Барқарор шудани робитаҳои гусаста миёни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон боис шудаст, ки 12 корхонаи Тоҷикистон бо истифода аз гази табиии кишвари ҳамсоя фаъолият кунанд.

Дар ин бора муовини аввали директори генералии ҶСК «Тоҷиктрансгаз» Шавкат Шоимзода дар нишасти матбуотии ин ниҳод хабар дод.

Намояндаи «Тоҷиктрансгаз» гуфт, ки шурӯъ аз моҳи апрели соли равон 12 корхонаи саноатии Тоҷикистон, аз ҷумла Ширкати алюминии Тоҷикистон (ТАЛКО), кори худро бо истифода аз гази табии Ӯзбекистон ба роҳ мондаанд. Дар қатори инҳо корхонаҳои хиштбарорӣ низ ҳастанд.

Имкони дигарбораи харидории газ аз Ӯзбекистон баъди таъхири панҷунимсола дар асоси созишнома, ки моҳи марти ҳамин сол ба имзо расид, фароҳам омадааст. Тибқи ин санад, имсол Тоҷикистон аз Ӯзбекистон тахминан 126 миллион метри мураббаъ гази табииро бо арзиши беш аз 15 миллион доллар харидорӣ мекунад.

«Шумори корхонаҳои саноатие, ки аз гази табии воридотӣ истифода мекунанд, торафт афзоиш меёбад. То ба имрӯз чор ноҳияи вилояти Суғд аз гази табии Ӯзбекистон истифода мекунанд. Қубури интиқоли гази табиӣ аз Ӯзбекистон то ба шаҳри Душанбе расонида шуда, тирамоҳи имсол маркази гармидиҳиву барқии «Душанбе-1» аз ин маводи сӯхт истифода хоҳад кард», — изҳор дошт Шавкат Шоимзода.

Гуфта шуд, ки баъди пурра барқарор кардани лӯлаҳои интиқоли гази табиӣ, ки беш аз панҷ соли охир бекор монда буданд, сокинони Тоҷикистон низ метавонанд дар манзилҳои истиқоматии худ аз гази табииро истифода баранд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here