Ҷангҳои дохилӣ ва нооромиҳои бисёрсолаи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон солҳои зиёд аст, ки таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳониро ба худ ҷалб намудааст. Бахусус баъд аз ворид шудани неруҳои НАТО ба ин кишвар, вазъият печидатар гашта, диққати ҷомеаи ҷаҳонӣ, аз ҷумла ҳамсоякишварҳоро ба худ ҷалб намудааст. Аз тарафи дигар, Афғонистон ба яке аз пойгоҳҳои гуруҳҳо ва ҳаракатҳои ифротӣ — террористӣ табдил ёфтааст.

Ҷумҳурии Исломии Афғонистон бо Ҷумҳурии Тоҷикистон беш аз 1300 километр сарҳади муштарак дошта, ҳамчунин дорои забон ва фарҳанги ягона мебошанд. Ҳукумат ва давлати Тоҷикистон низ ба раванди сиёсии Афғонистон диққати махсус дода, барои овардани сулҳу субот дар ин кишвар кӯшишҳои зиёд менамояд. Далели ин гуфтаҳо суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар нишасту корфронсҳои сатҳи ҷаҳонӣ аст. Пешвои муаззам махсусан дар баромади худ — «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар мавриди вазъи сиёсиву иҷтимоии кишвари Афғонистон ақидаҳои худро пешниҳод намуда буданд: «Тинҷӣ ва оромии Афғонистон чун боду ҳаво барои Тоҷикистон зарур аст».

Афғонистон кишваре мебошад, ки дорои собиқаи сиёсии пур аз хараҷу мараҷ буда, пастию баландиҳои зиёдеро паймудааст, ки ин таҳаввулот боиси эҷоди сохторҳои мухталиф дар ин кишвар гардидааст. Аз сар гузаронидани зиёда аз 40 соли ҷанг дар Афғонистон тағйиротҳои куллиро дар сиёсат, иқтисодиёт ва фарҳанг ба вуҷуд овард. Афғонистон пас аз хурӯҷи неруҳои шӯравӣ ва барҳам хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ гирифтори ҷангҳои нави дохилӣ гардид, ки ахиран то ба сари қудрат омадани гуруҳи ифротии Толибон оварда расонд. Ба сари қудрат омадани гуруҳи ифротии Толибон сабаби аз сари нав азҳампошии тамоми қавмҳои Афғонистон гардид. Қисмати зиёди мардуми афғон ба кишварҳои Эрону Покистон ва Аврупо фирор намуданд. Амалҳои зишти Толибон дар муддати солҳои ҳукумати онҳо ва ба думболи он, ҳодисаи террористии ёздаҳуми сентябри соли 2001 буд, ки ҳукумати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бо қувваи беш аз 130 ҳазор низомӣ барои аз байн бурдани террористон вориди Афғонистон гардид. Солҳои 2001-2010 мавҷудияти неруҳои низомии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Афғонистон шаклгирии дубораи гуруҳи Толибон ва дар охир ба рӯи саҳна омадани гуруҳи ифротии Давлати Исломии Ироқу Шом (ДИИШ)-ро таъмин намуд. Толибон дар Кобул аъмоли хеле баду нангинро анҷом доданд, ки ин ба таври ба дор кашида, кушта шудани Раисҷумҳури Афғонистон доктор Наҷибуллоҳ Аҳмадзай буд. Инчунин, рафтори хушунатомез ва сахтгиронаи Толибон дар Афғонистон ба он овард, ки занон аз ҳуқуқи кор ва духтарон аз ҳуқуқи таҳсил маҳрум шуданд. Толибон қонуне бароварда буданд, ки «агар саги касе фардеро бигазад, соҳиби саг бояд маблағи сесад лак (1 лак баробар ба 100 ҳазор; 300 лак, яъне 30 миллион) афғонӣ ва як духтар ба ҳамон фарде, ки ӯро саг газидааст, бидиҳад». Идораи «Амр ба маъруф ва наҳй аз мункар» ба як идораи пурнуфузе мубаддал шуда буд, ки ҳатто худи Толибон аз он метарсиданд. Аъзои он бо шаллоқҳои чармӣ ва симҳои ғафси барқ мусаллаҳ буданд. Ба ин идора Мулло Умар роҳбарӣ мекард. 18-уми марти соли 2000-ум радиои Толибон таҷлили ҷашни Наврӯзро хилофи шариати исломӣ эълон намуд. Дар идомаи сиёсатҳои зидди фарҳангии миллии Афғонистон онҳо осори осорхонаи Кобулро таллаву тороҷ намуда, аз байн бурданд.

21-уми декабри соли 2000-ум Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид қатъномае қабул намуда, муҷозоти бештаре ба Толибон раво дид. Аммо 26-уми феврали соли 2001 радиои «Толибон» фатвои Мулло Умарро дар бораи нобуд сохтани муҷассамаҳои Буддо дар Бумиён, ки ифтихори таърихиву фарҳангии афғонистониён буд, пахш кард. Ду муҷассамаи 55 ва 36-метраи Буддо, ки дар дохили куҳ тарошида шуда буданд ва таърихи зиёда аз дуҳазорсола доштанд, 9-11-уми марти соли 2001 аз байн бурда шуданд. Мусулмонони аввалини дини ислом, паҳнкунандагони ислом, ки ба манбаи руҳӣ ва асри рисолат наздик буданд, барои нобуд сохтани муҷассамаҳо ҳеҷ иқдоме накарданд. Ба замми ин, дар ҳеҷ як китоби фиқҳии фатвоҳояшон ҳукме бар зидди мавҷудияти онҳо дида намешуд. Мутаасибтарин фармонравоёни давраи исломӣ ба монанди Маҳмуди Ғазнавӣ, Султон Масъуд, Чингизхон, Темури ланг ва дигарон дар мавриди хароб кардани муҷассамаҳо кӯшиш накарданд. Ҷомеаи ҷаҳонӣ ин иқдоми Толибонро маҳкум намуда бошад ҳам, Мулло Умар дар ҷавоби он ба воситаи радиои «Шариат»-и Толибон гуфта буд: «Ман ба таълими ислом амал мекунам ва аз ҳеҷ чизе ҳарос надорам. Вазифаи ман иҷрои дастури ислом аст. Шикастани муҷассама фармони ислом аст».

Чи хеле, ки мақомоти ҳукумати Афғонистон маълумот додааст, ҳоло дар Афғонистон қариб 20 гуруҳи мухолифи мусаллаҳ меҷанганд, ки боиси нигаронии на танҳо Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, инчунин ҳамсоякишварҳо  гардидааст. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни нишасти ғайрирасмии сарони кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Муштаракулманофеъ (ИДМ), ки 26-уми декабри соли 2017 дар Маскав баргузор шуд, чунин фармудаанд: «Дар вилоятҳои шимолии Афғонистон ҷангҷӯёни гуруҳҳои террористӣ ва дигар гуруҳҳои ифротӣ фаъол шудаанд. Масъаларо ин воқеият ҳам печидатар мекунад, ки дар миёни террористоне, ки аз Сурия ба Афғонистон ҷо ба ҷо шудаанд, шаҳрвандони баъзе кишварҳои ИДМ низ ҳастанд. Ҳамзамон бо ин тавлид ва судури маводи муқаддир аз он кишвар ҳам рӯ ба афзоиш ниҳодааст. Дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон ҳар рӯз задухӯрд бо террористҳо ва қочоқбарони маводи муқаддир рух медиҳад. Ҳар сол даҳҳо марзбонони тоҷик дар ин задухӯрдҳо шаҳид мешаванд».

Аз ин гуфтаҳо хулоса баровардан мумкин аст, ки вазъият дар Афғонистон хеле бад гардидааст. Аз як тараф Толибон, аз тарафи дигар террористони дохилӣ сабаб гардидааст, ки вазъияти амнияти кишвар бадтар шуда, ин ноамниҳо доман паҳн намуда, сабаби ноамнии ҳамсоякишварҳо гардад.

Созмони Милали Муттаҳид вазъи хушунатҳо ва талафотҳоро дар солҳои гузашта дар ин кишвар баррасӣ намудааст. Бар асоси ин гузориш, шумораи кушташудагони ғайринизомӣ дар соли 2017 зиёда аз 10 ҳазор нафар будааст. Омори кушташудаҳо дар Афғонистон 3 ҳазору 438 нафарро ташкил намудааст. Аз амалҳои террористӣ 42 дарсади ҳамлаҳо аз тарафи ҷангҷӯёни Толибон, 10 дарсади он аз сӯи гуруҳи «Давлати исломӣ», 13 дарсад аз тарафи нимнизомиёни мухолиф, ки ҳатто роҳбари муайяне надоранд, анҷом дода шудааст.

Тоҷикон бо ибтикор ва талошҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба нодиртарин ва қиматтарин арзиш — сулҳ ноил гаштанд ва тамоми мардуми соҳибтаърих ва фарҳангсолори тоҷиконро мебояд, ки ин дастоварди бебаҳои таърихиро бегазанд нигоҳ доранд.

Муборак МИРЗОАЛИЕВА,

ассистенти кафедраи фанҳои гуманитарии ДДМИТ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here