Давоми шаш моҳи соли ҷорӣ аз ҷониби судяҳои шаҳру навоҳии вилояти Суғд нисбати сокинони Исфара, Истаравшан ва Хуҷанд  бештар парвандаҳои ҷиноятӣ дар масъалаи шомилшавии сокинон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои гурӯҳҳои ифротгаро баррасӣ шудааст ва ин шаҳру ноҳияҳо аз минтақаҳои осебпазири вилоят арзёбӣ карда мешаванд.  Бахтиёр Оқилзода —  раиси суди вилоят зимни баргузории  нишасти матбуотӣ гуфт, ки давоми шаш моҳи соли 2018-ум  аз ҷониби судяҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят дар маҷмӯъ 115 парвандаҳои ҷиноятӣ баррасӣ гашта, сокинон ба мӯҳлатҳои гуногун зиндонӣ  шуданд.  

Тавре ки аз шумораи парвандаҳо бармеояд, шаҳри Исфара дар ин масъала дар ҷои аввал қарор дорад ва нисбати сокинони ин минтақа дар шаш моҳи соли равон 26 парванда баррасӣ шудааст. Шаҳрҳои Истаравшан ва Хуҷанд мутаносибан дар ҷойҳои дуюму саюм қарор гирифтаанд. 

Ба назари коршиносон, якчанд омилҳо сабаб мегарданд, ки сокинони ин минтақаҳо ба чунин гурӯҳҳои ифротӣ мепайванданд. Ба таври кофӣ мавҷуд набудани ҷои кории хуб бо маоши арзанда, зиёд будани аҳолӣ дар ин мавзеъҳо, инчунин,  маърифати пасти ҳуқуқиву динии сокинон сабаб мегарданд, ки сокинон бештар осебпазир гарданд. Ба андешаи  коршинос Неъматулло Мирсаидов, агар яке аз сабабҳо ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтани онҳо ва дур аз назорат мондани эшон  бошад, омили дигар бештар хурофотпараст будани сокинони  шаҳрҳои Исфараву Истаравшан  мебошад.

Аксарияти мусоҳибон ва коршиносон бар он андешаанд, ки истифодаи телефонҳои мобилӣ ва интернет аз омилҳое ҳисобида мешаванд, ки тавассути он бештар шаҳрвандон гумроҳ мегарданд. Аммо дар ҳамин ҳол, ба назари коршиноси масоили ифротгароӣ Саидаҳмад Қаландаров  на танҳо ҷавонон, балки нафарони аз 40 то 50 — сола ва ҳатто 60 — солаҳое низ ҳастанд, ки ба ҳар гуна гурӯҳҳои террористиву экстримистӣ ҳамроҳ гашта, ба кишварҳои Ироқу Сурия рафтаанд. Онҳо аз истифодаи интернету телефонҳои мобилӣ бехабаранд: 

-Вақте мегӯем бештар ҷавонон ба ДИИШ мепайванданд, танҳо ҷавонон не, мо дар байни онҳо  нафаронеро мебинем, ки синнашон аз 40 ва 50 сол боло аст. Ҳатто дар оморе, ки аз ҷанги миёни давлатҳо муайян намуданд,  аз 60-солаҳо боло ҳам будаанд ва ҳатто касоне, ки аз компютер ва телефонҳо истифода бурда наметавонистанд, иштирок мекарданд”,- гуфт, Саидаҳмад Қаландаров зимни баргузории як тренинг дар Душанбе, ки аз тарафи Институти инъикоси ҷанг ва сулҳ (IWPR) ташкил шуда буд. Номбурда ҳамчунин илова намуд, ки сабаби пайвастшавӣ танҳо васоити шабакаҳои интернетӣ нест: 

— Ин олудашвиҳо танҳо васоити интернетӣ нест. Дар дунё имомхатибҳо, муфтиҳо, донандаҳои ҳуқуқҳои динӣ ҳастанд, ки мардумро даъват мекунанд, ихтилоф меандозанд, якеро ҳақ, дигареро ноҳақ мебароранд ва инро як каси шунида ба дигарон нақл мекунад. Яъне инсонҳо ҳам омили осебпазирии дигарон мешаванд”.  

Дар ҳамин ҳол, дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ давоми 9 моҳи соли равон нисбати ягон нафар сокинони ноҳия бо ҷурми шомил будан ба гурӯҳҳои ифротӣ парвандае баррасӣ нашудааст. Суди ноҳия танҳо як парвандаи сокини шаҳри Бӯстонро баррасӣ карда, нисбати маҳкумшуда ҷазо таъин кардааст. Раиси суди ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ Иноятулло Ғуломзода мегӯяд, имрӯз ҳастанд нафароне, ки мехоҳанд, сокинони моро гумроҳ намуда, ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳо шомил намоянд. Давоми 9 моҳи соли равон суди Кӯҳистони Мастчоҳ ҳамагӣ як парвандаро доир ба ин масъала баррасӣ намуда, дар ин давра беш аз 30 адад вохӯриву мулоқотҳо бо табақаҳои гуногуни ҷомеа баргузор кардааст, то ки чунин ҳолатҳо пешгирӣ шуда, шаҳрвандон ба ҳар гуна ваъдаҳо  бовар  карда, фирефта нашаванд. Солҳои пеш ду — се ададӣ парвандаҳо баррасӣ мегаштанд ва хушбахтона, давоми 9 моҳи соли равон нисбати ягон нафар сокини ноҳия перомуни ин масъала парвандаи ҷиноятӣ  боз нашудааст. 

Бино ба иттилои расмӣ, ҳудуди 1000 нафар сокинони Тоҷикистон  ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳо ва гурӯҳҳои ифротӣ шомил гашта, то имрӯз дар бораи теъдоди аниқи фавтидагон маълумоти дақиқ нашр  нашудааст. 

Ҷумҳурии  Тоҷикистон низ дар мавриди мубориза бар терроризму эсктремизм барномаҳои махсус қабул кардааст, ки ҳадафи он аз байн бурдани ин зуҳуроти номатлуб  арзёбӣ карда мешавад. Тавре ки гуфта мешавад, мубориза бар терроризму экстремизм на танҳо вазифаи сохторҳои дахлдор, балки қарзи ватандории ҳар як фарди солимфикри ҷомеа мебошад. 

Афзал Босолиев

Ин гузориш дар ҳамдастӣ бо Намояндагии Институти инъикоси ҷанг ва сулҳ (IWPR) дар Тоҷикистон, дар доираи лоиҳаи «Тавонмандсозии ҷомеа ба хотири мубориза бо ифротгароӣ дар Тоҷикистон» омода шудааст.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here