далелу санадҳои гуногун ва вақти зиёдро талаб мекунад”.

 

Вазъи кории муҳоҷирони меҳнатӣ дар Россия

Аксарияти шаҳрвандони Тоҷикистон бо сабаби боло рафтани нархи ҳуҷҷатгузориҳои саривақтӣ дар кишвари Россия хилофи қонунҳои будубош рафтор карда, аз ҷониби кормандони мақомоти марбута аз ин кишвар ихроҷ гардидаанд. Тиқби итиллои Созмони байналмилалии муҳоҷират (MOM), аз моҳи январи соли 2016 теъдоди умумии муҳоҷирони меҳнатӣ дар Федератсияи Россия ба 862,000 расидааст. Дар баробари ин, вуруди 330,000 шаҳрванди Тоҷикистон ба ҳудуди ин кишвар ба муҳлатҳои мухталиф мамнуъ гаштааст. Бархе аз коршиносони тоҷик бозпас гаштани зиёда аз 30 дарсади муҳоҷирони меҳнатиро ба зиёдшавии теъдоди бекорони дорои нерӯи кории кишвар арзёбӣ мекунанд. Ин вазъ ба он оварда расонидааст, ки оилаҳои муҳоҷирони меҳнатӣ дар Тоҷикистон ба мушкилоти ҷиддии иҷтимоӣ ва иқтисодӣ рӯ ба рӯ шудаанд, зеро ҳаҷми маблағҳои истеъмолӣ ва пардохтии оилаҳои мазкур низ коҳиш ёфта, дар ин баробар болоравии нархи бозор дар кишвар мутаносибан бо маблағҳои интиқолшудаи муҳоҷирон номувофиқ аст. 

Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҳисоботи таҳлилӣ аз тадқиқоти қувваҳои корӣ оид ба вазъи бозори меҳнати кишвар (аз 20-уми июл то 20-уми августи соли 2016) қайд менамояд, ки ҳиссаи мардон дар шумораи умумии бекорон мунтазам зиёд шуда, 51,9 дарсад дар соли 2004, дар соли 2009-ум 61,1 фисад ва ниҳоятан 68,4 фоизро дар соли 2016 ташкил дод. Дар ҷадвали сохтори синнусолии аҳолии бекор дар байни се гуруҳи асосии ҷавонон (15-19, 20-24 ва 25-29-сола) фарқкунанда аст, дар миёни афроди ҷавони синни 25-29-сола бошад, сатҳи бекорӣ аз 17,5 дарсад то 19,1 фисад дар соли 2016 афзудааст.

 

Кор бо муҳоҷирон дар ноҳияҳои дурдаст

Сановбар Имомназарова аз ҷумлаи фаъолони ҷомеа буда, роҳбари ташкилоти ҷамъиятии “Чашма” дар ноҳияи Шаҳритузи вилояти Хатлон аст. Яке аз самтҳои фаъолияти кории ташкилоти мазкур кор бо муҳоҷирони меҳнатӣ мебошад. Номбурда ҷилавгирӣ аз ҳодисаҳои тундгароиро дар баланд бардоштани сатҳи итиллотнокии муҳоҷирони бозгашта, ҷалби онҳо бо ҷойҳои корӣ ва фарогирӣ ба шуғли соҳибкорӣ медонад. Аз ин рӯ, соли дуввум аст, ки дар ҳамкории шарикӣ бо Созмони байналмилалии муҳоҷират дар доираи роҳандозии лоиҳаи “Шараф ва ҳуқуқ” миёни муҳоҷирони бозгашта ба Ватан дар ноҳияҳои Шаҳритуз, Қубодиёни вилояти Хатлон баҳри ҳалли мушкилоти муҳоҷироне, ки вурудашон расман аз 3 то 5 сол ба Федератсияи Россия мамнуъ аст, корҳои фаҳмондадиҳӣ, омӯзишӣ, равонакунӣ мебаранд. Бо назардошти коҳиш додани теъдоди ҷалбшавии аҳолии қобили меҳнат ба гуруҳҳои ифротӣ дар ҳамкории шарикӣ бо марказҳои шуғли аҳолӣ, бахшҳои кор бо муҳоҷирони меҳнатӣ дар ноҳияҳои ҳадафнок 6 ярмаркаи кориро ташкил намудаанд, ки дар он 116 нафар аз миёни 200 нафар муҳоҷирони бозпасгаштаи ноҳияҳои ҳадафнок иштирок намудаанд. Одатан дар ярмаркаҳои мазкур намояндагони Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат ва шуғли аҳолии Тоҷикистон, Агентии шуғли аҳолии вилоятӣ ва ҷумҳуривӣ иштирок дошта, ба корҷӯён машваратҳои саривақтӣ медиҳанд, мушовирони равонию ҳуқуқӣ талаботи муҳоҷирон, ҳолати иҷтимоии хонаводаҳои онҳоро арзёбӣ намуда, машваратҳои тавсиявӣ медиҳанд.

Далер Ҳалимов, корманди Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат ва шуғли аҳолии Тоҷикистон бар он ақида аст, ки “зиёдшавии теъдоди бекорон аз ҳисоби муҳоҷирони меҳнатии бозпасгашта ноустувории мувозинати иқтисодӣ ва заифии бозори меҳнатро ба миён меорад, зеро теъдоди зиёди ҷавонони қобили меҳнат аз бекорӣ ва надоштани буҷаи оилавӣ ба ҳолатҳои фишори равонӣ рӯ ба рӯ шуда, барои ташкилотҳои ифротӣ як манбаи ҷалбшавӣ баҳри амалҳову андешаҳои тундгароиву террористӣ маҳсуб меёбанд. Ғолибан аз ин миён ашхосе, ки дорои иродаи ноустувор ва заифии равонианд, ба таври хеле осон гумроҳи ақидаҳои соҳибғаразон мегарданд. Бахусус, аксари ҷавонони камсаводу бешуғл, ки дар чорраҳаи зиндагӣ бо мушкилоти иҷтимоӣ бармехӯранд, дар ин ҳолат худро як инсони танҳо, нодаркор эҳсос карда, аз насиҳатҳои волидайн худро канор мегиранд. Ин ба он оварда мерасонад, ки ба зудӣ фирефтаи тарғиботи гуруҳҳои тундрав ва ифротгар мешаванд”.

Феълан аз гуфтаҳои Зарифамоҳ ёдрас мешавем, ки дигар писари бузургашро низ ба Россия ба кор фиристоданӣ нест, зеро ба қавли ӯ “пули Россия ҳеҷ шудааст”: “Ҷои ҳаррӯзаи писарам бозори мардикорон аст, агар фармоиш шавад, рӯзгори хонаро таъмин карда метавонад, ҳамон ҳам ними пайдояш ба қарзи бонк меравад”.

 

Шамъигул АМИНОВА

Ин гузориш дар ҳамдастӣ бо Намояндагии Институти инъикоси ҷанг ва сулҳ (IWPR) дар Тоҷикистон, дар доираи лоиҳаи «Тавонмандсозии ҷомеа ба хотири мубориза бо ифротгароӣ дар Тоҷикистон» омода шудааст.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here