(Вокуниш ба суханронии роҳбари ба ном «Паймони миллии Тоҷикистон»
Муҳиддин Кабирӣ)
Муҳиддин Кабирӣ раиси ба ном ПМТ, роҳбари ташкилоти террористие, ки фаъолияти он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ шудааст, зиёда аз панҷ сол мешавад, ки дар хориҷи кишвар баромадҳои муғризона намуда, зидди ҳукумати кунунии кишвар ҳар гуна туҳмату таҳқир ва матолиби муғризонаро расонаӣ мекунад. Аслан перомуни ҳаёту фаъолият, дарбадариву гурезагӣ ва хоиниву ватанфурӯшии Кабирӣ оддитарин шахси ҷомеаи тоҷик хоҳ дар хориҷ ва хоҳ дар дохил маълумоти кофӣ ва назаррас дорад.
Ҳар гоҳ Муҳиддин Кабирӣ тавассути минбарҳои баланди аврупоӣ баромад мекунад, шарм накарда, аз иштибоҳ сухан меронад. Масалан, вай ба наздикӣ тавассути Интернет перомуни муҳоҷират ва муҳоҷирон суханронӣ кард. Мавзуе, ки умуман ба як гуреза дар Аврупо дахл надорад. Ӯ мегӯяд, ки “Русия давлати диктаторӣ аст” ва дар ҳамин ҳол, қайд мекунад, ки “дар ин кишвар беш аз ду миллион муҳоҷири тоҷик зиндагӣ доранд”. Ҳол он ки тибқи маълумоти расмӣ муҳоҷирони меҳнатӣ ҳудудан 486 000 нафарро ташкил медиҳанд. Дар замони авҷи вабои аср, яъне коронавирус, зиёда аз 2500 нафари онҳо ба ватан баргаштанд. Дар ин масъала ҳам Кабирӣ дурӯғ мегуяд.
Вай аз мухолифи давлати Русия Алексей Навалний пуштибонӣ кардаву ӯро қаҳрамон мешуморад. Ҳатто агар ба ин гуфтаҳо аз назари як нафар шаҳрванди одӣ бингарем, дарк кардан душвор нест, ки бо як андешаи ба назари худи ӯ “қаҳрамонона” барои муҳоҷири тоҷик чӣ мушкили азиме пеш меорад. Аввалан, назари манфии Навалний нисбат ба муҳоҷирони тоҷик аз касе пинҳон нест: Вай мисли баъзе аз фашистмаобони кишвари Русия нисбат ба тоҷикон нафрат дорад ва дар ҳар баромади расмиаш ҳисси нафрату таҳқирашро ба мардуми мо пинҳон намекунад. Кунун бинед, ки як нафари ба мардуми мо нафратдошта аз ҷониби як тоҷики ба пулу молу сарвати аҷнабӣ фурухташуда чӣ гуна пуштибонӣ меёбад? Баъдан намеандешад, ки бо ин “пуштибонӣ” ҳоли ба қавли беш аз миллионҳо тоҷикро ба назар намегирад, онҳоро дар муқобили ҳукумати Русия қарор медиҳад? Не! Маълум мешавад, ки барои вай пеш аз ҳама манфиати шахсии хоҷагонаш, душманони Ҳукумати Русия меистад ва дар ин роҳ барои вай муҳоҷири тоҷик фақат як воситаи худширинкунӣ назди маблағгузорон асту бас!
Ӯ ба давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон кина ва рашк дорад. Рашк ва кинаи ӯ аз он аст, ки халқ ва миллати тоҷик тарзи тафаккури харобиовари наҳзатро напазируфтанд ва новобаста аз заҳмат ва талоши зиёди муғризона миёни ҷомеаи тоҷик маҳбубият пайдо накард. Чаро? Барои он, ки Кабирӣ ва фирориёни наҳзатӣ пуштибони мардумӣ надоранд ва то замоне, ки тоҷик огоҳ аст, ин тоифа бар миллати азияткашидаи мо тасаллут пайдо нахоҳад кард. Ин тоифа мисли ғулҳое ҳастанд, ки ҳадафашон танҳо хурдану чаридану ошомидан аст. Танзи маҳаллӣ, ки ба шахси роҳбари наҳзатӣ муносиб аст ҳусни мақтаъи навишта шуда метавонад:
Селобаи вайронӣ дар нам-нами Файзобод,
Барзагове мечарад дар хам-хами Файзобод.
Бисёр ҳодисаҳо фаромӯш мешаванду аз ёдҳо мераванд, вале захми хоиниву ватанфурӯшӣ аз захми табару шамшер дардноктару аламовар ва фаромӯшнашуданӣ аст.
Ба сарнавишти хоинонаи Кабирӣ барин хоинони миллат нигариста, дарси ибрат бояд гирем, зеро тавре ба ҳама маълум аст, дар муддати панҷ сол чандин мухолифин ноуҳдабароиву нотавонӣ, худхоҳиву хоинӣ ва баднафсиву бадзамирии ӯро дида, ҳисси нафрату адоваташон нисбаташ афзоиш ёфт ва бемулоҳиза ин ҳизбро тарк карданд.
Имрӯз Кабирӣ дар хориҷи кишвар яккаву танҳо мондааст. На роҳи бозгашт дорад, на ҷуръати мубориза бурдан. Ин аст оқибат ва сарнавишти нафаре, ки зери рубоби дигарон месарояду мерақсад.
Аммо Кабирии боре бо рӯзгори муҳоҷири тоҷик ошнонабуда, намедонад, ки бо вуҷуди ин қадар машаққату азоб руҳияи хиёнату хиёнаткорӣ дар ботини ин муҳоҷирон нест ва нахоҳад буд! Умедвориҳои ин хоине, ки бо дастгирии як нафар аз мухолифони лухтакмонанди Ҳукумати Русия Алексей Навалний мехоҳад хешро назди хоҷагонаш ширин кунад, вазъи муҳоҷири тоҷикро ба хотири роҳати хеш бадтар кунад, барҳадар хоҳад рафт!
Зеро муҳоҷирони тоҷик ба хотири он муҳоҷир шудаанд, ки вазъи зиндагиашонро беҳтар кунанд на бозичаи дасти хоину беватану пурғараз инсоне нагарданд, ки ба хотири манфиати хеш тайёр аст ба қавли худаш “вазъи беш аз ду миллион нафар тоҷикистониро” бад созад!
Муҳоҷирони мо намехоҳанд, ки Кабирӣ дар роҳаткурсие дар Аврупо нишаста ба муносибати Тоҷикистони азизи мо ва Русия дахолат карда, муҳоҷиронро қурбони бозиҳои сиёсиаш кунад. Дар ҳоле ки худаш на ба деҳааш, на ба ноҳияаш ва на ба Тоҷикистон ягон хидмати арзанда анҷом надодаву танҳо аз ҳисоби бад кардану бад нишон додани тоҷику тоҷикистонӣ маблағ ҷамъ овардаву барои хиёнат ба миллату давлаташ аз хоҷагонаш қути лоямутеро соҳиб шудааст.
Минҳоҷиддин КАРИМОВ, раиси ҷамъияти миллӣ-фарҳангии тоҷикон дар шаҳри Новосибирск