САРОҒОЗ

Соли 2020 бо ҳама хотироти неку бадаш паси сар мегардад. Бо вуҷуди пешравиҳою камбудиҳо, имсол дар хотироти мо нақши муҳим дошт. Яке аз масъалаҳои муҳиму назаррас интихоботи вакилони халқ ва интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон буд. Ин маъракаҳои муҳими сиёсӣ дар фазои ниҳоят орому осуда ва мутантан баргузор гардиданд. Маҳз ҳушёриву зиракии халқи тамаддунофари тоҷик буд, ки маъракаҳои муҳиму сиёсӣ дар фазои ором баргузор гардиданд.

Таваҷҷуҳи давлату ҳукумат ба соҳаи фарҳангу адабиёт бесобиқа аст. Сарвари давлат дар Паёми соли сипаригардидаи хеш мардумро ба сӯйи донишу хирад раҳнамун сохта, барои нашр намудани китоби «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров ва ба ҳар оила тақдим намудани ин шоҳасар супориш доданд. Аллакай тақсимоти китоби зикргардида оғоз ёфта, озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ҷамъбаст гардид, ки дар он истеъдодҳои нотакрор ва китобхонҳо бо мукофоти пулӣ қадрдонӣ гардиданд. Ҳамчунин дигар комёбиву муваффақиятҳо дар соҳаҳои мухталиф, дар соли равон ба вуқуъ пайвастаанд, ки ҳамагон аз он огоҳем.

МАРГУ МИР

Дар баробари пешравиҳо, талафоти ҷонии ғайричашмдошти инсонҳо ба назар мерасид. Бемории ҳамагири «КОВИД-19» дар ҷаҳон хурӯҷ намуда, аз он миллионҳо нафар сироят ёфтаву ҳазорон нафар ба ҳалокат расиданд, ки дар ҷомеаи мо низ шахсиятҳои машҳуру шинохта, ба мисли Гулназар Келдӣ, Баҳриддин Камолиддинов, Баҳманёр, Сафар Аюбзодаи Маҳзун ва даҳҳо нафари дигар аз ин беморӣ фавтиданд ва умрбод моро тарк намуданд. Албатта, талафоти ҷони инсонҳо дар ин сол бохти калон ба ҳисоб меравад. На танҳо талафоти ҷонӣ, балки зарбаи иқтисодӣ низ зарари хешро ба ҷомеаи ҷаҳон расонид.

ЗАРБА БА ИҚТИСОДИЁТ

Аз ибтидои беморӣ коршиносони байналмилалӣ ҳадс мезаданд, ки имсол, ҳатто аз буҳрони молиявии соли 2008 бадтар хоҳад шуд. Вақт нишон дод, ки воқеан, пешгӯйии коршиносон дуруст баромад. Бо вуҷуди ба ҳалокат расидани инсонҳо дар ҷаҳон, ҳамаи давлатҳо ба монеаву мушкилоти иқтисодӣ рӯ ба рӯ шуданд. Аз ибтидои сол Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мардум муроҷиат намуда, ҷиҳати захира намудани хӯрока барои ду сол борҳо таъкид намуданд. Ҳамчунин, мардуми меҳнатқарини тоҷик тибқи супориши Сарвари давлат дар мавриди ҳатто «як ваҷаб холӣ намондани заминҳои корам» амал намуданд, ки барои доштани тавозуни иқтисоди кишвар иқдоми накӯ ва хайрхоҳонае ба ҳисоб меравад. Дар суханрониҳои Сарвари давлат низ доир ба кишти донагиҳову лӯбиёгиҳо сухан рафта буд.

Гузашта аз ин, коронавирус сабаб гардид, ки содироту воридоти молу маҳсулоти байни давлатҳо аз байн равад, зеро барои пешгирӣ намудани ин бемории ҳамагир марзҳои заминию фазоӣ баста гардиданд. Барои мардуми тамоми сайёра беморӣ як навъ имтиҳоне буд ва суоли оё мо мустақилона, бе содироту воридоти молу маҳсулот аз давлати дигаре зиндагӣ карда метавонем ё на, дар зеҳнҳои мо мечархид. Вақт нишон дод, ки то кадом андоза мардуми меҳнатқарини кишвар зиндагиашонро пеш мебаранд.

ТАҲЛУКА

Дар урфият мегӯянд, ки «Соле, ки накӯст, аз баҳораш пайдост». Ибтидои соле, ки сипарӣ мегардад, ба ҳамагон маълум аст. Он овозаву ҳангомаҳоро ёд дорем, ки мардуми моро чӣ қадар нороҳат кард? Аксарият ба сӯйи мағозаҳо медавиданд. Онҳое, ки доранда буданд, орду равғани зиёдро захира карданд. Онҳое, ки маблағи кофӣ надоштанд, ба ҷуз таҳлука ва дар навбати худ сабр чорае надоштанд. Мушоҳидаҳо нишон доданд, ки нафароне 25 халта ордро харидорӣ намуда, ҳатто як халтаи онро ба ҳамсояи худ нафурӯхтанд, вале пас аз ҳангомаҳо бартараф шудан дар он гармӣ, ки ордҳои гирифтаашон вайрон шудан гирифтанд, боз он ордҳоро ба бозор барои фурӯш бурданд.

Дар деҳоти мамлакат мардум шабона ба мағозаҳову бозорҳо рафта, орду равған захира карданд, то аз ин бемории ҳамагир нафавтанд.

Коронавирус бори дигар собит намуд, ки мутаассифона мо зуд ба ҳангомаву овозаҳо дода мешавем.

ЧОРАБИНИҲОИ НИЗОМӢ

Бо вуҷуди он, ки бемории ҳамагири «КОВИД-19» ба бисёр чорабиниҳо монеа эҷод кард, вале низомиёни кишвар тавонистанд аз рӯйи нақшаи тайёрии ҷангӣ амал намуда, бо риоя намудани қоидаҳои беҳдоштӣ тамоми чорабиниҳоро гузаронанд. Бо вуҷуди он, ки аксарияти чорабиниҳои низомие, ки дар хориҷ аз кишвар доир мегардиданд, бинобар сабаби хурӯҷи бемории «КОВИД-19» мавқуф гузошта шуданд. Бо вуҷуди мушкилоти пешомада, хизматчиёни ҳарбӣ тавонистанд дар Паради ҳарбӣ бахшида ба 75-солагии Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар шаҳри Москваи Федератсияи Русия, парадҳои ҳарбии дохили кишвар, ба муносибати Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, 25-солагии таъсисёбии Гвардияи миллӣ ва савгандёдкунии хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ, сохторҳои  қудратӣ ва дигар намояндагони ҳифзи ҳуқуқ барои садоқат ба Президенти кишвар фаъолона ширкат варзанд. Ҳамчунин, хизматчиёни ҳарбии кишвар дар машқгоҳҳои ҳарбӣ бо ҷалб намудани низомиёни кишварҳои дӯсту ҳамҷавор чорабиниҳои ҳарбиро гузарониданд.

САРАНҶОМ

Ниҳоят, дар анҷом ба ин хулоса метавон расид, ки аксариятро ваҳму таҳлука ба қатл расонид ва нороҳат ҳам намуд. Абӯалӣ ибни Сино дар китоби «Шифо»-и хеш чунин нигоштааст: «Марде дар роҳ ба вабо (вирус) рӯ ба рӯ мешавад ва аз вабо мепурсад: «Эй вабо, ба куҷо рафта истодаӣ? Вабо мегӯяд: «Амр гирифтам, ки дар ин шаҳр бояд ҳазор нафарро қатл намоям». Вақти бозгашт ҳамон мард боз ба вабо рӯ ба рӯ мешавад ва мепурсад: «Чӣ қадар бераҳм будаӣ, ки бист ҳазор аҳолии ин шаҳрро қатл намудӣ?! Вабо мегӯяд: «Ман ҳазор нафарро ба қатл расонидам, боқимонда фавтидагон аз ваҳм фавтиданд».

Дар оянда низ, бояд ҳамватанони мо ба ҳангомаву овозаҳои беасос дода нашаванд. Балки аз рӯйи заковату хирад амал кунанд.

Албатта, барои мардуми кишвар пеш аз ҳама фазои орому осуда, сулҳу субот ва ваҳдату Истиқлолияти комил муҳим аст. Барои мо — тоҷикон ва хусусан хизматчиёни ҳарбӣ оромиву осудагӣ беҳтарин дастовард дар соли 2020 буд.

Бигзор соли 2021 ба хонадони мардуми азизи кишвар хушрӯзиву некрӯзӣ, бахту иқболи накӯ ва шодию нишот орад. Таманнои онро дорем, ки соли куҳан ҳама он дарду ранҷ ва мушкилотро бо худ бурда, бо қадамҳои неки худ ба мардуми кишвар фараҳ орад.

Азимҷон БАДАЛОВ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here