Ҳодисаи ба ҳалокат расидани корманди милисаи ШВКД дар ноҳияи Панҷ Меҳроншо Ҷумъаев сарусадои зиёдро ба бор овард. Бархеҳо онро ба ноором гардидани вазъ дар марзи миёни Тоҷикистону Афғонистон рабт доданд, аммо мақомот ҳодисаро тасодуфӣ унвон карда, гуфтанд, ки он соати 4-и субҳи 7-уми феврал дар бинои ШВКД рух додааст.

Сардори ШВКД дар ноҳияи Панҷ Шамсулло Маҳмудзода дар як тамоси телефонӣ ба “Фараж” гуфт, ҳодиса аз беэҳтиётии корманд ба вуқуъ пайвастааст. “Аз тарафи прокуратураи ноҳияи Панҷ бо моддаи 108 (аз беэҳтиётӣ ба марг расонидан) қисми 2 пас аз як соат парвардаи ҷиноятӣ боз шуда, гумонбар боздошт шуд”.

— Гумонбар дар ҷиноят старшинаи милитсия ва донишҷӯи соли чоруми бахши ғоибонаи Академияи вазорати корҳои дохилӣ Амирзода Насим Абдукарим аст ва ҳамчун мутахассис дар бахши котиботи ШВКД дар ноҳияи Панҷ фаъолият мекард. Ҳодиса аз беэҳтиётӣ, соати 4-и субҳ, дар рафти қабул кардани яроқи оташфишон рух додааст. Амирзода боздошт шуда, тири яроқ ҳамчун далели шайъӣ аз бадани марҳум гирифта шудааст, — гуфт сардори ШВКД дар ноҳияи Панҷ Шамсулло Маҳмудзода.

Бародари милисаи боздоштшуда Ҳалим Аҳмадов дар суҳбати телефонӣ гуфт, сокини ҷамоати “Нури Ваҳдат”-и ноҳияи Панҷ ҳастанд ва бародараш 6 сол боз дар ШВКД-и ноҳия кор мекард.

— Бародарам ба ҳабс гирифта шудааст ва алҳол дар шуъбаи милисаи ноҳия аст. Мо дар назди бинои шуъбаи милиса ҳастем. Иҷозати вохӯрӣ надорем. То ҷое, ки хабар дорем, бародарам бо ҳамкораш субҳи 7-уми феврал яроқҳояшонро гирифта, бояд пайи иҷрои вазифаи хидматӣ мешуданд, вале чӣ хел шудаасту ин ҳодиса рух додааст, бароямон номаълум аст. Ҳамин қадарашро медонем, ки тир аввал ба сақф бархӯрдаст ва баъд ба марҳум задааст. Алҳол тафтишот идома дорад ва ҳолати кор муайян карда мешавад, — гуфт бародари милисаи боздоштшуда Ҳ. Аҳмадов.

Номбурда, ҳамчунин, гуфт, ҷасади марҳумро ҳамроҳи наздиконаш ба зодгоҳаш, шаҳри Панҷакент, ҳамроҳӣ ва ба хешу таборашон ҳамдардӣ баён кардаанд.

Дар прокуратураи ноҳияи Панҷ ҳозир нашуданд, ки вобаста ба  ҳодисаи мазкур суҳбат кунанд.

Амаки милисаи марҳум Холиқназар Ҷумъаев гуфт, ҳарчанд хешони милисае, ки ҷиянашро паррондааст, узр пурсидаанд, вале  ҳодиса бояд аз рӯи қонун баррасӣ шавад. Номбурда мегӯяд, ӯ ба фарзияи мақомот дар мавриди тасодуфӣ рух додани ҳодисаи мазкур шубҳа дорад.

— Мо бо чанд далел ба ин шубҳа дорем:

а) Камераҳои назоратӣ дар макони ҳодиса кор намекунанд ва имкони дидани ҳодиса вуҷуд надорад.

б) Мо-пайвандони марҳум дар рафти ташхиси судӣ ҳузур надоштем.

в) Баҳс дар бораи ду тир меравад. Тири якум ба шифт бархӯрдааст ва тири дуввум аз пушт даромада, аз китф баромадааст. Шояд агар як тир парронида мешуд, фарзияи тасодуфӣ будани ҳодиса боварибахш мебуд, — гуфт Холиқназар Ҷумъаев.

Марҳум Меҳроншо Ҷумъаев зодаи шаҳри Панҷакент буда, 25 сол дошт. Ӯ рутбаи лейтенанти калони милиса дошт ва қаблан дар Шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Ҷайҳун фаъолият мекард. Марҳум 7 моҳ пештар ба ноҳияи Панҷ ба кор гузашта буд.

Қисми 2-и моддаи 108 КҶ ҶТ “Аз беэҳтиётӣ ба марг расондан, дар натиҷаи вазифаи касбии худро ба таври дахлдор иҷро накардани шахс, инчунин, аз беэҳтиётӣ ба марг расондани ду ва ё зиёда шахсон” унвон шудааст ва маҳрум  кардани шахс аз озодӣ ба муҳлати аз ду то панҷ солро талаб мекунад.

МТЖТ

1 бинависед

  1. Инчо бояд моддаи 104 (куштори баркасдона) монда шавад, на моддаи 108 (куштор аз беэхтиёти). Агар аз беэхтиёти мешуд баъди баромадани тири якум ба худ меомад ва тири дуюмро намезад.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here