Равоншиносон таъкид мекунанд, ки бемориҳои равонӣ маҳз дар оғози фасли баҳор хурӯҷ мекунанд. Ҳодисаҳои террористӣ, ки дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон содир шудаанд, нишон медиҳанд, ки онҳо маҳз дар натиҷаи хурӯҷи бемориҳои равонӣ содир шудаанд. Барои мисол, чанд амали террористиро номбар намудан бамаврид аст, ки ҳамаи онҳо дар фасли баҳор содир шудаанд:

Санаи 03.04.2017 шаҳрванди Ҷумҳурии Қирғизистон Ҷалилов Акбарҷон (1995 соли таваллудаш, узви ташкилоти террористии «Котиба ал-Имом Шамил») дар метрополитени шаҳри Санкт-Петербург амали террористӣ содир менамояд, ки дар натиҷаи он 16 нафар кушта шуда, 87 нафар захмӣ гаштаанд.

Санаи 11.03.2004 дар натиҷаи содиршавии амалҳои террористӣ дар дохили вагонҳои электропоезди шаҳри Мадрид, кишвари Испания, 191 нафар кушта шуда, 2050 нафар мусофирон захмӣ гаштаанд.

Санаи 21.03.2019 зодаи Сенегал, шаҳрванди Италия, барои пешгирии марги муҳоҷирони Африка дар баҳри Миёназамин, автобуси мактабро, ки дар он 51 нафар талаба нишаста будаанд, рабудаву оташ мезанад. Ба кормандони политсия муяссар шуд, ки тирезаҳои автобусро шикаста, аз он 51 нафар мактаббачагонро наҷот диҳанд. Аммо 14 нафари онҳо, ки аз дуди оташ заҳролуд гашта буданд, ба бемористон интиқол дода шуданд.

Брентон Таррант вориди масҷиди мусулмонони шаҳри Крайстчречи кишвари Зеландияи Нав гардида, аз ҳисси нафрат доштан ба мусулмонон ва дини Ислом, аз яроқҳои гуногун оташ кушода, 49 нафар намозгузорро ба қатл мерасонад.

Сарвазири Зеландияи Нав Ҷасинда Ардерн ходисаи ахир дар ин кишварро «яке аз рӯзҳои сиёҳ» номид.

Боздоштшуда Брентон Тарант, ки манифести чапгарои 37-саҳифагиро боқӣ гузошта буд, мегуфт, ки муҳоҷират амали бад аст ва даъват ба амал меовард, ки Садри Олмон Ангела Меркел ва Президенти Туркия Раҷаб Эрдоган низ ба қатл расонида шаванд.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки қисми зиёди амалҳои террористӣ дар фасли баҳор содир шудаанд. Бемориҳои равонӣ дар оғози фасли баҳор, сабзидани сабзаҳо ва гул кардани дарахтон, хоҳ нохоҳ хурӯҷ мекунанд. Равоншиносон исбот намудаанд, ки дар кишварҳои Осиёи Марказӣ бемориҳои руҳӣ бештар дар аввалҳои фасли баҳор, ки бедоршавии табиат мебошад, хурӯҷ менамоянд ва дар ин мавсим ин намуд касалиҳо ба авҷ омада, касалиҳоро ба содир намудани ҷиноятҳои вазнин, аз қабили амали террористӣ ё ин ки худкушӣ мерасонанд.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ дасту пойи онҳоеро, ки мубталои бемориҳои руҳӣ мегарданд, баста, дуохонӣ мекунанд, ё ин ки дар беморхонаҳои махсусгардонидашуда нигоҳ медоранд.

Аз тарафи дигар, ҳангоми хурӯҷи касалиҳои руҳӣ мағзи сари чунин ашхос боз хубтар фаъолият намуда, пешравиҳо низ дар фикррониҳояшон дида мешавад. Яъне фазои фаъолшавии касали руҳӣ авҷ мегирад.

Амали даҳшатбор ва террористие, ки дар моҳи сентябри соли 2015 аз ҷониби ҳизби мамнуъшудаи наҳзат дар Тоҷикистон содир гардид, пешвоёни ташкилоти мазкур нақшаи онро дар фасли баҳори соли 2015 таҳрезӣ намуда будаанд. Гувоҳи ин гуфтаҳо ҳуҷҷатҳои таҳрезинамудаи онҳо мебошад, ки дарёфт карда шудаанд.

Пас аз амалиёти нокоми террористӣ, аъзо ва пешвоёни ташкилоти мазкур ба кишварҳои Аврупо, аз ҷумла ба кишвари Олмон фирор намуда, дар ҷустуҷӯи паноҳандагӣ қарор доранд.

Онҳо ба хотири паст задани обрӯву нуфузи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати он, тариқи сомонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ тамоми ободиву пешравиҳои дар кишвар бударо нодида гирифта, зери танқиди шадид қарор медиҳанд. Онҳо ҳамарӯза тариқи сомонаву шабакаҳои иҷтимоӣ санги маломат ба Ватан мезананд.

Ба ҳамин монанд, Гадоев Шарофиддин моҳи феврали соли 2019 ихтиёран ба Тоҷикистон баргашта буд. Дар навори видеоие, ки тариқи расонаҳо пахш гардидааст, Гадоев Ш. баён менамояд, ки “ман бо хоҳиши худам ба ватан баргаштам ва аз кардаҳои худ пушаймон мебошам. Дар Аврупо доир ба Тоҷикистон ва роҳбарони Ҳукумати он ба мо маълумотҳои нодуруст ва иғвоангезона мерасониданд”. Такрор ба такрор мегуфт, ки ман ҳамчун номзади М. Кабирӣ президент мешавам, ҳол он ки, саводи навиштан ва хонданро надорад.

Аз ҷониби мақомоти қудратии Тоҷикистон Гадоев Ш. бинобар бо хоҳиши худ ба ватан баргаштанаш аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод гардид.

Вале баргашти ӯ ба Аврупо ба фасли баҳор мувофиқ омаду сафсатта ва ёвагӯиҳои худро аз нав оғоз намуд. Тарки ватан карда, зери идораи дигар афрод қарор дошта, ба сӯи ватан санг партофтан шаҳодати девонагист. Ин тоифаи одамонро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷнун ё девона меноманд.

Тавсия ба Аврупо:

— дар дили Аврупо қарор доштани афроди руҳан бемор хатари бузург дорад, зеро амалҳои террористӣ аз ҷониби афроди руҳан нуқси равонидошта содир гашта истодааст;

— ҳоло аввали баҳор ва вақти хурӯҷи бемориҳои руҳиву равонӣ аст ва аз эҳтимол дур нест, ки онҳо ҳар лаҳза метавонанд даст ба амалҳои террористӣ зананд;

— масъулони кишварҳои Аврупоро огоҳ месозем, ки худро эҳтиёт намоянд.

Ардашер Ҳакимов, журналист

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here