Қайд намудан зарур аст,ки дар олами муосир мавҷҳои гуногуни хосияти ифротию радикалидошта бо шаклҳои гуногун амал менамоянд, ки яке аз онҳо ин экстремизми сиёсӣ мебошад. Мафҳуми экстремизм аз забони лотини «extremus» гирифта шуда, маънои охирин, канораро дорад. Фаъолияти сиёсие, ки барои амалӣ гардидани мақсадҳои авантюристӣ, моҷароҷӯии худ, зуригарии ҷисмонӣ, услубҳои ҳарбӣ террор ва фитнаро истифода мебарад. Экстремизми сиёсӣ самти осоишти ҷомеаро халалдор намуда, ҳалли зиддиятҳои сиёсиро дучанд гардонида, террорро васеъ истифода мебарад, ба тезу тундшавии зиддиятҳои байнимиллӣ кумак мерасонад ва вонамуд месозад, ки масъалаҳоро ҳал менамояд. Дар низоми навини олам яке аз масъалаҳои мураккабтарин ва пурихтилофтаринро, ки ҷомеаи ҷаҳониро дар ташвиш мондааст экстермизм ташкил медиҳад. Он дар навъҳои ва шаклҳои гуногун ба амал омада, вобаста ба макон ва замон хусусиятҳои мухталифро ба худ мегирад.

Масъала асосан, дар ду сатҳ гузашта мешавад. Аввал, кӯшишҳо ба харҷ дода мешаванд, ки ба моҳияту хусусиятҳо, сабабу оқибатҳои экстремизми сиёсӣ ва шаклҳои мухталифи зуҳури он амиқ сарфаҳм рафта шавад.

Баъдан, роҳҳои самараноки пешгирӣ аз он дарёфта шаванд. Дар мавриди зарурӣ дарёфти роҳу воситаҳои муборизаи фаъолу воқеии зидди он ҷустуҷӯ мегарданд.

Экстремизми сиёсӣ худ ба худ ва дар ҷойи хушку холӣ ташаккул наёфтааст ва аз ҳавою ҳавас ва хоҳиши кадоме аз ифротиён насабзидааст. Он заминаи васеи ташаккул ва омилҳои зиёду гуногуни инкишофро соҳиб аст. Сатҳи инкишофи умумии давлатҳо ва минтақаҳо, масъалаҳои мухталифи иҷтимоию иқтисодӣ, фарҳангӣ, бахусус сиёсӣ дар ташаккули экстремизми сиёсӣ ва шаклҳои мухталифи зуҳури он заминаи муосид фароҳам меоранд. Экстремизм дар шаклҳои гуногун зоҳир мегардад. Махсусан, экстремизми сиёсӣ, динӣ ва миллӣ намоёнтаранд.

Экстремизми миллӣ талаботу манфиатҳои миллату қавми хешро ҳимоя намуда, манфиатҳо ва ҳуқуқҳои дигари миллию этникиро сарфи назар месозанд. Дар бисёр ҳолатҳо ва ба ҷараёнҳои сепаратистӣ пайваста, ҷудо намудани ноҳияҳо, минтақаҳои алоҳидаро мақсади худ медонанд.

Экстремизми динӣ ҳамаи минтақаҳо ва ҳамаи давлатҳои оламро фаро гирифтааст. Бадбинӣ нисбат ба динҳои дигар, ҳатто муқовимати дохилидинӣ хосияти асосии онро ташкил медиҳанд. Дар бисёр ҳолатҳо экстремизми динӣ хосияти сиёсӣ пайдо намуда, барои ҳокимият мубориза мебарад. Махсусан, дар мамлакатҳои исломии Шарқӣ ва Осиёи Миёна амали мазкур бештар мушоҳида мегардад. Муракабтарин ва хатарноктарин зуҳури экстремизм он аст, ки агар дар заминаи этиқоди динӣ хосияти асос идеологӣ пайдо намуда бошад. Чунин шакли экстремизм хело мураккаб аст. Зеро раванди ташаккули он асосан ноаён мегузарад. Он метавонад дар доираи маҳдуди вақт фазои номаҳдудро фаро бигирад ва дар муносибатҳои ҷомеаи сиёсӣ нақши барҷаста пайдо намояд. Инро бояд қайдкард, ки фақат ба ислом мансуб донистани экстремизм ва терроризм начандон асос дорад, чунки террорист аз номи он фаъолият мекунад, аммо бо таълимоти ислом муқобил аст, ӯ сохташуда аз ҷониби гуруҳи манфиатхоҳ баҳри амалӣ гардонидани мақсадҳо мебошад.

Экстремизми сиёсӣ шакли маъмултарини он аст. Махсусан, дар низоми нави олам яке аз шаклҳои манфуртарини эктремизми сиёсӣ ин терроризм ба ҳисоб меравад, ки мақоми хоса пайдо намуда, ақлу ҳуши бисёр муҳақиқон ва ходимони давлативу ҷамъиятиро ба худ кашидааст.

Олами мавҷуда чӣ дар гузашта ва чӣ имрӯз дар ҳар як зинаи тараққиёт дучори ҳазорон падидаҳои ғайримуқаррарӣ гардидааст, ки баъзеи ин падидаҳо худ омили бавуҷудорандаи зинаи нави рушди олам будаанд. Инқилоб, муборизаҳои озодихоҳонаи халқу миллатҳо, намоишҳои эътирозӣ, гирдиҳамоиҳои оммавии кӯшиш баҳри ислоҳоти соҳаи идории давлат барин саҳнаҳо дар ҳар як гӯшаи олам сар задаанд ва ҳатто аз доираи як давлат берун баромада, мувофиқи дараҷа ва характери зоҳиршавии худ тағйироти ҷузъиву куллиро дар олам падид овардаанд. Ҳамроҳ бо ин ҳама воқеот ва он пешрафту тараққиёте, ки ба вуҷуд омадаанд, якчанд падидаҳои канораву харобу фасодсози ҷомеа амсоли  шовинизм, генотсид, сеанизм, экстремизм, терроризм ва ғайра пайдо гардида, рушд мекунанд, ки бо характеру хусусияти худ майлонҳои дар боло овардашударо рад месозанд, аммо дар муаррифӣ худро муборизони он роҳ, яъне ё озодихоҳу инқилобчӣ ва ё гуманисту адолатҷӯ ва саркӯбсози душман эълон медоранд. Ҳамаи ин зуҳурот ҳамқадами инсон ва ҷомеа буда, доимо дар олам чун занги таҳдид садо медиҳад, ки дар байни онҳо терроризм ҷои махсусро соҳиб аст.

Асри XXI бо фазои гуногун, махсусан воқеоти дар худ фарогирифтааш аз ҷумлаи асрҳои гузашта фарқ карда меистад. Гарчанде падидаҳои ҷойдошта зодаи танҳо ин аср нестанд, аммо дар баробари асри нав ҷомаи навро ба худ гирифтаанд, яъне ҳар як падида шакли муташаккилтару мураккаби зоҳиршавиро пайдо кард. Терроризм низ падидаи нав нест. Нишонаҳои он дар давраҳои пеш мавҷуд буд, аммо дар замони муосир он тарзу усули хосаи худро ба вуҷуд овардааст. Терроризм яке аз он масъалаҳоест, ки диққати ҷаҳониёнро моили худ сохтааст. Он борҳо намояндагони кишварҳои оламро сари мизи гуфтушунид овардаасту ҳадафу самти фаъолияти даҳҳо ташкилоту созмонҳо фарогири ин тамоюл гардидааст, вале ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, терроризм ва таъсири он на танҳо сусту заиф намешавад, балки рӯз аз рӯз рушд намуда, ҷонибдорони зиёде пайдо мекунад. Ҳаррӯза амалиётҳои гуногуни террористӣ дар гӯшаҳои олам ва садҳо таркишоту ҳазорон қурбонии ин таркиш ва иттилооти фаровони ВАО дар ин хусус далели ин гуфтаҳоянд. Дар раванди глобализатсия он масъалаҳое, ки ташвиши танҳо як давлат буданд ва қариб таъсире ба давлатҳои дигар надоштанд, хосияти умумидавлатӣ пайдо мекунад ё бо ибораи дигар, он масъала ташвиши ҷаҳониён мегардад. Хатаре дар як давлат ва таъсири он ба давлатҳои олам, монанд ба маризие дар як узви инсон аст, ки кулли аъзоро мутаваҷҷеҳи худ месозад.

Бояд қайд кард, ки ҳар як амали бад аз майнаи бадхоҳ бармеояд. Терроризм низ маҳсули ҳамин навъи майнаи инсонист. Он як навъ таҳдидест ба инсоният. Имрӯзҳо ҳолати фаъоляити терроризм тавре шакл гирифтааст, ки аз кӯдаки хурдсол то мӯйсафед метавонад амали террористӣ содир кунад. Бинобар ин, дар назди давлатҳои олам вазифаи меҳварӣ — бо роҳҳои самараноку таҳқиқшуда ҳар чи зудтар маҳв ё нест намудани сатҳи фаъолияти он меистад. Давлатҳои абарқудратро зарур ва вазифаи аввалиндараҷа мебошад, ки ин хати сиёҳи сурхгашта аз хуни ҳазорҳо кӯдакону модарони бегуноҳро аз миёни худ нест созанд.

Терроризм аз забони лотинӣ  (terror — даҳшат, ҳарос) гирифта шуда, ба маънои муосираш дар охирҳои асри 20 истифода шудааст. Он як навъ сиёсат, идеология ё амали иборат аз таҳдид, фишороварӣ, зурӣ нисбати шахсони алоҳида, гуруҳи одамон, ҷомеа, ҳокимият, институтҳои ҳокимиятӣ, давлат ва низоми идоракунии он буда, баҳри расидан ба ҳадафҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иделогӣ, геополитикӣ ва имкониятҳои гуногуни таҳрезишуда равона гардидааст. Дарки падида бошад, аз тавсифи мафҳумии он осон нест. Зеро бо вуҷуди характери бисёрсоҳа доштанаш, боз омили бавуҷудоӣ дар дохили як давлат ва мавқеъ гирифтан дар он, инчунин, дар миқёси байналхалқӣ зуҳур карданаш як қатор мушкилиҳоро дар равшаннамоӣ ва дарки худ ба миён овардааст.

Терроризм як навъи мусаллаҳона ва муташаккилонаи экстремизми сиёсист. Террорист- субъект, терроризм -мақсад ва террор -воситаи ба амалбарории ин мақсад аз ҷониби субъект аст.

Ҳар як мафҳум таърихи пайдоиш дорад. Гарчанде амалҳои террористӣ аз замонҳои хеле қадим вуҷуд доштаанд, аммо террор бо забони муосир дар амалиёти террористӣ, махсусан дар охири асри ХХ ва ибтидои асри ХХI хеле афзоиш ёфтанд.

Терроризм дар сурат ва сирати гуногун ба амал меояд: таҳдидҳои бевосита дар вақти муборизаи сиёсӣ; зӯроварӣ нисбати шахсони гуногун ва махсусан ходимони давлатӣ ва ҷамъиятӣ; ба гарав гирифтани шахсони гуногун бо мақсадҳои муайян; рабудани ходимони давлатӣ ва сиёсӣ ё куштани онҳо; талаби пул ва воситаҳои дигари моддиву молиявӣ ва коммуникатсионӣ; озод намудани маҳбусони сиёсӣ; муваффақ гаштан ба вазъияти умумии террор; душманӣ ангехтан байни ду давлат; паст намудани эътибори ҳокимият, одамонро дуздан, дар ҷойҳои омавии мардум бомба партофтан,ба куштори шахсиятҳои олирутбаи давлатӣ ва ҳизбӣ даст мезананд, ки мисолҳои зер баёнгари ин падида мебошад. Терроризм фаъолиятест, ки баҳри дигаргунсозии сохти иҷтимоӣ-иқтисодӣ, вайронсозии идеологияи давлатӣ, тағйирдиҳии идоракунии давлатӣ ва режими давлатӣ, вайронсозии ягонагии ҳудудӣ бо методҳои ҷиноӣ ва террор мебошад.

Якчанд шаклҳои терроризмро фарқ мекунанд, ки асоситарини онҳо навъҳои зер мебошанд:

Терроризми сиёсӣ — ин навъи терроризм бо истифода аз таҳдид ҷомеаро ба ҳолати моҷарогароӣ оварда мерасонад, ки дар натиҷа ҷудоӣ ва бесарусомонӣ хоси он ҷомеа мегардад. Ба сифати субъекти терроризми сиёсӣ чун қоида ҳизбҳои сиёсии ҷинояткор, гуруҳҳои алоҳидаи дохили ҳизб ё иттиҳодҳои ҷамъиятӣ, ташкилоти экстремистӣ баромад мекунанд.

Терроризми миллатгароӣ — ин навъи терроризм бо таҳаммулнопазирии миллӣ асос ёфта, дар фаъолияти он маҳдудсозии фаъолияти намояндагони ин ё он халқ бо истифода аз террор асос ёфтааст. Терроризми миллатгароӣ бо сепаратизм алоқамандӣ дорад, ки он ҳамчунин, баҳри иҷрои амалҳои дигар, тағйирот дар сохти давлати мавҷуда, вайронсозии ягонагии ҳудудӣ, ташкили давлати соҳибистиқлол анҷом дода мешавад. Терроризми динӣ -Аз номи дин ва идеологияи дини ба олами ҷиноят сар даровардани гуруҳи манфиатхоҳ.

Терроризми ҷиноӣ — он бо куштор, низоъ андохтан байни гуруҳҳои гуногуни ҷомеа, таъсир расонидан ба фаъолияти намояндагони ҳокимият асос ёфтааст.

Терроризми технологӣ, ки таҳдиди аз ҳама бештар дорад. Он бо истифода аз яроқи ядроӣ, кимиёвӣ, бактериологӣ ва воситаҳои радиоактивӣ, инчунин, муҳосираи объектҳо, яроқҳо, маводҳои ядроӣ мақсадҳои хешро амалӣ мегардонад.

Терроризми кибернетикӣ — он нисбати ҳамаи навъҳои терроризм таҳдиди бештар дорад. Асоси фаъолияти он роҳ ёфтан ба васоити ахбордиҳӣ, аз ҷумла Интернет ва пахш кардани маълумотҳои бардурӯғ, инчунин тағйир додани далелҳо мебошад.

Мақсадҳои терроризмро ба ду навъ ҷудо мекунанд:

Дохилӣ — ба вуҷуд овардани бетартибиҳо дар минтақаҳои гуногуни як давлат, ҳизбҳоро ба ҳам ангехтан, паст намудани эътибори ҳокимият ва боварии мардум нисбат ба он;

Берунӣ — суст намудани робитаҳои байналхалқӣ, байнидавлатӣ, ба вуҷуд овардани моҷроҳо байни минтақаҳо, фишор ба шаҳрвандони давлатҳои дигар. Бояд гуфт, ки мақсадҳои терроризм гарчанде гуногунсоҳаанд, вале метод ва шаклҳои расидан ба ин мақсадҳо қариб, монанд сурат мегиранд.Терроризм бо гуруҳ ва ташкилотҳо муттаҳид гаштааст. Ташкилоти террористӣ иттиҳоди ташкилиест, ки бо ба амал баровардани амалҳои гуногуни террористӣ асоси ёфтааст. Гуруҳҳои террористӣ бошад, ҷузъи фаъоли дохили ташкилот аст, ки ҳадафҳо ва мақсадҳои асосии ташкилоти террористӣ тавассути он таъмин карда мешавад.

Дар муборизаи зидди терроризм миёни мамлакатҳо ҳамоҳангӣ, фаҳмиши ягона ва иттиҳод вуҷуд надорад. Кам нестанд ҳодисаҳое, ки ягон давлат гуруҳҳои ҷудоихоҳи дар дохили мамлакати худ амалкунандаро  гуруҳҳои террористӣ эълон месозад ва ба муқобили онҳо мубориза мебарад, ҳамзамон дигар давлат мекӯшад онҳоро ба манфи ати худ истифода бикунад.

Баъди амалиётҳои террористии сентябри соли 2001 дар Ғарб дар бораи терроризми исломӣ сухани зиёд мегӯянд, вале ислом ба монанди динҳои дигар динҳои чаҳонӣ нисбат ба хушунату зӯроварӣ муносибати манфӣ дорад. Ислом наметавонад сарчашмаи терроризм бошад. Кариб инсонеро дарёфт намудан ғайриимкон аст, ки пайрави ягон дин набошад. Ҳар як дин пайравони худро дорад. Бахусус динҳои ҷаҳонӣ: ислом, насрония ва буддоия, ки миллиардҳо пайравони худро пайдо кардаанд. Ба ислом нисбат додани терроризм ин маънои исломро дини бадӣ, пайравони онро пайрваони бадӣ хондан ва асосгузори онро чун асосгузори идеологияи террористӣ донистан ва баҳо додан аст. Ин таҳқири сахтест ба  пайравони ин дин.

Манзараи муносибатҳои сиёсии ҷаҳонӣ тероризм ва экстремизм сарчашмаҳои худро доро мебошад, чун набояд бо ҳамагон нопадид бошад, ки гуруҳҳои терористӣ (гуруҳи бо ном Исломӣ, Толибон ва ғ.) қувваи бешумори ҷангиашонро ( яроқ ва дигар муносибатҳои молиявиро) аз  куҷо дастрас мекунанд? Дар ҳоле, ки ҳукумати мутамаркази як давлати миллӣ ва соҳиби қувваи бузурги ҳарбӣ ба муқобили як гуруҳи хурди терористии дохили давлат истодагари кардан наметавонад, пас гуфтан мумкин аст, ки чунин гуруҳҳо маҳз ташкилнамудаи манфиатхоҳон аст. Ногуфта намонад, ки ҳар кадом гуруҳ ё ҳизби сиёсие, ки аз идеологияи динӣ барои ба даст овардани ҳокимият мубориза мебарад, ин таҳдидкунанда ба мафкураи сиёсии шаҳрвандон дар зери таълимоти сохташудаи ғаразнок ва бадномкунии дин барои ба даст овардани манфиатҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва ғ. мебошад, ки хосияти иртиҷоиро касб мекунанд.

Зиёева Зебониссо Идибековна,

номзади илмҳои фалсафа

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here