Ё барои чӣ ба собиқ маҳкумшудагон пайдо кардани ҷойи кор мушкил аст…
Масъалаи дарёфти ҷойи кор баъд аз баромадан ба озодӣ аз муассисаҳои ислоҳӣ то ҳол яке аз мушкилоти ҷомеаи имрӯза ба ҳисоб меравад ва ниёз ба баррасӣ дар сатҳи давлатӣ дорад. Тибқи қонунгузорӣ собиқ маҳкумшудагон танҳо дар сохторҳои давлатӣ ба вазифаҳои идорӣ ҳаққи кор кардан надоранд, дар дигар маврид (албатта, ба ғайр аз моддаҳои махсусан вазнин) дар ҳама сохторҳо кору фаъолият карда метавонанд. Аммо, дар асл ҳақиқат дигар аст. Ҳарчанд пурсишҳои иҷтимоӣ нишон медиҳанд, ки бисёриҳо омодаанд собиқ маҳкумшударо ба кор қабул кунанд, аммо худи собиқ маҳбусон мегӯянд, ки доғи судӣ — новобаста аз моддае, ки онҳо адои ҷазо кардаанд, барояшон як умр мушкилӣ пеш меорад: чи дар пайдо кардани ҷойи кору чи дар барпо кардани оила ё нигоҳ доштани он ба хусус барои занони маҳкумшуда.

«Вақте ӯро бо ҷурми одамкушӣ равонаи зиндон карданд, ҳамагӣ 16 сол дошт. Нафаре, ки аз дасти ӯ ҷон дод, мехост таҷовузаш кунад. Акнун 10 соли умри ҷавонаш ба ивази ҷинояте, ки барои худмуҳофизаткунӣ буд, барбод рафт. Ҳоло чанд моҳе, ки дар озодист дар ҷустӯйи кор аст. Дар ин дунё аз наздикон касе надорад, ятим аст. «Беҳтар мебуд агар ба озодӣ намебаромадам. Шояд ягон кор кунам, ки боз маро он ҷо баранд», — мегӯяд ӯ баъзан. Барои дарёфти кор ба ду ташкилоти тиҷоратӣ муроҷиат кардааст, аммо баъди шунидани доғи судӣ доштанаш, ҷавоби «узр…» гирифтааст. Барои он ҷиноят ӯ аллакай ҷавобашро дод, 10 соли умри ҷавонашро …», — нақл мекунад Саноат Нурматова, роҳбари ташкилоти ҷамъиятии «Отифа», дар бораи ҷавондухтаре бо номи Гавҳар.
Ташкилоти ҷамъиятии «Отифа» соли 2015 таъсис ёфта, яке аз самтҳои асосии фаъолияташ кӯмак ба собиқ маҳбусон аст. Ба қавли Саноат Нурматова ниёз ба кушодани ин ташкилот маҳз баъди муроҷиати зиёди собиқ маҳкумшудагон, ба хусус занон, ба миён омад.
«Қаблан ман дар як ташкилоти ҷамъиятӣ дар доираи лоиҳае бо собиқ маҳкумшудагон кор мекардам, аммо баъди анҷоми лоиҳа низ чунин ашхос ба ман муроҷиат мекарданд, чун таври маъмулӣ мардум миёни ҳам хабар медиҳанд, ки аз куҷо ва чӣ тавр кӯмак дарёфт карда метавонанд. Кӯмаки ман он вақту ҳоло ҳам, ба собиқ маҳкумшудагон — равона кардани онҳо ба дигар ташкилотҳо барои гирифтани ёрии ҳуқуқӣ ё равонӣ, тарзи навиштани лоиҳа, дарёфти сарчашмаҳои грантӣ, бо қадри имкон таъмини ҷойи кор дар сехи дузандагии назди ташкилотамон, иборат аст», — иброз дошт ҳамсӯҳбати мо.
Ба қавли Саноат Нурматова, лоиҳаи Атмия Азимова яке аз аввалин қадамҳои мустақилона ва муваффақонаи ташкилоти ҷамъиятии «Отифа» мебошад. Дар навишти ин лоиҳа онҳо хеле зиёд заҳмат кашидаву бо маслиҳати ҳуқуқии дигар ташкилотҳои ҷамъиятӣ ба он ноил шуданд, ки як хонум бо гирифтани гранти президентӣ соли 2015 соҳиби сехи дузандагӣ шаваду дар баробари худ, дигар занони ҳамтақдирашро низ бо кор таъмин намояд.
Мажина (ном бо хоҳиши ҳамсӯҳбатамон иваз шудааст) модари ду фарзанд аст. Муддати 2,5 сол аст аз муассисаи ислоҳӣ баромадааст, аммо бар он аст, ки то ҳол ҷомеа ӯро «бо чашми дигар» нигоҳ мекунад.

«Дар зиндагӣ ҳар нафар хато мекунад, ман барои он хатоям беш аз 9 соли ҳаётамро бохтам, 9 соли умре, ки бояд дар ба тарбияи фарзандонам машғул мешудаму аз ҳар лаҳзаи бо онҳо будан лаззат мебурдам, аммо… Ҳоло 39 солаам. Баъди ба озодӣ баромадан, муддати чор моҳи аввал ҳатто аз хона баромадан метарсидам. Вале ба хотири пешбурди зиндагӣ ва тарбияи фарзандон, барои дарёфти ҷойи кор, баромадам. Аввал муроҷиат кардам ба якчанд корхонаву муассисае, ки дар ноҳияи худамон буданд, аммо ҳама ҷо барои ман «банд» буд. Ба дигар шаҳру ноҳияҳои вилоятамон рафтам. Дар бозори «Панҷшанбе»-и шаҳри Хуҷанд, дар як сехи нонпазӣ кор ёфтам, ҳарчанд бояд шабона кор мекардам, аммо розӣ шудам, чун имкон пайдо шуд, ки бо кори ҳалоли худ, ризқу рузӣ ёбам. Аз таҳти дил кӯшиш мекардам, ки корамро хуб иҷро кунам, то роҳбарам розӣ бошад. Аслан бозор ҷойи дарёфти ризқи бисёриҳо аст ва аз ноҳияи мо ҳам зиёд нафарон он ҷо кор мекунанд. Баъди як моҳи корӣ роҳбарам аз касе оиди доғи судӣ доштани ман хабар ёфт ва омаду пардапӯшона гуфт, ки «барои ман хавотировар аст, ки чӣ тавр шумо ин ҷо шабона кор мекунед». Ман аз мақсади аслии гапаш фаҳмидаму раҳмат гуфтам ва рафтам», -бо алам нақл мекунад Манижа.
Ҳарчанд пурсиши оммавӣ дар шабакаи иҷтимоӣ фейсбук нишон медиҳад, ки 77% пурсидашудагон омодаанд шахсан ба кордиҳанда оиди доғи судӣ доштанашон бигӯянд, аммо аз сӯҳбат бо шахсони аз маҳбас озодшуда бармеояд, ки бештари онҳо ҳангоми дарёфти кор ба кордиҳанда дар ин маврид худихтиёрона намегӯянд. Сабаб як аст: «моро бо доғи судӣ ба кор намегиранд», бовар доранд онҳо.
Ба қавли Манижа, баъди ҳодисаи рухдода дар бозор, ӯ боз дари чанд корхонаву идораҳои дигарро барои пайдо кардани кор куфт, аммо бефоида. Ба сехи дузандагии ҳамқисматаш – Атмия Азимова рафт. Чун омода буд барои пешбурди зиндагӣ тамоми корро анҷом диҳад, дузандагиро низ аз худ кард. Бо маслиҳати Саноат Нурматова тасмим гирифт, ки дар ноҳияи худашон ҳам чунин як сехи дузандагӣ кушояд ва барои амалӣ намудани ин нақшаашон барои дарёфти гранти раиси шаҳри Хуҷанд ҳуҷҷатҳо пешниҳод карданд. Моҳи сентябри соли 2018, Манижа дар озмун ғолиб омада, 8000 сомонӣ маблағи грантӣ гирифт.
«Барои ҳар рӯз аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба Хуҷанд омадан, бароям маблағи роҳкирою боз обедпулӣ лозим аст. Бинобар ин, кушодани чунин сехи дузандагӣ дар ноҳияи худамон на танҳо ба манфиати шахсии ман аст, балки барои дигар занон низ дар оянда имкони хуби пайдо кардани ҷойи кор мешавад. Ҳоло ман бо маблағи грантие, ки гирифтам ду мошинаи дузандагӣ ва каме матоъ харидаму чизҳои омодакардаамро ба бозор баровардам. Интизорам, ки онҳо ба зудӣ ба савдо мераванду аз маблағи ба дастомада боз кори худро давом медиҳам», -бо умед мегӯяд Манижа.
Саноат Нурматова, роҳбари ТҶ «Отифа» мегӯяд, ки ба зиндагии дубора баргаштани чунин ашхос аз ҳар яки мо дар алоҳидагӣ ва аз ҷомеа дар маҷмӯъ вобастагии калон дорад: «Ба мисли Манижа ва Гавҳар хеле зиёданд. Дар муддати қариб чор соли фаъолияти ташкилот ба мо беш аз 300 нафар шахсони аз маҳбас озодшула муроҷиат кардаанд. ТҶ «Отифа» дар якҷоягӣ бо дигар ташкилотҳои ҷамъиятӣ — «Идораи ҳуқуқи инсон ва волияти қонун», « Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ» ва «Ҳадяи меҳр» ва шахсони хайрхоҳ ба онҳо кӯмак мекунем. Муваффақияти ҳар як собиқ маҳкумшуда ба ашхосе, ки дар маҳбас ҳастанд, барои ба зиндагии дурусти дубора баргаштан умед медиҳад. Бояд ҳар як нафар аз худаш оғоз кунад ва ба чунин нафарон имкони оғози зиндагии навро аз саҳифаи сафед диҳад», — хулоса мекунад ӯ.
М.Нозимӣ
Маводи мазкур дар доираи лоиҳаи «Ҳимояи ҳуқуқҳои маҳкумшудагон ва шахсони аз маҳбас озодшуда дар Тоҷикистон», ки аз тарафи Иттиҳоди Аврупо ва Вазорати федералии Олмон оид ба рушд ва ҳамкории иқтисодӣ маблағгузорӣ мешавад, омода ва нашр шудааст. Мундариҷаи маводи мазкур мояи масъулияти муаллиф буда, ифодагари нуқтаи назари маблағгузорон намебошад.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here