Дар маҳаллаи Гармчашмаи ноҳияи Ишкошим бештар аз 40 сархатиб ва имомхатиб аз шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, халифаҳои ҷамоати исмоилӣ, намояндагони калисои масеҳӣ ва протестантӣ, олимон, намояндагони воситаҳои ахбори омма, намояндагони ҳукумати кишвар ва созмонҳои  байналмилалӣ ба манзури муколамаи озод гирд омаданд. Табодули афкор дар мавзуи «Ваҳдатомили ягонагӣ ва субот дар ҷомеа» сурат гирифт.

Файзулло Баротзода — директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ваҳдатро омили муҳими низом ва пешрафти ҷомеа арзёбӣ намуда, гуфт, ки дар шароити зиёд шудани гуруҳҳои ифротӣ дар Афғонистон, аз ҷумла минтақаҳои наздик ба марзи Тоҷикистон, таҳдиди хатари экстремизм ва терроризм ба кишвари мо ҷиддӣ боқӣ мемонад. Ӯ зарурати пурзӯр намудани мубориза ба хотири пешгирӣ аз ин таҳдид, густариш додани тарғиби фарҳанги ваҳдатгароӣ ва таҳаммулпазирӣ, эҳтиром ба ақидаи ҳамдигарро амри зарур арзёбӣ кард.

Баротзода бо интиқод аз пайравии иҷборӣ ба арзишҳои бегонаи фарҳангиву динӣ бо руҷуъ ба изҳори назари олимони аврупоӣ иброз дошт, ки Тоҷикистон дар заминаи ҳифзи арзишҳои моваруннаҳрии ҳанафӣ ва исмоилӣ имконияти нодири рушд додани консепияи ваҳдати миллиро доро ҳаст ва бояд аз он истифода кунад.

Сулаймон Давлатзода — раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Тоҷикистон баён дошт, ки тибқи Конститутсия дар кишвар ҳеҷ мафкура ба сифати макураи давлатӣ қарор намегирад ва давлат барои иттиҳодияҳои динӣ имкониятҳои озоди фаъолиятро фароҳам сохтааст. Аммо, “давлат ба хотири суботи ҷомеа вазифадор аст, ки назорат кунад ва назорату танзим маънои маҳдуд кардани ҳуқуқи диниро надорад”.

Давлатзода қайд кард, давлат назорат мекунад, ки аз минбарҳои динӣ сӯйистифода нашавад, низоъҳои мазҳабӣ вуҷуд надошта бошанд. Ӯ афзуд, ки ҳамаи низоъҳо аз он сабаб рух медиҳанд, ки гуруҳе мегӯянд, «мо ҳақем, дигарон ноҳақ». Зарур аст, ки ҷомеа дар руҳияи таҳаммулгароӣ тарбия ёбад ва муносибати созандаи давлат бо дин таъмин бошад.

 

56 нафар аз ВМКБ ба гуруҳҳои ифротӣ пайвастаанд

Носир Нафасбеков — намояндаи прокуратураи вилоят дар баромадаш зикр кард, ки 56 сокини вилоят — 52 нафар аз ноҳияи Ванҷ ва 4 нафар аз ноҳияи Дарвоз ба узвияти гуруҳҳои ифротӣ пайвастаанд, ки аз байн 4 нафар занон низ мебошанд. Аксари ин афрод дар муҳоҷирати меҳнатӣ “мағзшӯӣ шуда”, ба узвияти ҳизб ва ҳаракатҳои мамнуъ ҷалб шудаанд.

Саидмукаррам Абдуқодирзода — раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон иброз дошт, ки ба «хотири кайк, пӯстинро набояд оташ зад». Вай неруҳои бегонаро муттаҳам кард, ки барои аз байн бурдани се арзиши фарҳангӣ дар ҷомеа талош меварзанд. Инҳо ҳам бошанд, аз байн бурдани эҳтиром ба падару модар, эҳтиром ба ходимони дин ва аз байн бурдани боварӣ ба ҳукумат.

Ба гуфтаи ӯ, Худо дар Қуръон мусалмононро хирадмандтарин халқи ҷаҳон гуфтааст, вале дар ҷаҳони ислом ҳодисаҳое рух медиҳанд, ки мусалмонон таъна мешунаванд ва даъват ба амал овард, ки барои пойдории ваҳдат ниятҳоро нек ва қалбҳоро пок доштану дурандешиву хайрхоҳиро аз даст надодан лозим аст.

Парвонаи Фаррухзод — намояндаи Кумитаи рушди ҷамоатхонаҳои шиаи имомии исмоилӣ мавзуи зарурати ҳифзи ҳамгироӣ ва ваҳдати пайравони мазҳаби ҳанафӣ ва исмоилии Осиёи Миёнаро матраҳ намуд. Вай ваҳдатро дар гуногунандешӣ асоси ҳамгироии адёни мухталиф арзёбӣ намуда, гуфт: «Ихтилофҳои мазҳабӣ, аз ҷумла, ихтилофи ҷузъӣ байни пайравони ҳанафӣ ва шофеӣ, ки баъдан ба авҷи худ расид, яке аз сабабҳое буд, ки муғулҳо Осиёи Миёнаро ба зудӣ ишғол карданд».

Ӯ иброз дошт, ки давлати Тоҷикистон озодиҳои динии ақаллиятҳои мазҳабиро таъмин сохтааст ва фаъолияти Маркази исмоилия дар кишвар нишонаи барҷастаи муносибати созандаи давлат ба ақаллиятҳои мазҳабӣ аст.

Ҳоҷӣ Ҳусайн Мусозода — сархатиби вилояти Суғд изҳор дошт, ки мардум дар симои роҳбарони динӣ, чӣ ҳанафӣ бошад, чӣ исмоилӣ, исломро мебинанд ва роҳбарони динӣ бояд дар рафтору кирдор, муомила бо атрофиён намуна бошанду сухани ваҳдатофар гӯянд.

— Мо бо маркази исмоилӣ дар шаҳри Хуҷанд муносибати нек дорем ва бо суханони нек ба мардум мефаҳмонем, ки исмоилия чист,- гуфт ӯ.

 

Падари руҳонӣ Роман: Наврӯзро ҷашни худ медонанд

Намояндаи дини масеҳӣ, падари руҳонӣ Роман изҳор дошт, ки калисои православӣ таҷрибаи бойи ҳамкорӣ бо ҳукумат ва иттиҳодияҳои динӣ дорад. Барояш таассуротбахш аст, ки нахустин бор дар ҳайати чунин руҳониёни муътабар ба Бадахшон сафар кардааст ва дар муколамаи озод ширкат меварзад.

Ӯ афзуд, барояш тааҷҷубовар аст, як шаҳрванди мусалмон дар Душанбе зимни суҳбат гуфтааст, ки Наврӯзро иди худ намешуморад. Худи ӯ ва пайравони масеҳиаш дар қатори дигар ҷашну маросимҳо Наврӯзро ҷашни худ медонанд ва таҷлили онро нишони эҳтиром ба фарҳанги мардуми тоҷик медонанд.

Ба гуфтаи Татяна Самиева — намояндаи дини протестантӣ дар Душанбе, инсонро ҳамон тавре, ки ҳаст, қабул кардани инсони дигар ва кӯшиши тобеъ накардан ба ақидаи худ ваҳдат аст. Ӯ ин ваҳдат ва ҳамгироиро дар ҷараёни нишаст ва сафарҳои намояндагони динҳои гуногун дар манотиқи Бадахшон шоҳид буд.

Марамбек Марамбеков — котиби Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид кард, ки аксарияти динӣ барои ҳифз ва ҳаёти осоиштаи ақаллиятҳои динӣ масъуланд ва тавре, ки пайравони дини ҳанафӣ дар дигар манотиқи ҷумҳурӣ барои ҳифзи ақаллиятҳои мазҳабӣ масъуланд, ҳамин тавр исмоилиён дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон барои ҳифз ва таъмини ҳаёти осоиштаи бародаронашон — пайравони дигар мазҳабҳо маъсуланд ва имомхатибону халифаҳо бояд ба ин нукта таваҷҷуҳ дошта бошанд.

Вай афзуд, ки мутаассифона ҳанӯз дар кишвар адабиёте нашр мешавад, ки хусусияти экстремистӣ дорад ва яке аз чунин китобҳои интишоршударо ном бурд, ки дар он ҳамзистии ислом ва миллат номумкин дониста шудааст.

Абахон Султоназаров — Директори намояндагии Институти инъикоси ҷанг ва сулҳ дар Осиёи Марказӣ қайд намуд, ки ташкилоти онҳо яке аз пешоҳангони роҳандозии ташаббусҳо дар мавриди пешгирӣ аз хатари терроризм ва экстремизм мебошад. Чанд соли охир беш аз 200 нафар намояндагони динро ба омӯзиш фаро гирифта, ин афрод донишу таҷрибаи гирифтаашонро дар маҳалҳо ба мардум расонида, дар парвариши руҳияи таҳаммулгароӣ дар ҷомеа саҳм мегузоранд.

 

Муколомаи озод бо ибтикори Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ дар ҳамкорӣ бо IWPR ва CABAR asia баргузор шуд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here